Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 № 709 "Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи зикршуда ҳар семоҳа ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди иҷрои ҳамин Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2015 № 709

ш.Душанбе