ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 январи соли 2016, № 296
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2016, № 187
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №22, мод.303; с.2006, №4, мод.196; с.2008, №3, мод.201; с.2010, №7, мод.546; с.2011, №3, мод.177, №12, мод.855; с.2013, №3, мод. 195; с.2015, №11, мод.960) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 14 сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;
- байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;
- байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
- байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд;".
2. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
2. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, танзими оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.".
3. Дар қисми 1 моддаи 28 рақам ва калимаҳои "12, 14 ва қисми 3 моддаи 15" мувофиқан ба рақамҳо ва калимаи "12 ва 14" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 29:
- дар сархати чорум аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз ва сархати панҷум хориҷ карда шавад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
15 марти соли 2016 № 1290