×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 № 1259 "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни конститутсионии ҶТ аз 14.11.2016 № 1356 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 декабри соли 2015, № 257

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 декабри соли 2015, № 146

ҷониборӣ гардидааст.

Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад. 

Моддаи 1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

3. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.

Моддаи 2. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур

Қонуни мазкур дар қатори салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.

Моддаи 3. Салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳиятро якумра доро мебошад:

- ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад;

- дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;

- дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.

2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳамчун собиқ Президент узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

3. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.

Моддаи 4. Таъсиси орден ва ҷоизаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар назди Ватан чунин орден ва ҷоиза таъсис дода мешаванд:

- ордени "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", ки барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад;

- ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", ки ҳар се сол барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

2. Тасвири ордени "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" ва тартиби сарфарозгардонии онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

3. Низомномаи ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

4. Орден ва ҷоизаи давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мукофотҳои давлатӣ ба шумор рафта, дорои имтиёзҳое мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. ӯ барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.

3. Дахлнопазирӣ ба молу мулки хусусӣ, ҳамчунин молу мулки аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ мегардад.

Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат баъди қатъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматӣ ҷудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешавад.

2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд.

3. Барои Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар қисмати марказиии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва дар зодгоҳаш биноҳои алоҳидаи корӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои техникию коммуникатсионӣ, алоқа ва нақлиёт таъмин мегарданд.

Моддаи 7. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо воситаҳои алоқа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якумра аз воситаҳои алоқаи ҳукуматӣ ва дигар намуди алоқа ройгон истифода намояд. Тамоми намудҳои хизматрасонии алоқа дар доираи хизматрасонии ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 8. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад.

3. Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.

Моддаи 9. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, ҳамчун моликияти хусусӣ хонаи истиқоматӣ ва бӯстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣ ҷудо карда мешавад.

Моддаи 10. Таъмиии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо нақлиёт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат баъди қатъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин карда мешавад.

Моддаи 11. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешаванд.

2. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд.

3. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат осорхонаҳо таъсис дода мешаванд.

Моддаи 12. Таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, пас аз қатъи ваколати президентиаш, якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 13. Таъмини нафақа ва суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, новобаста ба синну солаш, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди моҳонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

2. Ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи маоши солонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешавад.

Моддаи 14. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва дигар масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Хароҷоти дар Қонуни мазкур пешбинишуда, аз ҷумла барои орден ва ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", нигоҳдории Дафтардорӣ, осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.

2. Хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, манзилӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати таъмин карда мешавад.

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуки мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 декабри соли 2015 № 1259

Утратило силу в редакции Конс. Закона Республики Таджикистан от 14 ноября 2016 года, № 1356

ОБ ОСНОВАТЕЛЕ МИРА И НАЦИОНАЛЬНОГО ЕДИНСТВА - ЛИДЕРЕ

Принят Постановлением МН МОРТ

от 9 декабря 2015 года,№ 257

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 18 декабря 2015 года,№ 146

С целью укрепления основ конституционного строя Республики Таджикистан, государственной независимости, территориальной целостности и единства Родины, стабильности и долговечности государства Таджикистан, укрепления демократии, обеспечения экономического, социального и культурного прогресса, защиты исторических ценностей национальной государственности, создания достойных условий жизни и свободного развития для каждого человека, настоящий Закон устанавливает политическое и правовое положение Основателя мира и национального единства - Лидера нации, как основателя суверенного государства Таджикистан, мира и национального единства.

Статья 1. Основатель мира и национального единства - Лидер нации

1. Основатель мира и национального единства - Лидер нации является выдающейся исторической личностью нации, избранной Главой государства на шестнадцатой сессии Верховного Совета Республики Таджикистан, внёсшей заметный вклад в создание системы государственности суверенного Таджикистана, установление конституционного строя, достижение мира, национального единства и в соответствии с Конституцией 1994 года избранной всенародным голосованием первым Президентом: Республики Таджикистан, внёсшим достойный вклад в построение суверенного, демократического, правового, светского и социального государства, предотвратившим распад нации, исчезновение государства и избавившим народ от гражданской войны, осуществившим великие  судьбоносные свершения в политическом, социально-экономическом, культурно-историческом развитии независимого государства Таджикистан.

2. Основатель мира и национального единства - Лидер нации является символом долговечности таджикской суверенной государственности, мира и национального единства, гарантом стабильного развития и общественной устойчивости Таджикистана.

3. В качестве Основателя мира и национального единства - Лидера нации признается Президент Республики Таджикистан - Эмомали Рахмон за великие и выдающиеся заслуги перед народом Таджикистана.

Статья 2. Предмет регулирования настоящего Закона

Настоящий Закон наряду с компетенцией Президента Республики Таджикистан, определенной Конституцией Республики Таджикистан и другими законами Республики Таджикистан, также устанавливает понятие и политико-правовое положение Основателя мира и национального единства - Лидера нации, его социально-экономические льготы и гарантии в период президентской деятельности и после её прекращения.

Статья 3. Компетенция Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. Основатель мира и национального единства - Лидер нации за свои выдающиеся исторические заслуги перед народом и государством Таджикистана имеет следующую пожизненную компетенцию:

- обращаться к народу Таджикистана, государственным органам и должностным лицам по важным вопросам государственного строя, безопасности страны, внутренней и внешней политики, принятие во внимание которых является обязательным для государственных органов и государственных должностных лиц;

- принимать участие и выступать по рассматриваемым вопросам на совместных заседаниях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, сессиях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, заседаниях Правительства Республики Таджикистан и заседаниях Совета безопасности Республики Таджикистан;

- давать консультации и рекомендации в случае наступления политического, экономического и социального кризиса и оказывать содействие в его решении.

2. Основатель мира и национального единства - Лидер нации, как бывший Президент, является пожизненным членом Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Председателем Общественного движения национального единства и возрождения Таджикистана.

3. Важные государственные и общественные, вопросы, основные направления внутренней и внешней политики страны согласовываются с Основателем мира и национального единства - Лидером нации.

Статья 4. Учреждение ордена и государственной премии Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. В честь выдающихся заслуг Основателя мира и национального единства - Лидера нации перед Родиной учреждаются следующие орден и  премия:

- орден "Лидер нации - Эмомали Рахмон", награждение которым производится Президентом Республики Таджикистан за достойные заслуги в государственной и общественной деятельности;

- государственная премия "Лидер нации - Эмомали Рахмон", присуждение которой производится Президентом Республики Таджикистан каждые три года за особый вклад в развитие демократии, укрепление мира и стабильности общества, дружбы между народами.

2. Описание ордена "Лидер нации - Эмомали Рахмон" и порядок награждения им устанавливается законодательством Республики Таджикистан.

3. Положение о государственной премии "Лидер нации - Эмомали Рахмон" утверждается Президентом Республики Таджикистан.

4. Орден и государственная премия, предусмотренные в части 1 настоящей статьи, считаются государственными наградами и имеют льготы, установленные законодательством Республики Таджикистан.

Статья 5. Неприкосновенность Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. Основатель мира и национального единства - Лидер нации обладает правом неприкосновенности. Он не привлекается к ответственности за действия в период исполнения полномочий Председателя Верховного Совета Республики Таджикистан - Главы государства, Президента Республики Таджикистан и полномочий Основателя мира и национального единства - Лидера нации.

2. Запрещается задержание, заключение под стражу, обыск и принудительный привод Основателя мира и национального единства - Лидера нации.

3. Неприкосновенность распространяется на частную собственность, а также на собственность членов семьи, на жилое помещение, служебное здание, транспорт, средства связи, переписку и документы, принадлежащие Основателю мира и национального единства - Лидеру нации.

Статья 6. Обеспечение деятельности Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. Для обеспечения деятельности Основателя мира и национального единства - Лидера нации после прекращения его президентских полномочий будет выделено служебное помещение и создана Канцелярия Основателя мира и национального единства - Лидера нации.

2. Структура и штатное расписание Канцелярии Основателя мира и национального единства - Лидера нации устанавливаются Основателем мира и национального единства - Лидером нации. Сотрудники Канцелярии имеют статус государственного служащего.

3. Для Канцелярии Основателя мира и национального единства - Лидера нации в центральной части столицы страны, городе Душанбе и месте его рождения выделяются отдельные рабочие здания, которые обеспечиваются необходимым оборудованием, техническими и коммуникационными средствами, а также средствами связи и транспортом.

Статья 7. Обеспечение Основателя мира и национального единства - Лидера нации средствами связи

Основатель мира и национального единства - Лидер нации пожизненно вправе бесплатно пользоваться правительственными средствами связи и другими видами связи на территории Республики Таджикистан. Все виды почтовых услуг осуществляются в рамках правительственных услуг.

Статья 8. Обеспечение безопасности Основателя мира и национального единства - Лидера нации 

1. Обеспечение безопасности Основателя мира и национального единства - Лидера нации возлагается на государственный орган национальной безопасности Республики Таджикистан.

2. Основателю мира и национального единства - Лидеру нации обеспечивается пожизненная государственная охрана в местах его постоянного и временного нахождения.

3. Члены семьи Основателя мира и национального единства - Лидера нации обеспечиваются государственной охраной.

Статья 9. Жилищное обеспечение Основателя мира и национального единства - Лидера нации

Основателю мира и национального единства - Лидеру нации, полномочия которого прекращены, выделяются в качестве частной собственности жилой дом и государственная резиденция с необходимым государственным обслуживанием.

Статья 10. Обеспечение Основателя мира и национального  единства - Лидера нации транспортом

Основатель мира и национального единства - Лидер нации, после прекращения его президентских полномочий пожизненно обеспечивается служебной автомашиной и водителем.

Статья 11. Музей, библиотека и архив Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. В период исполнения полномочий Президента Республики Таджикистан Основателем мира и национального единства - Лидером нации будут созданы музей, библиотека и архив Основателя мира и Национального единства - Лидера нации.

2. Музей, библиотека и архив Основателя мира и национального единства - Лидера нации, являясь национальным богатством, считаются государственной собственностью.

3. В столице Республики Таджикистан  и месте рождения Основателя мира и национального единства - Лидера нации будут созданы музеи.

Статья 12. Обеспечение Основателя мира и национального единства - Лидера нации медицинским и лечебно-оздоровительным обслуживанием

 Основателю мира и национального единства - Лидеру нации после прекращения президентских полномочий пожизненно сохраняется право на бесплатное медицинское и лечебно-оздоровительное обслуживание, которые оказывались в период исполнения президентских полномочий.

Статья 13. Обеспечение Основателя мира и национального единства - Лидера нации пенсией и страхованием жизни и здоровья

1. Основатель мира и национального единства - Лидер нации, полномочия которого прекращены, независимо от возраста, обеспечивается ежемесячной пенсией в размере 80 процентов ежемесячного должностного оклада действующего Президента Республики Таджикистан.

2. Жизнь и здоровье Основателя мира и национального единства - Лидера нации, полномочия которого прекращены, подлежат обязательному  государственному страхованию за счёт республиканского бюджета в размере  годовой должностной заработной платы действующего Президента Республики Таджикистан.

Статья 14. Источники финансирования и другие вопросы обеспечения деятельности Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. Расходы, предусмотренные в настоящем Законе, в том числе на орден и государственную премию "Лидер нации - Эмомали Рахмон", содержание Канцелярии, музея, библиотеки и архива Основателя мира и национального единства - Лидера нации, финансируются из республиканского, бюджета.

2. Медицинское, лечебно-оздоровительное, жилищное, транспортное и другие виды, обслуживания, оказываемые Основателю мира и национального единства - Лидеру нации, обеспечиваются уполномоченным государственным органом.

Статья 15. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан. 

Статья 16. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан       Эмомали Paxмон

г.Душанбе, от 25 декабря 2015 года, № 1259