ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2015, № 148
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 137
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- хироҷ барои гузоштани апостил;"
2. Боби 8(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 8(1). ХИРОҶ БАРОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ
Моддаи 29(1). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои гузоштани апостил
1. Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида мешавад.
2. Маблағи хироҷ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохта мешавад.
3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1250