Тартиби расонидани хизмати машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта дар соҳаи солимии репродуктивӣ аз 28 ноябри соли 2015 № 748

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2015, № 748

тасдиқ шудааст

Тартиби расонидани хизмати машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта дар соҳаи солимии репродуктивӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" бо мақсади муқаррар намудани тартиби расонидани хизмати машварати тиббӣ (минбаъд - хизматрасонӣ), таълим ва тарбияи маърифатию ҷинсӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ, ба ҳаёти оилавӣ омода намудани ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта (минбаъд - гирандагони хизматрасонӣ) таҳия карда шудааст.

2. Гирандагони хизматрасонӣ ва намояндагони қонунии онҳо барои интихоби озодонаи муассисаи тиббӣ, табиб ва барои гирифтани хизматрасонӣ дар асоси принсипҳои дастрасӣ, хайрхоҳӣ, боварӣ ва риоя намудани махфият ҳуқуқ доранд.

3. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- гурӯҳи таҳти хатар қарордошта - шахсоне, ки дар натиҷаи касбу кор, шароити иҷтимоии ҳаёт ва хусусиятҳои рафтор эҳтимолияти баланди сироятшавӣ бо вирусҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, вируси норасоии масунияти одам, инчунин осеббардорӣ, содир намудани худкушӣ ва дигар ихтилолҳои саломатӣ доранд, истеъмолкунандагони маводи тазриқии нашъаовар, ки алоқаҳои ҷинсии муҳофизатнашуда доранд, аз ҷумла дар натиҷаи истисмори шаҳвонӣ, гомосексуалистҳо;

- гурӯҳи осебпазир - шахсони дар шароити мураккаби ҳаётӣ қарордоштае, ки ба хатари сироятшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, бемории сил, осеббардорӣ, содир намудани худкушӣ ва дигар ихтилолҳои саломатӣ мусоидат менамоянд. Ба ин гурӯҳ бекорон, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, шахсоне, ки зӯроварӣ ва одамрабоиро аз сар гузаронидаанд ва ба он дучор гардидаанд,- дар ҳолати қашшоқӣ умр ба сар мебаранд, аз васояти волидон маҳрумшудагон (ятимон, бепарасторон ва бе назорат будагон, дар интернатҳо, хонаи кӯдакон, колонияҳои тарбиявӣ ва дигар муассисаҳои пенитенсиарӣ қарордошта), маъюбони бо волидон зиндагикунанда, аз вобастагии нашъамандӣ ва машрубот ранҷкашанда дохил мешаванд;

- розигии иттилоотнок - розигии бошууронаи гирандаи хизматрасонӣ баъди ба вай машваратдиҳӣ бо шарҳ додани нишондод, зиддинишондодҳо, бартарият, камбудӣ, фоида, зарар ва таъсири иловагии хизматрасонӣ;

- машваратдиҳӣ - ин шакли хизматрасонӣ, сӯҳбати махфиёна бо гирандагони хизматрасонӣ бо мақсади фаҳмонидани вазъият мебошад, ки ба қабул намудани қарори бошуурона равона карда шудааст. машваратдиҳӣ фардӣ ва гурӯҳӣ мешавад;

- маълумот дар бораи шахс - насаб, ном ва номи падар, сол, рӯз ва моҳи таваллуд, таҳсилот, вазъи оилавӣ, ҳолати саломатӣ, инчунин суроға ва ҷойи таваллуд;

- махфият - махфӣ нигоҳ доштани далели ба муассисаи тиббӣ ташриф овардан ва иттилооти дар бораи шахсият гирифташуда;

- хизматрасонии тиббӣ - ин чорабиниҳо ё маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки ба пешгирии бемориҳо, ташхиси онҳо, муолиҷа равона карда шуда, аз тарафи кормандони тиббӣ ва муассисаҳои тиббӣ ба аҳолӣ расонида мешавад,

2. Тартиби хизматрасонӣ

4. Хизматрасонӣ дар ҷойи истиқомат (маскуният) дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз тарафи табибони оилавӣ, мушовирон акушер - гинекологҳои марказҳои саломатии шаҳрию деҳотӣ, момодояҳои бунгоҳҳои саломатӣ, мутахассисони шӯъбаҳои тиббию машваратдиҳии ҷавонон, хадамоти госпиталӣ, марказҳои махсусгардонидашуда, ҳангоми мавҷуд будани ташкилотҳои идоравии тандурустӣ дар ҷойи кор, хизмат ё таҳсил расонида мешавад.

5. Ба шахсони дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумӣ қарордошта хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

6. Хизматрасонӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ аз нуқтаи назари даври ҳаётӣ бо дарназардошти синну сол, ҷинс, инкишофи рӯҳию ҷисмонӣ мувофиқи стандартҳои сифат ва бо дарназардошти талаботи гирандагони хизматрасонӣ расонида мешавад. Барои гурӯҳҳои хатар ва гурӯҳҳои осебпазир ҳамасола муоинаи ҳатмии бемории сил, гепатити В, гепатити С, вируси норасоии масунияти одам/бемории норасоии муҳассали масуният, сифилис гузаронида мешавад.

7. Муоинаи умумиклиникӣ ва машваратдиҳии ҳамаи мутахассисон ройгон гузаронида мешавад. Барои гузаронидани усулҳои лабораторӣ ва функсионалии тадқиқот, инчунин ҳангоми зарурати муолиҷа ва солимгардонӣ маблағ мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

8. Беморони гирифтори сил, чузом, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, вируси норасоии масунияти одам/бемории норасоии муҳассали масуният ва дигар бемориҳои хатарнок барои муоина ва муолиҷа ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи тибби фиристода мешаванд.

9. Ҳангоми бемориҳои номбаршуда, дар сурати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҷойи истиқомат, гирандагони хизматрасонӣ бо мақсади ҷойгиркунонии муваққатӣ дар муассисаи тиббӣ дар давраи муолиҷа ба шӯъбаҳои корҳои дохилии (Қабулгоҳ таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонон) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

10. Гирандагони хизматрасониҳо ва намояндагони қонунии онҳо (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) ба истиснои ҳолатҳои зерин барои даст кашидан аз хизматрасонӣ ҳуқуқ доранд:

- ҳангоме, ки табибон аллакай ба амалиёти тиббӣ шурӯъ кардаанд ва аз сабаби таҳдид ба ҳаёту саломатии шахси мазкур қатъ намудан ё баргардонидан номумкин аст;

- дар ҳолатҳое, ки ба таъхир мондани амалиёти ҷарроҳӣ, кӯмаки акушерӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, истифодаи усули мураккаби ташхис ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад, гирифтани розигии шахсони мазкур бошад, ғайриимкон мебошад;

- ба ғайр аз занони ҳомиладор ва ноболигон, ҳангоми бемориҳое, ки номгӯи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад;

- даст кашидан аз муоина ва муолиҷа дар шакли хаттӣ тасдиқ карда мешавад.

11. Ба ноболиғон бо розигии намояндагони қонунии онҳо (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) хизматрасониҳои тиббӣ дар ҳолатҳои зерин расонида мешавад:

- гузаронидани муоинаи гинекологӣ;

- ба таври сунъӣ қатъ намудани ҳомиладорӣ;

- гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии акушерӣ ва гинекологӣ;

- гузаронидани хун ва ҷузъҳои он;

- истифодаи усулҳои мураккаби ташхис (гидроскопия, лапароскопия).

12. Барои гирандагони хизматрасонӣ, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳамаи хизматрасониҳо дар асоси муроҷиат ва розигиашон расонида мешавад.

13. Ба қурбониёни зӯроварии шаҳвонӣ мувофиқи хоҳишашон имконияти дар муассисаи тиббӣ қарор доштан бо яке аз волидон ё намояндаи қонунӣ фароҳам оварда мешавад.

14. Индикаторҳои баҳодиҳии ҳолати саломатии гирандагони хизматрасонӣ ба омори ҳарсолаи давлатии тиббӣ дохил карда мешаванд.

3. Таълим ва тарбияи ахлоқию ҷинсӣ, ба ҳаёти оилавӣ омода намудани ноболиғон ва ҷавонон

15. Таълим ва тарбияи ахлоқию ҷинсии гирандагони хизматрасонӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти бошуурона барои саломатии худ ва саломатии атрофиён, инкишофи малакаҳои ҳаётӣ, ташаккули одобу ахлоқ, тарзи ҳаёти солим ва рафтори ҷинсии ба ташкил намудани оила равонакардашуда амалӣ карда мешавад.

16. Барои гирандагони хизматрасонӣ ва волидони онҳо таълим ва тарбияи ахлоқию ҷинсӣ аз тарафи шахсоне таъмин карда мешавад, ки омодагии махсус доранд. Инҳо:

- омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ;

- кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии пӯшида ва колонияҳои тарбиявӣ; - кормандони воситаҳои ахбори омма;

- кормандони ташкилотҳои ғайридавлатии ҷавонон бо ҷалб намудани ҳамсолон ва аутрич кормандон (бе ҷои кори муайян);

- кормандони тиббии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, марказҳои тарзи ҳаёти солим ва дигар марказҳои махсусгардонидашуда, нуқтаҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дармонгоҳҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ; - шӯъбаҳои тиббию машваратдиҳии ҷавонон.

17. Таълим ва тарбияи ахлоқию ҷинсӣ аз рӯи мавзӯъҳои зерин гузаронида мешавад:

а) барои гурӯҳҳои синни 10-14 - сола:

- тарзи ҳаёти солим (фаъолнокии ҷисмонӣ даст кашидан аз тамокукашӣ, истеъмоли моддаҳои сахттаъсир ва нашъаовар);

- ғизо, аз ҷумла истифодаи намаки йодноккардашуда;

- гигиена;

- пешгирии ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ;

- пешгирӣ ва хатари гирифторшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам.

б) барои гурӯҳҳои синни 15 - сола ва калонтар ба таври иловагӣ аз рӯи мавзӯъҳои:

- пешгирӣ ва хатари гирифторшавӣ бо сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва вируси норасоии масунияти одам;

- солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ;

- пешгирии ҳомиладории номатлуб;

- воситаҳои муосири пешгирандаи ҳамл (контрасептивӣ);

- баробарҳуқуқии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ;

- омӯхтани малакаҳои ҳаётӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди ҳолати ташаннуҷи руҳӣ (стресс), худкушӣ;

- омода намудан барои ҳаёти оилавӣ ва тамоюл намудан ба оилаи солим.

18. Барномаҳои таълимӣ бояд бо гирандагони хизматрасонӣ, волидон, кормандони тиббӣ, омӯзгорон ва дигар шахсони манфиатдор ба таври васеъ муҳокима карда шаванд.

19. Сифати барномаҳо ва татбиқи онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ, маориф, кумитаи падару модарон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ назорат карда мешавад.

20. Технологияи хизматрасонӣ бо муносибати хайрхоҳона ба ҷавонон ба барномаҳои таълимии таҳсилоти тодипломӣ ва баъдидишгомии кормандони тиббӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ворид карда мешаванд.

4. Гузаронидани қатъкунии сунъии ҳомиладории ноболиғон

21. Қатъкунии сунъии ҳомиладории ноболиғон гузаронида мешавад:

- бо розигии хаттии намояндагони қонунии онҳо (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон);

- дар шароити статсионарӣ бо усулҳои нисбатан эҳтиёткорона;

- бо бедардкунии ҳатмии доругӣ ҳангоми истифодаи усулҳои ҷарроҳӣ, аз ҷумла васеъ намудани канали гарданаи бачадон ва холикунии бачадон ё вакуум аспиратсия.

22. Бо мақсади муқаррар намудани шахсияти ноболиғи гирандаи хизматрасонӣ ва намояндагони қонунии ӯ, тасдиқ намудани ваколатҳои онҳо, шахсони номбаршуда бояд шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколатҳои онҳоро пешниҳод намоянд.

23. Ҳангоми мавҷуд будани баҳсҳо байни шахсони ноболиғ ва намояндагони қонунӣ нисбати қатъ намудани ҳомиладорӣ, намояндагони қонунӣ барои намояндагии манфиатҳои кӯдакони худ ҳуқуқ надоранд.

24. Ҳамаи баҳсҳо нисбати қатъкунии сунъии ҳомиладорӣ аз тарафи суд баррасӣ карда мешаваид.

5. Ҳамкории байни бахшҳо

25. Дар асоси дархости мақомоти тандурустӣ, қарори мақомоти тафтишот ё таъиноти суд муассисаи тиббӣ маълумотро оид ба бемории шаҳрвандон, аз ҷумла маълумот дар бораи шахсони ҳамчун ҳомили вируси норасоии масунияти одам ё беморони мубталои бемории норасоии муҳассали масуният ба қайд гирифташуда, хабар медиҳад. Дар ҳолатҳои зарурӣ мувофиқи дархост нусхаи аслии таърихи беморӣ ё картаи амбулатории ҳомили-вируси норасоии масунияти одам ё бемори мубталои бемории норасоии муҳассали масуният бо замимаҳои зерин фиристода мешаванд:

- варақаи розигии иттилоотнок;

- маълумотнома оид ба муоинаи ҷисмҳои бегона нисбати вируси норасоии масунияти одам;

- огоҳинома дар бораи сироятшавӣ бо вирусҳои норасоии масунияти одам;

- забонхати ҳомили вируси норасоии масунияти одам дар бораи паҳн накардани сироят;

- картаи тафтишоти эпидемиологӣ;

- картаи назорати диспансерӣ.

26. Дар ҳолати муроҷиат намудани ноболиғони гирандаи хизматрасонӣ ба муассисаи тиббӣ бо сабаби:

- қатъкунии сунъии ҳомиладорӣ, ки то расидан ба синни 16 - солагӣ фаро расидааст;

- сироятшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам, сифилис, сӯзок; - ба номус таҷовуз кардан;

- маҷбур намудан ба бачабозӣ ва ҷимои зан бо зан бо истифодаи зӯроварӣ;

- алоқаҳои ҷинсӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ба 16 - солагӣ нарасидааст,

ба онҳо хизмат расонида мешавад ва дар ҳолати сироятшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам, сифилис, сӯзок тафтишоти эпидемиологӣ гузаронида мешавад ва бо дарназардошти натиҷаҳо ба мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи тиббӣ фиристода мешавад.