Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1287 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚӯШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 январи соли 2016, № 309

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 184

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 121; с. 2008, №3, мод. 186; с. 2014, №11, мод. 657) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 5. Роҳбарӣ ва идоракунии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Кӯшунҳои сарҳадиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистои - Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистои амалӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Муовини якум ва муовинони Фармондеҳи Кӯшунҳои сарҳадӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

2. Дар моддаи 6:

- аз сархати якум калимаҳои ",хоҷагӣ - истеҳсолӣ" хориҷ карда шаванд;

- аз сархати ҳаштум калимаҳои "ва рутбаи ҳарбии прапоршик" хориҷ карда шаванд.

3. Дар сархати шашуми моддаи 6(1) калимаҳои "рутбаҳои ҳарбиро" ба калимаҳои "рутбаи ҳарбии прапоршик, прапоршики калон ва рутбаҳои ҳарбии афсариро" иваз карда шаванд.

4. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои ҳарбӣ-тиббӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

15 марти соли 2016 № 1287