Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ аз 30 декабри соли 2015 № 813

Санаи амалкуни: 27.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024 № 514 аз эътибор соқит дониста шудааст

Замима

Бо қарории Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015 № 813

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур тибқи талаботи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" таҳия гардида, тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, баррасии дархост оид ба ёрирасонӣ, назорати истифодаи он, бекор кардани қарори қонеъгардонии дархост оид ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин баргардонидани онро бинобар дар қонунҳои амалкунанда ва қонунгузории буҷет аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзим нагардидани масъалаҳои мазкур, муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171).

2. Низомномаи мазкур ҷиҳати пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона, аз он ҷумла дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити рақобатпазирӣ байни субъектҳои хоҷагидор ва қабули санадҳои маъмурӣ ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ мусоидат менамояд.

3. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ - дастгирии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, тариқи ҷудо ва тақсим намудани маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ, захираҳо, фароҳам овардани имтиёзҳои инфиродӣ ва бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор;

- донор - мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида, ки ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор кӯмак мерасонанд;

- субъектҳои хоҷагидор - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷиён, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шахсоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд;

- фаъолияти инҳисорӣ - дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукмфармоии худ сӯиистифода кардан, бастани созишнома ё иҷрои амалҳои мувофиқагаштаи бо қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъшуда аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон);

рақобат - мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии гардиши мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд;

- рақобати бевиҷдонона - дилхоҳ амали барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равонашудаи субъектҳои хоҷагидор, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонад ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ - рақибон зарар расонад ё расонидааст ва ё нуфузи кории онҳоро паст задааст ё метавонад паст занад;

- захираҳо - пасандоз ва воситаҳои мавҷудбуда, ки ҳангоми зарурат метавонанд истифода гарданд; мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ ва сохторҳои минтақавии он, ки пешбарандаи сиёсати зиддиинҳисорӣ мебошанд.

4. Фаъолияти зерин ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад: фароҳам овардани (ҷудо, тақсим намудани) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) афзалият) ба шахси алоҳида вобаста ба натиҷаҳои савдо (озмун) ва (ё) мутобиқи дигар расмиёти пешбининамудаи қонунҳо; фароҳам овардани (ҷудо, тақсим намудани) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, молу мулк) ба шахсони алоҳида бо мақсади рафъи оқибати офати табиӣ, садама, фалокат ва ҳолатҳои фавқулодда, оқибати амалиёти низомӣ ва амалиёти зиддитеррористӣ аз фондҳои эҳтиётии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ.

5. Ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ дар ҳолате расонида мешавад, ки агар вай рақобатро бартараф насозад ё ба он роҳ надиҳад ва ба категорияҳои зерин мансуб бошад: ёрӣ бо мақсади гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман мақсади истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ва ё равандҳои мавҷудаи технологиро надошта бошад; ёрие, ки ба мақсади ҳимояи муҳити зист нигаронида шудааст; ёрие, ки барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ нигаронида шудааст; ёрӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.

2. ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

6. Ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ба истиснои ёрии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати қаблии мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад расонида шавад.

7. Расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо ташаббуси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ё бо дархости субъекти хоҷагидор ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор амалӣ мегардад.

8. Ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида Комиссия оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таъсис медиҳанд.

9. Комиссия оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешавад.

10. Комиссия оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз 3 ё 5 нафар иборат мебошад, ки ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда таъсис дода мешавад.

11. Комиссия дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба дурустии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот хулосаи расмӣ пешниҳод менамояд.

12. Раванди баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо Протокол ба расмият дароварда мешавад.

13. Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссия бо Низомномаи он, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида тасдиқ гардидаанд, ба танзим дароварда мешавад.

14. Ҳамчунин, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ аз субъекти хоҷагидор, ки дархост дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро пешниҳод намудааст, ҳукуқ дорад тамоми иттилооти тибқи Номгӯи иттилооти ба дархост ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ замимашавандаро талаб намоянд.

15. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида маълумоти тибқи Номгӯи иттилооти ба дархост ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ замимашавандаро ҷиҳати қабули қарори дахлдор дар хусуси додани иҷозат ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод менамоянд.

16. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, дар бораи расонидани ёрии давлатӣ ва ё маҳаллӣ қарор қабул менамояд.

17. Қарор дар бораи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад: номи санади ҳуқуқии- маъмурӣ; номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмуриро қабул кардааст; мақсади қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ва расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ; насаб, ном, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри мақомоти маъмурӣ ва шахси мансабдори он тасдиқ карда шудааст; вақт ва маҳалли қабули санад; рақами бақайдгирии санади ҳуқуқии маъмурӣ, ки мақомот қабул кардааст.

Лоиҳаи қарор дар бораи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ низ ба дархост замима ва пешниҳод карда мешавад.

18. Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида бо мақсади расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ қабули санад ё анҷомдиҳии амале, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозад, шароити табйизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ё амал боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ мебошад.

19. Ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ анҷом додани амалҳои зерин манъ карда мешаванд:

- беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин муқаррар намудани монеа барои амалӣ намудани шаклҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

- ташкили монеа ба хариду фурӯши мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё тавассути маҳдуд намудани ҳуқуки субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишгарон) таҳвил намудани молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе дарназардошти афзалиятҳое, ки қонунгузорӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳо дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор мавқеи афзалиятнокро соҳиб мешаванд;

- дигар амалҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ намудаанд.

20. Аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои тибқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ муқарраргардида иттилооти ба дархост дар хусуси додани иҷозат ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ замимагардида мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

3. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТ ОИД БА РАСОНИДАНИ ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

21. Дархост дар хусуси додани иҷозат ва иттилооти пешбининамудаи банди 12 Низомномаи мазкур ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва воҳидҳои сохтории минтақавии он ҷиҳати додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо мактуби ирсолӣ, имзо ва мӯҳр аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171).

22. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми ворид гардидани дархост дар хусуси додани иҷозат ва иттилооти ба он замимагардида, онро ба қайд гирифта, дар мӯҳлати як моҳи тақвимӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171).

23. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар рафти баррасии дархост дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ метавонад ҳангоми зарурат ҷиҳати пурра баррасӣ намудани дархост аз мақоми ваколатдор ё субъекти хоҷагидор маълумоти иловагиро талаб намояд.

24. Ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти иловагӣ мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад баррасии дархостро ба мӯҳлати як моҳи дигар тамдид намояд ва дар ин хусус дархосткунандаро хаттӣ огоҳ менамояд, дар сурати дастрас намудани маълумоти иловагии зарурӣ қарори ниҳоӣ қабул мекунад.

25. Агар ҳангоми баррасии дархости зикргардида ва ё иттилоот муайян гардад, ки ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба шартҳои пешбининамудаи банди 5 Низомномаи мазкур мутобиқат надорад, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи воридшавии дархост қарори асоснок оиди ба талаботи Низомномаи мазкур мутобиқ набудани дархост дар хусуси расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ва иттилооти ба он замимагардида қабул менамояд.

26. Доир ба қабул гардидани қарор оид ба мутобиқат накардани дархост дар хусуси расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ва иттилооти ба он замимагардида, ба дархосткунанда расман хабар дода, нусхаи қарори қабулгардида тибқи мактуби ирсолӣ бо мӯҳри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ фиристода мешавад.

27. Дархостн пешниҳодгардида бояд дорои маълумотҳои зерин бошад:

- мақсади дастрас намудани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

- тартиби истифодаи ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

- ҳаҷми маблағҳое, ки бо мақсади расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ҷудо ва ё тақсим мешаванд.

Дар сурате, ки агар дархости иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба талаботи пешбининамудаи банди мазкур мутобиқ набошад, он ҷиҳати такмил ба шахси дархосткунанда баргардонида мешавад.

28. Мақоми  давлатии  зиддиинҳисорӣ  дар  натиҷаи   баррасии дархост дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тибқи мукаррароти қисми 3 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" ва банди 5 Низомномаи мазкур яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171):

- дар бораи иҷозат додан барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, агар ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашаванда ба бартараф ва маҳдудкунии рақобат оварда нарасонад;

- дар бораи тамдид намудани мӯҳлати баррасии дархост, агар ҳангоми баррасии он мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба хулоса ояд, ки ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашаванда метавонад ба бартараф ва маҳдудкунии рақобат оварда расонад;

- дар бораи рад намудани расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, агар ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашаванда метавонад ба бартараф ва маҳдудкунии рақобат оварда расонад;

- дар бораи додани иҷозат ва муқаррар намудани маҳдудият нисбат ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ.

29. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ қарори худро дар шакли фармоиш қабул менамояд.

30. Қарор (фармоиш) оид ба қонеъгардонии дархост ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ метавонад дорои қоидаҳое (дастуре) бошад, ки дар он барои дархосткунандаи иҷозат талаботи зарурӣ ҷиҳати ба банди 5 Низомномаи мазкур мутобиқат кардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ муқаррар гардидааст.

31. Иҷрои дастурҳо ҳангоми расонидани ёрӣ ҳатмӣ мебошад.

4. ТАРТИБИ НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ ВА БЕКОР НАМУДАНИ ҚАРОРИ ҚОНЕЪГАРДОНИИ ДАРХОСТ ОИД БА РАСОНИДАНИ ЁРӢ

32. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ тартиби риояи мақсаднок ва шартҳои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро, ки дар дархости иҷозати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ номбар шудааст, назорат менамояд.

33. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин истифодаи он ба тариқи зайл сурат мегирад:

- пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани рақобати бевиҷдонона ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ;

- пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозор ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

- фароҳам овардани рақобати солим байни субъектҳои хоҷагидор;

- гузаронидани санҷиш оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

- таҳлили асоснок оид ба мақсаднок истифода бурдани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

- талаби ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба истифода бурдани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ.

34. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, қарори қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад:

- агар қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба иттилооти нодуруст ё носаҳеҳ асос ёфта бошад, ки он барои қабули қарор аҳамият дорад;

- аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" ва Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171);

- номутобиқатии ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мақсад ва шартҳои фарогирифтаи дархости иҷозати расонидани ёрӣ;

- расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" ва Низомномаи мазкур  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171).

35. Ҳамчунин, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ҷиҳати баргардонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ амрнома медиҳад.

36. Ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашуда бинобар дар қонунҳои амалкунанда ва қонунгузории буҷет аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзим нагардиданаш, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ баргардонида мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

37. Санадҳои (қарор, амрнома, фармоиш, дастури хаттии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти ваколатдоршуда, ки ба субъектҳои хоҷагидори алоҳида афзалият ва (ё) имтиёз фароҳам меоранд, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

38. Барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.