ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 2015, № 219
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 157
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 48; с. 2012, №7, мод.706) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";
- қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- дар сархати якум калимаи "Созишномаи" ба калимаи "Конвенсияи" иваз карда шавад;
- ба сархати сеюм пас аз калимаи "пешниҳоди" калимаҳои "ариза оид ба" илова карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои "Идораи патентӣ оид ба масъалаҳои" ба калимаҳои "мақоми давлатӣ оид ба" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 3, қисми дуюми моддаи 13, қисми ҳафтуми моддаи 16, номи боби 6, ном ва матни моддаи 18, ном ва матни моддаи 19 калимаҳои "санҷиш", "санҷиши", "САНҶИШИ" ва "Санҷиши" мувофиқан ба калимаҳои "экспертиза", "экспертизаи", "ЭКСПЕРТИЗАИ" ва "Экспертизаи" иваз карда шаванд.
4. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба сифати намояндаи патентӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ва дараҷаи тахассусиаш ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй аст, фаъолият карда метавонад.".
5. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаи "вогузоркунӣ" ба калимаи "гузашткунӣ" иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 12 калимаи "зербандҳои" ба калимаи "сархатҳои" иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 14 калимаҳои "Феҳристи намунаҳои саноатӣ" ба калимаҳои "Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми шашуми моддаи 16 калимаҳои "Феҳристи давлатӣ" ба калимаҳои "Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 17:
- дар номи модда калимаи "созишномавӣ" ба калимаи "конвенсионӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои "Созишномаи" ва "созишномавӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Конвенсияи" ва "конвенсионӣ" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 22:
- дар қисмҳои дуюм ва чорум калимаи "вогузор" ба калимаи "гузашт" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи "вогузоркунии" ба калимаҳои "ба шахси дигар гузашт кардани" иваз карда шавад;
- қисми ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Патент ба намунаи саноатӣ ва ҳуқуқи гирифтани он ба мерос мегузарад.".
11. Дар қисми дуюми моддаи 27 калимаи "бандҳои" ба калимаи "сархатҳои" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 декабри соли 2015 № 1270
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОМЫШЛЕННЫХ ОБРАЗЦАХ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 4 ноября 2015 года,№ 219
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 декабря 2015 года,№ 157
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О промышленных образцах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 48; 2012 г., №7, ст. 706) следующие изменения и дополнения:
1. Название Закона писать прописными буквами.
2. В статье 1:
- название статьи изложить в следующей редакции:
"Статья 1. Основные понятия";
- дополнить частью первой следующего содержания:
"В настоящем Законе используются следующие основные понятия:";
- абзацы обозначить знаком дефис "-";
- в абзаце четвертом слова "Патентного ведомства по вопросам охраны" заменить словами "государственного органа по охране".
3. Часть вторую статьи 4 изложить в следующей редакции:
"В качестве патентного поверенного может быть гражданин Республики Таджикистан, постоянно проживающий на территории Республики Таджикистан, квалификационный уровень которого соответствует установленным требованиям.".
4. В статье 14 слова "Реестр промышленных образцов" заменить словами "Государственный реестр промышленных образцов Республики Таджикистан".
5. В части шестой статьи 16 слова "Государственном реестре" заменить словами "Государственном реестре промышленных образцов Республики Таджикистан".
6. В статье 22:
- в части второй слово "передать" заменить словом "уступить";
- часть седьмую после слова "Патент" дополнить словами "на промышленный образец".
7. В части второй статьи 27 слова "вторым и третьим" заменить словами "первым и вторым".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 декабря 2015 года, № 1270