Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" октябри соли 2015, № 624
тасдиқ шудааст
Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ (минбаъд - Низомнома) тартиб, шарт ва қоидаҳои гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзиширо муайян менамояд.
2. Федератсияи варзишӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, бо мақсади оммавӣ гардонидан ва рушд додани намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
3. Аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ - ин ҷараёни соҳибҳуқуқ эътироф гаштан ва пайдо намудани ҳуқуқи пурраи амалкунии федератсияи варзишӣ мебошад.
4. Аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъдмақоми ваколатдори давлатӣ) гузаронида мешавад.
Филиал ва ё намояндагии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (минбаъд - ВМКБ), вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд.
5. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиш аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.
Дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ танҳо он федератсияи варзишӣ ба қайд гирифта мешавад, ки дар он ҷо федератсияи варзишӣ оид ба ҳамон намуди варзиш фаъолият надошта бошад.
6. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиш ӯҳдадор аст, ки на камтар дар се минтақаи ҷумҳурӣ филиал ва намояндагиҳои худро таъсис диҳад ва дар заминаи онҳо ҳамчун федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.
7. Филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар доираи ҳамон минтақае, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, фаъолият мекунанд.
8. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар чор сол як маротиба аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.
9. Пас аз гузаштани аккредитатсияи давлатӣ ба федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дода мешавад (замимаи 1).
10. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ (минбаъд - Шаҳодатнома) - ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсияи давлатӣ буда, дар асоси он федератсияи варзишӣ ҳуқуқи пурраи амали фаъолиятро соҳиб мегардад ва он ба мӯҳлати чор сол аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
11. Филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар асоси Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии федератсияи варзишӣ фаъолият мекунанд.
12. Федератсияи варзишӣ оид ба намуди варзиш, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштааст, ҳуқуқ надорад:
- номзадии варзишгарон ва мураббиёнро барои сазовор гардонидан ба дараҷа ва унвонҳои варзишӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;
- ҳангоми таҳияи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли минбаъда ба мақоми ваколатдори давлатӣ таклифу пешниҳодҳо манзур кунад.
13. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо федератсияи варзишии аз
аккредитатсияи давлатӣ гузашта, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонад ва чорабиниҳову мусобиқаҳои баргузорнамудаи онҳоро маблағгузорӣ мекунад.
2. Тартиби гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ
14. Барои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан федератсияи варзишӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
а) ариза дар бораи гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ (замимаи 2);
б) маълумот дар бораи ҳайати роҳбарикунандаи федератсияи варзишӣ;
в) нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии федератсияи варзишӣ;
г) нусхаи Оинномаи федератсияи варзишӣ;
д) маълумоти тасдиқкунанда дар бораи мавҷуд будани филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар на кам аз се минтақаи ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамон намуди варзиш;
е) маълумотномаи тасдиқкунанда дар бораи он ки федератсияи варзишии аккредитатсияшаванда аъзои федератсияи варзишии байналмилалӣ мебошад;
ё) Барномаи маҷмӯии мақсаднок оид ба рушди намуди варзиш барои давраҳои миёнамӯҳлат, ки аз ҷониби федератсияи варзишӣ тасдиқ шудааст;
ж) қоидаҳои амалкунандаи намуди варзиш;
з) маълумот оид ба ҳайати кормандон, аз ҷумла мураббиён;
и) сарчашмаҳои даромад ва маблағгузорӣ;
й) нақшаи кори солонаи федератсияи варзишӣ;
15. Мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи федератсияи варзишӣ барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ 1 моҳ аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо мебошад.
16. Ҷиҳати баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ, дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ Комиссияи махсус аз ҳисоби мутахассисони соҳа таъсис дода мешавад. Комиссия рн вақт ваколатдор ҳисобида мешавад, агар дар ҷаласаи он аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд.
17. Барои анҷоми таҳлилу омӯзиши пешакии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва корҳои ташкилӣ аз ҳисоби мутахассисони мақоми ваколатдори давлатӣ котиботи Комиссия таъсис дода мешавад. Котибот пешниҳодҳои воридгардидаро оид ба гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ дар мӯҳлати муқарраргардида мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, дар мавриди зарурат ҳуҷҷатҳоро пурра мекунад ва онро барои баррасӣ ба Комиссия пешниҳод менамояд.
18. Котибот ҳуқуқ дорад пешниҳодҳоро барои гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ мустақилона тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш ва таҳлил қарор диҳад.
19. Комиссия пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, доир ба гузаштан ва ё нагузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсияи давлатӣ қарор қабул мекунад. Қарори Комиссия бо суратҷаласа ба расмият дароварда шуда, ба он котиб ва Раиси Комиссия имзо мегузоранд.
20. Дар сурати қабули қарор дар бораи гузаштани федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ аз аккредитатсияи давлатӣ, аз ҷониби Комиссия лоиҳаи фармоиши роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи гузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсияи давлатӣ ва ба он додани Шаҳодатнома таҳия ва барои имзо пешниҳод карда мешавад.
21. Мақоми ваколатдори давлатӣ омори дорандагони Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатии федератсияи варзиширо пеш мебарад.
22. Дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ, ки гузаштани федератсияи варзишии ҷумҳуриявиро аз аккредитатсияи давлатӣ тасдиқ мекунад ба федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ Шаҳодатнома дода мешавад.
23. Бо мавҷудияти асосҳои зерин мақоми ваколатдори давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани федератсияи варзишии ҷумҳуриявиро рад мекунад:
- пешниҳод накардан ва ё ба пуррагӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 15 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд;
- пешниҳод намудани маълумотҳои тасдиқнашуда;
- мавҷуд будани федератсияи варзишии ҷумҳуриявии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта оид ба ҳамон намуди варзиш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
24. Дар ҳолати қабули қарор аз ҷониби Комиссия оид ба рад кардан ҷиҳати гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ба федератсияи варзишие, ки барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудааст, сабаб ва омилҳои радкуниро ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад.
25. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома, мақоми ваколатдори давлатӣ дар муддати 10 рӯзи корӣ бр дархости хаттии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ, ки эълони дахлдорро дар васоити ахбори омма доир ба гум шудани Шаҳодатнома замима кардааст, такроран ба ӯ Шаҳодатнома медиҳад.
26. Дар ҳолати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи федератсияи варзишӣ мақомоти идоракунандаи он вазифадор аст, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар муддати 10 рӯз дар ин бора маълумот пешниҳод намуда, ба Шаҳодатнома тағйироти дахлдор ворид намояд.
27. Ҳангоми барҳамдиҳӣ, якҷояшавии федератсияҳои варзишӣ ва ё барҳам додани филиал ва (ё) намояндагиҳои он, федератсияи варзишӣ бояд дар муддати 10 рӯз дар ин бора ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.
3. Тартиби боздоштан ва қатъ кардани амали Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ
28. Асосҳои боздоштани амали Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ инҳо мебошанд:
- иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- риоя накардани қоидаҳои амалкунандаи намуди варзиш;
- ғайриқаноатбахш будани фаъолияти федератсияи варзишӣ;
- риоя накардани талаботи шартномаи ҳамкорӣ;
- амалӣ накардани чорабиниҳои пешбинигардидаи Барномаи маҷмӯии мақсаднок оид ба намуди варзиш, ки аз ҷониби худи федератсияи варзишӣ тасдиқ шудааст.
29. Дар сурати мавҷуд будани асосҳое, ки дар банди 29 Низомномаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи қатъи амали Шаҳодатнома қарор қабул менамояд.
30. Дар қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи боздоштани амали Шаҳодатнома мӯҳлати бартараф кардани сабабу камбудиҳои ҷойдошта, нишон дода мешаванд.
31. Мӯҳлати боздошти амали Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ на зиёда аз 6 моҳ мебошад.
32. Дар ҳолати дар мӯҳлати муқарраршуда бартараф шудани сабабу камбудиҳои ошкоргардида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатӣ амали Шаҳодатнома аз нав барқарор мешавад.
33. Дар сурати дар мӯҳлати муқарраргардида бартараф нагардидани сабабу камбудиҳое, ки асос барои боздоштани амали Шаҳодатнома гаштаанд, мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад амали Шаҳодатномаро қатъ намояд ва ё оид ба бекор кардани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ қарор қабул кунад.
34. Дар ҳолати боздошт ва ё қатъ кардани амали Шаҳодатнома мақоми ваколатдори давлатӣ санади дахлдор қабул мекунад.
35. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми қатъи амали Шаҳодатнома ва ё бекор кардани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ дар ин бора ба федератсияи варзишӣ тариқи хаттӣ хабар медиҳад.
36. Дар ҳолати розӣ набудан бо санади мақоми ваколатдори давлатӣ федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ дорад дар ин хусус ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд.
Замимаи 1-2
ПОЛОЖЕНИЕ о государственной аккредитации спортивных федераций
1. Общее положение
1. Положение о государственной аккредитации спортивных федераций (далее - Положение) определяет порядок, условия и правила проведения государственной аккредитации спортивных федераций.
2. Спортивная федерация является некоммерческой организацией, созданная в целях массовости и развития видов спорта в Республике Таджикистан.
3. Государственная аккредитация спортивной федерации - это процедура признания правомочий и приобретения полного юридического права спортивной федерации.
4. Государственная аккредитация спортивной федерации осуществляется государственным уполномоченным органом в области физической культуры и спорта (далее - государственный уполномоченный орган).
Филиал и (или) представительство республиканской спортивной федерации в Горно-Бадахшанской автономной области (далее - ГБАО), областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения регистрируются соответствующими структурами государственного уполномоченного органа.
5. На территории Республики Таджикистан аккредитуется только одна республиканская спортивная федерация по видам спорта.
В ГБАО, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения регистрируется только та спортивная федерация, если спортивная федерация по видам того же спорта не функционирует в этом месте.
6. Республиканская спортивная федерация по видам спорта обязана открыть филиал и представительство не менее в трёх регионах и на их базе аккредитуется как республиканская спортивная федерация.
7. Филиалы и представительства республиканской спортивной федерации в ГБАО, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения осуществляют деятельность в регионах, которых они зарегистрированы.
8. Республиканская спортивная федерация будет аккредитована один раз в четыре года.
9. После прохождения государственной аккредитации республиканской спортивной федерации выдается Свидетельство о государственной аккредитации (приложение 1).
10. Свидетельство о государственной аккредитации спортивной федерации (далее - Свидетельство) - это документ о прохождении государственной аккредитации спортивной федерацией, на основании которого спортивная федерация приобретает право на осуществление деятельности и оно выдаётся на четыре года со стороны государственного уполномоченного органа.
11. Филиалы и представительства республиканской спортивной федерации в регионах республики, из числа ГБАО, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения осуществляют деятельность на основании Свидетельства о государственной регистрации спортивной федерации.
12. Спортивная федерация по видам спорта, которая не прошла государственную аккредитацию не имеет право:
- предложить государственному уполномоченному органу кандидатуру на присвоение спортивных званий и разрядов;
- вносить предложения во время подготовки календарного Плана массовых спортивных, оздоровительных мероприятий и участия спортсменов в международных соревнованиях на следующий год государственному уполномоченному органу.
13. Государственный уполномоченный орган заключает договор и финансирует проведение спортивных мероприятий спортивным федерациям, которые прошли государственную аккредитацию.
2. Порядок проведения государственной аккредитации спортивной федерации
14. Для прохождения государственной аккредитации спортивная федерация представляет в уполномоченный орган следующие документы:
а) заявление на проведение государственной аккредитации (приложение 2);
б) сведения о руководящем составе спортивной федерации;
в) копия Свидетельства о государственной регистрации спортивной федерации;
г) копия Устава спортивной федерации;
д) подтверждающая справка о существовании филиалов и представительств республиканской спортивной федерации не менее в трех регионах по этому виду спорта;
е) справка подтверждающая о том, что аккредитуемая спортивная федерация является членом международной спортивной федерации;
ё) Комплексная целевая программа по развитию вида (видов) спорта на среднесрочный период, утвержденная спортивной федерацией;
ж) действующие правила по виду (видам) спорта;
з) справка о составе работников, тренеров;
и) источник дохода и финансирования;
й) годовой план работы спортивной федерации;
15. Срок рассмотрения представленных документов для проведения государственной аккредитации уполномоченным государственным органом составляет 1 месяц со дня принятия документов.
16. Для рассмотрения документов и проведения аккредитации республиканской спортивной федерации при государственном уполномоченном органе создается специальная Комиссия из числа специалистов отрасли. Комиссия тогда считается полномочным, если на его заседаниях присутствуют более половины его членов.
17. Для завершения предварительных анализов и изучений представленных документов и организационных работ за счет специалистов государственного уполномоченного органа создается секретариат Комиссии. Секретариат анализирует и рассматривает представленные предложения о проведении государственной аккредитации в течении установленного срока, дополняет их при необходимости и представляет Комиссии для рассмотрения.
18. Секретариат имеет право самостоятельно анализировать и рассматривать представления о проведении государственной аккредитации в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
19. Комиссия, всесторонне изучив представление и другие необходимые документы, принимает решение о прохождении или не прохождении спортивной федерации государственной аккредитации. Решение Комиссии оформляется протоколом, подписываемым секретарем и Председателем Комиссии.
20. В случае принятия решения о прохождении спортивной федерации государственной аккредитации, Комиссия подготавливает и представляет на подпись проект распоряжения руководителя государственного уполномоченного органа о прохождении спортивной федерации государственной аккредитации и вручения ему Свидетельства.
21. Государственный уполномоченный орган ведет статистический учет выданных Свидетельств государственной аккредитации спортивной федерации.
22. На основании акта государственного уполномоченного органа спортивной федерации, подтверждающего прохождение государственной аккредитации республиканской спортивной федерацией, выдается Свидетельство.
23. Основаниями для отказа в аккредитации являются:
- непредставление документов или неполное представление документов, указанных в пункте 15 настоящего Положения;
- представление неподтвержденных сведений;
- наличие аккредитованной спортивной федерации, осуществляющей развитие того же вида (видов) спорта на территории Республики Таджикистан.
24. В случае принятия Комиссией решения об отказе в аккредитации спортивной федерации, государственный уполномоченный орган представляет спортивной федерации письменное уведомление о причинах и факторах отказа.
25. В случае утери Свидетельства, государственный уполномоченный орган в течение десяти рабочих дней по письменному запросу республиканской спортивной федерации, которая приложила к запросу объявление в средствах массовой информации об утери Свидетельства, повторно выдает Свидетельство.
26. В случае дополнения и изменения к Уставу спортивной федерации, его руководящий орган обязан в течение 10 дней представить сведения об этом государственному уполномоченному органу и внести соответствующие изменения в Свидетельство.
27. При ликвидации и слиянии спортивных федераций или ликвидации филиала и (или) представительства, спортивная федерация должна в течение 10 дней представить сведения государственному уполномоченному органу
3. Порядок приостановления и отзыва Свидетельства о государственной аккредитации спортивной федерации
28. Основаниями для приостановления Свидетельства о государственной аккредитации спортивной федерации являются:
- невыполнение обязательств, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан;
- невыполнение действующих правил по виду (видам) спорта;
- неудовлетворительная деятельность спортивной федерации;
- невыполнение условий договора о сотрудничестве;
- невыполнение мероприятий, предусмотренных Комплексной целевой программой по виду (видам) спорта, утвержденной самой спортивной федерацией.
29. При наличии оснований, которые указаны в пункте 29 настоящего Положения государственный уполномоченный орган принимает решение о приостановлении действия Свидетельства.
30. В решении государственного уполномоченного органа о приостановлении действия Свидетельства устанавливается срок для устранения существующих причин и недостатков.
31. Срок приостановления действия Свидетельства о государственной аккредитации спортивной федерации не превышает б месяцев.
32. При своевременном устранении выявленных недостатков и причин, послуживших основанием для приостановления и представления подтверждающих документов, действия Свидетельства, на основании решения государственного уполномоченного органа возобновляется.
33. В случае не устранения причин и недостатков, послуживших основанием для приостановления действия Свидетельства о государственной аккредитации спортивной федерации в установленные сроки, государственный уполномоченный орган имеет право приостановить действие Свидетельства или принять решения об отмене государственной аккредитации спортивной федерации.
34. В случае приостановления и отзыва действия Свидетельства государственный уполномоченный орган принимает соответствующие акты.
35. Государственный уполномоченный орган направляет письменное уведомление в спортивную федерацию о приостановлении действия Свидетельства или отмене государственной аккредитации спортивной федерации.
36. В случае несогласия с актом государственного уполномоченного органа, республиканская спортивная федерация имеет право обратиться в государственные соответствующие органы.
* приложение