Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2015, № 498
тасдиқ шудааст
Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2016 № 297)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон (минбаъд - Регламенти техникӣ) бо мақсади дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани истифода ва иҷрои талаботи ягонаи ҳатмӣ ба маҳсулоте, ки барои кӯдакон ва наврасон таъин гардидаанд, таҳия шудааст.
2. Доираи истифода
2. Регламенти техникии мазкур ба маҳсулоти барои кӯдакон ва наврасон таъиншудаи қаблан дар истифода набуда (нав) ва новобаста аз кишвари истеҳсолкунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда татбиқ карда мешавад.
3. Ба маҳсулоте, ки амали Регламенти техникии мазкур татбиқ карда мешавад, дохил мешаванд:
- маснуот барои парастории кӯдакон (маккаки ширдиҳӣ, маккакҳои дарунхолӣ, зарф, лавозимоти ошхона, маҳсулоти санитарию гигиенӣ ва чарчинворӣ, чӯткаи дандон ва масҳкунандаҳо барои милки дандон);
- либос, маснуот аз маводҳои нассоҷӣ, чарм ва мӯина, маснуоти бофандагӣ ва маҳсулоти нассоҷии тайёри донагӣ;
- пойафзол ва маснуоти чарчинвории чармин;
- аробачаҳои кӯдакона ва велосипедҳо;
- маснуоти, нашршаванда - китобу маҷаллаҳо, лавозимоти мактабию хатнависӣ.
4. Регламенти техникии мазкур талаботро нисбати номгӯи маҳсулоти дар замимаи 1 Регламенти техникии мазкур овардашуда муқаррар менамояд.
5. Амали Регламенти техникии мазкур ба маснуоти зерин татбиқ карда намешавад:
- маҳсулоте, ки барои истифода бо мақсади тиббӣ таҳия ва тайёр карда мешаванд;
- маҳсулот барои ғизои кӯдакон;
- молҳои атриётӣ ва ороишӣ;
- маснуот ва таҷҳизоти варзишӣ;
- лавозимоти таълимӣ, китобҳои дарсӣ, нашрияҳои таълимии электронӣ;
- бозичаҳо, бозиҳои руимизии чопӣ;
- ҷиҳоз (мебел);
- маҳсулоте, ки тибқи фармоиши алоҳида тайёр шудаанд.
6. Регламенти техникии мазкур, талаботи ҳатмиро ба маҳсулоте, ки барои кӯдакон ва наврасон таъин шудаанд, аз рӯи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ, механикӣ ва бехатарии ҳароратӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони маҳсулотро ба иштибоҳ мебаранд, муқаррар менамояд.
3. Мафҳумҳои асосӣ
7. Дар Регламенти техникии мазкур истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- бехатарии биологӣ - ҳолати маснуот, ки дар он хатарҳои норавои вобаста ба расонидани зарар ба саломатӣ ва таҳдид ба ҳаёти истифодабаранда бо сабаби номутобиқатии хусусиятҳои микробиологӣ, токсикологӣ, физикӣ ва физикию кимиёвии ба талаботи муқарраргардида мавҷуд нестанд;
- нашрияҳои аз ҷиҳати биологӣ бехатар - нашрияе, ки дар раванди хондану омӯзиши он шароити муносиб барои фаъолияти биноӣ таъмин мегардад, хасташавии биноӣ, ки бо қабули биноии матн алоқаманд аст, қувваи тезбинии чашм, аккомодатсия ва ҳаракати чашм зиёд намешавад;
- моддаҳои зараровар - моддаҳои кимиёвие, ки дар вақти истифодаи маснуот метавонанд ба вазъи саломатии истифодабаранда дар ҳолати дар таркиби онҳо мавҷуд будани унсурҳои аз сатҳи ичрзатдодашуда баланд тамоюлоти манфӣ расонанд;
- ба муомилот баровардани маҳсулот - дар бозори истеъмолӣ ҷой додани маҳсулоте, ки аз анбори истеҳсолкунанда, фурӯшанда ё шахсони иҷрокунандаи вазифаи истеҳсолкунандаи хориҷӣ фиристода шудаанд ё бе анборкунӣ фароварда шудаанд, ё ин ки барои фурӯш ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд;
- кӯдакон - истифодабарандагони маҳсулот то синни 14 сола;
- дистрибютор - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, кн дар раванди пешниҳоди мол, ба истиснои истеҳсолкунанда ё воридкунанда, маҳсулотро ба бозор мебарорад;
- ҳаммонандкунии (идентификатсияи) маҳсулот - тартиби мансуб донистани маҳсулот барои кӯдакон ва наврасон дар доираи қабули Регламенти техникии мазкур ва муқаррар намудани мутобиқати ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба он;
- истеҳсолкунанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ки аз номи худ истеҳсоли маҳсулот барои кӯдакон ва наврасонро барои минбаъд ба фурӯш баровардан ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи бехатарии Регламенти техникии мазкур масъул мебошад;
- воридкунанда - намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо намояндаи давлати дигар барои таҳвили маҳсулот барои кӯдакон ва наврасон шартномаи савдои хориҷӣ бастааст, фурӯши ин маҳсулотро ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи бехатарии Регламенти техникии мазкур ҷавобгар аст;
- индекси заҳрнокӣ - нишондиҳандаи интегралии таъсири моддаҳои зараровар, ки дар бофтаҳои зироат муайян шудаанд;
- бехатарии механикӣ - маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдории хосиятҳои механикӣ ва хусусиятҳои сохти маснуот, ки пастшавии хатари расонидани зарарро ба саломатӣ ё таҳдидҳоро ба ҳаёти истифодабаранда таъмин менамояд;
- навзод - кӯдакони синни то 28 рӯзаи пурра;
- ба муомилоти бозорӣ баровардани маҳсулот барои кӯдакон ва наврасон - гардиши ин маҳсулот аз истеҳсолкунанда то ба истифодабаранда, ки ҳамаи равандҳоеро, ки маҳсулоти зикршуда баъд аз ба охир расидани истеҳсолот мегузаронад, дар бар мегирад;
- наврасон - истифодабарандагони маҳсулот дар синни аз 14 то 18-сола;
- истифодабарандагони маҳсулот - кӯдакон, наврасон, шахсан истифодабарандагони маҳсулот, ки объекти Регламенти техникии мазкур ба ҳисоб мераванд;
- истифода аз рӯи таъинот - истифодаи маҳсулот барои кӯдакон ва наврасон мутобиқи таъинот ё ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда ба ин маҳсулот муқаррар карда мешаванд;
- хатар - мувофиқати эҳтимолияти зараррасонӣ ва оқибатҳои ин зарар барои ҳаёт ва саломатии одамон, амвол, муҳити атроф, ҳаёт ё саломатии ҳайвонот ва наботот;
- маснуоти варзишӣ - маснуоти таъминкунандаи шароитҳои зарурӣ барои ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва машқҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш;
- навъи намунавӣ - намунаи пешниҳодкунандаи маҳсулот, ки ба як намуд тибқи мақсади таъинот дахл дошта, барои як гуруҳи синнусолӣ муқаррар шуда, аз ҷониби як истеҳсолкунанда аз маводҳои якхела аз рӯи як дастурамал ва тибқи як ҳуҷҷати техникӣ, ки истеҳсоли маҳсулотро ба танзим медарорад, истеҳсол мешавад;
- шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдор - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки тибқи тартиби аз тарафи истеҳсолкунанда муқарраршуда, дар асоси шартнома бо онҳо, барои ба роҳ мондани амалиётҳо аз номи он дар ҳолати тасдиқи мутобиқат ва ба муомилот баровардани маҳсулот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин барои ба зимма гирифтани ҷавобгарӣ барои номутобиқатии маҳсулот ба талаботи регламентҳои техникӣ ба қайд гирифта шудааст;
- бехатарии кимиёвӣ - ҳолати маснуот, ки зимни он хатари нораво, ки бо расонидани зарар ба саломатӣ ё таҳдид ба ҳаёти истифодаабаранда аз баланд шудани сатҳи унсурҳои зараррасон барои саломатии истифодабарандагони моддаҳои кимиёвӣ алоқаманданд, мавҷуд нест;
- нахҳои сунъӣ - нахҳое, ки ҳангоми коркарди кимиёвии пайвастагиҳои табиии баландмолекулярӣ ё маҳсулоти онҳоро табдилдиҳанда (нахи сунъӣ, атсетатӣ, мисуаммиакӣ) ба даст меоянд ;
- нахҳои синтетикӣ - нахҳои полиэфирӣ, поликапролактамӣ, полиакрилонитрилӣ, поливинилхлоридӣ, поливинилспиртӣ, полиолефиновӣ, полиуретановӣ ва ғайра, ки аз полимерҳои синтетикӣ бо роҳи синтези кимиёвӣ ба даст меоянд
8. Дар ҳолате, ки агар нишондиҳандаи бехатарии кимиёвӣ "Иҷозат дода намешавад" муқаррар карда шуда бошад, нишон додани ҳадди ошкор кардани моддаҳои зараровар аз рӯи методикаи иҷрои ченкунӣ, ки барои истифода ҷиҳати санҷиши нишондиҳандаҳои санитарию кимиёвӣ иҷозат дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
4. Талабот нисбати бехатарии маснуот барои парастории кӯдакон
9. Маснуот барои парастории кӯдакон бояд ба талаботи умумии бехатарии зерин мутобиқат намоянд:
- индекси заҳрнокии дар муҳити обӣ (оби тақтиршуда) муайяншаванда бояд дар ҳудуди аз 70 то 120 фоиз бошад ё бояд амали барангезанда (варамовар) дар болои пӯст ё пардаҳои луобӣ мавҷуд набошад;
- тайғироти рН дар маҳлули обӣ на зиёда аз + 1,0 бошад.
10. Маккакҳои ширдиҳӣ, маккакҳои дарунхолӣ ва маснуоти санитарию гигиенӣ аз каучук, резинҳо ва эластомерҳои силиконӣ бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ ва механикӣ мутобиқат намоянд.
11. Мавҷудияти тамъи бегона дар маҳлули обӣ иҷозат дода намешавад.
12. Ҷудо намудани моддаҳои кимиёвии барои саломатӣ зараровар набояд аз меъёрҳои зерин зиёд бошанд;
- сурб - иҷозат дода намешавад;
- марги муш - иҷозат дода намешавад;
- формалдегид - иҷозат дода намешавад;
- спирти метилӣ - иҷозат дода намешавад;
- спирти бутилӣ - иҷозат дода намешавад;
- фенол - иҷозат дода намешавад;
- руҳ - на зиёда аз 1,0 мг/дм3;
- актиоксидант (агидол-2) - на зиёда аз 2 мл /дм3.
- дар ҳолати ташхиси маккакҳои ширдиҳӣ ва маккакҳои дарунхолии каучукӣ ва резинӣ:
- сурб - иҷозат дода намешавад;
- марги муш - иҷозат дода намешавад;
- актиоксидант (агидол-2) - на зиёда аз 2 мл /дм3;
- N - нитрозоамин (баровардан бо метилени хлордор) на зиёда аз 10,0 мг/кг;
- N - нитрозоҳосилкунандаҳо (баровардан бо луоби сунъӣ) на зиёда аз 200,0 мг/дм3;
- симат (диметилдитиокарбамити руҳ) - иҷозат дода намешавад;
- ангидриди феталевӣ - на зиёда аз 0,2 мг/дм3;
- фенол - иҷозат дода намешавад.
13. Маккакҳои ширдиҳӣ ва маккакҳои дарунхолӣ бояд сатҳи болоии ҳамвор ва бетарқиш дошта бошанд ва сатҳи дохилиашон набояд баъд аз 5 маротиба ҷӯшонидан дар оби соф бо ҳам бичаспанд.
14. Маккакҳои дарунхолӣ бояд дорои сипарчаи даврашакл бошанд. Мустаҳкамии пайвастшавии ҳалқа бо баллончаҳо дар маккакҳои дарунхолӣ бояд на камтар аз 40 Н бошад.
15. Маснуоти санитарию гигиенӣ аз резинҳо, ки барои парастории кӯдакон муқаррар шудаанд, бояд ба дезинфексияи 5-карата устувор бошанд, намуди зоҳириашонро нигоҳ доранд ва набояд часпанд. Маснуоте, ки бо моеъ пур карда шудаанд (сархонаи ҳароратӣ ва дигар маснуоти ба он монанд) ҳавоногузар бошанд ва набояд об гузаронанд. Маснуоти санитарию гигиении резинӣ бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ мутобиқи замимаи 2 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
16. Зарф ва лавозимоти пластмассии ошхонагӣ набояд дорои қира ва канораҳои тез (буранда, халанда) бошанд, агар ин дар таъиноти вазифавии маснуот муайян нашуда бошад. Дар сатҳи бодоии қолиб афтидани литникҳо иҷозат дода намешавад. Сатҳи ҳифозатию ороишии маснуот бояд ба амали коркарди намнокӣ устувор бошад. Маснуоте, ки барои алоқамандӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар шудаанд, бояд ба маҳлули 1-фоизаи кислотаи сирко ва маҳлули собунию ишқорӣ ва гармкунии то ҳарорати 60+5шС тобовар бошанд, намуди зоҳирӣ ва рангашонро нигоҳ доранд ва дар ҳолати таъсири об дар ҳарорати аз 65шС то 75 шС шаклашонро тағйир надиҳанд ва накафанд.
17. Сарпушаки шишачаи шир ва дигар маснуоти ба он монанд бояд ҳавоногузарониро таъмин намоянд ва обро нагузаронанд. Мустаҳкамии маснуот тавре бошад, ки баъд аз 5 карат афтидани маснуоти бо об пуркардашуда аз баландии 120 см деформатсия, тарқиш, порашавӣ ва вайроншавиашон ба назар нарасад.
18. Тамъи бегона ва тағйирёбии ранги маҳлули обии маснуоте, ки барои алоқамандӣ бо маҳсулоти ғизоӣ муқаррар шудаанд, иҷозат дода намешавад.
19. Зарф ва лавозимоти пластмассии ошхонагӣ бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 3 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
20. Тайёр намудани зарфҳои кӯдаконаи барои маҳсулоти ғизоӣ бо истифодаи поликарбонат, поливинилхлорид ва меламин иҷозат дода намешавад.
21. Дар молҳои навъи кӯдаконаи барри маҳсулоти хӯрокворӣ муқарраршуда кӯчиши моддаҳои кимиёвии дараҷаи хатарнокиашон 1 ва 2 (аз ҷумла алюминий, барий, бор, кадмий, кобалт, марги муш ва сурб) иҷозат дода намешавад.
22. Ҷудо намудани моддаҳои зараровар, ки дар зарфҳои шишагӣ, шишагию сафолӣ ва сафолӣ мавҷуданд, аз рӯи нишондиҳандаҳои бехатарии кимиёвӣ набояд аз меъёрҳои зерин зиёд бошанд:
-хром-0,1 мг/дм3;
мис- 1,0мг/дм3;
титан 0,1 /дм3;
руҳ-1,0/дм3.
23. Зарф ва лавозимоти ошхонагӣ, ки барои ғизоҳои сӯзон таъин шудаанд, бояд аз ҷиҳати нигоҳдории ҳарорат устувор бошанд ва набояд дар ҳолати паст шудани ҳарорат то 95-70-20ш С вайрон шаванд,
шишачаҳои шир ва банкаҳо барои ғизои кӯдакон - дар ҳолати афтиши ҳарорат аз 95 то 45ш С, бутилкачаҳо барои маҳсулоти ширӣ - дар ҳолати афтиши ҳарорат аз 65 то 25ш С набояд вайрон шаванд. Гарминигоҳдории зарфҳои фаянсӣ бо сирҳои ранга бояд на камтар аз 115ш С ва бо сирҳои беранг на камтар аз 125ш С бошанд.
24. Рӯйпӯши сатҳи дохилии маснуоти барои маҳсулоти ғизоӣ бояд ба кислота устувор бошад. Кашидани рӯйпушҳои ороишӣ дар сатҳи дохили зарфҳои шишагӣ иҷозат дода намешавад.
25. Дар маснуот шикастапораҳо, зарраҳои буридашуда, резаҳои часпидаи шиша, қисмҳои буранда ё пошхӯрдашуда, сӯрохиҳои дутарафа ва ғашҳои дигар, ки дар атрофи худ тарқишҳо доранд, иҷозат дода намешаванд.
26. Дастаҳои маснуот ва унсурҳои ороишӣ бояд ба таври мустаҳкам часпонида шаванд. Дастаи маснуоти шишагӣ бояд вазни маводи дохили онро ҳангоми бардоштан аз даста дар муддати як дақиқа нигоҳ дорад. Дастаи масуноти сафолӣ бояд вазни якдафъаинаи ду баробар зиёдтар аз вазни оби дар маснуот пуркардашударо ҳангоми истифодаи усули бардоштан аз даста нигоҳ дорад.
27. Ҷудо намудани моддаҳои зараровар аз зарфҳо ва лавозимоти металлии ошхонагии барои маҳсулоти ғизоӣ набояд аз меъёрҳои зерин зиёд бошанд:
- зарф ва лавозимоти ошхонагӣ аз пӯлод - оҳани ба зангзанӣ устувор - 0,3 мг/дм3, никел-0,1 мг/дм3, хром - 0,1 мг/дм3 ва марги муш0,1 мг/дм3;
- зарфҳои алюминӣ бо рӯйпӯши тезобхӯрда, кварсӣ ва суҳонкардашуда, аз ҷумла бо рӯйпӯши зидди сӯзиш - титан-0,1 мг/дм3 оҳан-0,3 ва хром-0,1 мг/дм3, алюминий иҷозат дода намешавад, фторион (дар маҷмӯъ) барои маснуот бо рӯйпӯшҳои зидди сӯзиш иҷозат дода намешавад;
- зарф ва лавозимоти алюминии ошхонагӣ бо рӯйпӯши зидди сӯзиш пулодӣ-алюминий ва сурб - мис 1,0 мг/дм3 , рӯҳ - 0,1 мг/дм3, оҳан - 0,3 мг/дм3, никел - 0,1 мг/дм3 ва хром - 0,1 мг/дм3;
- зарф ва лавозимоти ошхонагӣ аз мелхиори нейзилбер бо рӯйпӯши нуқрагӣ ё тиллоӣ - сурб - иҷозат дода намешавад;
- мис - 1,0 мг/дм3, никел -1,0 мг/дм3, хром - 0,1 мг/дм3, манган - 0,1 мг/дм3, оҳан - 0,3 мг/дм3 иҷозат дода намешавад;
- зарфҳои пулодии сирдор аз ҷумла бо рӯйпӯши зидди сӯзиш - бор, алюминий, кобалт, сурб ва марги муш иҷозат дода намешавад;
- никел - 0,1 мг/дм3, хром - 0,1 мг/дм3, манган - 0,1 мг/дм3, руҳ - 0,4 мг/дм3 ва титан - 0,1 мг/дм3, фтор - ион (дар маҷмӯъ) барои маснуот бо рӯйпӯши зидди сӯзиш иҷозат дода намешавад;
- зарфҳои қоғазӣ ва картонӣ (истифодаашон якдафъаина) этиласетат, фармалдегид, спирти метилӣ, спирти бутилӣ, спирти изобутилӣ, бензол, қурғошим, марги муш - иҷозат дода намешавадасеталдегид - 0,2 мг/дм3, атсетон - 0,1 мг/дм3, толуол - 0,5 мг/дм3, рӯҳ
1,0 мг/дм3, хром - 0,1 мг/дм3, бутилатсетат - 0,1 мг/дм 3, спирти изопропил - 0,1 мг/дм3, ксилолҳо омехтаи изомерҳо - 0,05 мг/дм3.
28. Ҷудо намудани моддаҳои зараррасон аз маснуоти металлии санитарию гигиенӣ ва чарчинворӣ набояд оҳанро - 0,3 мг/дм3, алюминий - 0,5 мг/дм3 ва сурбро - 0,03 мг/ дм3 зиёд намояд.
29. Маснуоти санитарию гигиенӣ металлӣ бояд ба зангзанӣ устувор бошанд. Часпонидани дастаҳо ва унсурҳои ороишӣ, арматураҳо ва рӯйпӯшҳо бояд мустаҳкам бошанд.
30. Маснуоти санитарию гигиенӣ ва чарчинвории пластмассӣ (қайчиҳо, шонаҳо, чуткаҳо ва дигар маснуоти монанд) набояд дорои канораҳои тез (буранда, халанда) бошанд, агар ин дар таъиноти вазифавии маснуот муайян нашуда бошад.
31. Маснуоти санитарию гигиенӣ бояд, намуди зоҳирӣ ва рангашонро нигоҳ доранд, шаклашонро тағйир надиҳанд ва ҳангоми таъсири об дар ҳарорати аз 65 то 75ш С накафанд.
32. Часпиши дастаҳо бояд устувор бошад ва вазни статикиро, ки вазни ғунҷоишро на камтар аз ду маротиба зиёд менамояд, бардорад.
33. Деформатсияи бари ванначаи бачагона, ки аз 3/4 ҳисааш бо об пур шудааст, набояд 1,5 фоиз зиёд бошад.
34. Маснуоти санитарию гигиенӣ ва чарчинвориҳои пластмассӣ бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 4 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
35. Чуткаҳои дандоншӯӣ, чуткаҳои дандоншӯии барқӣ бо манбаъҳои кимиёвии ҷараён, масҳкунандаҳои милки дандон ва дигар маснуоти монанд барои нигоҳубини ковокии даҳон, бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 5 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
36. Чуткаҳои дандоншӯй, чуткаҳои дандоншӯии барқӣ бо манбаъҳои кимиёвии ҷараён барои бачаҳои то 12 сола бояд бо таври мулоим (дараҷаи дуруштӣ - сахтӣ камтар аз 6 сН/мм2), барои бачагони аз 12 сола боло ва наврасон - сахтии миёна (дараҷаи сахтӣ на камтар аз 6 сН/мм2 ва на зиёда аз 9 сН/мм2) тайёр карда шаванд. Нахи синтетикӣ дар торҳои чуткаҳо бояд дурушт набуда, охирашон тобдодашуда бошад. Устувории часпонидани торҳои чуткаҳои дандоншӯӣ бояд на камтар аз 15 Н бошад. Қолиби маснуот дар ҷойи бурриши кам бояд вазни на камтар аз 0,40 Ҷ бардорад. Сатҳи болои чуткаҳои дандоншӯӣ, чуткаҳои дандоншӯии барқӣ бо манбаъҳои кимиёвии ҷараён, масҳкунандаҳои милки дандон ва маснуоти ба он монанд барои нигоҳбини ковокии даҳон бояд ҷудоношуда ва бе тарқишҳо бошанд.
37. Чуткаҳои дандоншӯй, чуткаҳои дандоншӯии барқӣ, бо манбаъҳои кимиёвии ҷараён, масҳкунандаҳои милки дандон ва маснуоти ба он монанд барои нигоҳубини ковокии даҳон, бояд ба талаботи бехатарии микробиологӣ тибқи замимаи 6 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намояд.
38. Чуткаҳои дандоншӯй, чуткаҳои дандоншӯии барқӣ бо манбаъҳои кимиёвии ҷараён, масҳкунандаҳои милки дандон ва маснуоти ба он монанд барои нигоҳубини ковокии даҳон бояд ба талаботи бехатарии биологӣ тибқи замимаи 7 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
39. Маснуоти санитарию гигиении истифодаашон якдафъаина барои нигоҳбини кӯдакон бояд ба талаботи бехатарии микробиологӣ тибқи замимаи 6 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
40. Маснуоти санитарию гигиении дорои маводҳои гелшакли обкаш набояд дар давоми 24 соат таъсири сенсибилизатсионии компрессионӣ пайдо намоянд.
41. Ҷудо намудани моддаҳои зараррасон, ки дар таркиби маснуоти санитарию гигиении дорои маводҳои гелшакли обкаш мавҷуданд, набояд акрилопитрил - 0,02 мг/дм3, асетандегид - 0,2 мг/дм3, асетон - 0,1 мг/дм3, бензол - 0,01 мг/дм3, гексон -0,1 мг/дм3, спирти метил - 0,2 мг/дм3, спирти пропил - 0,1 мг/дм3, толуол - 0,5 мг/дм3, фенол - 0,05 мг/дм3 ё сумаи фенолҳои умуми - 0,1 мг/дм3, формалдегид - 0,1 мг/дм3 этиласетат - 0,1 мг/дм3, сурб - 0,03 мг/дм3, руҳ - 1,0 мг/дм3, марги муш - 0,05 мг/дм3 ва хром (III) ва (VI) (дар маҷмӯъ) 0,1 мг/дм3 - ро зиёд намоянд.
42. Ҷудо намудани моддаҳои зараррасоне, ки дар таркиби маснуоти санитарию гигиенӣ аз селлюлоза ва пахтаҳо мавҷуданд, набояд асеталдегид 0,2 мг/дм3, асетон - 0,1 мг/дм3, бензол - 0,01 мг/дм3, спирти метил - 0,2 мг/дм3 , спирти бутил - 0,5 мг/дм3, толуол - 0,5 мг/дм3, формалдегид - 0,1 мг/дм3, этил асетат - 0,1 мг/дм3, сурб - 0,03 мг/дм3, рӯҳ -1,0 мг/дм3, марги муш - 0,05 мг/дм3 ва хром (III ва VI) (дар маҷмӯъ) 0,1 мг/дм3 -ро зиёд намоянд.
5. Талаботи бехатарии либосҳо, маснуот аз маводҳои бофандагӣ (нассоҷӣ), чарм, мӯина, маснуоти кешбофӣ (трикотажӣ) ва маснуоти бофандагии тайёри донагӣ
43. Мутобиқи таъиноти вазифавӣ либос ва маснуот ба либос ва маснуоти қабати 1-ум, 2-юм ва 3-юм ҷудо карда мешаванд.
44. Ба либос ва маснуоти қабати 1-ум маснуоте, ки бевосита бо пӯсти истифодабаранда муносибат доранд, ба монанди ҷилди ҷойпӯш ва либоси тагпӯш, миёнбанд ва маснуоти оббозӣ, кулоҳ (тобистона), ҷӯробҳо, рӯймолчаҳо, рӯймоли сарбанд ва дигар маснуоти монанд, дохил мешаванд.
45. Ба либосҳои қабати 2-юм маснуоте, ки бевосита бо пӯсти истифодабаранда алоқамандӣ доранд, аз ҷумла куртаҳо, нимтанаҳои занона, пероҳани болопӯш, шимҳо, доманҳо, костюмҳои беастар, свитерҳо, ҷемперҳо, кулоҳҳо (ғайр аз тобистона), дастпӯшакҳо, дастпӯшакҳои бепанҷа, ҷӯробҳои навъи тирамоҳию зимистонӣ ва дигар маснуоти монанд, мансуб мебошанд.
46. Ба либосҳои қабати 3-юм палто, нимпалто, камзӯлҳо, плашҳо, костюмҳои астардор, ҷилди парпечи навзод ва дигар маснуоти монанд дохил мешаванд.
47. Барои бачаҳои то яксола (фосилаи андозаҳо - қад то 74 см, ҳудуди қафаси сина то 48 см) либос аз матоъҳои нассоҷӣ, маснуоти кешбофӣ ва маснуоти бофандагии тайёри донагӣ бояд ба талаботи бехатарии биологӣ ва кимиёвӣ ҷавобгӯ бошанд.
48. Либос ва маснуоти қабати 1-ум - ҷойпӯши хоб, маснуоти кешбофӣ ва дӯзандагӣ бояд ба меъёрҳои зерин мутобиқат намоянд:
- намкашӣ - на камтар аз 14 фоиз;
- ҳавогузаронӣ - на камтар аз 150 дм3/м2с, барои маснуот аз бумазӣ ва сачоқвориҳои бӯтабандишудаи (патдори) кешбофӣ на камтар аз 70 дм3/м2с иҷозат дода мешавад;
- мавҷудияти формалдегиди озод - на зиёда аз 20 мкг/г;
- устувории ранг ба шӯстан, арақкунӣ ва соиши хушк на камтар аз 4 хол.
49. Либос ва маснуоти қабати 2-юм - маснуоти кешбофӣ ва дӯзандагӣ аз маводҳои нассоҷӣ бояд ба меъёрҳои зерин мутобиқат намоянд:
- намкашӣ - на камтар аз 10 фоиз;
- ҳавогузаронӣ - на камтар аз 100 дм3/м2с, барои маснуот аз бумазӣ ва сачоқвориҳои бӯтабандишудаи (патдори) кешбофӣ ва матоъҳо аз риштаҳои полиуретанӣ на камтар аз 70 дм3/м2с иҷозат дода мешавад;

50. Либос ва маснуоти қабати 3-юм - маснуоти трикотажӣ ва дӯзандагӣ аз маводҳои нассоҷӣ бояд ба меъёрҳои зерин мутобиқат намоянд:
- намкашӣ (барои астарҳо) - на камтар аз 10 фоиз;
- ҳавогузаронӣ (барои астарҳо) - на камтар аз 100 дм3/м2с, барои маснуот аз бумазӣ ва сачоқвориҳои бӯтабандишудаи (патдори) кешбофӣ ва матоъҳо аз риштаҳои полиуретанӣ на камтар аз 70 дм3/м2с иҷозат дода мешавад;

- устувории ранги матоъҳои болопӯш ба шӯстан, арақкунӣ, соиши хушк ва оби муқаттар на камтар аз 3 хол ва устувории рангдиҳӣ ба шӯстан, арақкунӣ ва соиши хушк на камтар аз 4 хол.
51. Дар либосҳои қабати 3-юми беастар, ки аз матоъҳои ҳавогузарониашон на камтар аз 10 дм3/м2с тайёр шудаанд, бояд унсурҳои конструктивӣ барои таъмини табодули ҳаво ба назар гирифта шаванд.
52. Барои бачаҳои аз яксола боло ва наврасон либос ва маснуоти дӯзандагӣ аз маводҳои нассоҷӣ, бояд ба талаботи бехатарии биологӣ ва кимиёвӣ мутобиқи замимаи 8 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
53. Маводҳои нассоҷӣ барои либос ва маснуоти дӯзандагӣ бояд ба талаботе, ки барои устувории ранг пешниҳод шудаанд, мутобиқи замимаи 9 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
54. Маснуот барои навзодон ва маснуоти ҷойпӯш барои кӯдакони то яксола бояд аз маводҳои аслӣ, ба истиснои пуркунандаҳо тайёр шуда бошанд.
55. Дарзҳои пайвасткунанда бо кӯкзании ҷойи бурришҳо дар маснуоти ҷойпуш барои кӯдакони навзод бояд дар тарафи ростаи он иҷро карда шавад.
56. Унсурҳои зоҳирӣ ва ороишӣ дар маснуот барои кӯдакони навзод ва маснуоти ҷойпӯш барои кӯдакони синни то яксола (нақш, дарздӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар унсурҳои монанд), ки аз маводҳои синтетикӣ тайёр карда шудаанд, набояд бевосита бо пӯсти кӯдак алоқамандӣ дошта бошанд.
57. Ҳамроҳсозии иҷозатдодашудаи нахҳо ва риштаҳои синтетикӣ дар маҳсулоти нассоҷии либоси мактабии ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ набояд аз 30-35 фоиз дар маҳсулоти навъи нимтанаи занона ва куртаи мардона ва аз 40 фоиз дар маҳсулоти навъи костюм ва куртаворӣ зиёд бошад. Матои астари бояд аз нахи табиӣ ва (ё) сунъӣ (вискоза) тайёр карда шавад.
58. Либоси мактабӣ бояд мушфиқ пора карда шавад, ки ба фишори болоии бадан роҳ надиҳад ва озодона ҳаракат намуданро таъмин намояд, роҳати гармии баданро бо назардошти фасли сол тамин намояд .
59. Шиддати майдони электростатикӣ дар сатҳи болоии маснуот дар маснуоти қабатҳои 1-ум ва 2-юм, ки аз матоъҳои пашми асил, пашмӣ, нимпашмӣ, синтетикӣ ва омехта тайёр карда шудаанд, муайян карда мешавад ва набояд аз 15кВ/м зиёд бошанд.
60. Маводҳои бофандагӣ барои либос ва маснуот бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ мутобиқи замимаи 10 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд.
61. Номгӯи моддаҳои кимиёвии санҷидашаванда вобаста аз таркиби кимиёвии матоъ ва намуди маснуот муайян карда мешавад.
62. Моддаҳои зараррасон дар либосҳои қабатҳои 1-ум ва 2-юм дар муҳити обӣ, дар маснуоти қабати 3-юм (ғайр аз маснуот барои кӯдакони навзод ва бачаҳои то яксола) - дар муҳити ҳавоӣ муайян карда мешаванд. Дар маснуоти қабати 3-юм барои кӯдакони навзод ва бачаҳои то яксола моддаҳои зараррасон дар муҳити обӣ ва ҳавоӣ муайян карда мешаванд.
63. Индекси заҳрнокӣ дар ҳолати санҷиш дар муҳити обӣ бояд аз 70 то 120 фоиз, дар муҳити ҳавоӣ аз 80 то 120 фоиз бошанд ва амалҳои ҷузъии варам кардани пӯст дар либос ва маснуоти қабатҳои 1-ум ва 2юм мавҷуд набошанд.
64. Ҷудо намудани моддаҳои кимиёвии бухоршаванда, ки дар маводҳои бофандагӣ ва бо аппретҳо пардоздодашуда мавҷуданд, тибқи замимаи 11 Регламенти техникии мазкур, на бояд аз меъёрҳо зиёд бошанд.
65. Чарм барои либосҳо, кулоҳҳо ва маснуоти чармию чарчинворӣ бояд ба талаботи зерин мутобиқат намоянд:
- мавҷудияти формалдегидӣ озод - на зиёда аз 20 мкг/г;
- мавҷудияти хроми бо об шусташаванда (VI) дар чарм иҷозат дода намешавад;
- устувории ранги чарм ба соиши хушк - на камтар аз 4 хол, устувории ранги чарм, ғайр аз чарм барои дастпӯшакҳо ва дастпӯшакҳои панҷадор, ба соиши намдор - на камтар аз 3 хол.
66. Маводҳои бофандагие, ки дар либос ва маводҳои чармӣ истифода мешаванд, бояд ба талаботи бехатарии биологӣ ва кимиёвӣ, ки мутобиқи замимаи 10 Регламенти техникии мазкур ба маводҳои бофандагӣ муқаррар шудаанд, мутобиқат намоянд.
67. Либосҳо, ҷилди парпечи навзодон, кулоҳҳо, дастпӯшакҳо, дастпӯшакҳои панҷадор ва дигар маснуоти монанд аз мӯинаҳо барои кӯдакони то яксола бояд ба талаботи зерин мутобиқат намоянд:

- рН маҳлули обии матои чармӣ - на камтар аз 3,5 хол;
- ҳарорати чӯшонвдани матои чармии мӯина - на камтар аз 50ш С;
- устувории ранг ба соиши хушки пӯсти мӯйдор - на камтар аз 4 хол, ба соиши хушки матои чармӣ - на камтар аз 3 хол.
68. Либос ва маснуот аз мӯина барои кӯдакони синни аз яксола боло бояд ба талаботи бехатарӣ тибқи замимаи 12 Регламенти техникии мазкур, мутобиқатнамоянд.
69. Маводҳои бофандагӣ дар либос ва маводҳои мӯина; бояд ба талаботи бехатарии биологӣ ва кимиёвӣ, ки тибқи замимаи 10 Регламенти техникии мазкур ба маводҳои бофандагӣ муқаррар шудаанд, мутобиқат намоянд.
6. Талабот ба бехатарии пойафзолҳо аз маснуоти чарчинворӣ
70. Бехатарии либосҳо ва маснуоти чарчинворӣ аз рӯи устувории рангҳои дар маводҳо истифодашуда ба соиши хушку намнок ва таъсири арақ ва ҳамчунин консентратсияи моддаҳои зараррасони ҷудошуда ва маҷмӯи хосиятҳои физикию механикӣ (масса, чандирӣ, устувории часпонидани қисмҳои таг, деформатсияи поймонак ва пошнаи пойафзол ва вазни даридани гиреҳҳо барои часпонидани дастакҳои маснуоти чарчинворӣ) баҳогузорӣ карда мешаванд.
71. Дар пойафзолҳо тагмонак аз маводҳои зерин иҷозат дода намешавад:
- аз маводҳои сунъӣ ва синтетикӣ дар пойафзолҳои пушидаи ҳама гурӯҳҳои синнусолӣ;
- аз маводҳои сунъӣ ва синтетикӣ дар пойафзолҳои кушода барои кӯдакони синни боғчагӣ ва пойафзолҳои кӯдакона (синни аз 1 то 3 сола);
- аз маводҳои нассоҷӣ бо ҳамроҳ намудани нахҳои кимиёвӣ зиёда аз 20 фоиз барои кӯдакони синни боғчагӣ ва пойафзоли кӯдакона;
- аз мӯинаи сунъӣ ва байкаҳо дар пойафзолҳои зимистона барои қӯдакони синни аз 1 то 3 сола.
72. Дар пойафзолҳо тагмонҳо аз маводҳои зерин иҷозат дода намешаванд:

- аз маводҳои нассоҷӣ бо ҳамроҳ намудани нахҳои кимиёвӣ зиёда аз 20 фоиз барои кӯдакони синни боғчагӣ ва пойафзоли кӯдакона.
73. Дар пойафзолҳо барои кӯдакони синни аз 1 то 3 сола ба сифати маводҳои болои истифодаи маводҳои сунъӣ ва синтетикӣ, ба ғайр аз пойафзолҳои тобистона ва баҳорию тирамоҳӣ бо тагмонҳо аз маводҳои аслӣ, иҷозат дода намешавад.
74. Дар пойафзолҳо иҷозат дода намешавад:
- қисми пошнаи кушода барои кӯдакони то 3- сола;
- қисми пошнагии номустаҳкам барои кӯдакони синни аз 3 то 7-сола, ғайр аз пойафзолҳое, ки барои пӯшиши кӯтоҳмуддат таъин шудаанд.
75. Чарм барои пойафзолҳо бояд ба талаботи зерин мутобиқат намояд:

- мавҷудияти хроми дар об шустанашаванда (VI) иҷозат дода намешавад.
- устувории ранг ба соиши хушк - на камтар аз 4 хол;
- устувории ранг ва соиши намнок - на камтар аз 3 хол;
- мустаҳкамии ранг ба таъсири арақ - на камтар аз 3 хол.
76. Пойафзол бояд ба талаботи бехатарии биологӣ ва механикӣ мутобиқи замимаи 13 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намояд.
77. Шиддатнокии майдони электростатикӣ дар сатҳи болоии пойафзол набояд аз 15 кВ/м зиёд бошад.
78. Маснуоти чарчинворӣ бояд ба талаботи бехатарии биологӣ ва механикӣ тибқи замимаи 14 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намояд.
79. Портфел ва ҷузъдонҳои талабагӣ бояд дорои ҷузъҳо ё масолеҳ бо унсурҳои инъикоскунандаи равшанӣ дар қисми пеш, паҳлу ва сарпӯши болоӣ бошанд ва аз маводҳои акскунандаи рангҳо тайёр шуда бошанд. Ҷузъдовҳои талабагӣ барои кӯдакони синни мактабӣ бояд бо такяи бадошт таъмин бошанд.
80. Мавҷудияти моддаҳои зараррасон дар маводҳо барои ҷузъдонҳо, сумкаҳо, борхалтаҳои талабагӣ ва портфелҳо набояд меъёрҳоро мутобиқи талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 14 (ҷадвали 3) Регламенти техникии мазкур зиёд намояд.
81. Мавҷудияти моддаҳои зараррасон дар маводҳо барои пойафзол ва маснуоти чарчинвории чармӣ, ба ғайр аз ҷувздонҳо, сумкаҳо, борхалтаҳои талабагӣ ва портфелҳо набояд зиёд бошад:
- барои мӯина - меъёрҳо мутобиқи талаботи бехатарии кимиёвӣ мутобиқи замимаи 12 Регламенти техникии мазкур;
- барои чармҳо - меъёрҳое, ки барои пойафзолҳо, либосҳо, кулоҳҳо ва маснуоти чарм-чарчинворӣ муқаррар шудаанд;
- барои маводҳои нассоҷӣ - меъёрҳо мутобиқи талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 10 Регламенти техникии мазкур;
- барои маводҳои кимиёвӣ ва полимерӣ - меъёрҳо мутобиқи талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 15 Регламенти техникии мазкур.
82. Муайян намудани ҷудокунии моддаҳои зараррасон, ки дар таркиби пойафзол барои кӯдакони то 1 сола мавҷуданд ва ҳамчунин пойафзолҳои хонагӣ, тобистона ва соҳилӣ, дастпӯшакҳои панҷадор, чарчинвориҳои чармии хурд, дар муҳити обӣ гузаронида мешавад, дар маводҳои дигар намуди пойафзолҳо ва маснуоти чарчинвории чармӣдар муҳити ҳавоӣ.
83. Индекси зарҳрнокӣ ҳангоми санҷишҳо дар муҳити оби бояд аз 70 то 120 фоиз ва дар муҳити ҳавоӣ аз 80 то 120 фоиз бошад, ё қабати дохилии пойафзол набояд ба организм таъсири барангезандагӣ ба пӯст расонад.
7. Талабот нисбати бехатарии аробачаҳои кӯдакона ва велосипедҳо
84. Аробачаҳои кӯдакона бояд дар ҳамвориҳои уфуқӣ ва моилӣ (таҳти кунҷи 10ш) мустаҳкам ва дорои системаҳои тормоздиҳӣ бошанд.
85. Аробачаҳо набояд дорои канораҳои тез, пайвастшавиҳо ва ҷузъҳое, ки бо кӯдак муносибат доранд, бошанд. Тарқиш ва шикофиҳои кушода набояд бо қутри зиёда аз 5 мм ва камтар аз 12 мм бошанд. Аробачаҳои кушода бояд дорои асбобҳо барои пешгирӣ намудани афтидани кӯдак аз аробача (тасмаҳои бехатарӣ, девораҳои муҳофизатӣ ва дигар таҷҳизоти монанд) бошанд, такяи аробача бояд бадошт бошад.
86. Системаи тормоздиҳии аробачаҳо бояд барои кӯдаконе, ки дар дохили аробачаанд, дастнорас бошанд ё маҳкамшавию кушодашавии онҳо бояд дар як вақт бо ду даст ё бо истифодаи асбобҳои махсус ба роҳ монда шавад.
87. Қисмҳои ҳаракаткунандаи худсоз (дастакҳои қатшаванда) ва хӯрдашуда иҷозат дода намешавад.
88. Маводҳои нассоҷии аробачаҳо бояд мустаҳкам ва дорои ранге, бошанд, ки ба соиши на камтар аз 3 холи аз рӯи ҷадвали эталонӣ, тобовар бошад.
89. Рӯйкаши болоии хоначаи аробачаҳо бояд обногузарон бошанд ё дорои ҷилдҳои обногузар бошанд.
90. Дастаҳо, тасмаҳо, ҳалқаҳо ва дигар таҷҳизоте, ки барои таҳвили аробачаҳо таъин шудаанд, бояд вазни 30 кг-ро бардошта тавонанд.
91. Маводҳои нассоҷӣ, ки дар тайёр намудани аробачаҳо истифода мешаванд, бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 10 Регламенти техникии мазкур, маводҳои кимиёвӣ ва полимерӣ ба талаботи бехатарии кимиёвӣ мутобиқи замимаи 15 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд. Индекси заҳрнокӣ дар ҳолати санҷиш дар муҳити обӣ бояд аз 70 то 120 фоиз, дар муҳити ҳавоӣ аз 80 то 120 фоиз. бошад, ё ин ки бояд амалҳои ҷузъии варам кардани пӯст мавҷуд набошанд.
92. Муайян кардани ҷудошавии моддаҳои зараррасон, ки дар маводҳои бо сатҳи болоии пӯст муносибатдошта мавҷуданд, дар муҳити обӣ ва дигарҳо дар муҳити ҳавоӣ гузаронида мешавад.
93. Конструксияи аробачаҳо бояд имконияти ҷобаҷогузории унсурҳои инъикоскунандаи равшанӣ ва бонгдиҳандаро таъмин намояд.
94. Ба талаботи бехатарӣ бояд велосипедҳо барои бачаҳои синни томактабӣ (велосипедҳои баландии зинашон аз 435 мм то 635 мм), велосипедҳои нақлиётӣ барои бачаҳои синни хурди мактабӣ ва наврасон (велосипедҳо бо зини танзимшаванда ба баландии 635 мм ва зиёда аз он) мутобиқат намоянд. Дар ин ҳолат массаи таъминкунандаи велосипедсавор барои наврасон бояд на зиёда аз 50 кг ва барои бачаҳои синни хурди мактабӣ на зиёда аз 40 кг бошад.
95. Велосипедҳо бо ҳаракатноқили занҷирӣ бояд бо системаи тормоздиҳӣ (системаҳои тормоздиҳӣ) ҷиҳозонида шуда бошанд. Чиншавии занҷираҳо дар нӯги дандонаҳои ситорачаҳо ва партофтани занҷираҳо иҷозат дода намешавад. Велосипедҳо бояд бо асбобҳои ҳифозатӣ, ки сатҳи болоии расиши занҷираро бо ситорачаҳои пешбар мепӯшонанд, ҷиҳозонида шуда бошанд.
96. Канораҳои баромадаи қисмҳои велосипедҳо, ки метавонанд дар раванди рондан ба танаи истифодабаранда аллоқамандӣ дошта бошанд, набояд тез бошанд. Қисмҳои баромада, ки дарозиашон аз 8 мм зиёданд, бояд тобхӯрда бошанд. Дар лулаи болоии рама набояд ҷузъҳои баромада мавҷуд бошанд.
97. Системаи тормоздиҳӣ бояд бе дармондан кор кунад.
98. Дар велосипедҳо бо тормозҳои дастӣ барои бачаҳои синни томактабӣ қувваи тормоздиҳӣ бояд на камтар аз 50 Н ва дар ҳолати истифодаи дастаи тормоз қувва ба 90 Н баробар бошад.
99. Дар велосипедҳо бо тормозҳои пойӣ таносуби қувваи ба педал гузошташаванда ба қувваи тормозкунӣ набояд таносубро мутобиқи 2:1 баланд намояд.
100. Системаи тормоздиҳӣ бояд дар ҳолати санҷиши системаҳои тормоздиҳи велосипедҳо барои наврасон бо вазни 70 кг, барои бачаҳои синни хурди мактабӣ 60 кг кор кунад. Блокировкаи пурраи чархҳо иҷозат дода намешавад. Баъд аз гирифтани пой (даст) аз тормоз қувваи ҳамаи унсурҳои системаҳои тормоздиҳӣ бояд ба ҳолати аввала баргардад.
101. Идоракунӣ бо чанбарак бояд идоракунии устувор ва мустаҳками велосипедро таъмин намояд. Охири чанбарак бояд бо дастакҳо ё сарпӯшакҳое, ки қувваи кашишро на камтар аз 70 Н мебардорад, ҷиҳозонида шавад. Қисмҳо, ҷузъҳо ва дигар пайвастшавиҳои велосипедҳо бояд устувор бошанд. Дар ҳолати санҷиши қисми "чанбарак - вилкаи пеши" велосипедҳо набояд тарқишҳои назаррас ва вайроншавии меҳвари (тири) чанбарак вуҷуд дошта бошад.
102. Дар ҳолати санҷиши қисмҳои идоракунии чанбарак дар велосипедҳо барои бачаҳои инни то мактабӣ деформатсияи боқимонда набояд аз 20 мм ба 100 мм дарозиро дар ҳолати даврзанӣ, баробар ба 30 Нм, вазни статикӣ 500 Н зиёд бошад ва дар ҳолати ба ҳар ду тарафи чанбарак афтидани вазнӣ бо 130 Н набояд чанбарак нисбат ба меҳвар тағйир ёбад.
103. Дар ҳолати санҷиш ба зарбаи қисми "рама-вилкаи пеши" дар велосипедҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ деформатсияи боқимонда на бояд дар ҳолати расонидани қувва ба ин қисм бо 130 Н ва афтидани вазни на камтар аз 13,5 кг, дар велосипедҳо барои наврасон 40 мм дар ҳолати расонидани қувва ба ин қисм бо 200 Н ва афтиши вазни на камтар аз 22,5 кг баланд бошад.
104. Дар ҳолати санҷиши қисми идоракунии чанбарак ба устувори дар велосипедҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ меҳвари чанбарак на бояд дар ҳолати даврзании на камтар аз 50 Нм, дар ҳолати санҷиши велосипедҳо барои наврасон на камтар аз 108 Нм вайрон шавад. Дар ҳолати санҷиши велосипедҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ тарқишҳо, шикастапораҳо ва беҷошавии наварда санҷишӣ зиёда аз 4 мм дар ҳолати тобхурӣ ба қисми "меҳвари чанбарак-вилкаи пеши" 15 Нм, велосипедҳо барои наврасон на камтар аз 25 Нм иҷозат дода намешавад.
105. Дар ҳолати санҷиши велосипедҳо барои бачаҳои синни томактабӣ, хурди мактабӣ ва наврасон тағйири (ҷойивазкунии) зин нисбат ба тири зин ва зинниговдор нисбат ба зин дар ҳолати қувватрасонии амудии на камтар аз 300Н; 600Н ва 700Н ва қувватрасонии амудаи 100 Н, 150 Н ва 200 Н иҷозат дода намешавад.
106. Дар ҳолати санҷиши велосипедҳо барои бачаҳои синни томактабӣ вазни афтиши бор 22,5 кг аз баландии 50 мм ва афтиши озоди қисми "рама - вилка" бо массаи бори 3 кг набояд тарқишҳои чашмрас мавҷуд бошанд, деформатсияи боқимондаи қисм, ки дар байни ғилофаки вилка ва рама чен карда шавад, бояд на зиёда аз 20 мм бошад.
107. Қисми "педал - шатун" бояд ба сарбориҳои динамикӣ устувор бошад. Набояд тафсидани зиёд ва тарқишҳои чашмрас дар рахпечи педал ё бозуи ҳаракатдиҳанда (шатун) дар ҳолати санҷиши динамикӣ мавҷуд бошанд. Ҳангоми санҷиши велосипедҳо барои бачаҳои синни мактабӣ ҳаракатовари велосипед баъди расонидани қувваи амудӣ ба педал бо қувваи на камтар аз 600 Н ва санҷиши велосипедҳо барои наврасон на камтар аз 1500 Н бояд дар ҳолати корӣ монад.
108. Дар велосипедҳо барои бачаҳои синни томактабӣ педалҳо дар ҳолати тамоюли велосипеди бебор аз сатҳи амудӣ дар 20 фоиз, дар велосипедҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ ва наврасон дар 25 фоиз набояд ба сатҳи болоии замин расанд.
109. Велосипедҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ ва наврасон бояд бо асбобҳои инъикоскунандаи равшанӣ таъмин бошанд.
110. Конструксияи сохти велосипед бояд имкониятҳои ҷобаҷогузории системаҳои равшанидиҳӣ, унсурҳои инъикоскунандаи равшанӣ ва асбобҳои сигналдиҳиро таъмин намояд.
111. Чархакҳои нигоҳдоранда, ки дар велосипедҳо барои бачаҳои синни томактабӣ насб карда шудаанд дар ҳолати вазни уфуқӣ дар 30 кг набояд зиёда аз 25 мм қат шаванд ва деформатсияи боқимонда зиёда аз 15 мм бошад.
112. Фосилаи уфуқии байни ҳамвории симметрии велосипед ва ёнаи болоии дохилии ҳар як чархакҳо бояд на камтар аз 175 мм-ро ташкил диҳад.
113. Маводҳои бофандагӣ, ки дар истеҳсоли велосипедҳо истифода мешаванд, бояд ба талаботи бехатарии кимиёвӣ тибқи замимаи 10 Регламенти техникии мазкур, маводҳои полимерӣ ба талаботи бехатарии кимиёвӣ мутобиқи замимаи 15 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намоянд. Муайян кардани ҷудошавии моддаҳои зараррасон, ки дар маводҳои бо сатҳи болоии пӯст алоқамандбуда мавҷуданд, дар муҳити обӣ ва дигарҳо дар муҳити ҳавоӣ гузаронида мешаванд.
8. Талабот нисбати бехатарии маснуоти чопӣ (китобӣ ва маҷаллавӣ), лавозимоти мактабию хатнависӣ
114. Бехатарии биологии маснуоти чопӣ аз рӯи хосиятҳои батанзимдарории ҳарфҳо ва усулҳои батартибдарории матнҳо, вобаста аз намуди чоп, доираи матни хондашаванда, синну соли истифодабарандагони матн ва мутобиқати он ба хусусиятҳои ҷисмии (физиологии) узвҳои биноии кӯдакону наврасон муайян карда мешавад.
115. Агар маснуоти чопӣ танҳо ба 2 ё 3 гурӯҳҳои синнусолӣ муқаррар шуда бошад, бояд ин васоит ҳатман ба талаботи муқарарргардидаи номгӯи нишондодашудаи маснуот вобаста ба синну сол мутобиқат дошта бошанд.
116. Маснуоти чопӣ новобаста аз шаклу намуд ва синну соли истифодабаранда бояд ба талаботи зерин мутобиқат дошта бошад:
- зиччии оптикии зерманзар ҳангоми чоп намудани матн тариқи ранга, тира ва ё ҷаззоби бисёрранга, бояд на зиёда аз 0,3 ва ҳангоми чоп намудани ҳуруфи рӯгардон на кам аз 0,4 бошад;
- барои омодасозии маснуоти чопӣ истифодабарии қоғази газетӣ, ба истиснои он маҳсулоти чопие, ки барои истифодабарии такрорӣ муқаррар нашудааст (билетҳои имтиҳонӣ, кортҳои махсус, билетҳои тестӣ, кроссвордҳо ва ин амсол), иҷозат дода намешавад;
- дар раванди чоп ба истифодаи навишти борики ҳарфҳо роҳ дода намешавад;
- дар раванди батартибдарории формулаҳои ҳарфӣ, рақамӣ ва кимиёвӣ, кеглҳои (дараҷаи калонии ҳарфи типографӣ) ҳарфӣ унсурҳои асосии формула метавонад ба андозаи ду нуқта аз кегли шрифти матни асосии камтар бошад ва кегли шрифти унсурҳои ёридиҳандаи формулаҳо бояд на камтар аз 6 нуқта бошанд;
- сатҳи шерозабандӣ дар саҳифоти рӯгардони матни чопӣ бояд на камтар аз 26 мм бошад;
- дар саҳифаҳои чопӣ, ба ғайр аз шеррзабандӣ, боз иҷозат аст, ки аломатҳои шартӣ, расму тасвирҳои зарурӣ ва матн бо андозаи на зиёда аз 50 аломати китобатӣ ва ҳуруф бо фосилаи на камтар аз 5 мм, ҷой дода шавад;
- дар саҳифаҳои матнӣ ба чопи рахҳои нолозим ва зиёдатӣ роҳ дода намешавад;
- фосилаи байни калимаҳо барои матнҳое, ки ба синну соли томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ нигаронида шудаанд, бояд бо кегли шрифт (ҳаҷми ҳуруф) баробар бошад.
117. Дар варақаҳои рангдиҳӣ барои кӯдакони синни томактабӣ андозаи минималии хатии унсурҳои расмҳо бояд аз 5 мм кам набошад.
118. Барои омодасозии варақаҳои рангдиҳӣ, бояд қоғази расмкашии офсетӣ ва дигар намуди қоғазҳо бо вазну андозаҳои 1-2 мм, аз 100+/-5 гр. то 160 +1-1 гр. мавриди истифода қарор дода шаванд.
119. Барои расмкашӣ бо қалами графитӣ, истифодаи қоғазҳо бо андозаи 1м2 ва вазни на камтар аз 60+1-3 г. иҷозат дода мешавад. Ҳангоми истифодабарии қоғази мазкур, ки барои рангасозии расмҳо мувофиқ аст, бояд як тарафи қоғаз истифода бурда шавад.
120. Дар нашри асарҳои бадеию адабӣ, китобҳои таълимӣ барои таълими иловагӣ ва ҳамчунин нашри осори илмию оммавӣ, истифодаи рангҳои ҷилодор ва ҳарфҳои рӯгардон тавсия дода намешавад.
121. Дар нашрияҳои маълумотӣ ва фароғатӣ дар ҳолати чоп маводҳои ранга дар зерманзари ранга, кегли ҳарфҳо бояд на камтар аз 20 нуқтаи стандартӣ ва ҳаҷми матни чопӣ на зиёда аз 200 аломат бошад.
122. Батанзимдарории ҳарфҳои матн дар чопхонаҳое, ки барои нашри китобу маҷаллаҳои кӯдакони синни томактабӣ (аз 3 то 6 сола), синни хурди мактабӣ (аз 7 то 10 сола), синни миёнаи мактабӣ (аз 11 то 14 сола), синни калони мактабӣ (аз 15 то 18 сола) нигаронида шудаанд, бояд ба талаботи муқаррароти замимаҳои 16-19 Регламенти техникии мазкур мутобиқат дошта бошад.
123. Батанзимдарории ҳарфҳои матн дар ҷараёни ҳуруфчинии 2 ва 3 сутуна дар чопхонаҳои нашри китоб ва маҷаллаҳо бояд ба талаботи замимаи 20 Регламенти техникии мазкур мутобиқат дошта бошад.
124. Батанзимдарории ҳарфҳои матн дар нашриёти китобу маҷаллаҳои ранга, ороишашон хокистарранг ва ҷилодори бисёрранга муқаррар гардидаанд, бояд ба талаботи замимаи 21 Регламенти техникии мазкур мутобиқ бошад.
125. Батанзимдарории ҳарфҳои матн дар нашриёти муштараки бисёрсоҳае, ки барои нашри китобу маҷаллаҳо, ҳамчунин нашри матнҳо якҷоя бо бозичаҳо, лавозимоти хатнависӣ, компакт-дискҳо, фитаҳои махсус ва дигар ҷиҳози чопӣ нигаронида шудааст, бояд ба талаботи замимаҳои 16-21 Регламенти техникии мазкур мутобиқат дошта бошад.
126. Хусусиятҳои батанзимдарории ҳарфҳои маснуоти чопӣ мувофиқи системаи типометрии Дидо (1 нуқта баробар бо 0, 376 мм.) ҷой доранд.
127. Маснуоти чопӣ ҳамчунин бояд ҷавобгӯи талаботи бехатарии кимиёвӣ буда, набояд маводи зарарнокро ҷудо намоянд:
а) барои кӯдакони то сесола ба муҳити моделӣ (оби муқаттар), моддаҳои зерини кимиёвӣ бояд фузуда шавад:
- фенол - 0,05 мг/дм3 ё худ ҷамъи умумии кислотаи мазкур - 0,1 мг/дм3;
- формалдегид-0,1 мг/дм3;
- сурб - 90 мг/кг;
- -руҳ-1,0мг/дм3;
- арсен (марги муш) - 25 мг/кг;
- хром (III) ва (VI) - 60 мг/кг.
б) барои кӯдакони синнашон аз сесола боло ба фазои озод, моддаҳои зерини кимиёвӣ бояд фузуда шавад:
- фенол - 0,003 мг/м3;
- формалдегид - 0,003 мг/м3.
128. Лавозимоти мактабию хатнависӣ бо нишондоди бехатарии кимиёвӣ, бояд ба талаботи замимаи 22 Регламенти техникии мазкур мутобиқат дошта бошанд .
129. Барои ба роҳ мондани истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ ва дафтарҳои калонҳаҷми бисёрварақа, дафтарчаҳои кисагӣ, дафтарҳо барои машқи хат бо дарназардошти синну соли кӯдакони томактабӣ, дафтарҳо барои навишти нотаҳои мусиқӣ, рӯзномаҳои мактабӣ ва ин амсол, қоғази хатнависӣ, ё намудҳои дигари варақҳои чопӣ, ки ҳаҷму вазнашон ба 1 м2 на камтар аз 60,0 +/-3,0 г баробар аст, истифода бурда мешаванд. Истифодаи қоғазҳои ҷилодор иҷозат дода намешавад. Ғафсии рахҳои дафтар, сатрҳо ва катакчаҳои он ба таври стандартӣ, вобаста ба намуди рахҳо, бояд 0,1 - 0,4 мм бошад.
130. Барои истеҳсоли албом, папкаҳо ва дафтарҳои расмкашӣ, қоғази тасвирсозӣ ва ё дигар навъи қоғазҳои полиграфӣ, ки андозаву - вазнашон ба 1 м2 аз 100,0+/-5,0 то 160,0 +/7,0 г баробар аст, ҳамчунин барои истеҳсоли албому папкаҳои нақшакашӣ, қоғазҳои хатдори махсус ва намудҳои дигари қоғазҳои полиграфӣ бо андозаву вазни 1 м2 аз 160,0 +/-7,0 г то 200,0 +/- 8,0г истифода бурда мешавад.
9. Талабот нисбати тамғагузории маҳсулот
131. Тамғагузории маҳсулот бояд дуруст (саҳеҳ, фаҳмо) санҷидашуда, хоно ва барои муоина ва ҳаммонандкунӣ дастрас бошад. Тамғагузории маҳсулот дар маснуот, тамғақоғазе, ки дар маснуот часпонида шудааст ё ин ки тамғақоғази молии бастаи маснуот (борҷомаи маснуот), борҷомаи гурӯҳи маснуот ё варақаи ҳамроҳии маҳсулот сабт карда мешавад.
132. Тамғагузории маҳсулот бояд дорои маълумотҳои зерин бошад:
- номи кишваре, ки дар он маҳсулот истеҳсол шудааст;
- ном ва макони воқеъшавии истеҳсолкунанда (шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдор) воридкунанда, дистрибютор;
- ном ва намуди (таъиноти) маҳсулот;
- санаи истеҳсол;
- мӯҳлати истифодаи маҳсулот (дар ҳолати зарурӣ);
- нишони молӣ (дар ҳолати мавҷуд будан).
133. Маълумот бояд ҳатмӣ бо забони давлатӣ ва ё бо тарҷумаи забонҳои дигари хориҷӣ пешниҳод карда шавад. Барои маҳсулоти воридотӣ номи кишваре, ки маҳсулот истеҳсол шудааст, номи истеҳсолкунанда ва суроғаи ҳуқуқии онро бо истифодаи ҳарфҳои лотинӣ нишон додан иҷозат дода мешавад.
134. Истифодаи нишондоди "аз ҷиҳати экологӣ тоза", "ортопедӣ" ва дигар нишондодҳои монанд бе тасдиқи мутобиқат иҷозат дода намешавад.
135. Тамғагузории маккакҳои ширдиҳӣ ва маккакҳои дарунхолӣ бояд дар борҷомаи пӯшида ҷой карда шавад ва дорои мӯҳлати кафолатии истифода, дастурамал оид ба истифода, нигоҳдорӣ, нигоҳубини гигиении маҳсулот бошанд.
136. Маснуоти санитарию гигиении истифодаашон якдафъагӣ барои нигоҳубини кӯдакон бояд дастурамале, ки дорои маълумот бо нишондоди таъинот, андоза, тавсияҳо оид интихоби дурусти намуд ва андозаи маснуот, тарзҳои нигоҳубини маснуот ва истифодаи партовҳои он мебошанд (дар ҳолати зарурӣ) дошта бошанд.
137. Тамғагузорӣ зарфҳо ва маснуоти санитарию гигиенӣ ва чарчинворӣ бояд дорои ишорати маводе, ки аз он маснуот тайёр карда шудааст ва дастурамал оид ба истифода ва нигоҳубини онҳо бошанд.
138. Маснуоте, ки аз рӯи шакл ва намуд монанди маснуоти истифодашаванда барои маҳсулоти хӯрокворӣ, вале барои муносибат бо маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар нашудааст, бояд дорои тамғаи "барои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ" ё нишондоди таъиноти мушаххаси онҳо бошанд.
139. Тамғагузории либосҳо, маснуот аз маводҳои нассоҷӣ, чармҳо, мӯинаҳо, маснуоти трикотажӣ ва маснуоти нассоҷии тайёри донагӣ ба таври иловагӣ ба талаботҳои ҳатмӣ бояд дорои маълумот бо нишондоди зерин бошад:
- намуд ва ҳиссаи вазни (таркиби фоизии) ашёи хоми аслӣ ва кимиёвӣ дар маводҳои сатҳи болоӣ ва тагмонҳои маснуот (тамоюли ҳақиқии муҳимияти таркиби фоизии ашёи хом набояд аз 5% зиёд бошад) ва ҳамчунин намуди мӯина ва намуди коркарди он (рангдодашуда ё беранг);
- андозаи маснуот мутобиқи ҷадвали намунавии андозагирӣ ё талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ ба намуди мушаххаси маҳсулот;
- рамзҳо оид ба нигоҳубини маснуот (дастурамал оид ба хусусиятҳои нигоҳубини маснуот дар раванди истифодабарӣ дар ҳолати зарурӣ).
140. Ба маснуот барои кӯдакони навзод ва маснуоти либоса барои кӯдакони то 1-сола ҳатман маълумоти "шустани пешакӣ ҳатмӣ аст"-ро ҳамроҳ намудан лозим аст.
141. Тамғагузории пойафзол бояд дорои маълумот дар бораи андоза, модел ё навъи (артикули) маснуот, маводи болоӣ, тагмонҳо ва тагчармҳо, шароити истифодабарӣ ва нигоҳубини пойафзол бошад.
142. Тамғагузории маснуоти чарчинворӣ бояд дорои номи маводе, ки маснуот аз он тайёр шудааст ва дастурамал оид ба истифода ва нигоҳубин бошад.
143. Тамғагузории ҷузъдонҳои талабагӣ, сумкаҳо, портфелҳо ва борхалтаҳо бояд дорои маълумот дар бораи синну соли истифодабаранда бошад.
144. Аробачаҳои кӯдакона бояд дорои дастурамал оид ба истифода бо нишондоди синну соли истифодабаранда, ки маснуот барои ӯ муқаррар шудааст ва ҳамчунин оид ба васл, ҷобаҷогузорӣ, ба танзимдарорӣ, истифода ва нигоҳдории бехатар бошад. Тамғагузории аробачаҳои кӯдакона бояд маълумот дар бораи мӯҳлати кафолатии истифодабарӣ ва нигоҳдорӣ дошта бошад.
145. Велосипедҳо бояд дорои дастурамал оид ба истифодабарӣ бо нишондоди вазн ва синну соли истифодабаранда, ки маснуот барои он таъин шудааст, тавсия оид ба васлкунӣ, тайёркунӣ ба истифода ва ба танзимдарорӣ, истифодабарӣ, интихоби велосипед, нишондодҳо оид ба хизматрасонии техникии велосипед бошад. Тамғагузории велосипедҳо бояд маълумот дар бораи мӯҳлати кафолатии истифодабарӣ дошта бошад.
10. Таъмини мутобиқат ба талаботи бехатарӣ
146. Мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон ба Регламенти техникии мазкур бо иҷрои бевоситаи талаботи он, ё ин ки иҷрокунии талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо - стандартҳои давлатӣ, ки истифодаашон ихтиёрӣ буда, риояи талаботи Регламенти техникии мазкурро таъмин менамоянд, таъмин карда мешавад.
147. Қоида ва усулҳои санҷиш (ташхис) ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаи интихоби намунаҳо, ки барои истифода ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон заруранд, дар стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо дар стандартҳои давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
148. Номгӯи стандартҳое, ки дорои қоида ва методҳои санҷиш ва ченкуниҳо, аз ҷумла қоидаи гирифтани намунаҳо, ки барои гузаронидан ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур ба маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот мебошанд, аз тарафи мақомот оид ба татбиқи батанзимдарории давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешаванд.
149. Иҷрои ихтиёрии талаботи стандартҳои мазкур, ки номгӯи онҳо мутобиқи тартиби нишондодашудаи қонунгузорӣ тасдиқ шудааст, дар бораи мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон ба талаботи Регламенти техникии мазкур шаҳодат медиҳад.
11. Тасдиқи мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон
150. Қабл аз ба муомилот баровардани маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон, бояд тартиби тасдиқи мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур гузаронида шавад. Тасдиқи мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, дар шакли сертификаткунонии ҳатмӣ амалӣ мегардад.
151. Сертификаткунонии ҳатмии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон аз тарафи мақоми сертификаткунонӣ, ки маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон ба доираи аккредитатсияаш дохил мешавад, дар асоси шартнома ва дархости байни дархостдиҳанда ва мақоми сертификаткунонӣ амалӣ карда мешавад.
152. Дархостдиҳанда ӯҳдадор аст мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасонро ба талаботе, ки Регламенти техникии мазкур муқаррар намудааст, таъмин намояд.
153. Тасдиқи мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон аз тарафи истеҳсолкунанда (воридкунанда, фурӯшанда) дар асоси хулосаҳое, ки аз ҷониби озмоишгоҳи аккредитатсияшуда дода мешаванд, ба амал монда мешавад.
154. Воридоти либосҳои мактабӣ барои кӯдакону наврасон, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Регламенти техникии мазкур мутобиқат мекунанд, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда мешавад .
155. Дар ҳолати тасдиқи ҳатмии мутобиқат истеҳсолкунанда, воридкунанда ва фурӯшанда дархостдиҳанда ба ҳисоб меравад.
156. Нисбати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, воридкунанда, фурӯшанда) бояд мутобиқати маҳсулоти воридшудаи таъиноти кӯдакон ва наврасонро ба талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин намояд.
157. Ҳангоми тасдиқи мутобиқати ҳатмии маҳсулот тибқи Регламенти техникии мазкур истеҳсолкунанда ӯҳдадор мешавад:
- назорати истеҳсолиро ба роҳ монад ва барои он, ки раванди истеҳсолот мутобиқати маҳсулотро ба талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин намояд, чораҳои зарурӣ андешад;
- санҷиши пешакии ҳар як партияи маҳсулотро дар озмоишгоҳи истеҳсолӣ барои назорати дохилӣ ҷиҳати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур тибқи усулҳои муқарраршуда гузаронад.
158. Назорати давлатӣ оид ба риояи Регламенти техникии мазкур нисбат ба равандҳои истеҳсол ва ба муомилоти бозорӣ баровардани маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ амалӣ карда мешавад. Тартиби гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи Регламенти техникии мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор оиди бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.
12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур
159. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
13. Муқаррароти хотимавӣ
160.Сертификатҳои мутобиқати маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон, ки то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд, то ба охир расидани мӯҳлати амалашон эътибор доранд.
161. Ба маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон, ки то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникии мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудаанд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникии мазкур амалкунанда татбиқ карда мешаванд.
162. Регламенти техникии мазкур баъд аз шаш моҳ аз рӯзи тасдиқ шудан мавриди амал қарор дода мешавад.
Замимаҳои 1-21
Замимаи 22