ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015"
Моддаи 1. Ба қисми 5 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №11, мод. 642; с. 2015, №4, мод. 345, №5, мод. 589, №6, мод. 642, мод. 643, мод. 644; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2015, №1226) пас аз калимаҳои "Дар соли 2015" калимаҳои "воридоти ангишт ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон," илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
4 ноябри соли 2015 № 1227
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 28 октябри соли 2015, № 201
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2015, № 146
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 134
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба қисми 16 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460, №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009; №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 408) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 8) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- банди 9) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1247