Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1250 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 октябри соли 2015, № 148

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 137

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- хироҷ барои гузоштани апостил;"

2. Боби 8(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"БОБИ 8(1). ХИРОҶ БАРОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ

Моддаи 29(1). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои гузоштани апостил

1. Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида мешавад.

2. Маблағи хироҷ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохта мешавад.

3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1250

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИНЫХ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ ПЛАТЕЖАХ В БЮДЖЕТ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 9 октября 2015 года,№ 148

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 137

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июля 2006 года "Об иных обязательных платежах в бюджет" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №7, ст.345; 2009 г., №5, ст.327; 2010 г., №1, ст.3; 2011 г., №12, ст.848; 2013 г., №3, ст.191) следующие дополнения:

1. Часть 2 статьи 4 дополнить абзацем восьмым следующего содержания:

"- сбор за проставление апостиля;"

2. Дополнить главой 8(1) следующего содержания:

"ГЛАВА 8(1). СБОР ЗА ПРОСТАВЛЕНИЕ АПОСТИЛЯ

Статья 29(1). Положения о взимании сбора за проставление апостиля

1. За рассмотрение заявления о проставлении апостиля на официальных документах государственных органов Республики Таджикистан взимается сбор.

2. Сумма, сбора исчисляется по ставкам, установленным Правительством Республики Таджикистан, и уплачивается до подачи соответствующих документов для проставления апостиля.

3. Уплаченная сумма сбора возврату не подлежит.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1250