Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 № 728 "Дар бораи Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.0.42021 № 172 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ҳангоми таҳияи барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.

3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданокро бо Барномаи мазкур мутобиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2015 № 728

ш.Душанбе