Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015 № 825
тасдиқ шудааст
Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади татбиқи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд - кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг) мутобиқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Мақсади пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг таъмини мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилооти дақиқ оид ба фазои фаъолияти ҳаётӣ, тағйироти дар он пешбинишуда, аз ҷумла маҳдудияти истифодабарии ҳудуд ва иншооти ғайриманқул дар шаҳрсозӣ, иттилооти дигари барои фаъолияти шаҳрсозӣ, сармоягузорӣ, заминсозӣ ва фаъолияти дигари хоҷагидорӣ зарур, баҳодиҳӣ ва андозбандии иншоотҳои ғайриманқул мебошад.
2. ВАЗИФАИ МАҚОМОТИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ПЕШБУРДИ КАДАСТРИ ШАҲРСОЗӢ
4. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгари давлатӣ оид ба пешбурди системаи ягонаи кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг буда, чунин вазифаҳоро амалӣ менамояд:
а) таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ оид ба системаи ягонаи пешбурди кадастри шаҳрсозӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва навсозии захираҳои иттилоотӣ, инчунин пешниҳоди маълумот ба истифодабарандагон;
- усули ягонаи пешбурди мониторинг - мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳолати объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;
б) таъмини таҳия ва татбиқи барномаҳои кадастри шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои ташкил ва истифодабарии системаи автоматикунонидашудаи он;
в) омодасозии пешниҳодҳо дар бораи такмили қонунгузорӣ оид ба пешбурди кадастри шаҳрсозӣ;
г) ташкили мубодилаи иттилооти дар кадастри шаҳрсозӣ, инчунин дар кадастри давлатии заминсозӣ ва дигар системаҳои иттилоотӣ мавҷудбуда дар асоси созишномаҳои бо мақомоти иҷроияи давлатии дахлдор басташуда ва муайян намудани қоидаҳои пешниҳоди хуҷҷатҳои ибтидои барои ворид намудан ба кадастри шаҳрсозӣ;
д) ташкили пешниҳоди маълумоти кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг ба истифодабарандагон, аз ҷумла маълумот оид ба иншооти моликияти давлатӣ, ки ройгон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дода мешавад;
е) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани андозаи харҷи хизматрасонӣ барои пешниҳоди маълумоти кадастри шаҳрсозӣ ва тартиби истифодаи маблағҳое, ки барои чунин хизматрасонӣ ворид мегарданд;
ж) назорати риояи пешбурди системаи ягонаи кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг;
з) ташкили омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон барои пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг;
и) татбиқи ҳуқуқҳои ихтиёрдорӣ ва истифодабарии захираҳои иттилоотӣ, технологияҳо ва воситаҳои барномавию техникии кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар доираи ваколатҳоии худ инҳоро таъмин менамоянд:
а) маблағгузории корҳо ва иҷрои вазифаҳои фармоишгари давлатӣ оид ба пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг дар ҳудуди худ;
б) тибқи тартиби муқарраргардида таъсиси сохтори дахлдори кадастри шаҳрсозии ҳокимияти маҳаллӣ ҳамчун зерсохтори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва (ё) ташкилоти мустақил дар назди ин мақомот;
в) тибқи тартиби муқарраргардида ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти кадастри шаҳрсозии маҳалли дахлдор;
г) тибқи тартиби муқарраргардида муайян намудани андозаи маблағи хизматрасонӣ барои дастраскунин маълумоти кадастри шаҳрсозии маҳалли дахлдор ва тартиби истифодаи ин маблағҳо;
д) назорати риояи иҷрои пешбурди кадастри шаҳрсозӣ аз рӯи системаи ягона дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ;
и) ташкили омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон барои пешбурди кадастри шаҳрсозӣ;
к) татбиқи ҳуқуқ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии захираҳои иттилоотӣ, технологияҳо ва воситаҳои барномавию техникии кадастри шаҳрсозии ҳокимияти иҷроияи маҳалли дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. ТАРКИБ ВА ПЕШБУРДИ КАДАСТРИ ШАҲРСОЗӢ
6. Асоси кадастри шаҳрсозии ҳамаи сатҳҳо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии дахлдор ва кадастри давлатии замин мебошад.
7. Кадастри шаҳрсозии ҳар як сатҳ маълумот оид ба чунин объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳои дахлдорро доро мебошад: ҳудуд дар маҷмӯъ, қисмҳои ҳудуд, минтақаҳо, иншооти инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, дигар объектҳои ғайриманқул, аз ҷумла иншооти фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус.
8. Кадастри шаҳрсозии ҳар як сатҳ чунин маълумотро дар бар мегирад:
- маълумоти тибқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ тасдиқшуда;
- маводи топографию геодезӣ ва харитазосӣ;
- маълумоти кадастрҳои соҳавӣ, системаҳои иттилоотиӣ ва маълумоте, ки дар рафти гузаронидани мониторингҳои соҳавӣ ба даст омадааст;
- маводҳо оид ба боигариҳои шаҳрсозии ҳудудҳо;
- маълумоти ҷамъбастии кадастрҳои шаҳрсозӣ;
- маълумоти нақша ва лоиҳаҳои тасдиқшудаи рушди инфрасохтор, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиӣ, ободонӣ ва ҳифзи ҳудуд, барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозат барои оғоз намудани сохтмон, санадҳои санҷишию назоратӣ ва қабули иншоот барои истифода.
9. Кадастри шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ғайр аз маълумоти дар банди 8 Тартиби мазкур зикргардида чунин маълумотро дар бар мегирад:
- маводи нақшаҳои пойгоҳҳо, нақшаҳои бақайдгирии ҷойгиршавии иншоот ва шабакаҳои алоқа ва таҷҳизоти муҳандисӣ, қайди биноҳои истиқоматии сохташудаистода, аксҳои иҷроишии иншооти сохтмонашон анҷомёфта, инвентаризатсия ва баҳодиҳии иншооти ғайриманқул;
- маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозат барои сохтмон, санадҳои санҷишҳои назоратӣ ва қабули иншоот барои истифода дар ҳудуди дахлдор.
10. Пешбурди кадастри шаҳрсозӣ дар ҳомияҳои коғазӣ ва магнитӣ аз рӯи системаи ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, навсозии захираҳои иттилоотӣ, додани маълумот ба истифодабарандагон амалӣ карда мешавад.
11. Ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ барои кадастри шаҳрсозӣ бо дарназардошти талабот ба таркиби онҳо, давр ва шакли пешниҳодкунӣ, инчунин шартҳои дигари тибқи созишномаҳо ва қоидаҳои пешбининамудаи зербанди "д" банди 5 Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
12. Ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи коркарди иттилооти кадастри шаҳрсозӣ тартиб додашуда баъд аз санҷиши мутобиқат ба талаботи муқарраргардида, ба онҳо додани рақами бақайдгирӣ ва ворид кардани маълумот дар бораи чунин ҳуҷҷатҳо ба дафтари бақайдгирӣ мутобиқи қоидаҳои бақайдгирӣ, ки тартиби таҳия ва тасдиқи онҳо дар зербанди "а" банди 5 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, таъиноти захиравии иттилоотӣ пайдо менамоянд.
13. Бақайдгирӣ, навсозӣ ва нигоҳдории захираҳои иттилоотии кадастри шаҳрсозӣ аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мешаванд:
а) ҳолати ҳудуд ва боигарии шаҳрсозии он:
б) банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо:
в) минтақабандии ҳудудҳо, маҳдудкунӣ, регламентҳои шаҳрсозӣ ва талаботи дигар оид ба истифодабарии ҳудуди минтақаҳо;
г) танзими муносибатҳои ҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ.
14. Ба кадастри шаҳрсозӣ метавонанд таснифот, феҳристи рамзҳо, маълумотномаҳо, суроғаҳо ва реквизитҳои дигари низоми иттилотии дарбаргирандаи маълумот дар бораи масъалаҳои шаҳрсозӣ, меъёрӣ, лоиҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ оид ба пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ворид карда шаванд.
15. Коркард, нигоҳдорӣ ва навсозии захираҳо, пешниҳодкунии маълумот ба истифодабарандагон, инчунин нобудкунии ҳуҷҷатҳо ва интиқолдиҳӣ ба бойгонӣ аз ҷониби хадамоти кадастри шаҳрсозӣ анҷом дода мешавад.
16. Маълумоти кадастри шаҳрсозӣ ба истифодабарандагон дар намуди маълумоти ҳуҷҷатгузоришуда дар шакли шиносномаи шаҳрсозӣ, маълумотнома ва дигар шакли муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ пешниҳод мегардад, ки таҳия ва тасдиқи онҳо дар зербанди "а" банди 5 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст.
17. Шиносномаи шаҳрсозӣ номгӯи маълумот оид ба объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷумла талаботи истифодабарии ҳудуд, иморатсозӣ ва тағйирдиҳии иншоотро дар бар мегирад.
18. Маълумотнома иттилооти талабнамудаи истифодабарандаро дар бар мегирад. Дар ҳолати набудаи иттилооти зарурӣ, дар маълумотнома суроға ва реквизитҳои дигари низомҳои иттилоотӣ, ки дар онҳо чунин маълумот дастрас буда метавонад, нишон дода мешавад.
19. Маълумоти кадастри шаҳрсозӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, барои омма дастрас буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи раванди маълумот, иттилоотонӣ ва ҳифзи маълумот, инчунин Тартиби мазкур пешниҳод карда мешавад.
20. Маълумоти захираҳои иттилоотии кадастри шаҳрсозӣ, ки истифодабарандагон бо тартиби муқарраргардида гирифтаанд, метавонанд барои омодасозии маълумоти иттилооти маҳсулӣ бо нишон додани манбаи маълумот истифода шаванд.
4. ПЕШБУРДИ МОНИТОРИНГ
21. Пешбурди мониторинг дар ҳудуди дахлдор аз ҷониби мақомоти дар бандҳои 4 ва 5 Тартиби мазкур зикргардида дар таркиби чорабиниҳо оид ба таъминоти маблағгузорӣ, ташкилӣ ва таъминоти дигари пешбурди кадастри шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад.
22. Корҳо оид ба пешбурди мониторинг аз ҷониби хадамоти пешбарандаи кадастри шаҳрсозӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мувофиқи тартиби муқараргардида ҷалб карда шудаанд, иҷро карда мешаванд.
23. Мониторинг нисбати иншоотҳо бо роҳи коркарди маълумот, бо усули оморӣ ва таҳлилии дар бандҳои 7, 8 ва 9 Тартиби мазкур зикргардида анҷом дода мешавад.
24. Мониторинг аз рӯи усули ягона, ки таҳия ва тасдиқи он дар зербанди "а" банди 4 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, амалӣ карда мешавад.