ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 октябри соли 2015, № 161
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 135
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541, с. 2008, №6, мод. 460, №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 408) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар зербанди "а" банди 1), сархати якуми банди 12) ва сархати якуми банди 13) қисми 8 моддаи 4 калимаҳои "писархонд (духтархонд)" ба калимаи "фарзандхонд" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 5:
- дар қисми 1:
- аз банди 18) калимаҳои ", инчунин аз рӯи парвандаҳои васоят ва писархонд (духтархонд) кардан" хориҷ карда шаванд;
- дар банди 19) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- банди 20 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"20) шаҳрвандон - ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ.";
- дар банди 2) қисми 3 ва банди 2) қисми 4 калимаҳои "писархондӣ (духтархондӣ)" ба калимаи "фарзандхондӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1248
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ ПОШЛИНЕ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 15 октября 2015 года,№ 161
Принят Постановлением МН МОРТ
от 12 ноября 2015 года,№ 135
Статья 1. Внести в часть 1 статьи 5 Закона Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О государственной пошлине" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 51; 2005 г., №12, ст. 630; 2006 г., №12, ст. 541; 2008 г., №6, ст. 460, №12, ч. 2, ст. 1000; 2009 г., №3, ст. 88, 2010 г., №1, ст. 8, ст. 10, №12, ч. 1, ст. 823; 2012 г., №12, ч. 1, ст. 999; 2013 г., №3, ст. 190; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 408) следующие изменения и дополнение:
- из пункта 18) слова ", а также по делам опеки и усыновления (удочерения)" исключить;
- в пункте 19) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";
- дополнить пунктом 20 следующего содержания:
"20) граждане - при подаче в суд заявления об усыновлении (удочерении).".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 23 ноября 2015 года, № 1248