Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 2015, № 699
тасдиқ шудааст
Низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки дар шаҳри Гаага 5 октябри соли 1961 ба имзо расидааст (минбаъд - Конвенсия), таҳия гардидааст. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузоштани апостилро аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуқуқи гузоштани апостилро дар ҳуҷҷатҳои расмии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда, муайян менамояд.
2. Мақсад аз расмиёти гузоштани апостил таъмин намудани кафолати ҳақиқӣ будан ва дуруст ба расмият дароварда шудани ҳуҷҷатҳои апостил гузошташаванда мебошад, ки барои пешниҳод дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Конвенсия пешбинӣ гардидаанд.
3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Низомномаи мазкур истифода мешаванд:
апостил - апостиле, ки дар шакли чопӣ дода шуда, бо мӯҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор ва бо рамзи низоми Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил тасдиқ карда шудааст;
апостилгузорӣ - тасдиқи аслӣ будани имзо, мӯҳр ё штампи нусхаи аслии ҳуҷҷат бо роҳи гузоштани апостил. Гузоштани апостил тавассути чопи он бо мӯҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор бо гузоштани рамзи низоми Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил сурат мегирад;
мақомоти ваколатдори давлатӣ - мақомоти давлатие, ки дорои ҳуқуқи гузоштани апостил мебошанд;
ҳуҷҷати расмӣ - ҳуҷҷате (нусхаи асл ё нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудае), ки аз ҷониби мақом, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи ваколаташ таҳия гардида, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст;
Феҳристи намунаи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳомахзани
электронӣ ё коғазии намунаи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳое, ки ҳуҷҷатҳои расмии мавриди апостилгузориро таҳия менамоянд;
Феҳриспш ягонаи баҳисобгирии апоспшл - феҳристи электронии баҳисобгирии апостилҳо, ки пешбурди он ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
4. Ҳуҷҷатҳои расмие, ки дар қаламрави давлатҳоииштирокчии Конвенсия тартиб дода, ба онҳо апостил гузошта шудааст, мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи Ковенсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе расмикунонии иловагӣ эътироф карда мешаванд.
5. Ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳод берун аз қаламрави давлати иштирокчии Конвенсия ё дар қаламрави давлати иштирокчии Конвенсия, вале зидди ба он ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада пешбинӣ гардидаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида расмиёти оддии расмикунонии консулиро мегузаранд.
6. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба апостилгузорӣ дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия ва Низомномаи мазкурро дастури амал медиҳанд.
7. Барои апостилгузорӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷу хироҷи давлатӣ ситонида мешавад.
2. ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ АПОСТИЛГУЗОРӢ МЕШАВАНД
8. Ҳуҷҷатҳои расмие апостилгузорӣ мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, дар қаламрави давлати дигари иштирокдори Конвенсия мавриди истифода қарор мегиранд.
9. Ба нусхаи асли ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дода шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон апостил гузошта намешавад. Апостил танҳо дар нусхаи чунин ҳуҷҷатҳое гузошта мешавад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шудаанд.
10. Апостил дар ҳуҷҷатҳои зерин гузошта намешавад:
- ҳуҷҷатҳои имзонамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуҷҷатҳое, ки ба амалиёти тиҷоратӣ ё гумрукӣ муносибати бевосита доранд;
- дар ҳуҷҷатҳое, ки набояд ба хориҷа бароварда ё интиқол дода шаванд (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи муайянкунандаи шахсӣ, шиноснома).
11. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии зерин масъул мебошад:
- ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- ҳуҷҷатҳои расмии нотариусҳои давлатӣ;
- ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷро;
г) ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти прокуратура.
12. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои дигар, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 11 Низомномаи мазкур нишон дода шудааст, масъул мебошад.
3. МӯҲЛАТИ АПОСТИЛГУЗОРӢ
13. Ҳуҷҷатҳои барои апостилгузорӣ пешниҳодгардида дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда дода мешаванд. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гузоштани апостил бо тартиби фаврӣ пешниҳод шудаанд, дар давоми аз як то се рӯзи корӣ дода мешавад.
14. Дар ҳолати зарурати талаб кардани намунаи имзо ва тасдиқ намудани ваколати ҳуқуқи имзои шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшударо имзо кардааст, ва/ё талаб кардани намунаи нақши мӯҳр ва/ё штамп, мӯҳлати апостилгузорӣ набояд аз 30 рӯзи корӣ зиёд бошад.
15. Дар ҳолати ба миён омадани шубҳа нисбати ҳақиқӣ будани имзо, мӯҳр ё штамп, мақоми ваколатдори апостилгузорӣ ҳуқуқ дорад, ки санҷиши иловагии ҳуҷҷатро амалӣ намояд.
16. Мақоми давлатие, ки ба он барои гузаронидани санҷиши мутобиқати имзо ва вазифаи шахси имзонамудаи ҳуҷҷат, ҳақиқӣ будани мӯҳр ва/ё штампи ба ҳуҷҷат гузошташуда дархост фиристода шудааст, бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ ба мақоми дархосткунанда ҷавоби пурра пешниҳод намояд.
4. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ
17. Иҷрои вазифаи апостилгузорӣ расмиёти зеринро дар бар мегирад:
- қабул ва ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳо;
- санҷиши мутобиқати имзои шахси мансабдор ва/ё нақши мӯҳр ва штампи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилот дар ҳуҷҷати расмӣ бо намунаҳои дар Феҳристи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳо мавҷудбуда;
- гузоштани рақам мутобиқи Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил дар сурати мусбӣ баррасӣ шудани ариза;
- ворид намудани қайди дахлдор ба Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил;
- гузоштани апостил ё рад кардани гузоштани апостил (ҳангоми мавҷуд будани асос барои рад кардани гузоштани апостил);
-додани ҳуҷҷатҳо.
18. Барои гузоштани апостил пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи гузоштани апостил (Замимаи № 2 ба Низомномаи мазкур) ва ариза дар бораи гузоштани апостил метавонад бо ваколатнома пешниҳод гардад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (нишон дода мешавад);
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда;
- нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣбарои аризадиҳандагони шахсони ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷу хироҷи давлатӣ.
Барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, аризадиҳанда метавонад аризаро дар шакли электронӣ ба сомонаи www.apostille.tj, бо минбаъд пешниҳод намудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудааст, пешкаш намояд. Қарор дар бораи гузоштани апостил танҳо пас аз гирифтани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад.
Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қабули ариза ва ҳуҷҷатҳоро, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудааст, анҷом медиҳанд, маълумотро дар бораи қабули ариза ба Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил ворид менамоянд, ҳуҷҷатҳои расмиро бо тартиби электронӣ нусхабардорӣ намуда, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ирсол менамоянд.
19. Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои аз тарафи дархосткунандагон пешниҳодшаванда:
- ариза дар бораи гузоштани апостил дар як нусхаи асл пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда дар ду нусха ҳуҷҷати асл ва нусхаи он пешниҳод карда шуда, ҳуҷҷати асл бо апостили гузошташуда ба аризадиҳанда дода мешавад;
- матни ҳуҷҷати барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда, имзои шахси мансабдор ва нақши мӯҳр бояд возеҳ бошанд;
- агар матн дорои ислоҳҳо ва/ё навиштаҷоти иловагӣ бошад, онҳо бояд аз ҷониби шахси имзонамудаи ҳуҷҷат эзоҳ дода шаванд. Навиштаҷот ва/ё ислоҳҳои зикргардида бояд тавре ифода шуда бошанд, ки ҳамаи калимаҳои хато навишташуда ва сипас ислоҳгардида ва хат кашидашударо дар шакли аввала хондан мумкин бошад.
20. Санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо санаи гузоштани рақами бақайдгирӣ ба ҳисоб меравад.
21. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо мутобиқати имзои шахси мансабдор ё нақши мӯҳр ва штампи мақомотро дар ҳуҷҷати расмӣ ба намунаҳои мавҷудбуда, доштани ваколати шахси зикргардидаро барои ҳуқуқи гузоштани имзо ба ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда месанҷад.
22. Дар ҷараёни санҷиши визуалии мутобиқати имзои шахси мансабдор ва/ё нақши мӯҳр ва штамп дар ҳуҷҷати расмӣ бо намунаҳои мавҷудбуда мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил мавҷуд набудани тозакунӣ, навиштаҷоти иловагӣ ва ислоҳҳои эзоҳнагардидаро месанҷад.
23. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил бояд намунаи имзоҳои шахсони расмӣ ва нақши мӯҳру штампҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳоеро, ки ҳуҷҷатҳои расмии мавриди апостилгузориро пешниҳод менамоянд, дошта бошанд. Бо ин мақсад мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ҳар шаш моҳ намунаи имзоҳо ва нақши штампу мӯҳрҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дахлдорро дархост менамоянд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил дар хусуси дилхоҳ тағйирот дар намунаи имзоҳо ва нақши штампу мӯҳрҳои зикргардида бояд аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳо дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи тағйирёбӣ хабардор карда шаванд.
24. Дар сурати дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил набудани намунаи имзоҳо ва/ё нақши мӯҳр ё штамп, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил барои гирифтани намунаи имзо, нақши мӯҳр ё штамп ва тасдиқ намудани ваколати шахси мансабдори имзонамудаи ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда дархости расмӣ тартиб медиҳад.
25. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ҳангоми гирифтани намунаҳои нақши мӯҳр ва штамп, имзои тасдиқкунандаи ваколати шахси мансабдори имзонамудаи ҳуҷҷати барои гузоштани апостил пешниҳодшуда намунаи имзоҳо ва нақши мӯҳр ё штампро ба Феҳристи намунаи имзоҳо, нақши штамп ва мӯҳрҳо ворид месозад.
26. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил қарорҳои зерин қабул мекунад:
- дар бораи гузоштани апостил;
- дар бораи рад кардани гузоштани апостил.
27. Ҳангоми қабули қарор дар бораи гузоштани апостил мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба апостилгузорӣ апостил содир менамояд.
28. Пур кардани сатрҳо дар апостил бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
29. Апостил бояд мутобиқи замимаи 1 ба Низомномаи мазкур иҷро карда шавад.
30. Гузоштани апостил бо усули нусхабардорӣ ё усули дигари аз чопи "Апостил" фарқкунанда роҳ дода намешавад. Ворид намудани тағйирот (ислоҳҳо, тозакуниҳо) дар апостили чопшуда роҳ дода намешавад.
Нусхабардорӣ ва ё тасдиқи апостил иҷозат дода намешавад.
31. Агар дар давлати таъинот пешниҳоди тарҷумаи ҳуҷҷати расмӣ ва/ё штампи апостил зарур бошад, дархосткунанда тарҷумаи аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқшударо пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат расмиёти дукаратаи гузоштани апостил истифода мегардад.
32. Мақоми ваколадори давлатӣ оид ба апостилгузорӣ апостилро ба тариқи зерин пур мекунад:
- дар сатри 2 "Апостил" насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори тасдиқнамудаи ҳуҷҷати расмие, ки барои гузоштани апостил пешниҳод гардидааст, ишора карда мешавад;
- агар дар ҳуҷҷати расмӣ имзо ва насаб, ном ва номи падари шахси мансабдор пешбинӣ нагардида бошад, вале дар айни замон ҳуҷҷат аз номи мақоми давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳо содир шуда бошад, пас дар сатри 2 "Апостил" навиштаҷоти "имзо пешбинӣ нагардидааст" ва дар сатри 4 номи расмии мақоме, ки ҳуҷҷати мазкур аз он содир щудааст, ишора карда мешавад;
- агар ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда аз ҷониби шахси мансабдор имзо гардида, дорои ҳамаи реквизитҳои зарурӣ буда, боиси шубҳа набошад, вале насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори имзонамудаи он хонда нашавад ва муқаррар намудани он ғайриимкон бошад, пас дар сатри 2 Апостил пас аз калимаҳои "имзо шуд" ба ҷои насаб, ном ва номи падар навиштаҷоти "аз ҷониби шахси мансабдор" ва дар сатри 3 вазифаи ин шахс ишора карда мешавад;
- ҳангоми гузоштани апостил дар нусхаи ҳуҷҷати бо тартиби нотариалӣ тасдиқшуда, дар сатри 1 Апостил, пас аз калимаҳои "Ҳуҷҷати расмии мазкур" калимаҳои "нусхаи нотариалӣ" ва дар сатрҳои 2, 3 ва 4 мутобиқан насаб, ном ва номи падари нотариус, вазифа ва номи идораи нотариалӣ ишора карда мешаванд;
- дар сатри 3 Апостил вазифаи шахси имзонамудаи ҳуҷҷат ишора карда мешавад. Агар ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби якчанд нафар имзо шуда бошад, пас мавқеи вазифавии шахси асосӣ аз рӯи вазифа (масалан, раисикунанда дар ҳайати суд) ишора карда мешавад;
- дар сатри 4 Апостил номи расмии мақоме ишора карда мешавад, ки ҳуҷҷатро додаст;
- дар сатри 5 Апостил шаҳре, ки дар он апостил гузошта шудааст, ишора карда мешавад;
- дар сатри 6 Апостил санаи гузоштани апостил бо рақам ишора карда мешавад;
- дар сатри 7 Апостил номи мақоми ваколатдори давлатӣ (масалан, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ишора карда мешавад;
- дар сатри 8 Апостил рақаме, ки ба рақами тартибии дахлдор дар Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил мутобиқ аст, ишора карда мешавад;
- дар сатри 9 Апостил мӯҳри нишондори мақоми ваколатдори давлатӣ гузошта мешавад;
- дар сатри 10 Апостил имзо гузошта шуда, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки апостил гузошта аст, ишора карда мешавад.
5. ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ БАҲИСОБГИРИИ АПОСТИЛ
33. Гузоштани апостил дар Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил ба қайд гирифта мешавад. Бо дархости дилхоҳ шахси манфиатдор мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил вазифадоранд, ки мутобиқати маълумоти апостилро бо маълумоти Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил санҷанд. Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил шабонарӯз дастрас буда ва дилхоҳ шахс метавонад апостили додашударо дар сомонаи www.apostille.tj, тафтиш намояд.
34. Пас аз имзо ва гузоштани мӯҳри нишондор мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ба Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил қайдҳои дорои маълумоти зеринро ворид менамояд:
- рақами тартибии қайд (сатри 8 Апостил);
- санаи гузоштани апостил (сатри 6 Алостил);
- номи ҳуҷҷати расмие, ки ба он апостил дода мешавад, реквизитҳои он (рақам, силсила, маҳал ва санаи дода шудан);
- насаб, ном ва номи падар ва вазифаи шахси имзонамудаи ҳуҷҷати расмӣ (мутобиқан сатрҳои 2 ва 3 Апостил);
- насаб, ном, номи падар ва вазифаи шахсе, ки апостил гузоштааст (сатри 10 Апостил);
- насаб, ном, номи падари аризадиҳанда бо нишон додани маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда;
- кишваре, ки апостил пешниҳод мегардад (мутобиқи ариза ишора карда мешавад);
- реквизитҳои ҳуҷҷат дар бораи пардохти боҷи давлатӣ барои гузоштани апостил;
- қайд дар бораи гирифтани апостил.
35. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил бо Дастуруламал оид ба пешбурди Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил, ки якҷоя аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
36. Маълумоти Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил доимӣ нигоҳ дошта мешавад.
6. РАД КАРДАНИ АПОСТИЛГУЗОРИИ ҲУҶҶАТ
37. Апостилгузории ҳуҷҷатҳо рад карда мешавад, агар:
- ҳуҷҷатҳо таҳти амали банди 10 Низомномаи мазкур қарор гиранд;
- ҳуҷҷат барои пешниҳод дар қаламрави давлате пешбинӣ шуда бошад, ки иштирокчии Конвенсия намебошад ё барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия зид баромада бошад;
- ҳуҷҷат ба талаботи банди 19 Низомномаи мазкур мутобиқ набошад;
- бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳои дар банди 18 Низомномаи мазкур пешбинигардида пешниҳод шуда бошад;
- имзои шахси мансабдор ва/ё нақши мӯҳр ё штампи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳо дар ҳуҷҷати расмӣ ба намунаҳои дар мақоми ваколатдори давлатӣ мавҷудбуда мутобиқат накунанд.
38. Радкунӣ дар гузоштани апостил бояд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шавад.
39. Шикоятҳо нисбати радкунии мақоми ваколатдори давлатӣ барои гузоштани апостил мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Замимаи 1-2
Положение о единых правилах и условиях проставления апостиля на официальных документах государственных органов Республики Таджикистан
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение о единых правилах и условиях проставления апостиля на официальных документах государственных органов Республики Таджикистан (далее - Положение) разработано в целях реализации Конвенции, отменяющей требование легализации иностранных официальных документов, совершенной в Гааге от 5 октября 1961 года (далее - Конвенция). Настоящее Положение определяет порядок и условия проставления апостиля уполномоченными государственными органами, наделенными правом проставления апостиля на официальных документах, совершенных на территории Республики Таджикистан.
2. Целью процедуры проставления апостиля является обеспечение гарантии подлинности и надлежащего оформления апостилируемых документов, предназначенных для представления на территории стран-участниц Конвенции.
3. Основные понятия, используемые в настоящем Положении:
апостиль - апостиль, выданный в распечатанном формате, скрепленный печатью и подписью должностного лица уполномоченного органа с уникально сгенерированным номером системы единого реестра учета Апостилей;
апостилирование - удостоверение подлинности подписи, печати или штампа оригинала документа путем проставления апостиля. Проставление апостиля осуществляется путем его распечатывания с печатью и подписью должностного лица уполномоченного органа с присвоением уникально сгенерированного номера системы единого реестра учета Апостилей;
уполномоченные государственные органы - государственные органы, обладающие правом проставления апостиля;
официальный документ - документ (оригинал или нотариально удостоверенная копия) созданный органом, организацией, должностным лицом в пределах своих полномочий и оформленный в установленном порядке;
Реестр образцов подписей, оттисков штампов и печатей - электронная база образцов подписей, оттисков штампов и печатей органов государственной власти Республики Таджикистан и организаций, выдающих официальные документы, подлежащие апостилированию;
Единый, реестр учета апостиля - электронный реестр по учету апостилей, ведение которого возложено на Министерство юстиции Республики Таджикистан и Министерство иностранных дел Республики Таджикистан.
4. Официальные документы, совершенные на территории государств-участников Конвенции, на которых проставлен апостиль в соответствии с условиями, установленными Конвенцией, признаются на территории Республики Таджикистан без дополнительной легализации.
5. Документы, предназначенные для представления на территории государства, не являющегося участником Конвенции, или на территории государства-участника Конвенции, но выдвинувшего возражение против присоединения Республики Таджикистан к ней, проходят обычную процедуру консульской легализации в установленном порядке.
6. В своей деятельности уполномоченные государственные органы по проставлению апостиля руководствуются законодательством Республики Таджикистан, Конвенцией и настоящим Положением.
7. За проставление апостиля в установленном предусмотренном законодательством Республики Таджикистан порядке взимается государственная пошлина и сбор.
2. ДОКУМЕНТЫ, ПОДЛЕЖАЩИЕ АПОСТИЛИРОВАНИЮ
8. Апостилированию подлежат официальные документы, которые совершены на территории Республики Таджикистан и подлежат использованию на территории другого государства-участника Конвенции.
9. Оригиналы официальных документов, выданных органами Таджикской Советской Социалистической Республики и бывших республик Союза Советских Социалистических Республик, не могут быть апостилированы на территории Республики Таджикистан. Апостиль может быть проставлен на копиях таких документов, нотариально заверенных на территории Республики Таджикистан.
10. Апостиль не проставляется:
- на документах, подписанных дипломатическими представительствами и консульскими учреждениями Республики Таджикистан;
- на документах, имеющих прямое отношение к коммерческим или таможенным операциям;
- на документах, не подлежащих вывозу и пересылке за границу (военные билеты, удостоверения личности, паспорта).
11. Министерство юстиции Республики Таджикистан отвечает за проставление апостиля на следующих официальных документах:
- официальные документы, исходящие от органов записи актов гражданского состояния;
- официальные документы, исходящие от государственных нотариусов;
- официальные документы, судебных органов и органов исполнительного производства;
- официальные документы, органов прокуратуры.
12. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан отвечает за проставление апостиля на других прочих документах, за исключением документов, указанных в пункте 11 настоящего Положения.
3. СРОКИ АПОСТИЛИРОВАНИЯ
13. Документы, представленные для апостилирования, выдаются заявителю с проставленным апостилем в течение 5 рабочих дней со дня представления документов. Документы, представленные для апостилирования в срочном порядке, выдаются в сроки от одного до трех рабочих дней.
14. В случае необходимости истребования образца подписи и подтверждения полномочий на право подписи должностного лица, подписавшего представленный на проставление апостиля официальный документ, и\или истребования образца оттиска печати или штампа, срок апостилирования не должен превышать 30 рабочих дней.
15. В случае возникновения сомнений относительно подлинности подписи, печати или штампа, уполномоченный орган по проставлению апостиля вправе осуществить дополнительную проверку документа.
16. Государственный орган, в который направлен запрос для проведения проверки соответствия подлинности подписи, качества, в котором выступало лицо, подписавшее документ, подлинности печати или штампа, оригинала документа, должен представить в течение 5-ти рабочих дней исчерпывающий ответ запрашивающему органу.
4. ПОРЯДОК И УСЛОВИЯ ПРОСТАВЛЕНИЯ АПОСТИЛЯ
17. Исполнение функции по проставлению апостиля включает в себя следующие процедуры:
- прием и регистрация документов;
- проверка соответствия подписи должностного лица или оттиска печати или штампа органа государственной власти Республики Таджикистан, организации на официальном документе по имеющимся образцам в Реестре образцов подписей, оттисков штампов и печатей;
- присвоение номера в соответствии Единым реестром учета апостиля, в случае положительного рассмотрения заявления;
- внесение соответствующей записи в Единый реестр учета апостиля;
- проставление апостиля или отказ в проставлении апостиля (при установлении оснований для отказа в проставлении апостиля);
- выдача документов.
18. Для проставления апостиля представляются:
- заявление о проставлении апостиля (Приложение №2 к настоящему Положению) или заявление о проставлении апостиля может быть подано по доверенности;
- документ, удостоверяющий личность (предъявляется);
- официальный документ, предназначенный для проставления апостиля;
- копия свидетельства об идентификационном номере налогоплателщика;
- свидетельство о государственной регистрации юридического лица - для заявителей юридических лиц;
-документы, подтверждающие уплату государственной пошлины и сбора.
Для проставления апостиля на официальных документах, заявитель может подать заявление в электронном формате на портале www.apostille.tj с последующим предоставлением оригиналов документов, предусмотренных настоящим пунктом. Решение о проставлении апостиля принимается после получения указанных оригиналов документов.
Дипломатические представительства и консульские учреждения Республики Таджикистан за рубежом осуществляют прием заявлений и документов, предусмотренных настоящим пунктом, добавляют информацию о принятом заявлении в Единый Реестр учета апостиля, сканируют официальные документы и высылают их в уполномоченные государственные органы.
19. Требования к документам, представляемым заявителями:
- заявление о проставлении апостиля представляется в единственном подлинном экземпляре;
- официальный документ, предназначенный для проставления апостиля представляется в двух экземплярах, копии и оригинала, последний выдается заявителю с проставленным апостилем;
- текст документа, представленного для проставления апостиля, подпись должностного лица и оттиск печати должны быть отчетливыми;
- если документ имеет поправки и (или) приписки, они должны быть оговорены в документе лицом, подписавшим документ. Указанные приписки и (или) поправки должны быть изложены так, чтобы все ошибочно написанное, а затем исправленное и зачеркнутое можно было прочесть в первоначальном виде.
20. Датой представления документов является дата проставления регистрационного номера заявления.
21. Уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, при рассмотрении документов осуществляет проверку соответствия на официальном документе подписи должностного лица или оттиска печати или штампа органа имеющимся образцам, наличия у названного лица полномочий на право подписи официального документа, представленного на проставление апостиля.
22. В ходе визуальной проверки соответствия подписи должностного лица или оттиска печати или штампа на официальном документе имеющимся образцам уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, проверяет отсутствие подчисток, приписок, неоговоренных исправлений.
23. Уполномоченные государственные органы, по проставлению апостиля, должны владеть образцами подписей официальных лиц и оттисками печатей и штампов органов государственной власти Республики Таджикистан и организаций, выдающих официальные документы, подлежащие апостилированию. В данных целях уполномоченные государственные органы, по проставлению апостиля запрашивают каждые шесть месяцев образцы подписей и оттисков штампов и печатей соответствующих органов государственной власти Республики Таджикистан и организаций. О любом изменении указанных выше образцов подписей или оттисков штампов и печатей должно быть сообщено уполномоченным государственным органам, по проставлению апостиля, соответствующими органами государственной власти Республики Таджикистан и организациями в течение 3 рабочих дней с момента возникновения изменений.
24. При отсутствии в уполномоченном государственном органе по проставлению апостиля образцов подписи или оттиска печати или штампа уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, оформляет официальный запрос на получение образца подписи, оттиска печати или штампа и подтверждения полномочий на право подписи должностного лица, подписавшего представленный на проставление апостиля официальный документ.
25. При получении образцов оттиска печати и штампа, подписи, подтверждающей полномочия на право подписи должностного лица, подписавшего представленный для проставления апостиля документ, уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, вносит полученные образцы подписи и оттиска печати или штампа в Реестр образцов подписей, оттисков штампов и печатей.
26. По результатам проведенной проверки уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, принимает следующее решение:
- о проставлении апостиля;
- об отказе в проставлении апостиля.
27. При принятии решения о проставлении апостиля, уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля проставляет апостиль.
28. Заполнение граф в Апостиле осуществляется на государственном языке Республики Таджикистан.
29. Апостиль должен быть выполнен согласно Приложению 1 к настоящему Положению.
30. Проставление апостиля методом ксерокопирования или иным, отличающим от распечатоного Апостиля способом не допускается. Внесение изменений (исправлений, подчисток) в распечатанном Апостиле не допускается.
Копирование или заверение апостиля не разрешается.
31. Если в государстве назначения необходимо представление перевода, официального документа или штампа апостиля заявитель представляет заверенный государственным нотариусом перевод. В данном случае применяется двойная процедура проставления апостиля.
32. Уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, заполняет Апостиль следующим образом:
- в строке 2 Апостиля указывается фамилия, имия и отчество должностного лица, подписавшего официальный документ, представленный для проставления апостиля;
- если в официальном документе не предусмотрена подпись и фамилия, имия и отчество должностного лица, но при этом документ исходит от имени государственного органа, местных органов государственной власти, организаций, то в строке 2 Апостиля указывается: "подпись не предусмотрена", а в строке 4 - официальное название органа, от которого исходит данный документ;
- если представленный к проставлению апостиля официальный документ подписан должностным лицом, имеет все необходимые реквизиты и не вызывает сомнений, но фамилия, имя и отчество подписавшего его должностного лица не расшифрованы и установить их не представляется возможным, то в строке 2 Апостиля после слова "подписан" вместо "фамилия, имя и отчество" указывается "должностным лицом", а в строке 3 - должность этого лица;
- при проставлении апостиля на копии документа, засвидетельствованного в нотариальном порядке, в строке 1 Апостиля после слов "Настоящий официальный документ" указываются слова "нотариальная копия", а в строках 2, 3, 4 - фамилия, имя и отчество нотариуса, должность и наименование нотариальной конторы соответственно;
- в строке 3 Апостиля указывается должность лица, подписавшего документ. Если официальный документ подписан несколькими лицами; указывается должностное положение главного из них по должности (например, председательствующего в составе суда);
- в строке 4 Апостиля указывается официальное наименование органа, выдавшего документ;
- в строке 5 Апостиля указывается город, в котором проставляется апостиль;
- в строке 6 Апостиля цифрами указывается дата проставления апостиля;
- в строке 7 Апостиля указывается наименование уполномоченного государственного органа (например, Министерство юстиции Республики Таджикистан или Министерство иностранных дел Республики Таджикистан);
- в строке 8 Апостиля указывается номер, соответствующий порядковому номеру в Едином Реестре учета Апостиля;
- в строке 9 Апостиля проставляется гербовая печать уполномоченного государственного органа;
- в строке 10 Апостиля ставится подпись и указываются фамилия, имя и отчество лица, проставившего апостиль.
5. ВЕДЕНИЕ ЕДИНОГО РЕЕСТРА УЧЕТА АПОСТИЛЯ
33. Проставление апостиля регистрируется в Едином Реестре учета апостиля. По ходатайству любого заинтересованного лица уполномоченные государственные органы по проставлению апостиля, обязаны проверить соответствие данных апостиля с данными Единого Реестра учета апостиля. Единый Реестр учета апостиля круглосуточно доступен онлайн и любое заинтересованное лицо может проверить выданный апостиль по следующему домену: www.apostille.tj.
34. После подписания и проставления гербовой печати уполномоченный государственный орган по проставлению апостиля, вносит в Единый Реестр учета апостиля запись, в которой указываются:
- порядковый номер записи (строка 8 Апостиля);
- дата проставления апостиля (строка 6 Апостиля);
- наименование официального документа, на котором проставляется апостиль, его реквизиты (номер, серия, место и дата выдачи);
- фамилия, имя и отчество и должность лица, подписавшего официальный документ (строка 2 и 3 Апостиля соответственно);
- фамилия, имя и отчество и должность лица, проставившего апостиль (строка 10 Апостиля);
- фамилия, имя, отчество заявителя, с указанием данных документа, удостоверяющего личность заявителя;
- страна предъявления апостиля (указывается согласно заявлению);
- реквизиты документа об уплате сбора за проставление апостиля;
- отметка о получении апостиля.
35. Порядок ведения Единого Реестра учета апостиля определяется Инструкцией по ведению Единого Реестра учета апостиля, утвержденной совместно Министерством юстиции Республики Таджикистан и Министерством иностранных дел Республики Таджикистан.
36. Данные Единого Реестра учета апостиля хранятся постоянно.
6. ОТКАЗ В АПОСТИЛИРОВАНИИ ДОКУМЕНТА
37. В апостилировании документов может быть отказано, если:
- документы подпадают под действие пункта 10 настоящего Положения;
- документ предназначен для представления на территории государства, которое не является участником Конвенции или которое внесло возражение против присоединения Республики Таджикистан к Конвенции;
- документ не соответствует требованиям пункта 19 настоящего Положения;
- в случае представления не полного пакета документов, предусмотренных пунктом 18 настоящего Положения;
- подпись должностного лица или оттиск печати или штампа органов государственной власти Республики Таджикистан и организаций на официальном документе не соответствуют имеющимся в уполномоченном государственном органе по проставлению апостиля образцам.
38. Отказ в проставлении апостиля должен быть предоставлен в письменном виде.
39. Жалобы на отказ в проставлении апостиля уполномоченным государственным органом рассматриваются в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке.
* Приложение