Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 790 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди илми кишоварзӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барнома тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барнома оид ба баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ, тарғибу татбиқи дастовардҳо, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва мукаммал намудани сохтори Академия чораҳои зарурӣ андешад.

3. Маблағгузории Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 дар доираи маблағҳои барои Академияи илмҳои кишоварзин Тоҷикистон пешбинишуда, маблағҳои махсуси он, грантҳои фондҳои байналмилалӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда шавад.

4. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 790

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития Таджикской академии сельскохозяйственных наук на 2016 - 2020 годы

И соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", в целях развития сельскохозяйственной науки, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу развития Таджикской академии сельскохозяйственных наук на 2016 - 2020 годы и План мероприятий по реализации Программы (прилагаются).

2. Таджикской академии сельскохозяйственных наук принять необходимые меры для выполнения Программы по повышению эффективности научных исследований, пропаганде и внедрению достижений, подготовке научных кадров и совершенствованию структуры Академии.

3. Финансирование Государственной программы развития Таджикской академии сельскохозяйственных наук на 2016 - 2020 годы осуществить в пределах средств, предусмотренных для Таджикской академии сельскохозяйственных наук, её специальных средств, грантов международных фондов и других источников, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.

4. Таджикской академии сельскохозяйственных наук, соответствующим министерствам и ведомствам ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации данного постановления,

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 790