Низомнома дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 32

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2002 с. № 359 беэътибор дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2000 № 32

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2000 № 32

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Низомномаи мазкур мутобиқи Кодекси Фазои Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки бо сабаби истифода бурдани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад.

2. Вазоратҳо, идораҳою ташкилоте, ки фаъолияти онҳо бо истифода бурдани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, ё ин ки метавонанд ба бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва дигар иншооти моддӣ таҳдид намоянд, аз рӯи масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси Фазои Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди қонунгузории ҷумҳурӣ, ба Низомномаи мазкур ва Дастуруламали истифодаи он такя менамоянд. Дастуруламали оид ба татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд.

3. Парвозҳои ҳавопаймоҳо, ҳамаи намудҳои тирандози, сар додани ракета, корҳои таркиши, инчунин дигар намудҳои фаъолиятҳое, ки бо бардоштан, бурдан ва фаровардани иншооти модди дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, ба фаъолиятҳое тааллуқ доранд, ки бо истифодабарии фазои ҳавои вобастаанд.

4. Фаъолиятҳое, ки бо истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, инчунин фаъолиятҳое, ки метавонанд ба бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо ва дигар иншооти моддӣ таҳдид намоянд, танҳо пас аз гирифтани иҷозати мақомоти дахлдори Системаи ягонаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва идораи ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати махсус бошад, пас аз иҷозати мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки шартномаҳои татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян намудааст, иҷозат дода мешавад.

5. Барои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти дахлдор, ки дар ихтиёри худ авиатсия доранд, ба тартиби муқарраршуда пешниҳодҳоро доир ба сохтори фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноҳияю минтақаи ҷойгиршавии идораи ҳаракати ҳавои, минтақаи аэродромҳо, машқгоҳҳо, қитьаҳои махсус, роҳҳои ҳавои, хати парвози маҳалли, парвозҳои маршрутӣ ва ғайраҳо) таҳия менамоянд. Сохтори фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайяннамудаи Дастуруламали татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия менамоянд ва бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда, онро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Истифодабарии роҳҳои ҳавои ва хати парвози маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ иҷозат медиҳанд. Номгуи роҳҳои ҳавоӣ ва хати парвози маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби истифодабарии онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон) якҷоя бо мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи граждани бо дарназардошти манфиатҳои дигар вазоратҳою идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мекунанд ва Фармондеҳи Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

6. Дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дар баъзе минтақаҳои алоҳидаи он фаъолияте, ки дар моддаи 4 Низомномаи мазкур нишон дода шудааст, метавонад тамоман қать ё маҳдуд карда шавад. Чунин қатъкунӣ ё маҳдудкуниро мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қувваҳои Ҳарбии Ҳавои ва Мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба тартиби муайяннамудаи Дастуруламали татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар менамоянд.

7.Риояи тартиби истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва реҷаи парвозҳои ҳавопаймоҳоро мақомоти идораи ҳаракати ҳавои ва мақомоти Қушунҳои Мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд, тафтиши вайрон кардани тартиби истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба тартиби муайяннамудаи Дастуруламали татбиқи Низомномаи мазкур сурат мегирад.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 5.09.2002г. №359

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 Февраля 2000 года № 32

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 Февраля 2000 года № 32

ПОЛОЖЕНИЕ Об использовании воздушного пространства Республики Таджикистан

1. Настоящее Положение, в соответствии с Воздушным Кодексом Республики Таджикистан, регулирует правоотношения, возникающие в связи с использованием воздушного пространства Республики Таджикистан.

2. Министерства, ведомства и организации, деятельность которых связана с использованием воздушного пространства Республики Таджикистан или может представлять угрозу безопасности полетов воздушных судов и других материальных объектов, по вопросам использования воздушного пространства Республики Таджикистан руководствуются Воздушным Кодексом Республики Таджикистан, другими законодательными актами республики, настоящим Положением и Инструкцией по его применению. Инструкция по применению Положения об использовании воздушного пространства Республики Таджикистан разрабатывается и утверждается Министром обороны Республики Таджикистан по согласованию с заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан,

3. Полёты воздушных судов, все виды стрельб, пуск ракет, взрывные работы, а также другие виды деятельности, связанные с подъемом, передвижением и спуском в воздушном пространстве Республики Таджикистан материальных объектов, относятся к деятельности, связанной с использованием воздушного пространства.

4. Деятельность, связанная с использованием воздушного пространства Республики Таджикистан, а также деятельность, которая может представлять угрозу безопасности полетов воздушных судов и другие материальных объектов допускается только после получения разрешения соответствующих органов Единой системы использования воздушного пространства и управления воздушным движением Республики Таджикистан, а в особых случаях - соответствующих органов Министерства обороны Республики Таджикистан в порядке, определенном Инструкцией по применению Положения об использовании воздушного пространства Республики Таджикистан.

5. Для использования воздушного пространства Республики Таджикистан заинтересованные министерства, ведомства и организации, имеющие в своем ведении авиацию, разрабатывают, в установленном порядке, предложения по структуре воздушного пространства Республики Таджикистан (расположение районов и зон управления воздушным движением, районов аэродромов, полигонов, специальных зон, воздушных трасс, местных воздушных линий, маршрутов полётов и т.п.) Структура воздушного пространства Республики Таджикистан разрабатывается соответствующими органами Министерства обороны Республики Таджикистан в порядке, определяемом Инструкцией по применению Положения об использовании воздушного пространства Республики Таджикистан, согласовывается с заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан и утверждается Министром обороны Республики Таджикистан

Воздушные трассы и местные воздушные линии Республики Таджикистан допускаются к эксплуатации специально уполномоченным органом Республики Таджикистан в области гражданской авиации. Перечень воздушных трасс и местных воздушных линий Республики Таджикистан, а также порядок их использования разрабатывается Министерством обороны Республики Таджикистан (ВВС РТ) совместно со специально уполномоченным органом Республики Таджикистан в области гражданской авиации с учётом интересов других министерств и ведомств Республики Таджикистан, и утверждается Командующим Военно-воздушными Силами Республики Таджикистан.

6. В воздушном пространстве Республики Таджикистан или в отдельных его районах деятельность, указанная в пункте 4 настоящего Положения, может быть полностью запрещена или ограничена. Такие запреты или ограничения устанавливаются соответствующими органами Министерства обороны Республики Таджикистан (ВВС И ПВО РТ) в порядке, определяемом Инструкцией по применению Положения об использовании воздушного пространства Республики Таджикистан.

7. Контроль за соблюдением порядка использования воздушного пространства Республики Таджикистан и режима полётов воздушных судов осуществляется органами управления воздушным движением и органами Войск Противовоздушной обороны Республики Таджикистан, а расследование нарушений порядка использования воздушного пространства Республики Таджикистан производится в порядке, определяемом Инструкцией по применению настоящего Положения.

...