Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус-ФТИ" барои солҳои 2016-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус-ФТИ" барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистан якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои дигари манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус-ФТИ" барои солҳои 2016-2020 дар доираи маблағҳои инвеститсионие, ки аз тарафи ташкилотҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ марҳила ба марҳила ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ин Барнома ҷудо мегардад, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2015 № 644
ш.Душанбе