ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2015, № 140
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 128
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №4, мод.201; с.2008, №12, қ.2, мод.1017; с.2009, №3, мод.89; с.2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с.2015, №3, мод.220) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои "аз тарафи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 15 калимаҳои "қонунӣ гардонида шуда бошанд ва дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "тасдиқ (легализатсия) шуда бошанд ё ба онҳо апостил гузошта шуда бошад ва дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1240
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ АКТОВ ГРАЖДАНСКОГО СОСТОЯНИЯ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 9 октября 2015 года,№ 140
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 ноября 2015 года,№ 128
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 апреля 2006 года "О государственной регистрации актов гражданского состояния" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №4, ст. 201; 2008 г., № 12, ч. 2, ст. 1017; 2009 г., №3, ст. 89; 2011 г., №3, ст. 178, №6, ст. 444; 2015г., №3, ст. 220) следующие изменения:
1. В части 1 статьи 5 слова "легализованы консульскими учреждениями Республики Таджикистан, если иное не предусмотрено международными договорами Республики Таджикистан" заменить словами "легализованы или апосталированы в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, если международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, не предусмотрено иное".
2. В статье 15 слова "легализации, если иное не установлено международными договорами Республики Таджикистан" заменить словами "легализации или апостилирования, если международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, не предусмотрено иное".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 23 ноября 2015 года, № 1240