Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маволи нашъадор аз 3 апрели соли 2004 № 1310

Санаи амалкуни: 14.11.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2004 № 1310

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маволи нашъадор

(Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЙ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор (минбаъд - Шӯро) мақоме мебошад, ки ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва дигар мақомотро дар гузаронидани чорабиниҳои пешгирии истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда дар ҷумҳурӣ, анҷом медиҳад.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикисгон, Фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамнн Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ВАЗИФАҲОИ ШӯРО

3. Вазифаҳои Шӯро иборатанд:

муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар кори пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор;

таҳлили фаъолияти вазорату идораҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо";

самарабахш гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандае, ки ба муқобили паҳншавии суиистеъмоли маводи нашъадор нигаронида шудаанд;

назорати мунтазами иҷрои барномаҳои дахлдори миллӣ, соҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатхои дастурӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии суиистеъмоли маводи нашъадор;

дарёфти захираҳои зарурӣ барои иҷрои самарабахши барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дастурӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии суиистеъмоли маводи нашъадор;

ташкили ҳамкории муштарак дар масъалаҳои пешгирин суиистеъмоли маводи нашъадор байни ташкилотҳо сарфи назар аз шакли

моликият ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалие, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд;

шунидани ҳисобот вобаста ба фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти дазлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) оид ба масъалаҳои пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор;

пешниҳод намудани таклиф дар бораи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582);

таҳия намудан ва гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор;

расонидани кӯмаки машваратӣ ба ташкилотҳо ва шахсони манфиатдор дар пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор.

3. РАИСИ ШӯРО

4. Ҳуқуқҳои Раиси Шӯро:

даъват намудан ва гузаронидани ҷаласаи Шӯро;

шунидани ҳисоботн аъзои Шӯро;

омода намудани гузориш оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии истеъмоли маводи нашъадор;

тасдиқ кардани нақшаи фаъолияти Шӯро;

таъсис додани гурӯҳи кории коршиносон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади омода кардани пешниҳодҳо оид ба натиҷаҳои баррасии масъалаҳо вобаста ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сӯиистеъмоли маводи нашъадор (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582);

ба ҷаласаҳои Шӯро даъват намудани намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ барои шунидани ҳисоботи онҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сӯиистеъмоли маводи нашъадор (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582);

тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷаласаҳои Шӯро даъват намудани намояндагони ҳайати дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582);

тибқи тартиби муқарраргардида ҷалб намудани ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимон барои иҷрои корҳои муайян оид ба масъалаҳои пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582);

аз вазорату идораҳои дахлдор талаб кардани ахбор оид ба ҷараёни татбиқи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии суиистеъмоли маводи нашъадор.

4. МУОВИНИ РАИСИ ШӯРО

5.Ҳукуқҳои Муовинонн Раиси Шӯро:

назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои Раис;

назорати ҷараёни нақшаи кории Шӯро;

омода намудани маълумот дар мавриди вазъи вобаста ба суиистеьмоли маводи нашъадор дар кишвар;

пешниҳоди чорабиниҳо ҷиҳати беҳбуди бахшидан ба вазъи суиистеъмоли маводи нашъадор;

псшниҳоди нақшаи корӣ барои тасдиқ ба Раиси Шӯро.

5. АЪЗОИ ШӯРО

6. Ҳуқуқҳои аъзои Шӯро:

иштирок намудан дар ҷаласаҳои Шӯро;

омода намудаии гузориш мутобиқи нақшаи фаъолияти Шӯро оид ба кори анҷомдодаи вазорату идораҳое, ки онҳо намояндагӣ мекунанд;

пешниҳоди иттилооти зарурӣ бо дархости Раис ё муовиноии ӯ;

пешниҳод намудани чорабиниҳои мушаххас барои ворид намудан ба иақшаи кории Шӯро.

6. ТАШКИЛИ КОРИ ШӯРО

7. Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ ва ҷаласаҳои шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи раисон, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ баргузор мегардад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии худро баргузор намояд. Шӯро тибқи нақшае, ки онро Раиси Шӯро тасдиқ менамояд, фаъолият мекунад.

8. Ба ҷаласаҳои Шӯро Раиси Шӯро раисӣ мекунад ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ, раисии ҷаласа аз ҷониби яке аз муовинони Раиси Шӯро анҷом дода мешавад.

9. Ҷаласаи Шӯро ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар он аз нисф зиёди аъзои Шӯро иштирок дошта бошанд.

10. Қарорҳои Шӯро бо тариқи овоздиҳии кушод бо аксарият овозҳои аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда ҳисобида мешавад. Аъзои Шӯро ҳуқуқи додани ваколатҳои худро ба дигар аъзои Шӯро надорад.

11. Тағйир додани тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро дар ҷаласаи навбатии Шӯро бо пешниҳоди аъзои Шӯро қабул карда мешавад.

12. Қарори Шӯро ба протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби Раис ва котиби Шӯро ба имзо расонида мешавад.

13. Нусхаи протокол ва иттилооти дигари марбут ба фаъолияти Шӯро дар муддати 10 рӯзи баъди гузаронидани ҷаласа ба маълумоти ҳамаи аъзои Шӯро ва дигар шахсони манфиатдор расонида мешавад.

14. Дар мавриди зарурат Шӯро метавонад тибқи тартиби муқарраргардида шахсони дигарро барои иштирок дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҷаласа даъват намояд, вале шахсони мазкур дорои ҳуқуқи овоз намебошанд.

15. Мақоми корӣ барои расонидани кӯмаки машваратӣ ва амалӣ Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ"- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба Шӯро, шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба масъалаҳои сӯиистеъмоли маводи нашъадор иттилооти заруриро пешниҳод менамоянд.

16. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти сохторҳои манфиатдорро вобаста ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор анҷом медиҳад.

17. Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ба Шӯро ҳисоботдиҳанда мебошанд (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582).

7. КОТИБОТИ ШӯРО

18. Бо қарори Шӯро аз ҳисоби кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи Шӯро таъсис дода мешавад. Фаъолияти Котиботи Шӯро аз ҷониби котиби Шӯро - сардори Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳбарӣ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582).

19. Ҳуқуқҳои Котиботи Шӯро:

аъзои Шӯро ва шахсони даъватшударо дар хусуси рӯзномаи маҷлис хабар медиҳад;

лоиҳаи нақшаҳои кориро тартиб медиҳад ва барои баррасӣ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

ворид намудани пешниҳодоти вазорату идораҳои дахлдорро ба пақшаи кории Шӯро таъмин мекунад;

таҳия аа назорати иҷрои нақшаҳо ва карорҳои Шӯроро ба роҳ монда, аз натиҷаи он Раисро хабардор мекунад;

дигар супоришҳои Раиси Шӯроро иҷро менамояд.

20. Лоиҳаҳон ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯро баррасӣ мегарданд аз тарафи вазорат ё идораи дахлдор, ки бо ташаббуси он ин масъала пешниҳод гардидааст, ё гурӯҳи кории бо ин мақсад аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ташкилёфта, таҳия карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 14.11.2015 № 582).