ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 ноябри соли 2015, № 229
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 147
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429; с. 2010, №3, мод. 158; с. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834, №12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, №7, мод. 542, №12, мод. 905; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 425) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 13 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудааст, бояд дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад.".
2. Дар қисми 2 моддаи 14 калимаи "давлатиро" ба калимаҳои "давлатӣ ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба он дӯхташавандаро," иваз карда шавад.
3. Ба қисми 1 моддаи 19 пас аз калимаҳои "муассисаҳои таълимии" калимаи "таҳсилоти" илова карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 23:
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
-"-қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
-"-эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд;";
-сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
-"-эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани хизматчии давлатӣ;".
5. Дар қисми 1 моддаи 27:
- ба сархати шашум пас аз калимаҳои "дахл дорад," калимаҳои "аз ҷумла делои шахсӣ" илова карда шаванд;
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаҳои "талаб намояд" калимаҳои "ва бо натиҷааш шинос шавад" илова карда шаванд.
6. Ба моддаи 30 сархатҳои чорум-ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;
- дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад, аз ҷумла ба ҳайати мақомоти идоракуни ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад, дигар воситаҳои молиявии хориҷӣ дошта бошад ва (ё) аз онҳо истифода барад;
- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;".
7. Дар моддаи 42 пас аз калимаҳои "метавонанд ба" калимаҳои "мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ ё" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 декабри соли 2015 № 1260