Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1239 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2015, № 163

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 126

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 5 моддаи 31 калимаи "фамилияеро" ба калимаи "насаберо" иваз карда шавад.

2. Дар моддаҳои 33, 134 ва қисми 3 моддаи 143 калимаҳои "фамилия" ва "фамилияи" мувофиқан ба калимаҳои "насаб" ва "насаби" иваз карда шаванд.

3. Моддаи 58 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 58. Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар

1. Кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.

2. Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кӯдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ мегардад.".

4. Ба моддаи 123 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

5. Дар моддаи 126:

- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгӯи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад.";

- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шавад.

6. Дар моддаи 127:

- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад.";

- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.

7. Моддаи 135 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда

1. Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад.

2. Оид ба тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад.".

8. Дар ном ва матни моддаи 139 калимаҳои "Маҳрамияти" ва "маҳрамияти" ба калимаҳои "Сирри" ва "сирри" иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 148:

- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.";

- қисми 4 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1239