Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1241 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2015, № 165

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 127

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №4, мод.201; с.2008, №12, қ.2, мод.1017; с.2009, №3, мод.89; с.2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с.2015, №3, мод.220) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз моддаи 49 калимаҳои ", маҳалли истиқомати кӯдаки фарзандхондшуда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзанди қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)" хориҷ карда шаванд.

2. Ба моддаи 50 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Агар дар давоми як моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бо ариза ё хабарнома муроҷиат накунанд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд бақайдгирии давлатии фарзандхондиро анҷом медиҳад.".

3. Дар матни моддаи 54 калимаҳои "шахсии молумулкӣ ва" ба калимаҳои "молумулкӣ ва шахсии" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1241

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ АКТОВ ГРАЖДАНСКОГО СОСТОЯНИЯ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 15 октября 2015 года,№ 165

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 127

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 апреля 2006 года "О государственной регистрации актов гражданского состояния" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №4, ст. 201; 2008 г., №12, ч. 2, ст. 1017; 2009 г., №3, ст. 89; 2011 г., №3, ст. 178; №6, ст. 444; 2015 г., №3, ст. 220) следующие изменение и дополнение:

1. Из статьи 49 слова "по месту жительства усыновляемого или по месту жительства усыновителей (усыновителя)" исключить.

2. Статью 50 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Если в течение одного месяца после вступления в законную силу решения суда об усыновлении лица, предусмотренные частью 1 настоящей статьи не обращаются с заявлением или извещением, то органом записи актов гражданского состояния по месту вынесения решения суда производится государственная регистрация усыновления.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1241