×

Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 № 495

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 81 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2015, № 495

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАГОТИ УМУМӢ

1. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказошдаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) тартиби ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба истиснои муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов", тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) муайян менамояд.

2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:

- азнавбақайдгирӣ - бақайдгирии расмии такрории довталаб, ки ихтиёран дар нуқтаи бақайдгирии қаблан ӯро бақайдгирифта бо мақсади ворид намудани тағйирот ба интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсият гузаронида мешавад. Азнавбақайдгирӣ дар сурати баргузории озмуни тақсимоти такрорӣ низ ба роҳ монда мешавад;

- афзалият - тартиби ҷойгиршавии ихтисосҳои интихобкардаи довталабро (аз якум то охирин) бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил муайян менамояд. Ихтисосе, ки дар сатри (ҷойи) аввал нишон дода мешавад, дорои афзалияти 1-ум аст ва ин маънои онро дорад, ки довталаб дар навбати аввал аз рӯйи ин ихтисос дохил шудан мехоҳад ва агар аз рӯйи натиҷаҳои бадастовардааш ба он нагузарад, пас, натиҷаҳои бадастовардаи ӯ барои дохилшавӣ аз рӯйи ихтисосҳои афзалияташон пасттари интихобкардааш ба ҳамин тартиб санҷида мешаванд;

- бал - натиҷаи ниҳоии аз ҳар субтести дахлдори имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) бадастовардаи довталаб, ки бо роҳи миқёсгузории (шкалабандӣ) холҳои соҳибшудааш ҳисоб карда мешавад.

Дар озмуни тақсимот бали умумии бадастовардаи довталаб ба назар гирифта мешавад;

- бали гузариш дар ихтисос - ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ), қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) ва аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталабе, ки аз руйи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар доираи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудошуда ба ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимот мешавад. Бали гузариш дар ихтисосе, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунад, ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми (қисмҳои) (компоненти (компонентҳои)) дахлдор, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ва аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани он) бадастовардаи довталаби аз рӯйи ихтисоси мазкур аз ҳама охир тақсимшуда ба ҳисоб меравад. Бали гузариш пешакӣ муайян нест ва он дар ҳар як ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад;

- барномаи имтиҳон - ҳуҷҷате, ки дар он сохтору мундариҷаи имтиҳон аз фанни таълимии мушаххас, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи довталабон ифода ёфта, мақсади имтиҳон аз фанни таълимӣ тавзеҳ дода мешавад, саволу масъалаҳои тестӣ (навъу миқдори саволу масъалаҳо, меъёри баҳо, вақти барои иҷрои тест ҷудошуда) ва мушаххасоти (матритсаи) тест шарҳ дода мешаванд ва намунаи варақаи ҷавобҳои тесту дигар иттилооти зарурӣ дарҷ мегардад;

- бақайдгиранда - шахси масъул барои ба қайд гирифтани довталабон дар нуқтаи бақайдгирӣ (дар истгоҳи кории ба ӯ вобаста) ва (ё) дар маркази имтиҳонӣ;

- бақайдгирӣ - қайди расмии довталаб дар нуқтаи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- бақайдгирии иловагӣ - қайди расмии шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабаби узрнок (ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шудааст) аз қайд гузашта натавонистанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё табобат берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва ғайра;

- бозбинӣ (верификатсия) - раванди санҷиш ва тасдиқи дурустии натиҷаҳои шинохти барномавии варақаҳои ҷавобҳо (додаҳои электронӣ) бо роҳи муқоисаи онҳо бо нусхаҳои графикӣ (тасвирҳои аввалияи сканершуда);

- варақаи бақайдгирӣ - ҳуҷҷати расмие, ки байни довталаб ва Марказ ба имзо расида, ба довталаб ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро медиҳад. Дар он маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо (кластер), ихтисосҳои интихобкардаи довталаб мувофиқи афзалиятҳояшон (бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил), макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ ва ғайра дарҷ гардидаанд;

- варақаи ҷавобҳо - варақаи махсус, ки довталаб бо риояи дақиқи қоида ва тартиби пур кардан дар он ҷавобҳои саволу масъалаҳои тестиро ишора менамояд ё менависад. Варақаи ҷавобҳо баъд аз имтиҳон ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи натиҷаи аз имтиҳон бадастовардаи довталаб ба ҳисоб меравад. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) варақаи ҷавобҳо барои имтиҳони умумӣқисми (компоненти) А ва имтиҳони ихтисос - қисми (компоненти) Б дар шаклҳои мувофиқи муқаррарнамудаи Марказ истифода мешаванд;

- гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) - маҷмӯи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи онҳо таълим дода мешавад, мувофиқи равияҳои таълим ва талабот барои қабул (сатҳи азхудкунии барномаи таълимии фанни мушаххас) ба гурӯҳҳо муттаҳид карда шудаанд;

- дастури иҷрои тест - иттилоот дар бораи навъҳои саволу масъалаи тестӣ, миқдори саволу масъалаҳо, вақти ҷудошуда барои иҷрои тест, қойдаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳо ва ғайраҳо;

- довталаб - шахсе, ки хоҳиши доҳилшавӣ ба курси якуми муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад ва тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст;

- ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ - шахси масъул барои ёрӣ расонидан ба роҳбари маркази имтиҳонӣ дар ташкилу идораи раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста ва ҳалли масъалаҳои ба миён меомада. Дар сурати зарурат ёвар метавонад роҳбари маркази имтиҳониро иваз намояд;

- ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ - шахси масъул барои ёрӣ расонидан ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ дар ташкилу идораи раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирии ба ӯ вобаста ва ҳалли масъалаҳои ба миён меомада, инчунин ба қайд гирифтани довталабон. Дар сурати зарурат ёвар метавонад роҳбари нуқтаи бақайдгириро иваз намояд;

- имтиҳони иловагӣ - имтиҳон барои довталабоне, ки дар имтиҳони, (имтиҳонҳои) даври асосӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштаанд;

- имтиҳони ихтисос (қисми (компоненти) Б) - имтиҳон барои муайян намудани сатҳи донишу маҳорати довталаб аз рӯйи самтҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои (кластери) интихобшуда барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ;

- имтиҳони умумӣ (қисми (компоненти) А) - имтиҳон барои муайян намудани сатҳи дониши функсионалӣ ва иҷтимоии довталаб, ки барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зарур аст;

- имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - имтиҳонҳо бо мақсади санҷидани қобилиятҳои эҷодӣ ё малакаю маҳорати махсуси довталаб ва имкониятҳои шахсии ӯ барои аз худ намудани ихтисоси (ихтисосҳои) дахлдор;

- интихоби довталаб - интихоби ихтисосҳо дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсиле, ки довталаб ба онҳо бартарӣ медиҳад;

- истгоҳи корӣ - маҷмӯи таҷҳизоти махсус (ноутбук, веб-камера, принтер ва ғайра) ва барномаи компютерӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ, ки ҳар бақайдгиранда барои бақайдгирии электронии довталабон истифода менамояд;

- китобчаи тест - маҷмӯи саволу масъалаҳои тест, ки вобаста аз фанҳои таълимии дахлдор дар субтестҳо муттаҳид гардидаанд;

- қисм (компонент) - бахши таркибии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки дорои субтестҳои ҳар кадоме иборат аз як ё якчанд фанни таълимӣ мебошад ва аз рӯйи хусусиятҳояшон (А - имтиҳони умумӣ ё Б - имтиҳони ихтисос) муттаҳид гардидаанд;

- маркази имтиҳонӣ - бинои (иморати) дорои инфрасохтори ташкилию техникии мувофиқ бо ҳайати хизматрасон, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз байни муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои муайян барои баргузории имтиҳонҳо интихоб шудааст;

- маъмури имтиҳон - шахси масъул барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳон дар синфхонаи ба ӯ вобаста, аз ҷумла дастурдиҳии довталабон дар бораи тартибу талаботи муқарраргардидаи имтиҳон ва ғайра;

- маъмури калон - шахси масъул барои ташкилу назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои ба ӯ вобаста, инчунин роҳнамоӣ кардани довталабон то синфхонаҳо ва ҷобаҷокунӣ дар онҳо;

- миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) - раванди баргардонидани холҳо ба балҳо, ки пас аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва ҳисоби шумораи холҳои бадастовардаи ҳар яки онҳо ба роҳ монда мешавад. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) бо усули муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мегардад. Аз рӯи натиҷаи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода мешавад;

- нуқтаи бақайдгирӣ - бинои (иморати) дорои инфрасохтори ташкилию техникии мувофиқ ва ҳайати ёрирасон, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз байни муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои муайян бо мақсади бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ интихоб гардида, дар давраи бақайдгирӣ бо дастгоҳҳои мувофиқ ҷиҳозонида шудааст;

- роҳбари маркази имтиҳонӣ - шахси масъул барои ташкилу идораи раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста ва ҳалли масъалаҳои ба миён меомада;

- роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ - шахси масъул барои ташкилу идораи раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирии ба ӯ вобаста ва ҳалли масъалаҳои ба миён меомада;

- субтест - қисми таркибии тест барои муайян кардани сатҳи дониши довталабон аз як ё якчанд фанни таълимии мушаххас ва ҳалли масъалаҳои ҷузъии махсуси тестгузаронӣ;

- тест - абзори стандартишудаи арзёбии воқеии дастовардҳои таълимии (дониш ва малакаю маҳорати) довталабон;

- хол - натиҷаи пешакии (аввалияи) имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки барои ҳар субтест бо ҷамъ кардани шумораи ҷавобҳои дурусти довталаб ба саволу масъалаҳои тестӣ ҳисоб карда мешавад. Шумораи имконпазири ҳадди аксари хол аз ҳар субтест аз миқдор ва навъи саволу масъалаҳои тестӣ вобаста аст;

- холи гузариш - шумораи ҳадди ақалли холҳо аз хар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ба даст овардани онҳо зарур аст;

- ҳуҷраи инфиродӣ - бахш дар заминаи сомонаи расмии Марказ, ки ба ҳар довталаби бақайдгирифташуда, ҷудо карда шуда, дар он тамоми иттилооти барояш зарурӣ (аз маълумоти бақайдгирӣ то маълумот дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот) ҷой дода мешавад. Воридшавӣ ба ҳуҷраи инфиродӣ тавассути дохил кардани номи корбар ва рамз сурат мегирад.

3. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низоми ба таври мутамарказ баргузор намудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бар истифодаи шаклу усули муосири арзёбии дониши довталабон ва техникаю технологияҳои пешрафта, равандҳои стандартишудаи баргузории имтиҳонҳо, коркард, таҳлил ва пешниҳоди натиҷаҳо асос ёфтааст.

4. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бар асоси принсипҳои зерин ташкил ва баргузор мешаванд: воқеӣ (объективӣ) будан, шаффофият, мустақилияти равандҳои баргузории иктиҳонҳо ва таъмини дастёбии баробарҳуқуқ ба имтиҳонсупорӣ. Нақшаи тақвимии чорабиниҳо барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол аз тарафи Марказ тасдиқ карда мешавад.

5. Ихтисосҳои муттаҳидгардида аз рӯйи равияҳои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва талабот барои қабул (сатҳи азхудкунии барномаи таълимии фанни мушаххас) дар доираи панҷ гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) тақсим шудаанд:

1) табиӣ ва техникӣ;

2) иқтисод ва география;

3) филология, педагогика ва санъат;

4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;

5) тиб, биология ва варзиш.

Феҳристи ихтисооҳоро бо дарназардошти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва фанҳои имтиҳонии (субтестҳои) онҳо, шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) Б

(имтиҳони ихтисос) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Инчунин, шумораи имконпазири ҳадди аксари балро аз ҳар субтести қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

6. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ду қисм (компонент) иборат аст:

- қисми (компоненти) А - имтиҳони умумӣ, ки барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ буда, се субтестро аз рӯйи фанҳои таълимии зерин дар бар мегирад: забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ;

- қисми (компоненти) Б - имтиҳони ихтисос, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо се субтестро дар бар мегирад. Фанҳои имтиҳонии субтестҳои қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) аз рӯйи гурӯҳҳои ихтисосҳо чунин аст:

1) математика, физика ва химия;

2) математика, география ва забони хориҷӣ;

3) забон ва адабиёти тоҷик/рус/ӯзбек, таърих ва забони хориҷӣ;

4) таърих, ҳуҳуқи инсон ва забони хориҷӣ;

5) химия, биология ва физика.

7. Саволу масъалаҳои тестӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия карда мешавад. Довталаб дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст, ба истиснои субтест аз фанни забони тоҷикии қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) ва ҳолатҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Саволу масъалаҳои тестӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ӯзбек ва забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ) мувофиқан бо ҳамон забон таҳия карда мешавад (довталаб дар интихоби забони хориҷӣ озод аст).

Тартиби интихоби ихтисосҳо ва забони имтиҳонсупориро барои ихтисосҳои филологияи тоҷик, рус ва ӯзбек бо дарназардошти ҳолатҳое, ки равиши истисноиро талаб мекунанд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

8. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи талабот ва қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ё махсусро талаб мекунанд, бо дарназардошти супоридани имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ба роҳ монда мешавад.

9. Маҳдудияти интихоби ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунанд ва инчунин қисми (қисмҳои) (компоненти (компонентҳои)) имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки довталабони ихтисосҳои имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсусдоштаро интихобкарда аз рӯйи он (онҳо) бояд имтиҳон супоранд, дар тартиби аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда муқаррар карда мешавад.

10. Феҳристи ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунанд, бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва фанҳои имтиҳонии чунин ихтисосҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

11. Наомӯхтани ин ё он фан дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ довталабро аз супоридани субтести фанни дахлдор дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озод наменамояд.

12. Натиҷаҳои ниҳоии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои тақсими довталабон ва қабули онҳо ба ҳайати донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ҳисобида шуда, мавриди баҳс қарор дода намешаванд. Ин натиҷаҳо танҳо дар соли имтиҳонӣ эътибор дошта, солҳои баъд ба назар гирифта намешаванд.

13. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсони зерин иштирок карда метавонанд: шахсоне, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд; шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё ибтидоӣ ё миёнаи касбии кишварҳои хориҷӣ буда, ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот (аттестат ё диплом) доранд; шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо зиндагӣ дошта, хатмкунандагон ё хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё ибтидоӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ва ё муассисаҳои мазкурро дар дигар кишварҳо хатм кардаанд.

14. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, ки аз тарафи муассисаҳои таълимии хориҷӣ дода шудаанд, бояд тибқи тартиби муқарраргардида нострификатсия шуда бошанд.

15. Шахсоне, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷати дахлдор надоранд, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда наметавонанд.

16. Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо зиндагӣ мекунанд ва ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доранд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

17. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо зиндагӣ намекунанд, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

18. Шахсоне, ки курсҳои тайёрии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси талаботи умумӣ иштирок мекунанд.

19. Иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ихтиёрӣ буда, хизматрасонӣ ба довталабон пулакӣ мебошад, ки арзиши онро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то оғози давраи бақайдгирӣ Марказ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Гурӯҳи шахсонеро, ки аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ тамоман ё қисман озод карда мешаванд, ҳар соли имтиҳонӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Марказ муайян менамояд.

20. Қабул ва баргардонидани маблағи пардохтшуда барои хизматрасониҳо ба довталаб ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Дар сурати даст кашидани довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо ва барои бозпас гирифтани маблағи пардохтшуда аз мӯҳлати муқаррарнамудаи Марказ дер муроҷиат кардан ё бинобар вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо аз имтиҳон хориҷ шудан маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида намешавад.

2. ИДОРАИ РАВАНДИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

21. Идора ва масъулият барои корҳои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба зиммаи Марказ вогузор мегардад. Корҳои ташкил дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Тартиби мазкур, вазифаҳои оинномавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи методӣ амалӣ карда мешавад.

22. Корҳои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ Марказ ва шӯъбаҳои минтақавии он анҷом медиҳанд.

23. Марказ дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ кормандони муваққатиро барои мӯҳлатҳои муайян бо теъдоди зарурӣ ба кор ҷалб менамояд. Кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ дар асоси озмун баъд аз омӯзиш ва санҷиш интихоб карда мешаванд.

24. Фаъолияти кормандони муваққатие, ки Марказ ҷалб мекунад, мутобиқи Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқию маводи дастурию методии дахлдори Марказ ба роҳ монда мешавад. Марказ метавонад кормандони муваққатиеро, ки солҳои пешин дар раванди ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда, фаъолияти хуб доштанд, бе озмун ба кор ҷалб намояд.

25. Барои кормандони муваққатие, ки аз тарафи Марказ дар мувофиқа бо мақомоту муассисаҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вақти корӣ ва (ё) бо муваққатан озод кардан аз кори асоси дар давраи ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб карда мешаванд, кафолату ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои пешбиникунандаи меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат нигоҳ дошта мешавад.

26. Ба кормандони муваққатие, ки ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Марказ ҷалб мекунад, барои иҷрои корҳо музди меҳнат пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти онро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ муқаррар менамояд.

27. Дахолати мақомоту ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба фаъолияти Марказ дар раванди бақайдгирии довталабон, баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва унсурҳои технологии онҳо қатъиян манъ аст.

3. ТАШКИЛИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

28. Нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) ташкил карда мешаванд. Тартиби интихоби муассисаҳои таълимӣ барои ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳониро Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

29. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ ва дар ихтиёри Марказ қарор додани онҳоро дар давраи бақайдгирии довталабон ва баргузории имтиҳонҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Иттилоот дар бораи нуқтаҳои бақайдгирию макони ҷойгиршавии онҳо на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози давраи бақайдгирӣ ва иттилоот дар бораи марказҳои имтиҳонию макони ҷойгиршавии онҳоро на дертар аз 1 моҳ пеш аз имтиҳонҳо ҳар сол Марказ пешниҳод менамояд.

30. Роҳбарияти муассисаи таълимие, ки бино ё иморати он барои нуқтаи бақайдгирӣ ва (ё) маркази имтиҳонӣ интихоб ва тасдиқ мегардад, бино ва (ё) иморати интихобгардидаро ба таври ройгон тибқи санад дар мӯҳлатҳои мувофиқашуда дар ихтиёри Марказ гузошта, мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи Марказ тамоми шароити заруриро барои фаъолияти он таъмин мекунад.

31. Фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ мутобиқи муқаррароти дар Тартиб муайяншуда ва низомномаҳои дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад.

32. Барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ, саломатӣ ва риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ дар давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки хизматрасонии онҳо аз рӯйи ваколатҳои хизматиашон ройгон мебошад. Марказ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ қоидаҳо, реҷаи корӣ ва ӯҳдадориҳои кормандонеро, ки дар давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо ҷалб мешаванд, мувофиқа менамояд.

33. Бо мақсади таъмини бехатарию шаффофияти раванди имтиҳонҳою назорати он ва инчунин дар сурати рух додани ҳолатҳои вайронкунии тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо таъмини имконияти бо истифода аз сабтҳои видеой воқеъбинона баррасӣ кардани чунин ҳолатҳо ва қабули қарори дахлдор аз тарафи Марказ марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ ҷиҳозонида мешаванд. Ҷиҳозонидани марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба зиммаи муассисаҳои таълимии дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад.

34. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ташкилу омодагӣ ва бо мақсади таъмини шароити зарурӣ барои баргузор кардани бақайдгирӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ мусоидат менамоянд.

35. Бо мақсади таъмини фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ Марказ корҳои зеринро амалӣ менамояд:

- нуқтаҳои бақайдгириро бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида, дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ истгоҳҳои кориро бо теъдоди зарурӣ ташкил менамояд, онҳоро бо маводи иттилоотие, ки дар давраи бақайдгирӣ барои кормандони нуқтаи бақайдгирӣ ва довталабон зарур аст, таъмин мекунад;

- корҳои заруриро барои ташкилу баргузории озмун, интихоб ва омӯзиши роҳбарони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ, бақайдгирандагон, маъмурони имтиҳон ва шахсони дигар анҷом дода, бо номзадҳои интихобгардида шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;

- фаъолияти кормандони мақомоти ваколатдори давлатиро, ки барои таъмири ҳифзи тартиботи ҷамъиятию саломатӣ, бехатарӣ, риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ ва омодасозии синфхонаҳо ҷалб карда мешаванд, ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;

- реҷаи воридшавӣ, тартиби бақайдгирию ҷобаҷошинонии довталабонро муайян карда, ҷадвали баргузории имтиҳонҳо ва дигар равандҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои методӣ таҳия менамояд;

- кормандон ва намояндагони ваколатдори Марказро (дар сурати зарурат ё тибқи тартиби муқарраргардида) бо мақсади назорату мушоҳида, ҳалли мушкилоти бамиёномада, мусоидат кардан ва ёрии амалӣ расонидан дар корҳои омодагию ташкил ва баргузории бақайдгирию имтиҳонҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ равон месозад.

4. ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

36. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Марказ:

- бо мақсади таъмини шаффофият ва дастрасӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ байни шахсони алоқаманд (довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар аъзои ҷомеа) корҳои иттилоърасонию таблиғотиро дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом медиҳад;

- курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро дар асоси маводи иттилоотию методии таҳиякардаи Марказ дар се сатҳ - ҷумҳурӣ, шаҳрҳо/ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор ба роҳ мемонад;

- барои ташкил намудани семинарҳои доимоамалкунанда дар бораи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар назди раёсату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти ҳар як марҳала ва раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тадбирҳо меандешад.

37. Марказ бо мақсади ба ҷомеа дастрас намудани иттилоот дар бораи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо дарназардошти ҳар як марҳала ва раванди онҳо аз тамоми воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, телефонҳои хатти мустақим ва интернет) истифода менамояд, фаъолияти доимии сомонаи расмии худро ба роҳ монда, нашри дастури иттилоотиву методии "Роҳнамои довталаб" ва маҷаллаи иттилоотиву методӣ ва илмии "Довталаб"-ро таъмин мекунад.

38. Марказ ҳар сол на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози давраи бақайдгирӣ дар бораи маконҳои ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ, мӯҳлати бақайдгирӣ ва на дертар аз 1 моҳ пеш аз имтиҳонҳо дар бораи маконҳои ҷойгиршавии марказҳои имтиҳонӣ ва ҷадвали баргузории имтиҳонҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ба ҷомеа иттилоъ медиҳад.

5. ТАҲИЯ ВА ТАШХИСУ ТАҚРИЗИ МАВОДИ ИМТИҲОНӢ

39. Маводи имтиҳонӣ маҷмӯи саволу масъалаҳои тестии стандартишуда аст, ки тавассути он сатҳи азхудкунии довталабон барномаҳои таълимии фанҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи умумиро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ санҷида мешавад.

40. Маводи имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи Барномаи имтиҳон ва мувофиқи талаботи Тартиби мазкур аз фанҳои таълимии зерин таҳия карда мешавад: забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забони русӣ, адабиёти рус, забони ӯзбекӣ, адабиёти ӯзбек, математика, таърих (таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ), ҳуқуқ (асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон); физика, химия, биология, география ва забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ).

41. Барномаи имтиҳони ҳар фанни таълимиро мувофиқи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаи таълимии дахлдор Марказ таҳия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

42. Барои таҳияи саволу масъалаҳои тестӣ Марказ мутахассисони фанниро ҷалб ва барои ҳар фанни таълимӣ гурӯҳҳои кориро ташкил менамояд. Гурӯҳҳои корӣ мутобиқи талаботи Барномаи имтиҳони ҳар фанни таълимӣ саволу масъалаҳои тестиро таҳия менамоянд.

43. Саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳар фанни таълимӣ ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, баъдан ба забони русӣ тарҷума мешаванд (ба ғайр аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ).

44. Таҳия, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмини махфият ва бехатарии маводи имтиҳонӣ бевосита ба зиммаи Марказ гузошта мешавад, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамуда ва талаботи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии он амалӣ мешавад.

45. Мувофиқи Барномаи имтиҳони ҳар фанни таълимии таҳия ва тасдиқгардида ҷиҳати тартиб додани вариантҳои субтестҳои фанни таълимии дахлдор барои ҳар яке аз қисмҳои (компонентҳои) А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) миқдори лозими саволу масъалаҳои тестӣ интихоб мешавад.

46. Миқдори саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳар фанни имтиҳонӣ дар доираи субтест бо дарназардошти мувофиқати аҳамияти санҷидашудаи мавзӯъҳо бо барномаи таълимӣ ва таносуби дурусти мавзӯъҳо ва қобилиятҳои мавриди тест қарор мегирифта аз рӯйи Барномаи имтиҳон муайян карда мешавад. Вақти иҷрои саволу масъалаҳои тестии ҳар фанни таълимӣ бо дарназардошти миқдори саволу масъалаҳои тестӣ ва дараҷаи душвории ҳар яки онҳо муайян карда мешавад.

47. Саволу масъалаҳои тестӣ аз навъҳои зерин иборат аст: саволу масъалаҳои навъи пӯшида бо интихоби як ҷавоби дуруст, муайян кардани мувофиқат ва саволу масъалаҳои навъи кушода.

48. Бо мақсади санҷидан ва қобили қабул донистани саволу масъалаҳои тестӣ ташхисгарон-муқарризони мустақили берунӣ, ки Марказ онҳоро ба кор ҷалб менамояд, тамоми вариантҳои саволу масъалаҳои тестии ҳар фанни таълимиро мавриди ташхису тақризи махфӣ қарор медиҳанд.

49. Саволу масъалаҳои тестӣ барои ташхису тақриз бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешавад.

50. Барои ташхису тақризи саволу масъалаҳои тестии ҳар фанни имтиҳонӣ аз миёни мутахассисони дахлдор гурӯҳи ташхисгаронмуқарризони мустақил таъсис дода мешавад. Ташхисгарон муқарризони мустақил саволу масъалаҳои тестиро дар асоси талабот, меъёр ва муқаррароти методии тасдиқгардида ташхис менамоянд. Ташхису тақризи саволу масъалаҳои тестӣ дар ҳолати пӯшида бо риояи талабот ва қоидаҳои махфият дар Марказ мувофиқи тартиби тасдиқнамуда сурат мегирад.

51. Саволу масъалаҳои тестӣ бо дарназардошти қайду пешниҳодҳои ташхисгарон-муқаризони мустақил аз ҷониби мутахассисони фаннии Марказ такмил дода шуда, баъд аз он вариантҳои ниҳоии субтестҳои ҳар фанни имтиҳонӣ омода мешавад. Вариантҳои ниҳоии субтестҳои ҳар фанни имтиҳонӣ дар шакли электронӣ ва чопӣ мувофиқи санади қабул ва супоридан барои интихоб ва истифода дар имтиҳонҳо ба директори Марказ супорида мешавад.

52. Вариантҳои ниҳоии субтестҳои ҳар фанни имтиҳониро бо дарназардошти гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) ва қисмҳои (компонентҳои) имтиҳонҳо директори Марказ мувофиқи тартиби тасдиқгардида интихоб менамояд.

53. Барои нигоҳдории саволу масъалаҳои тестии ташхису тақризшуда дар Марказ пойгоҳи ягонаи маводи имтиҳонӣ сохта мешавад, Идора намудани пойгоҳро Марказ мувофиқи қоидаҳои тасдиқгардида ба танзим медарорад.

54. Вариантҳои ниҳоии маводҳои имтиҳониро (китобчаҳои тестӣ, варақаҳои ҷавобҳо) барои нашр директори Марказ тасдиқ мекунад.

55. Нашри вариантҳои ниҳоии маводҳои имтиҳонӣ бо дарназардошти шумораи довталабони бақайдгирифташуда, гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) ва забони имтиҳонсупорӣ дар реҷаи махфият бо таъмини бехатарии иттилоот мувофиқи тартиби дохилии Марказ амалӣ мешавад. Барои ҳолатҳои фавқулода Марказ вариантҳои эҳтиётии маводҳои имтиҳониро бо теъдоди зарурӣ пешакӣ нашр менамояд.

56. Иттилооте, ки маводи имтиҳонии барои истифода дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешбинишуда дар бар мегирад, махфӣ буда, дастрасияш маҳдуд мансуб мебошад. Тартиби таҳия, истифода ва нигоҳдории маводи имтиҳониро (аз ҷумла, мӯҳлати махфияту маҳдудияти дастрасӣ ба онҳо, талаботи реҷаи ҳифзи онҳо, тартиб ва шартҳои дастраси истифодабарандагон гардонидани иттилооти маводи имтиҳонӣ) Марказ муқаррар менамояд. Барои пешгирӣ кардан аз интишори иттилооти махфии дастрасияш маҳдуд Марказ ҳангоми таҳия, ташхису тақриз, нашр, бастабандӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи онҳо чораҳои заруриро меандешад.

57. Шахсоне, ки барои таҳия ва ташхису тақризи маводи имтиҳонӣ ҷалб мешаванд ва шахсоне, ки корҳои омодасозӣ барои нашр, нашру бастабандии маводи имтиҳониро анҷом медиҳанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифшо кардани иттилооте, ки маводи имтиҳонӣ дар бар мегирад, масъул мебошанд.

6. БАҚАЙДГИРӢ ВА ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ ВА ФИРИСТОДАНИ ДАЪВАТНОМАҲО

58. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ мувофиқи талаботи Тартиби мазкур, тартибу реҷае, ки Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронида мешавад. Бақайдгирӣ раванди технологӣ буда, тавассути воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, барномаи махсуси компютерӣ ва шакли тасдиқгардида амалӣ мегардад.

59. Идора ва назорати фаъолияти нуқтаи бақайдгирӣ аз ҷониби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ амалӣ мешавад, ки барои ташкили фаъолияти самараноки он шахсан масъул аст.

60. Дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ гурӯҳи бақайдгирандагон фаъолият менамояд, ки идораи истгоҳҳои кориро тавассути барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" таъмин менамояд. Бақайдгиранда барои дуруст ворид намудани маълумоти шахсии довталаб дар "Варақаи бақайдгирӣ" масъул аст.

61. Роҳбарони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва бақайдгирандагон тибқи озмун аз тарафи Марказ интихоб ва дар давраи бақайдгирӣ ба сифати кормандони муваққатӣ киро карда мешаванд.

62. Бақайдгирии довталабон новобаста аз шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ва пулакӣ) тибқи ҷадвали барои ҳар соли имтиҳонӣ тасдиқнамудаи Марказ гузаронида мешавад. Баъд аз сипарӣ шудани мӯҳлати бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳо барои сабти ном қабул карда намешавад. Дар сурати зарурат Марказ метавонад мӯҳлати бақайдгириро тамдид намояд.

63. Бақайдгирии довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки мехоҳад, бо ҳузури шахсии ӯ сурат мегирад. Барои бақайдгирӣ довталаб бояд маблағи муқарраршударо пардохт карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии довталабон заруриро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 2 моҳ пеш аз оғози давраи бақайдгирӣ тасдиқ мекунад ва Марказ интишор менамояд.

64. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) шумораи муайяни ихтисосҳоро бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ) ва намуди таълим (ройгон ва пулакӣ) мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён 6а муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намояд. Шумораи ихтисосҳо, ки довталаб метавонад интихоб намояд ва инчунин тартиби ба довталаб додани ҳуқуқи дар доираи якчанд гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) интихоб намудани ихтисосҳоро Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

65. Ҳангоми бақайдгири довталаб бояд афзалиятҳои (тартиби) ихтисосҳои интихобкардаашро дар "Варақаи бақайдгирӣ" нишон диҳад. Баъд аз бақайдгирӣ ба довталаб "Варақаи бақайдгирӣ" дода мешавад, ки дар он маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва ихтисосҳои интихобкардаи ӯ бо дарназардошти афзалияти ҳар яки онҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ) ва намуди таълим (ройгон ва пулакӣ), инчунин макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ ва ғайра дарҷ гардидаанд. "Варақаи бақайдгирӣ"-ро довталаб ва бақайдгиранда имзо мекунанд.

66. Тамоми иттилооти марбут ба бақайдгирӣ комилан махфӣ мебошад. Таъмини бехатарию махфияти иттилоот дар раванди бақайдгирӣ ва маълумоти шахсии довталабон пас аз давраи бақайдгирӣ тибқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ба роҳ монда мешавад.

67. Ба ҳар довталаби бақайдгирифташуда дар заминаи сомонаи расмии Марказ "Ҳуҷраи инфиродӣ" сохта мешавад ва дар он тамоми иттилооти барояш зарурӣ (аз маълумоти бақайдгирӣ то иттилоот дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот) марҳала ба марҳала ҷой дода мешавад. Низомнома дар бораи тартиби сохтан ва истифодаи ҳуҷраҳои инфиродиро Марказ тасдиқ намуда, таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти онҳоро тибқи низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

68. Довталаби бақайдгирифташуда ҳуқуқ дорад, ки интихоби аввалияи худ (гурӯҳи ихтисосҳо (кластер), ихтисосҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, афзалиятҳо, шакл ва намуди таълим) ва (ё) маълумоти шахсияшро баъд аз бақайдгирӣ дар мӯҳлати муқарраргардидаи азнавбақайдгирӣ бо пардохти маблағи иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ иваз намояд.

69. Тартиб ва мӯҳлати азнавбақайдгирии довталабонро Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

70. Довталабе, ки хоҳиши азнавбақайдгирӣ дорад, бояд барои тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худ ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он аз қайд гузаштааст, шахсан муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат "Варақаи бақайдгирӣ"-и қаблӣ бозпас гирифта шуда, ба довталаб "Варақаи бақайдгирӣ"-и нав дода мешавад. Баъд аз сипарӣ шудани мӯҳлати муқарраргардидаи азнавбақайдгирӣ ба довталаб дигар ҳуқуқи тағйир додани интихобҳояш дода намешавад.

71. Барои шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ бо сабаби узрнок (ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шудааст) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузашта натавонистанд, аз ҷумла барои шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё табобат берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва ғайра бақайдгирии иловагӣ гузаронида мешавад.

72. Тартиб ва мӯҳлати бақайдгирии иловагии довталабон ва руйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии иловагӣ пешниҳодшавандаро Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

73. Довталабоне, ки дар давраи бақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд ва шахсоне, ки бе сабаби узрнок дар давраи бақайдгирӣ аз қайд нагузаштаанд, ҳуқуқи дар бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштанро надоранд. Баъд аз анҷоми давраи бақайдгирии иловагӣ ҳуҷҷат қабул карда намешавад.

74. Махзани маълумоти довталабон мувофиқи тартиби муқаррарнамуда дар қолаби муайяннамудаи Марказ нигоҳдорӣ мешавад.

75. Тартиби ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани маълумоти оморӣ дар бораи бақайдгирии довталабон ва шаклҳои онро Марказ муқаррар менамояд.

76. Баъд аз анҷом додани ҷамъбасти маълумоти бақайдгирӣ тавассути барномаи компютерӣ тақсими довталабон ба марказҳои имтиҳонӣ ва синфхонаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ гузаронида мешавад.

77. Ба ҳар довталаб "Даъватнома" дастрас карда мешавад, ки ҳуқуқи ӯро барои иштирок дар имтиҳонҳо тасдиқ менамояд ва барои даромадани ӯ ба маркази имтиҳон ҳамчун иҷозатнома хизмат мекунад. Мӯҳлати фиристодани даъватномаҳо ба довталабонро Марказ муқаррар менамояд. Даъватномаҳо тавассути шӯъбаҳои минтақавии Марказ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ тибқи тартиби дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи Марказ дастрас карда мешаванд. Нусхаи даъватнома дар ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталаб низ ҷой дода мешавад.

7. НАШР ВА ИНТИҚОЛИ МАВОДҲОИ ИМТИҲОНӢ

78. Нашри маводҳои имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо фармоиши директори Марказ мутобиқи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бинои Марказ ба роҳ монда мешавад.

79. Ба маводҳои имтиҳонӣ саволномаҳои тестӣ (маҷмӯи саволу масъалаҳои тестӣ ва дастури иҷрои тест), варақаҳои ҷавобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ дохил мешавад.

80. Нашр, бастабандӣ ва нигоҳдории маводҳои имтиҳонӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилӣ дар бинои Марказ амалӣ мегардад. Нашру бастабандии маводҳои имтиҳонӣ аз тарафи гурӯҳи кории техникӣ таҳти назорати ҷиддии комиссияи махсус, ки бо фармоиши директори Марказ таъсис мегарданд, анҷом дода мешавад.

81. Интиқоли маводҳои имтиҳонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба марказҳои имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ дар реҷаи махфӣ тавассути муассисаи интиқолдиҳанда вобаста аз ҳар даври қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) ва қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) дар як вақт (рӯз) анҷом дода мешавад.

82. Интиқоли маводҳои имтиҳонӣ, қабулу супоридан ва нигоҳдории онҳо дар марказҳои имтиҳонӣ ва Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мегардад.

83. Муассисаи интиқолдиҳанда ва инчунин кормандони он, ки барои интиқоли маводҳои имтиҳонӣ ҷалб мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маводҳои имтиҳонӣ ҳангоми интиқол масъул буда, таъмини бехатарӣ ва махфияти маводҳои имтиҳонӣ ҳангоми интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ва муассисаи интиқолдиҳанда ба роҳ монда мешавад.

84. Барои интиқоли маводҳои имтиҳонӣ лифофаю.куттиҳои эмини махсус ва тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда истифода мешаванд. Маводҳои имтиҳонӣ дар лифофаю қуттиҳои эмин тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ бастабандӣ ва ба расмият дароварда шуда, ба кормандони ваколатдори муассисаи интиқолдиҳанда супорида мешавад.

85. Қуттӣ ва бастаҳоеро, ки ҳангоми дар Марказ ё маркази имтиҳонӣ аз кормандони ваколатдори муассисаи интиқолдиҳанда қабул кардан дар онҳо нишонаҳои кушода шудан ё ҳар осеби дигар дида мешавад ё мансубияташон муқаррар карда намешавад, мувофиқан роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ ё хадамоти бехатарии Марказ барои анҷом додани тафтиши хизматӣ бозпас мегиранд. Тафтиши хизматии чунин ҳолатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ анҷом дода шуда, дар ин бора қарори дахлдор қабул карда мешавад. Дар сурати зарурат барои андешидани чораҳои минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ маводи зарурӣ пешниҳод карда мешавад.

86. Баъд аз анҷоми ҳар як марҳалаи интиқол, қабулу супоридани маводҳои имтиҳонӣ дар Марказ ва марказҳои имтиҳонӣ санади мувофиқ тартиб дода шуда, бо имзои шахсони масъул тасдиқ мегардад.

8. ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО

87. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро мувофиқи Тартиби мазкур Марказ дар шакли тестгузаронии мутамарказ дар марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар намуди имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар худи ин муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд.

88. Бо мақсади танзими кори кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатие, ки дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб карда мешаванд, Марказ реҷаи кориро таҳия ва бо онҳо мувофиқа мекунад;

89. Бо мақсади таъмини махфият ва бехатарии маводҳои имтиҳонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ Марказ аз системаи рамзгузории штрихкодҳо истифода менамояд. Штрих-кодҳо дар варақаҳои ҷавобҳо, протоколҳои рафти имтиҳонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафн Марказ назорат мешаванд, истифода мегарданд.

90. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол мувофиқи тартиб ва ҷадвали дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқнамудаи Марказ баргузор мегардад.

91. Дар сурати рух додани ҳолати фавқулодда ё таҳдиди рух додани он Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба дигар вақт ё дар дигар маркази имтиҳонӣ гузаронидани имтиҳонҳо қарор қабул мекунад.

92. Имтиҳонҳо мувофиқи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) ва қисмҳо (компонентҳо) дар ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дар як рӯз ва дар як соат оғоз мегарданд. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ дар панҷ рӯзи аввал имтиҳонҳо аз қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар панҷ рӯзи дигар гузаронида мешавад. Дар ҳолати зарурат барои гурӯҳҳои ихтисосҳое (кластерҳое), ки шумораи довталабони онҳо аз ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд буда, дар як рӯз барои онҳо гузаронидани имтиҳонҳо имкон надорад, имтиҳонҳо метавонад дар ду рӯз гузаронида шавад.

93. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус тибқи ҷадвали барои соли имтиҳонӣ дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқнамудаи Марказ гузаронида мешаванд.

94. Ташкил ва баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ба зиммаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар онҳо аз рӯйи ихтисосҳои дахлдор таълим медиҳанд, гузошта мешавад. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор тибқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор мешаванд.

95. Барои довталабони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ дар марказҳои имтиҳонӣ бо дарназардошти талаботи муқарраргардида ва хусусиятҳои инфиродии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Имтиҳонҳо барои чунин довталабон мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Марказ доир мегардад.

96. Таъмини бехатарӣ ҳангоми имтиҳонҳо тибқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ба роҳ монда мешавад. Барои кормандоне, ки ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мешаванд, тибқи дастурамалҳо, нишондодҳо ва этикаи касбии тасдиқнамудаи Марказ амал кардан ва риояи талаботи бехатарию махфият ҳатмӣ мебошад.

97. Барои таъмини бехатарӣ ва назорати воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ муассисаи муҳофизатӣ ҷалб карда мешавад, ки кори кормандони он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Муассисаи муҳофизатӣ ва кормандони ҷалбшудаи он барои риояи талаботи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ва таъмини бехатарию назорати воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мебошанд.

98. Барои ташкили корҳо ва таъмини назорату риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ва мониторинги онҳо дар марказҳои имтиҳонӣ Марказ намояндагони ваколатдорро таъйин менамояд, ки тибқи дастурамали вазифавии тасдиқнамудаи Марказ фаъолият менамоянд.

99. Барои таъмини шаффофияти раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи ҷамъиятиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр/ноҳия, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ менамояд. Комиссияи ҷамъиятӣ дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Марказ фаъолият менамояд, ки дар он тартиби таъсис, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои комиссияи ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.

100. Тақсими довталабон ба марказҳо ва синфхонаҳои имтиҳонӣ бо истифода аз системаи иттилоотии "Довталаб" гузаронида мешавад. Шумораи шартии довталабон дар синфхонаҳои имтиҳонии шартӣ то 15 нафарро ташкил медиҳад.

101. Шахсони зерин ҳуқуқи воридшавӣ ба маркази имтиҳониро доранд: роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбар, маъмурони имтиҳон, бақайдгирандаҳо, довталабон, корманд ва намояндаи ваколатдори Марказ, кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ, аъзои комиссияи ҷамъиятӣ. Дар вақти имтиҳон ба шахсоне, ки ҳуқуқи ба маркази имтиҳонӣ воридшавиро доранд, мусоидат кардан ба довталабон, аз ҷумла, бо худ доштан, истифода кардан ва (ё) ба довталабон додани воситаҳои алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет), дастгоҳҳои акс, садо ва наворбардорӣ, маводи иттилоотиву ёрирасон, қайдҳои хаттӣ ва дигар воситаҳои нигоҳдорию интиқоли иттилоот ва инчунин анҷом додани амалҳое, ки хилофи талаботи тартиби баргузории имтиҳонҳо мебошанд, манъ аст.

102. Кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатй мавҷуд набудани техника, мавод ва ашёеро, ки тибқи ин Тартиб овардан ва истифодаашон дар имтиҳон манъ карда шудааст, дар маркази имтиҳонй бояд таъмин намоянд.

103. Ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаро дар имтиҳон тибқи тартиби муқарраргардида Марказ иҷозат медиҳад. Дар сурати зарурат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба шахсони дигари дахлдор низ ҳуқуқи воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ дода мешавад. Воридшавӣ ба маркази имтиҳониро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ ба роҳ мемонанд.

104. Шахсони зикргардида ба маркази имтиҳони тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ танҳо дар сурати доштани шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои онҳо роҳ дода мешаванд.

105. Воридшавӣ ва ҳузури шахсони бегона дар маркази имтиҳонӣ манъ аст.

106. Воридшавӣ, бақайдгирӣ ва ҷобаҷокунии довталабон дар синфхонаҳо яку ним-ду соат пеш аз саршавии имтиҳон оғоз гардида, мутобиқи қоидаҳои аз тарафи Марказ муайяншуда ба роҳ монда мешавад. Барои воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ довталаб бояд бо худ даъватнома ва шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, дошта бошад. Барои довталаб овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар намуди навиштаҳо, маводи иттилоотиву ёрирасон, телефони мобилӣ ё дигар воситаҳои алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет) ва дигар ашёе, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ иҷозат дода нашуда бошад.

107. Қабулу кушодани қуттиҳои махсуси дорои маводҳои имтиҳонӣ ва тақсими лифофаҳои эмини дорои маводҳои имтиҳонӣ ба маъмурони имтиҳон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ аз тарафи роҳбари маркази имтиҳонӣ дар ҳузури намояндаи ваколатдори Марказ ва аъзои комиссияи ҷамъиятӣ сурат мегирад. Дар ҳолати зарурат вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳониро ёвари ӯ иҷро менамояд.

108. Раванди имтиҳонро дар ҳамаи синфхонаҳои маркази имтиҳонӣ шахсони масъул тавассути воситаҳои назорати видеоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ сабт ва мушоҳида менамоянд. Дар тартиби мазкур инчунин масъалаҳои марбут ба истифодаи сабти видеоӣ ва мӯҳлати нигоҳдории сабти видеоии имтиҳон, ки бар асоси он дар бораи манъ кардани имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ ё синфхонаҳои алоҳидаи он, хориҷ кардани довталаб аз имтиҳон, аз эътибор соқит кардани натиҷаҳои имтиҳон ва ғайра Марказ қарор қабул кардааст, ба танзим дароварда мешаванд.

109. Барои таъмини шаффофияти раванди имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ тартиби намоиши раванди мазкурро дар мониторҳои дар ҳуҷра ё толорҳои дахлдор насбгардида бо реҷаи пахши мустақим барои шахсони хоҳишманд Марказ муқаррар менамояд.

110. Масъулият барои назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои вобасташуда ба зиммаи маъмури калон ва масъулият барои тартибу интизом дар дохили синфхона ба зиммаи маъмури имтиҳон гузошта мешавад, ки тибқи тартиб ва маводи дастурии тасдиқнамудаи Марказ амал менамоянд. Маъмури имтиҳон инчунин барои иҷрои талаботи тартиби муқарраргардида дар рафти имтиҳонҳо ва таъмини махфияти маводҳои имтиҳонӣ масъул аст.

111. Маъмури имтиҳон ӯҳдадор аст, ки дуруст ҷобаҷошинонии довталабон дар синфхона, часпонидани штрих-коди дорои рақами мувофиқ дар ҳар як варақаи ҷавобҳо ва ба ҳар як довталаб дуруст тақсим кардани маводи имтиҳониро тибқи тартиби дар протоколи рафти имтиҳон нишондодашуда таъмин намояд. Маъмури имтиҳон ӯҳдадор аст, ки дар сурати вайрон шудани ин ё он қоидаю талаботи муқарраргардидаи тартиби баргузории имтиҳонҳо дар протоколи рафти имтиҳон қайдҳои дахлдорро дарҷ намояд.

112. Маъмури имтиҳон то оғози имтиҳон ба довталабон дар бораи тартиби баргузории имтиҳонҳо, қоидаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳо, вақти ҷудошуда барои имтиҳон, тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ, ҳолатҳое, ки довталаб аз имтиҳон хориҷ карда мешавад ва дарёфт кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо дастур медаҳад. Дастури мазкурро Марказ тасдиқ мекунад.

113. Кушодани довталаби интихобшуда лифофаи эмини дорои маводҳои имтиҳониро ва пас аз кушодани лифофа барасмиятдарории бахши дахлдори протоколи рафти имтиҳон ва ба довталабон тақсим кардани маводи имтиҳонӣ аз тарафи маъмури имтиҳон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ сурат мегирад.

114. Вақти оғоз ва анҷоми имтиҳонро маъмури имтиҳон эълон карда, дар тахтаи синфхона менависад.

115. Дар вақти имтиҳон барои довталабон манъ аст:

- гуфтугӯ бо якдигар ва (ё) кӯмак ба якдигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;

- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳо бо якдигар;

- рафтуомад дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;

- истифода аз маводи иттилоотиву ёрирасон;

- бо худ доштан ва истифода намудан аз воситаҳои алоқа (телефони мобилӣ) ва дигар техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет), моеи ислоҳкунӣ ва ғайра;

- анҷом додани ҳар амале, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо аст.

116. Довталабон ӯҳдадоранд, ки дар вақти имтиҳон қоидаҳои муқарраргардидаро риоя намуда, дастурҳои маъмури имтиҳонро иҷро кунанд. Тестро мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Марказ, ки ҳамчунин ҳангоми коркарди корҳои имтиҳонии довталабон низ қатъиян бояд риоя карда шавад, иҷро намоянд.

117. Масъулият барои дуруст пур кардани варақаи ҷавобҳо шахсан ба зиммаи довталаб гузошта мешавад. Даъвои довталабоне, ки майдонҳои дахлдори варақаи ҷавобҳоро пур накардаанд, нодуруст пур кардаанд ва (ё) дар онҳо ҷавобҳоро нодуруст навиштаанд, баррасӣ карда намешавад.

118. Агар довталаби дар имтиҳон иштироккунанда бо сабаби воқеӣ (объективӣ) иҷрои тестро ба охир расонида натавонад, ҳуқуқ дорад, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ синфхонаро тарк намояд. Ба довталаби мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки аз тарафи роҳбари

маркази имтиҳонӣ, намояндаи ваколатдори Марказ, маъмури имтиҳон ва дигар шахсони дахлдор таҳия ва имзо карда мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ дода мешавад ва дар ин сурат кори имтиҳонии қаблии довталаби мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад.

119. Дар ҳолати дар вақти имтиҳон ошкор шудани истифодаи ашё ва маводи манъкардашуда, воситаҳои алоқа ва (ё) дигар техникаи электронии ҳисоббарор аз тарафи довталаб ва (ё) иҷрои амали дигаре, ки тартиби баргузории имтиҳонҳоро вайрон менамояд, маъмури имтиҳон дар ин хусус дар бораи хориҷкунии довталаб аз имтиҳон санад тартиб дода, ба имзо мерасонад ва довталаби мазкурро аз синфхона берун менамояд. Кори имтиҳонии ин довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.

120. Дар сурати муқаррар шудани ҳолатҳои тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳоро вайрон кардани довталабон ё дигар шахсоне, ки дар банди 101-и ин Тартиб номбар шудаанд, комиссияи апеллятсионии Марказ бар асоси протокол ва хулосаю маводи пешниҳодкардаи комиссияи кории апеллятсионии дахлдор ва сабти видеоӣ дар бораи аз эътибор соқит кардани натиҷаҳои имтиҳони тамоми довталабони маркази имтиҳонӣ ё синфхонаҳои алоҳида ё довталаби (довталабони) алоҳидаи он қарор қабул менамояд.

121. Баъд аз анҷоми вақти ҷудошуда барои имтиҳон маъмури имтиҳон маводҳои имтиҳониро аз довталабон ҷамъ карда мегирад. Маъмури имтиҳон дар ҳузури на кам аз 3 (се) довталаб протоколи рафти имтиҳонро пур менамояд ва маъмури имтиҳону 3 (се) довталаби ҳузурдошта онро имзо менамоянд. Маъмури имтиҳон маводҳои имтиҳонии ҷамъкардаро дохили лифофаи эмин гузошта, онро маҳкам менамояд ва ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Лифофаҳои эмини басташуда, ки маводҳои имтиҳонии довталабон ва протоколи рафти имтиҳон дохили онҳо гузошта шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ дар ҳузури намояндаи ваколатдори Марказ аз тарафи роҳбари маркази имтиҳонӣ қабул ва дохили қуттиҳое гузошта мешаванд, ки бо тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда баста мешаванд. Қуттиҳои мазкур мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ тавассути муассисаи интиқолдиҳанда ба Марказ оварда мешаванд.

122. Барои довталабоне, ки бо сабаби узрнок (беморӣ ё ҳолатҳои ғайричашмдошти дигаре, ки бояд бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ гардида бошад) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанд ва довталабоне, ки дар давраи бақайдгирии иловагӣ ба қайд гирифта шудаанд, тибқи тартиб ва ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ имтиҳонҳои иловагӣ ташкил карда мешавад. Макони баргузории имтиҳонҳои иловагиро бо дарназардошти теъдоди довталабони дахлдор Марказ муайян менамояд.

123. Баъд аз имтиҳонҳо бо дарназардошти ҳар як қисми (компоненти) имтиҳону гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ҷавобҳои дурусти (калидҳои) саволу масъалаҳои тестии истифодашуда дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда мешаванд.

9. КОРКАРДИ МАВОД ВА КОРҲОИ ИМТИҲОНӢ, САНҶИШ ВА БАҲОГУЗОРӢ

124. Лифофаҳои эмини дорои маводҳои имтиҳониро шахсони ваколатдори Марказ мутобиқи санадҳои танзимкунандаи дохилии он қабул менамоянд.

125. Раванди коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣварақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон ва протоколҳои рафти имтиҳонҳо бо дарназардошти риояи талаботи бехатарӣ ва махфият бо тартиби тасдиқнамудаи Марказ ба танзим дароварда мешавад.

126. Коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ аз инҳо иборат аст:

- эътиборсанҷии (валидатсияи) протоколҳои рафти имтиҳонҳо ва варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон;

- сканеркунии варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон;

- шинохти барномавии иттилоотӣ дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷкардаи довталабон;

- бозбинии (верификатсияи) иттилооти шинохташуда бо иттилооти аслии дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷкардаи довталабон;

- бойгонисозии иттилооти шинохташудае, ки довталабон дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷ кардаанд.

127. Корҳои имтиҳонии довталабоне, ки дар ҳолатҳои тибқи ин Тартиб пешбинишуда аз имтиҳон хориҷ карда шудаанд ё бо сабаби воқеӣ (объективӣ) иҷрои тестро ба охир расонида натавонистаанд ва бинобар ин корҳояшон аз эътибор соқит карда шудааст, мавриди коркарду санҷиш қарор дода намешаванд.

128. Қайду навиштаҳо дар сиёҳнавис ва китобчаҳои тест ба назар гирифта намешаванд ва мувофиқан бояд коркарду санҷиш нашаванд.

129. Амалиёти эътиборсанҷӣ (валидатсия), сканеркунӣ, шинохти барномавии корҳои имтиҳонии сканершудаи довталабон, бозбинӣ (верификатсия), брйгонисозӣ, санҷидан ва баҳогузории корҳои имтиҳонии довталабон дар бинои Марказ дар ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳазгардидаи дастрасияш маҳдуд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ анҷом дода мешавад.

130. Дар ҷойи эътиборсанҷӣ "Мизи махсуси ҳалли мушкилоти ғайричапшдошт" гузошта мешавад. Мизи махсус дар қисмати кории эътиборсанҷон бо мақсади муайян кардани мувофиқат миёни корҳои имтиҳони довталабон ва протоколҳои рафти имтиҳонҳо ҷой дода мешавад. Ҳалли мушкилоти ғайричашмдошт аз тарафи комиссияи махсус тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мешавад.

131. Мувофиқи маълумоти дар натиҷаи коркарди корҳои имтиҳонӣ - варақаҳои ҷавобҳои довталабон бадастомада ва меъёрҳои баҳогузории саволу масъалаҳои тестӣ бо истифода аз алгоритм ва барномаи компютерии дахлдор шумораи холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб аз ҳар субтести алоҳида ҳисоб карда мешавад.

132. Миқёсгузории (шкалабандии) холҳои бадастовардаи довталабон барои ба балҳо гардонидани онҳо пас аз коркарди ниҳоии корҳои имтиҳонӣ - варақаҳои ҷавобҳо гузаронида мешавад.

133. Натиҷаҳои имтиҳонҳои тестӣ тавассути низоми балҳо арзёбӣ мешавад. Барои ҳамаи субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо 200 ва барои ҳамаи субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми Б (компоненти) (имтиҳони ихтисос) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо 300 аст. Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо барои субтестҳои қисмҳои (компонентҳои) А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) 500 мебошад.

134. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтестҳои қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) ва субтестҳои қисми (компоненти) Б-ро (имтиҳони ихтисос) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо барои ҳар як субтести қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) вобаста аз фанни имтиҳонии асосии ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар карда мешавад.

135. Вобаста аз имтиёзу коэффитсиентҳои муқарраргардида (агар довталаб ба чунин имтиёз ҳуқуқ дошта бошад) шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо метавонад зиёд шавад.

136. Тартиби баҳогузорӣ ва миқёсгузории (шкалабандии) натиҷаҳои дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бадастовардаи довталабонро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

137. Корҳои имтиҳонии довталабон, протоколҳои рафти имтиҳонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки коркард шудаанд, бо дарназардошти риояи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бойгонии Марказ то мӯҳлати муқаррарнамудаи Марказ нигоҳ дошта шуда, баъд аз сипарӣ гардидани мӯҳлат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ нобуд карда мешаванд.

138. Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот довталаб бояд аз ҳамаи субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) ва қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро, ки бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро тасдиқ мекунанд, соҳиб шавад. Холи гузаришро барои ҳар субтести фанни имтиҳонӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорат ҳар сол муқаррар менамояд.

139. Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок кардан дар озмуни тақсимотро надоранд.

140. Ба довталабоне, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба гирифтани имтиёз ҳуқуқ доранд, баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдор) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

141. Барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ вобаста аз нишондиҳандаи таъминоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол ба шаҳру ноҳияҳои дахлдор коэффитсиентҳо муқаррар карда мешаванд.

142. Коэффитсиент ба натиҷаи имтиҳони довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё таҳсилоти миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё таҳсилоти миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду дар шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда истиқомат мекарда бошад, ба натиҷаи аз имтиҳон бадастовардаи ӯ коэффитсиенти шаҳр ё ноҳияи дар он истиқомат мекардааш илова карда мешавад.

143. Коэффитсиентҳо ба натиҷаҳои аз имтиҳони қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабони дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои фанҳои имтиҳонӣ) илова карда мешавад.

144. Агар довталаб ҳуқуқ дошта бошад, ки ба натиҷаи аз имтиҳонҳо бадастовардааш коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ илова карда шавад, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияш аз бали коэффитсиент ба натиҷаҳои бадастовардааш бали имтиёзӣ ва дар акси ҳол, бали коэффитсиент илова карда мешавад.

145. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишодиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,15; аз 6 то 9 нафар - коэффитсиенти 1,1 ва аз 9 то 11 нафар коэффитсиенти 1,05 муқаррар мешавад. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишодиҳандаи таъминот бо кормандони миёнаи тибмутахассисон аз рӯйи ихтисоси "Кори момодоягӣ" барои 10000 нафар аҳолӣ аз 4 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,15; аз 4 то 6 нафаркоэффитсиенти 1,1 ва аз б то 8 нафар коэффитсиенти 1,05 муқаррар мешавад.

146. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои дахлдор ва коэффитсиентҳои онҳоро ҳар сол на дертар аз 4 моҳ пеш аз нмтиҳонҳо муайян намуда, руйхати онҳоро ба Марказ пешниҳод менамояд.

147. Санҷишу баҳогузории натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус тибқи тартиби муқаррарнамудаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом дода мешавад.

148. Довталаб барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ба ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми (қисмҳои) (компоненти (компонентҳои)) дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус холҳои гузаришро бояд соҳиб шавад.

149. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо ва холҳои гузаришро барои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, новобаста аз теъдоди санҷишҳо, барои ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

150. Холҳои аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус бадастовардаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд ва муассисаҳои таълимӣ тавассути низоми балии муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) карда мешаванд.

151. Натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро дар шакли муқарраргардида комиссияҳои имтиҳонии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар мӯҳлати мувофиқашуда ба Марказ пешниҳод менамоянд.

10. ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ИМТИҲОНҲО ВА АПЕЛЛЯТСИЯ

152. Баъд аз анҷоми баҳогузорӣ ва миқёсгузории (шкалабандии) натиҷаҳои дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бадастовардаи довталабон натиҷаҳои имтиҳонҳо эълон карда мешавад. Тартиб ва санаи эълони расмии натиҷаҳои имтиҳонҳо аз тарафи Марказ муқаррар мегардад. Барои шинос намудани довталабон бо натиҷаҳои имтиҳонҳо ва дастрас намудани маълумоти зарурӣ Марказ аз хизматрасониҳои коммуникатсионӣ (интернет ва алоқаи мобилӣ) истифода мебарад. Инчунин, Марказ барои эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо аз шӯъбаҳои минтақавии худ низ истифода менамояд.

153. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти инфиродии довталабон натиҷаҳои имтиҳонҳо ба ҳар довталаб шахсан пешниҳод мешавад. Натиҷаҳои имтиҳонҳои ҳар довталаб дар ҳуҷраи инфиродияш ҷой дода мешавад. Дастрасӣ ба ҳуҷраи инфиродӣ тавассути ворид намудани номи корбар ва рамз мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад.

154. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи дар шакли хаттӣ додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардида ва (ё) норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода мешавад.

155. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон дар рӯзи имтиҳон ва (ё) дар бораи норозӣ будан аз натиҷаҳои имтиҳон дар давоми то 3 (се) рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои имтиҳон аризаи апеллятсионӣ диҳад.

156. Тартиб ва ҷойҳои қабули аризаҳои апеллятсиониро 1 (як) ҳафта пеш аз имтиҳонҳо ва эълони натиҷаҳои онҳо Марказ ба маълумоти довталабон мерасонад.

157. Барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб комиссияи апеллятсионӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти комиссияи апеллятсионӣ мутобиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, ки дар он мақсад, ҳуқуқ ва вазифаҳои комиссияи апеллятсионӣ муайян мегардад.

158. Баррасии апеллятсия маънои аз нав имтиҳон супориданро надошта, дар рафти он танҳо риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва (ё) дурустии арзёбии натиҷаҳои имтиҳонсупории довталабе, ки аризаи апеллятсионӣ додааст, санҷида мешавад.

159. Комиссияи апеллятсиониро раиси он роҳбарӣ менамояд, ки кори комиссияро ташкил карда, вазифаҳоро байни аъзои комиссия муайян мекунад ва кори онро тибқи талаботи Низамномаи мазкур таъмин менамояд.

160. Дар набудани раиси комиссияи апеллятсионӣ вазифаҳои ӯро муовини раиси комиссия иҷро менамояд.

161. Дар раванди баррасии аризаи апеллятсионӣ комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷату маълумоти зарурӣ, аз ҷумла, варақаҳои ҷавобҳою протоколҳои рафти имтиҳон, маълумот дар бораи шахсоне, ки дар вақти баргузории имтиҳонҳо ҳузур доштанд, дар бораи риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва инчунин маводи дахлдори таҳияшуда ва сабти видеоии имтиҳонро, ки аз маркази имтиҳонӣ пешниҳод гардидааст, баррасӣ ва санҷиш намуда, шахсони дахлдорро даъват намояд.

162. Аз рӯйи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ё норозӣ будан аз натиҷаҳои имтиҳон комиссияи апеллятсионӣ метавонад, ки яке аз қарорҳои зеринро мувофиқан қабул намояд:

- дар бораи рад кардани аризаи апеллятсионӣ ва барои коркарду санҷиши баъдӣ боэътибор эътироф кардани кори имтиҳонии довталаб;

- дар бораи қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ ва аз эътибор соқит кардани кори имтиҳонии довталабу дар имтиҳони иловагӣ ба ӯ додани имконияти имтиҳонсупории такрорӣ;

- дар бораи рад кардани аризаи апеллятсионӣ ва бе тағйир мондани натиҷаҳои ба довталаб гузошташуда;

- дар бораи қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ ва тағйир додани натиҷаҳои ба довталаб гузошташуда.

163. Кори комиссияи апеллятсионӣ бо протоколҳо, ки раис ва тамоми аъзои комиссия имзо мекунанд, ба расмият дароварда мешавад.

164. Ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъии кори комиссияи апеллятсионӣ, ки аз тарафи комиссия тартиб дода ё ҷамъоварӣ мешаванд, дар бойгонии Марказ дар давоми як сол нигоҳдорӣ шуда, баъди он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ нест карда мешаванд.

165. Комиссияи апеллятоионӣ дар давоми то 7 (ҳафт) рӯз натиҷаҳои баррасии аризаҳоро ба довталабони аризадода пешниҳод менамояд.

166. Апеллятсия аз рӯйи масъалаҳои вобаста ба имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус аз тарафи комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

11. ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДА

167. Пас аз коркарди натиҷаҳои имтиҳонҳо, ҳисоб кардани шумораи холҳо, ба балҳо баргардонидани онҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳои апеллятсия тақсимоти довталабони аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) холҳои гузаришро бадастоварда аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён амалӣ мешавад.

168. Тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкардаашон бо истифода аз алгоритм ва барномаи компютерии махсус анҷом дода мешавад.

169. Тақсимоти довталаб аз рӯйи афзалияти ҳар яке аз ихтисосҳои интихобкардааш бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил мувофиқи ҷойи довталаб дар рӯйхати рутбабандишуда, ки дар асоси балҳои умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон барои ҳар як ихтисоси мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.

170. Ҳангоми озмуни тақсимот, дар навбати аввал, тақсимоти довталаб аз рӯйи ихтисоси афзалияташ якум, ки дар варақаи бақайдгирӣ нишон додааст, баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб аз рӯйи натиҷаҳои бадастовардааш ба ихтисоси афзалияташ якум гузарад, ӯ аз рӯйи ихтисоси мазкур тақсим шуда, тақсимоти ӯ аз рӯйи ихтисоси (ихтисосҳои) афзалияташ (афзалияташон) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад.

171. Агар довталаб тибқи натиҷаҳои бадастовардааш аз руйи ихтисоси афзалияташ якум нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи ихтисоси афзалияташ дуюми интихобкардаи ӯ баррасӣ мешавад. Дар сурати нагузаштани довталаб ба ихтисоси мазкур низ раванди тақсимот мувофиқи ин тартиб ё то замоне идома меёбад, ки довталаб аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дорои афзалияти баъдии интихобкардааш тақсим шавад ё бо тақсим нашуданаш аз рӯйи ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардааш ба охир мерасад.

172. Агар довталаб аз рӯйи натиҷаҳои бадастовардааш аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи афзалиятҳо тақсимот шавад, он гоҳ новобаста аз кофӣ будани натиҷаҳои бадастовардааш барои гузаштани ӯ аз рӯйи дигар ихтисоси дорои афзалияти пасттари интихобкардааш, тақсимоти ӯ аз рӯии дигар ихтисоси(ҳои) афзалияташ(он) баъдӣ баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур инчунин ҳуқуқи иштирок кардан дар тақсимоти такрориро низ надорад.

173. Агар довталаби дар озмуни тақсимот иштироккарда аз рӯйи натиҷаҳои бадасговардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардааш нагузарад, дар сурати баргузор шудани озмуни тақсимоти такрорӣ довталаби мазкур ҳуқуқ дорад, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз нав аз қайд гузашта, дар он бо натиҷаҳои бадастовардааш иштирок намояд.

174. Баъд аз анҷоми тақсимоти довталабон аз рӯйи ҳар ихтисос вобаста аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил аз рӯйи ихтисос рӯйхатҳои ниҳоӣ тартиб дода мешавад. Рӯйхатҳои тақсимоти довталабон аз ҷониби директори Марказ тасдиқ ва барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олш касбӣ пешниҳод мешавад. Ба рӯйхатҳо метавонад маълумоти зарурӣ замима гардад.

175. Дар сурати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро иваз кардани довталаб дар давраи баъд аз бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот ҳангоми таҳияи рӯйхати тақсимот дар асоси аризаи довталаб маълумоти ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи шахсият ба назар гирифта мешавад.

176. Комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабули ҳуҷҷатҳоро (барасмиятдарории парвандаҳои шахсӣ, бастани шартномаҳо ва дигар равандҳои дахлдор) тибқи қоидаҳои қабул анҷом медаҳанд.

177. Қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ӯ дар рӯйхати тақсимоти довталабон ба ихтисоси дахлдор, ки Марказ пешниҳод намудааст, амалӣ мегардад.

178. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ донишҷӯёнро дар асоси рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Марказ ба курси якум қабул карда, дар бораи он санади дахлдор қабул менамояд. Роҳбарияти муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ҳуқуқ надорад, ки бо ин ё он сабаб довталаберо, ки ба ин муассисаи таълимӣ тақсим гардидааст, қабул нанамояд ё аз ӯ имтиҳон гирад.

179. Тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён, балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд ва дар навбати аввал хоҳиши донишҷӯёне ба назар гирифта мешавад, ки шумораи балҳояшон зиёдтар асг.

180. Довталаби тақсимшуда бояд то мӯҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахдлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан бо сабаби узрнок (ки бояд бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шуда бошад) довталаб ӯҳдадор аст, ки сари вақт (то мӯҳлати муқарраргардвда) дар бораи ҳолати зикргардида ба муассисаи таълимии мазкур хабар диҳад, дар ғайри ин сурат, ӯ ҷойи худро дар муассисаи таълимии мазкур аз даст медиҳад.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ӯҳдадор аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешниҳодшуда сабаби узрнокро ба эътибор гирифта, барои қабули ҳуҷҷатҳои довталаби ба ин муассиса тақсимшуда мӯҳлати муайянро муқаррар намояд.

181. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ӯҳдадор аст, ки рӯйхати ҷойҳоеро, ки бо сабаби барои қабул ҳозир нашудани довталабони тақсимшуда холӣ мондаанд, дар мӯҳлати муқарраргардида ба Марказ пешниҳод намояд.

182. Барои қабули донишҷӯён ба ҷойҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимот (-и асосӣ) холӣ мемонанд, Марказ тақсимоти такрории довталабонро мегузаронад. Тақсимоти такрории довталабони хоҳишманд ба ҷойҳои мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи мушовараи Вазорат гузаронида мешавад.

183. Дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки дар озмуни тақсимот (-и. асосӣ) аз рӯйи натиҷаҳои бадастовардаашон ба ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд.

184. Барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав аз қайд гузарад. Тартиби азнавбақайдгирй, интихоби ихтисосҳо, макони баргузорию муҳлати азнавбақайдгарӣ ва номгӯии ҳуҷҷатҳои заруриро Марказ мук;аррар намуда, иттилооти заруриро дар бораи он дар сомонаи расмии худ ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд.

185. Озмуни тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳонсупорӣ набуда, он дар асоси натиҷаҳо - балҳои бадастовардаи довталабон тибқи тартиби муқаррарнамудаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

186. Баъд аз анҷоми тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи ҳар ихтисос вобаста аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил аз рӯйи ихтисос рӯйхатҳои тақсимоти такрории

довталабон ба ихтисосҳои интихобкардаашон дода мешавад. Руйхатҳоро директори Марказ тасдиқ мекунад ва онҳо барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пешниҳод мешаванд.

187. Рӯйхатҳои тақсимоти такрории довталабон барои қабули довталабон ба ҳайати донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ асос ба ҳисоб мераванд.

188. Бо мақсади санҷиши натиҷаҳои қабули довталабони тақсимшуда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ комиссияи корӣ таъсис дода мешавад, ки дар ҳайати он кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ шомил мегарданд.

12. МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲ0НҲ0И МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

189. Довталаб пеш аз бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ маблағи муқарраргардидаро дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохт намуда, расидро ҳангоми бақайдтирӣ бояд пешниҳод намояд.

190. Барои хизматрасонии иловагӣ (азнавбақайдгирӣ бо мақсади тағйири гурӯҳи ихтисосҳо (кластер), ихтисос ё афзалиятҳо, тақсимоти такрории довталабон) маблағи иловагӣ муқаррар карда мешавад. Маблағи иловагиро Марказ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

191. Идораи молиявии маблағҳое, довталабон барои хизматрасониҳо ба онҳо ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохт карда, дар суратҳисоби махсуси Марказ дар Сарраёсати хазинадории маркази Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ мегардад, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

192. Дар ҳолати фавқулоддаи эълоншуда, ки боиси қисман ё пурра баргузрр нагардидани имтиҳонҳо мегардад, мутобиқи боби 13-и Тартиби мазкур Марказ бояд маблағи муайянро барои баргузории имтиҳонҳои такрорӣ дар ҳар соли имтиҳонӣ захира намояд.

13. МАНЪ ВА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ КАРДАНИ ИМТИҲОН

193. Дар сурати муқаррар шудани ҳолатҳои халалдор гардидани махфияти маводҳои имтиҳонӣ ё ихроҷи итгилооти ба он дахлдор то оғози имтиҳонҳо, имтиҳонҳо пурра ё қисман манъ мегарданд, дар давра ё баъди имтиҳонҳо, натиҷаҳои имтиҳонҳо пурра ё қисман аз эътибор соқит карда мешаванд. Қарори дахлдорро дар ин бора дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ қабул менамояд.

14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

194. Тартиб ва шаклҳои ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани маълумоти оморию таҳлилӣ дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тақсимоти довталабонро Марказ муқаррар менамояд.

195. Шахсоне, ки ба раванди ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб шудаанд, барои риояи талаботу қоидаҳои муқаррарнамудаи ин Тартиб масъулият дошта, дар сурати риоя накардани талаботу қоидаҳои мазкур, ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва дигар талаботи муқарраргардида, аз мақоми хизматии худ суиистифода кардан ва ифшои иттилооти махфии Марказ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.