Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1281 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2015, № 265

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 178

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 191; с. 2011, №6, мод.453; с. 2012, №4, мод.261; с. 2014, №7, қ.1, мод.398) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 8 калимаҳои "Прокурори генералии" ба калимаҳои "Суди Олии" иваз карда шаванд.

2. Ба банди ё) қисми 1 моддаи 11 пас аз калимаҳои "ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд" калимаҳои ", тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон" илова карда шаванд.

3. Дар қисми 1 моддаи 12;

- пас аз калимаҳои "санҷиши шикоят" калимаҳои "ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои худ" илова карда шуда, калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад;

- ба банди а) пас аз калимаи "ҷиноятӣ," калимаҳои "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ," илова карда шаванд;

- ба банди г) пас аз калимаи "ҷиноятӣ," калимаҳои "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркуниии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ," илова карда шаванд.

4. Боби 5(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"БОБИ 5(1). МУОВИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӯДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 32 (1) Таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак) бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак таъсис дода мешавад.

Моддаи 32(2). Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӣ синни ӯ аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифати баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад.

Моддаи 32(3). Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.

2. Аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

3. Дар сурати набудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаҳои ӯро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иҷро менамояд.

Моддаи 32(4). Ба вазифа шурӯъ намудан, мӯҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:

"Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро ҳимоя намуда, ӯҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям".

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шурӯъ менамояд.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба мӯҳлати панҷ сол ба вазифа таъин карда мешавад. ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай таъин карда шавад.

4. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 32(5) Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ӯҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ӯ номувофиқро дар муддати понздаҳ рӯз қатъ намояд.

Моддаи 32(6). Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

1. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қоиуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад.

2. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дахлдор таъсис дода мешавад.

Моддаи 32(7). Маърӯзаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

1. Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.

2. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.

3. Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, нашр карда мешаванд.".

5. Дар қисми 7 моддаи 33 калимаи "амрҳо" ба калимаи "фармоишҳо" иваз карда шавад.

6. Дар моддаи 35:

- дар номи модда калимаи "Қабулгоҳҳои" ба калимаҳои "Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои" иваз карда шавад;

- ба қисми 1 пас аз калимаи "аст" калимаҳои "намояндагиҳо ва" илова карда шаванд;

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "Низомнома оид ба" калимаҳои "намояндагиҳо ва" илова карда шаванд.

7. Моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 36. Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва расонидани ёрии машваратӣ - Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносон таъсис дода мешавад.

2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносонро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

15 марти соли 2016 № 1281