Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1285 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 январи соли 2016, № 322

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 182

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183; с. 2011, №6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654; с. 2015, №7-9, мод. 701) сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти амнияти миллӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

15 марти соли 2016 № 1285

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ НАЦИОНАЛЬНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 27 января 2016 года,№ 322

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 3 марта 2016 года,№ 182

Статья 1. Статью 11 Закона Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об органах национальной безопасности Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 183; 2011 г., №6, ст. 457; 2013 г., №7, ст. 513, №12, ст. 886; 2014 г., №11, ст. 654; 2015 г., №7-9, ст. 701) дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- определяет и реализует порядок, способы и методы проведения анализа коррупционных рисков в органах национальной безопасности;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 15 марта 2016 года, № 1285