Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби расонидани хизмати машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта дар соҳаи солимии репродуктивӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби расонидани хизмати машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта дар соҳаи солимии репродуктивӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии Тартиби расонидани хизмати машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта дар соҳаи солимии репродуктивиро таъмин намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Тартиби мазкур ҳар сол то 30 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 ноябри соли 2015 № 748
ш.Душанбе