ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 2015, № 217
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 150
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод. 391, №11, мод.644; с. 2015, .№3, мод. 202; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, №1221; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1222; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, №1223) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 69 пас аз калимаи "махсусгардонидашуда" калимаҳои ", ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудаанд" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 87:
- ба қисми 2 пас аз калимаи "намунааш" калимаҳои "аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "намунаи" ба калимаҳои "намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 229 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Ҳангоми дар мӯҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷро накардани қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима, иҷрои маҷбурии қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 декабри соли 2015 № 1263