ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 январи соли 2016, № 302
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2016, № 197
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод.139) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1, сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 2, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 4, сархатҳои якум ва сеюми моддаи 5, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 6, қисми сеюм, сархатҳои дуюм, чоруми қисми чорум, қисми ҳаштуми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 10, қисми якуми моддаи 13, қисми шашуми моддаи 14, ном ва матни моддаи 16, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 19, қисми якуми моддаи 22, сархати дуюми қисми сеюм ва сархати якуми қисми чоруми моддаи 24 калимаҳои "амволе", "амволи", "амвол", "амволӣ", "амволро" ва "амволеро" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулке", "молу мулки", "молу мулк", "молумулкӣ", "молу мулкро" ва "молу мулкеро" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 2 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ (лизинг) - намуди иҷораи молиявии (лизинги) дарозмуддат, ки баъди ба анҷом расидани ин мӯҳлат предмети иҷораи молиявӣ (лизинг) тибқи шартнома метавонад ба моликияти иҷорагир гузарад;
иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ - намуди иҷораи молиявӣ (лизинг), ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он предмети иҷораи молиявӣ (лизинг) ба моликияти иҷорагир намегузарад ва ба иҷорадеҳ баргардонида мешавад;
иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда - намуди иҷораи молиявӣ (лизинг), ки тибқи он иҷорагир молу мулки худро ба иҷорадеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд иҷорадеҳ ин молу мулкро ба иҷорагир ба иҷора месупорад;".
3. Ба Қонун моддаи 5(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 5(1). Намудҳои иҷораи молиявӣ (лизинг)
Намудҳои иҷораи молиявӣ (лизинг):
- иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ (лизинг);
- иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ;
- иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
15 марти соли 2016 № 1300