Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 792 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 160 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварию хушзоткунӣ, афзун гардонидани саршумор ва маҳсулнокии чорвои зотӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷалби маблағҳои хоҷагиҳои фермерӣ, грантҳои ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ва қарзҳои бонкӣ амалӣ карда шавад.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020 бо мақсади иҷрои Барномаи зикргардида ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо татбиқи самараноки Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 1 феврал аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 792

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27 марта 2018 года, №160

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития племенной отрасли и породистости животных в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О племенном деле" и с целью дальнейшего развития племенной отрасли и породистости, увеличения поголовья и повышения продуктивности племенных животных Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития племенной отрасли и породистости животных в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы (прилагается).

2. Финансирование Программы осуществить за счет средств республиканского бюджета, привлечения средств фермерских хозяйств, грантов отечественных и зарубежных организаций и банковских кредитов.

3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговля Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в период 2016 -2020 годов принять необходимые меры по привлечению средств отечественных и зарубежных инвестиций в целях выполнения указанной Программы.

4. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов и районов обеспечить успешную реализацию настоящей Программы и ежегодно до 1 февраля представлять информацию о ходе её выполнения в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон 

г. Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 792