Низомномаи Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015 № 620

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" октябри соли 2015, № 620

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" октябри соли 2015, № 620

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КМИД) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Мақсади асосии таъсиси КМИД ин мусоидат ба рушд ва истифодаи дастовардҳои илму техника дар соҳаи ирригатсия ва дренаж, идоракунии оби обёрикунанда ва захираҳои замин, мубориза бо бодлесии замин ва обхезиҳо, мустаҳкам намудани соҳилҳо ва маҷрои дарёҳо, гузаронидани тадқиқоти маҷмӯӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ ва заминҳои обёршдаванда бо истифода аз усулҳо ва технологияҳои муосир мебошад.

3. Фаъолияти КМИД - ро Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад.

4. КМИД мақоми машваратӣ буда, ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба об шомил мебошанд. Аъзои КМИД метавонанд олимони варзида, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, донишҷӯёну аспирантҳо, кормандони вазорату идораҳои соҳавӣ бошанд. Тибқи тартиби муқарраргардида шарикони КМИД метавонанд, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ бошанд.

5. КМИД манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Комиссияи байналмилалии ирригатсия ва дренаж (минбаъд - КБИД) намояндагӣ мекунад.

6. Суроғаи КМИД: 734064, Ҷумҳурии Точикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ, 5/1.

2. Мақсадҳои КМИД

...

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 октября 2015 года, №620

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 октября 2015 года, №620

Положение о Национальной комиссии по ирригации и дренажу при Агентстве мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Национальная комиссия по ирригации и дренажу при Агентстве мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан (далее - НКИД) создаётся Правительством Республики Таджикистан.

2. Основной целью создания НКИД является содействие развитию и применению достижений науки и техники в области ирригации и дренажа, управления оросительной водой и земельными ресурсами, борьбы с эрозией земель и паводками, укрепления берегов и русел рек, проведения комплексных исследований в области мелиорации и ирригации, комплексного использования и охраны водных ресурсов и орошаемых земель с использованием современных методов и технологий.

3. Деятельность НКИД координирует Агентство мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан.

4. НКИД является коллегиальным органом, в состав которого входят представители республиканских министерств и ведомств, ученые и специалисты в области мелиорации и ирригации, охраны окружающей среды и чрезвычайных ситуаций, связанных с водой. Членами НКИД могут быть ведущие ученые, представители неправительственных организаций, студенты и аспиранты, работники профильных министерств и ведомств. В установленном порядке партнерами НКИД могут быть международные и неправительственные организации.

5. НКИД представляет национальные интересы Республики Таджикистан в Международной комиссии по ирригации и дренажу (далее - МКИД)

6. Адрес НКИД: 734064, Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Шамси-5/1.

2. Цели НКИД

...