Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" ноябри соли 2015, № 644
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА ИСТИФОДАИ МИНБАЪДАИ РЕАКТОРИ ТАҲҚИҚОТИ ҲАСТАИИ "АРГУС- ФТИ" БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
1. МУҚАДДИМА
1. Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус-ФТИ" барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) бо мақсади рушди илм, дастрасӣ ба технологияҳои нав ва ба ин васила мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти миллӣ таҳия гардидааст.
2. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар назди мамлакат вазифаҳое мегузорад, ки онҳо бо истифодаи технологияҳои муосир алоқаманд мебошанд. Вобаста ба ин, ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба зудӣ барқарор кардан ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус-ФТИ", ки охири солҳои 80 асри XX насб гардида, вале корандозӣ нашуда буд, вогузор гардидааст.
3. Мақсади Барнома барқарор кардан ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус-ФТИ" (минбаъд - реактор) мебошад.
4. Барои расидан ба мақсади гузошташуда иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:
- омӯхтани ҳолат ва таъиноти реактор, муайян кардани имкониятҳои техникии он;
- муайян кардани дурнамои истифодаи реактор;
- тайёр кардани мутахассисон барои кор бо реактор;
- тармими реактор ва бунёди маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли радиоизотопҳои тиббӣ;
- муайян кардани марҳила ва самтҳои асосии амалисозии Барнома.
5. Соҳаҳои асосии татбиқи реактор илм, тиб, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра мебошанд.
6. Барнома амалисозии марҳилавиро ба муддати панҷ сол, шурӯъ аз соли 2016 пешбинӣ менамояд.
7. Дар марҳилаи якум (солҳои 2016-2017) қоидаҳои асосии таъминоти бехатарии маҷмааҳои реакторӣ ва ҳастаӣ-технологӣ таҳия гардида, мутахассисон оид ба истифодабарӣ ва хизматрасонии реактор, маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ тайёр карда мешаванд, корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ оид ба маҷмааи реакторӣ ва омода кардани масоҳатҳои техникӣ гузаронида мешаванд, асноди лоиҳавӣ оид ба тармими реактор ва маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ барои истеҳсоли дорувориҳои радиофарматсевтӣ таҳия мегардад.
8. Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2018 - 2020) биноҳои маҷмааи реактори ҳастаии "Аргус-ФТИ" тармим карда шуда, маҷмааи ҳастаӣтехнологӣ барои истеҳсоли дорувориҳои радиофарматсевтӣ бунёд карда мешавад.
9. Дар натиҷаи татбиқи Барнома, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди технологияҳои ҳастаӣ қадаме ба пеш мегузорад ва ин суръатбахшии назарраси рушди саноатии мамлакатро таъмин намуда, ба рушди соҳаҳои нави хоҷагии халқ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагонии аҳолии кишвар, рушди соҳаи тиб мусоидат намуда, иқтидори содиротии ҷумҳуриро афзун мегардонад ва барои баланд гардидани эътибори мамлакат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Маҷмааи ҳастаӣ- технологӣ оид ба истеҳсоли радиоизотопҳои тиббӣ ташаккул ёфта, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар маҷмааҳои реактор ва ҳастаӣ- технологӣ ба роҳ монда мешавад.
10. Манбаи асосии таъминоти захиравии Барнома маблағҳои инвеститсионӣ мебошанд. Маблағгузории Барнома марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
2. ҲОЛАТ, ТАЪИНОТ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ТЕХНИКИИ РЕАКТОР
11. Соли 1982 вобаста ба вазифаҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қарор қабул гардида буд, ки дар ҷумҳурӣ Маркази таҳлилии ҳастаӣ таъсис дода шавад. Аз ҷумлаи мушкилоте, ки ҳалли онҳо ба зиммаи ин Марказ вогузор гардида буд, таъминоти ҳаҷми бузурги тадқиқоти таҳлилӣ, ки барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқ зарур буданд, ба ҳисоб мерафт. Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳаҷми таъминоти таҳлилӣ дар чунин соҳаҳоро, аз қабили ҳосил кардани моддаҳои тоза ва хеле тоза, офаридани маводҳои нав, геология, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва кишоварзӣ тақозо менамояд. Мисоли хос барои баҳодиҳии ҳаҷми корҳои таҳлилӣ эҳтиёҷоти геологияи Тоҷикистон мебошад, ки 500 000 унсурмуайянкуниро дар як сол талаб менамояд.
12. Зарурати таъмини эҳтиёҷоти таҳлилӣ боис гардид, ки дар Тоҷикистон чунин Маркази таҳлили ҳастаӣ дар асоси манбаи тавонои шуоъафкан ва маҷмааи муосири ченкунию таҳлилӣ таъсис дода шавад. Вобаста ба ин, аз тарафи Раёсати собиқ Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул карда шуд, ки дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои кадрҳои баландихтисос, махзани муайяни таҷҳизоти ченкунандаю бақайдгирӣ ва майдонҳои озмоишию истеҳсолӣ буд, Маркази таҳлилии ҳастаӣ таъсис дода шавад. Ба сифати манбаи шуоъафкан дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон реактори нодири навъи маҳлулии "Аргус" насб карда шуд, ки он барои ҳосил кардани зичии нисбатан зиёди ҷараёни нейтронҳо (то 7*1011 н/с*см2) имкон медод. Реактори "Аргус" дастгоҳи оддии боэътимоде мебошад, ки бо иқтидори на он қадар зиёд (50 кВт) бехатарии кафолатнокро таъмин намуда, шароити мусоиди истифодабарӣ ва арзиши паст дорад.
13. Намунаи реактори маҳлулии таҳқиқоти ҳастаӣ "Аргус-ФТИ" (бе сӯзишвории ҳастаӣ) дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири солҳои 80 асри XX бо иштироки ташкилотҳои зерин насб гардидаст:
- Институти энергетикаи атомии ба номи И.В.Курчатов (ҳоло Маркази илмӣ-таҳқиқотии "Институти Курчатов") - роҳбари илмӣ;
- Ҷамъияти илмӣ-истеҳсолии "Красная Звезда" (ҳоло Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Красная Звезда") - сарконструктор;
- Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти истифодабаранда;
- Институти давлатии лоиҳакашии "Тоҷикгипросохтмон"таҳиягари лоиҳаи васеъкунии бино.
14. Таъйиноти асосии реактор гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи таҳлили фаъолнокии нейтронӣ барои татбиқ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таҳқиқоти физикӣ дар дастаҳои шуоъпошии нейтронӣ мансуб меёфт. Реактор дар таркиби озмоишгоҳ таҳлили фаъолнокии аксари унсурҳои системаи давриро бо ҳосилнокии 400 ҳазор унсурмуайянкунӣ дар як сол бо ҳассосияти 10-6-10-9 г/г таъмин намуда метавонад. Қулай ва содда будани таркибот, хизматрасонӣ ва эътимоднокии баланди реактор дар истифодабарӣ имкон медиҳад, ки он дар минтақаи аҳолинишини шаҳр ҷойгир карда шавад.
15. Истифодабарандагони асосии таҳлили фаъолнокӣ, соҳаҳои геология ва саноати истихроҷи кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология, саноати химия ва монанди инҳо мебошанд.
16. Тавассути реактор таҳлилҳои радиографӣ, нейтронографӣ ва назорати вайроннакунандаи сифати объектҳоро гузаронидан мумкин аст. Истифодаи таҳлили радиографӣ имкон медиҳад, ки барои як қатор унсурҳо дар як вақт ҳам ҷамъшавӣ ва ҳам тақсимоти афзоишн онҳо дар намунаҳо муайян карда шавад. Таҳлили нейтронографӣ барои таҳқиқи панҷараи кристаллии маводҳои нав, кристаллҳо, ки дар микроэлектроника, технологияҳои нав ва монанди инҳо татбиқи васеъ доранд, истифода бурда мешавад. Маводи ба инҳо монанд дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар реактори "Аргус" тавассути бо нейтронҳо нурборон кардан нано-пардаҳоро, ки дар соҳаи нанотехнология, тиб, микробиология ва монанди ин татбиқи васеъ доранд, ҳосил кардан мумкин аст. Назорати вайроннакунандаи сифати объектҳо бо усули дефектоскопияи нейтронӣ имкон медиҳад, ки нуқсҳо дар маснуоти саноатӣ муайян карда шаванд.
17. Дар айни замон, аз нуқтаи назари истифода дар тиб усули ҳосил кардани радионуклидҳо - изотопҳои молибден-99 ва стронсий-89 аҳамияти бузург дорад, ки он дар Маркази миллии таҳқиқотии "Институти Курчатов"-и Россия коркард шудааст. Даври нимкоҳиши ин изотопҳо ҳамагӣ якчанд шабонарӯзро ташкил медиҳад. Ин радионуклидҳоро барои гузаронидани ташхиси барвақтии касалиҳои онкологӣ, ҳамчунин барои муолиҷаи терапияи ин касалиҳо истифода мекунанд ва татбиқи онҳо имконият медиҳад, ки касалии саратон дар марҳилаи барвақти нисбат ба усулҳои анъанавӣ як сол пештар ташхис карда шавад. Онҳо имконияти бартараф намудани омос ва пешгирии решадавонии микробу ҳуҷайраҳои омос дошта, ҳамчунин хосиятҳои дардшиканиро соҳибанд. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як озмоишгоҳи тиббии ҳастаӣ (дар Институти гастроэнтерология) фаъолият дорад, ки ин навъи муолиҷаи терапияро мегузаронад, ҳарчанд талаботи мизоҷон дар ҷумҳурӣ ба он зиёд аст.
18. Бо дарназардошти талаботи на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳиндустон низ тавассути реактори "Аргус-ФТИ" истеҳсоли радионуқлидҳо ва содироти онҳоро ба роҳ мондан мумкин аст.
19. Дар айни замон таҷҳизоти реактор дар ҳолати консерватсия (муваққатан бекор) қарор дошта, аз се ду ҳиссаи он коршоям мебошад. Камбудиҳои асосии кори реактор инҳо мебошанд:
- ивази пурраи системаи идоракунии реактор талаб карда мешавад;
- сӯзишвории ҳастаӣ оварда нашудааст ва онро танҳо аз Федератсияи Россия харидорӣ намудан мумкин аст;
- милаҳои (стерженҳои) идоракунандаи реактор оварда нашудаанд, ки онҳоро танҳо аз Федератсияи Россия овардан мумкин аст;
- биное, ки реактор дар он ҷойгир аст, ба азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад.
20. Вобаста ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи реактори "Аргус-ФТИ" дар самтҳои афзалиятдоштаи истифодаи энергияи атом ба мақсадҳои осоишта, зарурати аз нав муҷаҳҳазгардонии техникии Маркази ҳастаӣ-физикии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани фаъолияти реактори маҳлулии таҳқиқоти ҳастаӣ "Аргус-ФТИ" ба миён омадааст.
21. Гузаронидани чорабиниҳо оид ба аз нав муҷаҳҳазгардонӣ тибқи Барномаи қолабии ҳамкориҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соҳаи истифодаи энергияи атом ба мақсадҳои осоишта дар давраи то соли 2020 (ҲАМКОРӢ "АТОМ-ИДМ") бо иштироки ташкилотҳои зерин анҷом дода мешавад:
- Маркази миллии таҳқиқотии "Институти Курчатов"роҳбари илмӣ, таҳиягари дастурамалҳои технологӣ ва корандози реактор. Корҳои омодагиро дар қисми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, коркарди барномаи таъминот, таҳияи мавод оид ба экспертизаҳо ва иҷозатномагириҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳо, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Луна-Марс", ки ба зумраи иштирокдорони он Маркази миллии таҳқиқотии "Институти Курчатов" низ дохил аст, мегузаронад;
- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Красная Звезда" сарконструктор (таҳиягари асноди кории конструкторӣ, омодакунандаи таҷҳизоти ғайристандартӣ, анҷомдиҳандаи корҳои насбӣ);
- Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти истифодабаранда, фармоишгари корҳо;
- ташкилоти лоиҳавӣ аз ҷониби Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад;
- воҳидҳои сохтории дахлдори Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (дар ҳолати зарурӣ).
22. Корҳо дар ин самт дар асоси шартномаҳое, ки дар вохӯрии кории байналмилалӣ оид ба муҳокимаи имконияти барқарорсозӣ ва баланд бардоштани бехатарии реактори маҳлулии таҳқиқоти ҳастаӣ "Аргус-ФТИ" аз 24 то 26 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба даст омаданд, гузаронида мешаванд. Маҳз дар ҳамин вохӯрӣ мақоми ташкилотҳои зикршуда тасдиқ шуда буд.
23. Реактори "Аргус-ФТИ" бояд ба талаботҳои муосири асноди меъёрӣ оид ба бехатарӣ ва сифати тавсиянамудаи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҷавобгӯ бошад. Дорувориҳои радиофарматсевтӣ, ки дар маҷмааи реакторӣ истеҳсол карда мешаванд, бояд зери талаботи назорати содиротӣ қарор гиранд.
3. ДУРНАМОИ ИСТИФОДАБАРИИ РЕАКТОР
24. Дар айни замон истифодаи радионуклидҳо дар амалияи тиб барои истеҳсоли доруворӣ татбиқи васеъ ва дурнамои хуб дорад.
25. Изотопе, ки дар тибби ҳастаӣ талабот ба он бештар аст, технетсий-99m - маҳсули аввалияи коҳиши молибден - 99 мебошад, ки он ба воситаи генератори изотопҳосилкунандаи "Мо/99mТс ба даст оварда мешавад. Ин радионуклид дар кардиология, онкология ва соҳаҳои дигари тиб истифода карда мешавад. Дар ташхиси муосири радионуклидӣ қариб 80%-и муолиҷаҳо бо воситаи доруҳое иҷро карда мешаванд, ки дар асоси 99m ҳосил карда шудаанд.
26. Истеҳсолоти бузургмиқёси молибден "Мо дар замони муосир ба истифодаи молибдени порагӣ - маҳсули порашавии урани 235U асос ёфтааст. Дар ин маврид ҳадафи урании зиёдғанигардонидашударо дар реактор нурборон карда, сипас бо усули радиохимиявӣ коркард менамоянд.
27. Камбудии асосии чунин тарзи истеҳсоли 99Mo ба таври самаранок истифода нашудани уран мебошад. Танҳо 0,4 фоизи урани 235U дар реактори ҳастаӣ мавҷуда барои коркарди 99Мо истифода шуда, қисмати боқимондаи он одатан ба партов табдил меёбад. Ғайр аз ин, ҳангоми порашавии уран маҳсулоти дигари зиёди порашавӣ ҳосил мешаванд, ки фаъолнокии умумии онҳо дар лаҳзаи анҷоми нурборонкунӣ аз фаъолнокии молибдени 99Мо садҳо маротиба зиёдтар мебошад.
28. Дар натиҷа зарур меояд, ки миқдори зиёди партовҳои радиоактивияташон зиёд, аз ҷумла, партовҳое, ки радионуклидҳои дарозумр доранд, безарар гардонида шаванд. Ин ҳолат талаб менамояд, ки комплексҳои гаронарзиши безараргардонанда ва анборҳои нигаҳдошти партовҳо сохта шаванд. Ҳамчунин дар назар бояд дошт, ки истифодабарандаи асосии изотопҳо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико мебошад. Дар асоси ислоҳоти Шумер, ки соли 1992 ба Қонун оид ба энергияи атомии ШМА ворид карда шудааст, аз истеҳсолкунандаи хориҷӣ гузариш ба ҳадаф аз урани камғанигардонидашуда талаб карда мешавад, ки ин барои технологияи ҳадафии истеҳсолот ба сабаби якбора зиёд гардидани партовҳои фаъол мушкилаҳо пеш меорад. Вале ин ҳолат ҳангоми истифодаи реакторҳои маҳлулии навъи "Аргус", ки бо урани камтар аз 20 фоизи ғанигардонидашуда кор мекунанд, дучор намеояд. Ин технологияи инноватсионӣ партовҳои радиоактивияташон зиёдро надорад ва бинобар ин аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад.
29. Безараргардонии урани зиёдғанигардонидашуда ва хеле содда кардани муомилот бо партовҳои истеҳсолоти радиохимиявӣ имкон медиҳад, ки аз технологияи маъмулии нурборон кардани ҳадафҳои уранӣ даст кашида, технологияҳое истифода карда шаванд, ки ба хосиятҳои махсуси физикию химиявии сӯзишвории ҳастаии маҳлулӣ асос ёфтаанд. Ин технологияҳо имконияти ҷудо карда гирифтани "Мо-ро бевосита аз сӯзишвории реактор, ки дар ин маврид дар он уран ва маҳсулоти порашавӣ боқӣ мемонанд, таъмин менамоянд. Ба ҳайси сӯзишвории ҳастаии маҳлулӣ маҳлулҳои обии намакҳои уранро истифода кардан мумкин аст.
30. Дар Маркази миллии таҳқиқотии "Институти Курчатов" дар заминаи реактори маҳлулии статсионарии "Аргус" технологияҳои инноватсионии ҳосил кардани изотопи ташхисии молибден "Мо ва изотопи терапевтии стронсий 89 Sr коркард шудаанд. Натиҷаи ин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки реактори "Аргус"-ро бо истифодаи технологияҳои коркардшуда барои истеҳсоли радионуклидҳои тиббӣ татбиқ кардан мумкин аст. Ин технологияҳоро дар реактори "Аргус-ФТИ" низ баъди тармими он татбиқ намудан мумкин аст.
31. Барои коркарди молибден "Мо дар реактор бояд таҷҳизоти иловагии таҷрибавӣ насб карда шавад.
32. Тарзи нави ҷудо кардани радионуклиди порагии стронсий 89Sr дар намунаи таҷрибавии реактори "Аргус-ФТИ" дар Маркази миллии таҳқиқотии "Институти Курчатов" татбиқ карда шудааст. Он ба падидаи аз маҳлули сӯзанда баромадани радионуклиди газшакли криптон 89 Sr асос ёфтааст.
33. Бо истифода аз ин падида тарзи зерини ҳосил кардани стронсий 89 Sr ба роҳ монда шудааст:
а) Ҳангоми бо иқтидори пурра кор кардани реактор ба ҳаҷми озоди он аз сӯзишвории маҳлулӣ газҳои радиоактивии инертӣ, аз ҷумла криптон 89 Sr ворид мегарданд. Омехтаи газӣ аз ҳаҷми озод ба воситаи насоси ҳавоӣ тавассути лӯлаҳо ба ҳалқаи технологӣ кашида мешавад ва ба ковокии озоди танаи реактор баргардонида мешавад.
б) Ҳангоми ба ҳалқаи технологӣ кашида шудани газ, он ба воситаи зарфи боздорӣ дар лӯла ба муддате, ки барои коҳиши ҳамроҳикунандаи 90Kr ҳамчун манбаи асосии 90 Kr зарур аст, нигаҳ дошта мешавад. Фарқи асосии даври нимкоҳиши 89Кг ва 90 Kr, ки мувофиқан ба 190,7 ва 32,2 сония баробар мебошад, имкон медиҳад, ки миқдори 90 Kr дар радионуклиди ҳадафӣ ба ҳадди ақал кам карда шавад. Пас аз 10 дақиқаи боздошт таносуби радиоактивиятҳои 90 Кг ва 90Кг ~2.10б-ро ташкил медиҳад.
в) Минбаъд омехтаи газ, ки криптон 89Sr дорад, тариқи системаи полоянда ба зарфи ғункунанда ворид мешавад, ки дар он пас аз коҳиш 89 Sr ҳосил мешавад ва ниҳоят омехта дар ҳаҷми озоди танаи реактор ҷудо мешавад. Пас аз ғункунии миқдори кифояи радионуклиди ҳадафӣ, зарфи ғункунанда ба камераҳои муҳофизатӣ интиқол дода мешавад, ки он ҷо шустани 89Sr ва тоза кардани он аз маҳсулоти порашавӣ анҷом дода мешавад.
34. Тарзи ҳосил кардани стронсий 89Sr -и таъйиноти тиббӣ дар реактор ба воситаи сӯзишвории маҳлулӣ бо оддият ва ҳосилнокии баланд фарқ мекунад. Масалан, ҳангоми истифодаи реактори "АргусФТИ" бо иқтидори 30 кВт дар як сол то 1012 Бк (25 Ки) стронсий 89Sr ба даст овардан мумкин аст.
4. ТАРМИМИ РЕАКТОР ВА БА ВУҶУД ОВАРДАНИ МАҶМААИ ҲАСТАӢ-ТЕХНОЛОГӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ РАДИОИЗОТОПҲОИ ТИББӢ
35. Дар тибби муосир изотопҳои радиоактивӣ татбиқи васеъ ёфтаанд. Танҳо дар Олмон се миллион мизоҷон дар як сол таҳқиқи радиологӣ карда мешаванд, ки дар рафти он изотопи кӯтоҳумри технетсий Тс-99m ба бадан ба сифати нишонаи радиоактивии моддаҳои органотропӣ дохил карда мешавад.
36. Технетсий Тс-99m маҳсули коҳиши молибден Мо-99 мебошад ва дар айни замон онро дар ҷаҳон дар 5 реактор ҳосил мекунанд. Мутаассифона, солҳои охир ду реактори бузурги истеҳсолкунандаи ин изотоп - High Flux Reactor (НҒR) дар Нидерландия ва National Research Universal Reactor (NRU) дар Канада ба сабаби нуқсонҳои техникӣ аз фаъолият боз дошта шуданд. Агар реактори NRU тамоман аз фаъолият монад, пас истеҳсоли якҷояи чаҳор реактори боқимонда то 50 фоиз талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ меафтад, ҳол он, ки талабот ба ин навъи изотоп ҳамасола ба андозаи 5-10 фоиз зиёд мешавад. Фаъолияти се реактори дигари истеҳсолкунандаи технетсий Тс-99m дар Фаронса, Белгия ва Африкаи Ҷанубӣ бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ ва таъмирии нақшавии муваққатан боз дошта мешаванд.
37. Яқин аст, ки барои қонеъ гардонидани талаботи ҷаҳонӣ бо изотопҳои тиббӣ бояд тақвияти иқтидорҳои нави реакторӣ роҳандозӣ карда шаванд. Ба мақсади таъмини афзоиши талабот ба радиоизотопи молибден Мо-99 (5-10 фоиз дар як сол) як ё якчанд манбаъҳои иловагии молибден бо маҳсулнокии умумии 300-600 Кюри дар як ҳафта (шаш рӯз бо дастраснамоӣ) зарур аст. Мавқеи ҷойгиршавии чунин манбаъ бояд наздик ба марказҳои нави истеъмолкунанда - Чин, Ҳиндустон, Шарқи Миёна ва Шарқи Наздик бошад.
38. Вобаста ба ин, барқарорсозии реактори "Аргус-ФТИ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вуҷуд овардани маҷмаъ оид ба истеҳсоли дорувориҳои радиофарматсевтӣ аз нуқтаи назари тиҷораткунии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дурнамои хуб дорад.
39. Табиист, ки сохтани реакторҳои нави таҳқиқотӣ бо иқтидори 5-10 МВт бо мақсади истеҳсоли радионуклидҳо барои тиб метавонад тамоми талаботи ҷаҳониро ҷуброн намояд. Вале чунин реакторҳо арзиши баланд доранд (бештар аз 170 миллион доллари амрикоӣ барои як маҷмааи реакторӣ). Дар Канада реакторҳои бузургиқтидори MAPLE-1 ва MAPLE-2 сохта шудаанд, вале истифодабарии онҳо аз тарафи мақомоти назоратии миллӣ ва байналмилалӣ ба сабаби таъмин набудани бехатарии реакторҳо манъ карда шудааст.
40. Дар Барномаи мазкур реактори маҳлулии "Аргус-ФТИ", ки солҳои 80-уми асри гузашта барои таҳлили фаъолиятнокии нейтронӣ коркард шудааст, пешниҳод карда мешавад.
41. Чунин реактор пас аз таҷдид барои истеҳсоли изотопҳо дорои хусусиятҳои зерин мегардад:
- бехатарии кафолатдор, ки бо хусусиятҳои худтанзимкунӣ ба урани камғанигардонидашуда асос ёфтааст;
- эътимоднокӣ ва содда будан барои истифодабарӣ дар истеҳсолот;
- мавҷудияти иқтидори на он қадар зиёд (~30-50 кВт) ва ҳаҷми минтақаи фаъол (25 л);
- арзиши ками таҷдид (дар муқоиса бо сохтмони комплекси нави реакторӣ);.
- ҳосил шудани миқдори хеле ками партовҳои радиоактивӣ ҳангоми истеҳсоли изотопҳо, ки ин арзиши истифодабарӣ ва муомилот бо партовҳоро кам мекунад.
42. Дар заминаи маҷмааи реакторӣ пас аз такмилдиҳӣ он маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли радиоизотопҳои тиббӣ таъсис дода мешавад.
43. Таҷҳизот барои маҷмаа аз дастгоҳи такмилдодашудаи таҳқиқотии ҳастаӣ (Аргус - ФТИ) бо дастгоҳи таҷрибавӣ барои ҷудо кардани изотопҳо ва системаи иловагии тозакардани изотопҳо дар асоси камераҳои тафсон иборат аст. Маҳсули ниҳоии истеҳсолот генераторҳои технитсий Тс-99m ва препаратҳо дар асоси стронсий Sr -89 мебошад, ки пуркунии онҳо дар камераҳои тафсон амалӣ карда мешавад. Дар қисми инъикоскунандаи реактор каналҳои нурборонкунанда барои гузаронидани таҳқиқот дар майдони нурафканиши реакторӣ ва таҳлили фаъолнокии нейтронӣ боқӣ мемонанд.
44. Ҳамин тавр, ба вуҷуд овардани маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли радиоизотопҳои тиббӣ, аз ҷумла молибден Мо-99, стронсий Sr-89 ва дигар изотопҳои кӯтоҳумр дар реактори "Аргус-ФТИ" аз нуқтаи назари иқтисодӣ, технологӣ, экологӣ ва илмӣ дурнамои хуб дорад.
5. МАРҲИЛА ВА САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
45. Барнома 2 марҳилаи раванди амалисозиро пешбинӣ менамояд:
а) самтҳои асосии амалисозии Барнома дар марҳилаи якум (солҳои 2016-2017) иборат аз:
- таҳияи қоидаҳои асосии таъминоти бехатарии маҷмааҳои реакторӣ ва ҳастаӣ-технологӣ;
- тайёр кардани мутахассисони соҳа Зарур аст, ки аз рӯи ихтисоси "Таҳия, лоиҳакашӣ, баистифодадиҳӣ ва аз истифода баровардани реакторҳои таҳқиқотӣ ва дастгоҳҳои дигари ҳастаӣ" на камтар аз 15 мутахассис тайёр карда шавад (5 мутахассис дар як сол);
- корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ оид ба маҷмааи реакторӣ ва омода сохтани майдонҳои техникӣ;
- таҳияи асноди лоиҳавӣ оид ба тармими реактор;
- таҳияи аснод барои таҷҳизоти технологии реакторӣ;
- таҳияи аснод барои сохтмони маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли дорувориҳои радиофарматсевтӣ.
б) самтҳои асосии амалисозии Барнома дар марҳилаи дуюм (солҳои 2018-2020) иборат аз:
- тармими биноҳои маҷмааи реактории "Аргус-ФТИ";
- сохтмони комплекси ҳастаӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли дорувориҳои радиофарматсевтӣ;
- харидорӣ кардаи, насб намудан ва ба истифода додани таҷҳизоти реакторӣ-технологӣ;
- харидорӣ кардан, насб намудан ва ба истифода додани таҷҳизоти маҷмааи ҳастаӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли дорувориҳои радио фарматсевтӣ;
- бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар маҷмааҳои реакторӣ ва ҳастаӣ-технологӣ таъмин намудани Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи аснод оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва кор бо ҷомеа;
- баргузор кардани конференсияҳои ҳарсолаи байналмилалӣ оид ба татбиқи усулҳои ҳастаӣ-физикӣ дар хоҷагии халқ, дурнамои тибби ҳастаӣ.
6. ҲАҶМ ВА МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
46. Манбаи асосии таъминоти захиравии Барнома маблағҳои инвеститсионӣ мебошанд. Маблағгузории Барнома марҳила ба марҳила тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома амалӣ карда мешавад (замимаи 2). Ҳар як марҳилаи минбаъда баъди бо тартиби муқарраргардида баррасӣ кардан ва тасдиқ намудани ҳисобот оид ба иҷрои марҳилаи гузаштаи кор маблағгузорӣ карда мешавад.
47. Барои амалисозии Барнома ҳамагӣ 35 млн. доллари ШМА пешбинӣ карда мешавад, аз ҷумла:
- марҳилаи якум (солҳои 2016-2017) - 16,34 млн. доллари ШМА;
- марҳилаи дуюм (2018-2020) - 18,66 млн. доллари ШМА.
Назорати истифодаи маблағҳои инвеститсиониро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
7. ИДОРАИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА ВА НАЗОРАТИ РАФТИ ИҶРОИ ОН
48. Идоракунӣ ва назорати умумии рафти татбиқи Барномаи мазкурро Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
49. Иҷрокунандагони асосии чорабиниҳои Барнома олимон ва мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии таҳқиқотии "Институти Курчатов" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Красная Звезда" мебошанд.
50. Назорати рафти амалишавии Барнома, баҳодиҳии натиҷаҳои бадастомадаро Шӯрои илмӣ-техникӣ баррасӣ менамояд, ки ҳайати он аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳа ташаккул ёфта, онро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
51. Барои таъмини ҳамоҳанг кардани амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома Гурӯҳи кории байниидоравии Барнома таъсис дода мешавад (замимаи 1). Гурӯҳи кории байниидоравии Барнома мақоми машваратӣ дорад. Гурӯҳи кории байниидоравиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.
52. Ҷамъоварӣ, натиҷагарӣ ва баҳодиҳии маводҳо оид ба иҷрои чорабиниҳои Барнома, таҳлили масъалаҳои пайдошуда, омода кардани пешниҳодҳо оид ба барқарорсозӣ ва истифодаи реакторро Гурӯҳи кории байниндоравии Барнома иҷро менамояд.
Замимаи 1
ба Барномаи давлатии барқарорсозӣ
ва истифодаи минбаъдаи реактори
таҳқиқоти ҳастаии "Аргус - ФТИ"
барои солҳои 2016-2020
Ҳайати гурӯҳи кории байниидоравии Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии "Аргус - ФТИ" барои солҳои 2016-2020
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбари Гурӯҳ
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини роҳбари Гурӯҳ
Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндаи ташкилоти лоиҳавӣ
Замимаи 2