Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 793 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентни хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хоҷагиҳо, новобаста аз шакли хоҷагидориашон ва аҳолӣ бо ниҳолҳои лозимии ба иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ мувофиқ чораҳои саривақтӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол дар моҳҳои июл ва ноябр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор дар доираи маблағҳои давлатӣ, сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои худӣ бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ тадбирҳо андешида, аз натиҷааш ҳар сол дар моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 793

ш.Душанбе