Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 814 "Дар бораи Тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин ва шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин ва шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта)

Дар асоси моддаҳои 5 ва 10(1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин ва Шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

2. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси муроҷиатҳои заминистифодабарандагон барои муқаррар намудани сервитутҳои оммавии (маҷбурии) дар қитъаҳои замини онҳо воқеан вуҷуддошта чораҳоро амалӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 814

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке установления публичного (принудительного) сервитута на земельные участки и форме договора о частном (добровольном) сервитуте

В соответствии со статьями 5 и 10(1) Земельного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок установления публичного (принудительного) сервитута на земельные участки и форму договора о частном (добровольном) сервитуте согласно приложений 1 и 2.

2. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан совместно с местными исполнительными органами государственной власти реализовать меры по установлению публичных (принудительных) сервитутов на основании обращений землепользователей, на которых фактически они существуют.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 814