ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 2015, № 212
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 124
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, № 3, мод. 204) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 2 моддаи 10 пас аз калимаи "судя," калимаҳои "машваратчии халқӣ," илова карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 12:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ба талаботи қисми 1 ҳамин модда ҷавобгӯ набошад;";
- дар сархати дуюм калимаҳои "ҷинояти қасдона доғӣ судӣ дошта бошад." ба калимаҳои "ҷиноят маҳкум шуда бошад;" иваз карда шаванд;
- сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта аз вазифа озод карда шуда бошад;
- дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад.".
3. Ба қисми 1 моддаи 13 пас аз калимаи "он" калимаҳои ", инчунин гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо" илова карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 14:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар сархати панҷум калимаҳои "ҷой доштани доғи судӣ" ба калимаҳои "ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан ва маҳкум гардидан" иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 1 моддаи 21 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур кардани адвокат;".
6. Дар қисми 1 моддаи 22:
- дар сархати чорум калимаҳои "ҷинояти қасдона" ба калимаҳои "ҷиноят ва ё қабул гардидани қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида" иваз карда шаванд;
- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- аз аттестатсия нагузаштани адвокат;
- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат;
- барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат;".
7. Дар қисми 1 моддаи 35 калимаи "бардоранд." ба калимаҳои "бардошта, дар назди Комиссияи тахассусӣ аз аттестатсия гузаранд. Тартиби гузаронидани аттестатсияи адвокатҳоро Иттифоқи адвокатҳо муайян мекунад." иваз карда шавад.
8. Қисми 1 моддаи 45 хориҷ карда шуда, қисмҳои 2, 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1237