Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 № 1271 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2015, № 242

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 декабри соли 2015, № 159

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи алоқаи барқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.2, мод.323; с.2006, №3, мод.156; с.2008, №3, мод.198, №12, қ.2, мод.996; с.2013, №12, мод.891) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми якуми моддаи 6 сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- тасдиқи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;

- тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ;".

2. Ба моддаи 9 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

" - риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад;".

3. Сархати даҳуми қисми якуми моддаи 10 хориҷ карда шавад.

4. Ба қисми якуми моддаи 20 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тибқи Тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд;".

5. Ба қисми якуми моддаи 21 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 декабри соли 2015 № 1271