Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" октябри соли 2015, № 616
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.12.2019 № 610)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" (минбаъд - Низомнома) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" (минбаъд - Ҷамъият) таҳия шудааст.
2. Низомномаи мазкур санади дохилиидоравии Ҷамъият ба шумор рафта, тартиби даъват, ташкил, мақом ва баргузории маҷлисҳои Шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои он, ҳамкорӣ бо дигар мақомоти идоракунии Ҷамъият, инчунин пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои онро муайян менамояд.
3. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" (минбаъд - Шӯрои нозирон) мақоми идоракунии Ҷамъият буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои Муассиси Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат мегирад.
4. Шӯрои нозирон дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
2. ТАШКИЛИ ШӯРОИ НОЗИРОН
5. Шӯрои нозирон аз тарафи Муассиси Ҷамъият дар ҳайати на камтар аз 7 (ҳафт) нафар тасдиқ карда мешавад.
6. Бо қарори Муассиси Ҷамъият ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирон мумкин аст пеш аз мӯҳлат қатъ карда шаванд.
7. Аъзои Шӯрои нозирон метавонад танҳо шахси воқеӣ бошад. Узви Шӯрои нозирон метавонад саҳмдори Ҷамъият набошад.
8. Шахсоне, ки ба ҳайати Шӯрои нозирон тасдиқ шудаанд, метавонанд ба таври номаҳдуд якчанд маротиба интихоб шаванд.
9. Аъзои Шӯрои нозирон аз ҳисоби саҳмдорони Ҷамъият ва дигар шахсон тасдиқ карда мешаванд.
10. Шахсе, ки дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодию молиявӣ ё ҷиноятҳои муқобили ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва хизмат дар мақомоти идоракунии маҳаллӣ гунаҳкор дониста шудааст ё нисбати вай ҷазоҳои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дар соҳаи молия, андозу хироҷ ва бозори коғазҳои қиматнок татбиқ шудаанд, ба ҳайати Шӯрои нозирон тасдиқ шуда наметавонад.
11. Узви Комиссияи тафтишотӣ дар як вақт аъзои Шӯрои нозирон буда наметавонад.
12. Аъзои мақомоти иҷроияи Ҷамъият наметавонанд зиёда аз чор як ҳиссаи ҳайати Шӯрои нозиронро ташкил диҳанд.
13. Шумораи номзадҳое, ки барои номзадӣ ба ҳайати Шӯрои нозирон пешниҳод шудаанд, аз шумораи аъзои Шӯрои нозирон, ки дар Оинномаи Ҷамъият пешбинӣ шудааст, зиёд буда метавонад.
14. Пешниҳод дар бораи пешбарии номзадҳо дар шакли хаттӣ бо зикри маълумоти зерин манзур мегардад:
- насаб, ном ва номи падари ҳар як номзади пешниҳодшуда ва санаи таваллуди ӯ;
- номи мақоме, ки номзад барои тасдиқ ба он пешбарӣ шудааст (дар айни замон - Шӯрои нозирон);
- номгӯи (номи) саҳмдорон (саҳмдор), ки номзадро пешбарӣ намудаанд (намудааст);
- маълумот дар бораи таҳсилот, аз ҷумла дар хусуси такмили ихтисос (номи муассисаи таълимӣ, санаи хатм, ихтисоси гирифташуда);
- ҷойи кор ва вазифаҳое, ки номзад дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол намудааст, инчунин вазифаҳое, ки номзад дар мақомоти идоракунии дигар шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол кардааст;
- рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки номзад иштирокчии онҳо мебошад, бо зикри миқдори саҳмияҳо, ҳиссаҳо, саҳмҳои ба ӯ тааллуқдошта дар сармояи оинномавии ин шахсони ҳуқуқӣ;
- рӯйхати шахсоне, ки номзад нисбат ба онҳо шахси бонуфуз мебошад ва асосҳои он;
- номзад бо шахсони бонуфуз ва контрагентҳои калони Ҷамъият, маълумот дар бораи бонуфузӣ бо Ҷамъият;
- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ ва муҷозоти маъмурӣ.
15. Пешниҳод дар хусуси пешбарии номзадҳо метавонад розигии номзад барои тасдиқро низ дар бар гирад.
16. Номзад ба узвияти Шӯрои нозирон ҳуқуқ дорад номзадии худро то лаҳзаи ворид шудани насабаш ба рӯйхати дахлдори номзадҳо бозпас гирад.
17. Бо қарори Муассиси Ҷамъият ваколатҳои Шӯрои нозирон мумкин аст пеш аз мӯҳлат қатъ карда шаванд. Дар ин маврид қарори Муассис дар хусуси пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳо нисбати ҳамаи аъзои Шӯрои нозирон қабул шуда метавонад.
18. Дар сурати ба тариқи яктарафа даст кашидан аз ваколатҳо, узви Шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории амалкунанда масъулият бар дӯш дорад. Узви Шӯрои нозирон дар хусуси тасмими худ бобати пеш аз мӯҳлат даст кашиданаш аз ваколатҳои узви Шӯрои нозирон бояд ба таври хаттӣ Раиси Шӯрои нозиронро огоҳ намояд.
19. Хароҷоти сафари хизматии аъзои Шӯрои Нозирон вобаста ба фаъолияти Шӯрои Нозирон аз ҳисоби Ҷамъият пардохт карда мешавад.
3. РАИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН
20. Ба ташкили фаъолияти Шӯрои нозирон Раиси Шӯрои нозирон роҳбарӣ мекунад.
21. Раиси Шӯрои нозирон дар асоси қарори Муассиси Ҷамъият тасдиқ карда мешавад.
22. Шахсе, ки вазифаи Директори генералии Ҷамъиятро иҷро мекунад, ҳамзамон Раиси Шӯрои нозирон буда наметавонад.
23. Раиси Шӯрои нозирон:
- фаъолияти Шӯрои нозиронро ташкил карда, барои озодона изҳор намудани андешаҳо аз тарафи аъзои Шӯрои нозирон ва муҳокимаи озоди масъалаҳои рӯзнома шароит фароҳам меорад;
- маҷлисҳои Шӯрои нозиронро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳоро тасдиқ мекунад, шакли гузаронидани маҷлисҳои Шӯрои нозиронро муайян месозад ва дар онҳо раисӣ мекунад;
- дар маҷлисҳо пешбурди протоколҳоро ташкил менамояд ва онҳоро ба имзо мерасонад;
- аз номи Ҷамъият шартномаи меҳнатиро бо Директори генералӣ имзо мекунад, агар ин ҳуқуқ ба шахсони дигар супорида нашуда бошад;
- қабули қарорҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлисҳои Шӯрои нозирон таъмин менамояд;
- на дертар аз 10 (даҳ) рӯз ба аъзои Шӯрои нозирон маълумоти заруриро барои баррасӣ дар маҷлисҳо пешниҳод менамояд;
- кори таъсиси кумитаҳои Шӯрои нозирон, пешбарии аъзои Шӯрои нозирон ба ҳайати кумитаҳоро ташкил менамояд, инчунин ҳамкории кумитаҳоро бо якдигар ва мақомоти дигару шахсони мансабдори Ҷамъият ҳамоҳанг месозад;
- бо дигар мақомот ва шахсони мансабдори Ҷамъият ҳамкории доимиро ба роҳ мемонад;
- ҳисоботи баҳодиҳии фаъолияти солонаи Шӯрои нозиронро барои ворид намудани он ба ҳисоботи солонаи Ҷамъият таҳия менамояд.
24. Дар ҳолати набудани Раиси Шӯрои нозирон, вазифаҳои ӯро муовини Раиси Шӯрои нозирон ё ин ки мувофиқи қарори Шӯрои нозирон, ки бо аксари овозҳои аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи он қабул мегардад, яке аз аъзои Шӯрои нозирон иҷро менамояд.
4. САЛОҲИЯТИ ШӯРОИ НОЗИРОН
25. Шӯрои нозирон мақоми идоракунӣ буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи Ҷамъият ба салоҳияти Муассиси Ҷамъият дохил шудаанд, амалӣ менамояд.
26. Ба салоҳияти Шӯрои нозирон вазифаҳои зерин дохил мешаванд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;
- тасдиқи нақшаҳои корӣ ва молиявии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола;
- баррасии пешниҳодҳо оид ба дохил намудани масъалаҳо ба рӯзномаи маҷлиси Шӯрои нозирон ва номзадҳо ба вазифаҳои интихобшаванда дар Ҷамъият;
- таъсиси мақоми иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои он;
- муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии аъзои мақоми иҷроия;
- муқаррар намудани маълумоти ба Ҷамъият ё фаъолияти он дахлдошта, ки дорои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонунгузорӣ ҳифзшаванда мебошад, инчунин муайян намудани тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби Ҷамъият;
- аз ҷониби Ҷамъият паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- харидорӣ намудани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешкаш намудани тавсияву пешниҳодот оид ба андозаи суди (дивиденди) саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо;
- муайян намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъият;
- тасдиқи нигоҳдорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома бо ӯ;
- дар ҳолати зарурат таъсиси кумитаҳо барои ҳалли масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби дигар кормандони Ҷамъият;
- тасдиқи сохтори идоракунии мақоми иҷроияи Ҷамъият;
- тасдиқи санадҳои дохилиидоравии Ҷамъият, ки тартиби ташкил ва истифодаи фондҳои Ҷамъиятро муайян менамоянд;
- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва подошпулии он;
- тасдиқи пешакии ҳисоботи солона, ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, аз ҷумла хисобот оид ба даромад ва хароҷоти Ҷамъият, инчунин тақсими фоидаи Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;
- муайян намудани сиёсати қарзии Ҷамъият дар қисмати гирифтани қарз, бастани шартномаҳои қарзӣ, барориши коғазҳои қиматнок, додани замонатҳо, ҳамаи намудҳои кафолатҳо ва аккредитивҳо;
- муайян намудани шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо Директори генералӣ (мақоми иҷроия);
- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар фаъолияти дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, тағйири ҳиссаи иштирок ва қатъ намудани иштироки Ҷамъият дар фаъолияти ташкилотҳои дигар;
- интихоби муовини Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои ӯ;
- ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани Директори генералии Ҷамъият ва ҳавасмандгардонии ӯ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шунидан ва баррасӣ намудани ҳисоботи Директори генералӣ оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ аз тарафи ӯ) ва иҷрои қарорҳои Муассиси Ҷамъият ва Шӯрои нозирон;
- тасдиқи тартиби ҳамкории Ҷамъият бо ташкилотҳое, ки Ҷамъият дар фаъолияти онҳо иштирок менамояд;
- тасдиқ намудани номзадии нархгузори (нархгузорони) мустақил барои муайян кардани арзиши саҳмияҳо, молу мулк ва дороиҳои дигари Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва бо қарорҳои ҷудогонаи Шӯрои нозирон;
- қаблан маъкул донистани шартномаҳои дастаҷамъона ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;
- муайян намудани сиёсати харид дар Ҷамъият ва қабули қарорҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои дар Ҷамъият тасдиқшуда, ки фаъолияти хариди Ҷамъиятро ба танзим медароранд;
- қабули қарор дар бораи пешбарии номзадии Директори генералии Ҷамъият барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ;
- қабули қарор дар бораи истифодаи фонди захиравӣ ва фондҳои дигари Ҷамъият;
- муайян намудани арзиши аҳдҳое, ки ҳамчун аҳдҳои калон шуморида мешаванд, инчунин тасдиқи аҳдҳои калони Ҷамъият;
- тасдиқи аҳдҳои калон, аз ҷумла аҳдҳое, ки бо харид ва иҷора, инчунин гирифтани қарзҳои бонкӣ алоқаманд мебошанд;
- тасдиқи низомномаҳо дар бораи идоракунии хавфҳо, дар бораи сиёсати иттилоотӣ, дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо, дар бораи феҳристи иттилооте, ки дорои сирри тиҷоратӣ ва хизматӣ мебошад, дар бораи расмиёти (қоидаҳои) назорати дохилӣ аз болои фаъолияти молиявию хоҷагӣ, дар бораи дигар ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии Ҷамъият, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тасдиқи онҳо тибқи Оиннома ба салоҳияти Муассиси Ҷамъият ё мақоми иҷроияи Ҷамъият тааллуқ дорад;
- таъин намудани котиби иттиҳодиявии Ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои ӯ;
- тасдиқи Низомнома дар бораи котиби иттиҳодиявӣ, ки фаъолияти котиби иттиҳодиявиро муайян менамояд;
- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур ба салоҳияти Шӯрои нозирон дохил шудааст.
27. Масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои нозирон тааллуқ доранд, барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шуда наметавонанд.
5. МАҶЛИСҲОИ ШӯРОИ НОЗИРОН
28. Маҷлисҳои Шӯрои нозирон аз рӯи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.
29. Маҷлисҳои Шӯрои нозирон аз тарафи Раиси Шӯрои нозирони (ё муовини Раиси Шӯрои нозирон) бо ташаббуси шахси ӯ ё бо дархости аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишоти, аудитори Ҷамъият ва мақоми иҷроияи Ҷамъият даъват карда мешаванд.
30. Дархости ташаббускори даъвати маҷлиси Шӯрои нозирон дар шакли хаттӣ бо роҳи ирсоли мактуби фармоишӣ ба суроғаи Ҷамъият ё супоридани чунин дархост ба Котиби Шӯрои нозирон пешниҳод мегардад..
31. Санаи пешниҳоди дархост дар хусуси даъвати маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои нозирон аз рӯи мӯҳри кунҷии (штампи) почта ё санаи супоридани он ба Котиби Шӯрои нозирон муайян карда мешавад.
32. Дархост аз ҷониби узви Шӯрои нозирон - ташаббускори даъвати маҷлис, Директори генералӣ, Раиси Комиссияи тафтишотӣ, аудитори Ҷамъият ё шахси саҳмдоронро намояндагикунанда, ки даъвати маҷлисро талаб менамоянд, имзо карда мешавад.
33. Дар дархост бояд чунин маълумот зикр карда шавад: дар бораи ташаббускори даъвати маҷлис; оид ба мақсади гузаронидани маҷлис.
34. Раиси Шӯрои нозирон дар давоми 30 (сӣ) рӯз аз санаи пешниҳоди дархост бояд маҷлиси Шӯрои нозиронро даъват намояд,
35. Дар ҳолати бе асос рад кардан ё имконияти даъвати маҷлиси Шӯрои нозиронро надоштани Раис, маҷлис метавонад аз тарафи дилхоҳ узви Шӯрои нозирон даъват карда шавад.
36. Огоҳинома дар бораи сана, маҳал ва вақти гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бо зикри рӯзномаи маҷлис ва тартиби шиносоӣ бо маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур аст, бо мактуби фармоиши ирсол мегардад ё ба ҳар як узви Шӯрои нозирон ва ташаббускори гузаронидани маҷлис супорида мешавад, агар маҷлис бо дархости шахсони дар банди 32 зикргардида на дертар аз 30 (сӣ) рӯз то санаи гузаронидани маҷлис баргузор шавад. Санаи ирсоли огоҳинома аз рӯи мӯҳри кунҷии (штампи) почта ё санаи супоридани огоҳинома муайян карда мешавад.
37. Маҷлиси якуми Шӯрои нозирон бояд на дертар аз 1 (як) моҳи баъди таъсиси Шӯрои нозирон гузаронида шавад.
38. Ба рӯзномаи маҷлиси якуми Шӯрои нозирон ҳатман бояд масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
- интихоби муовини Раиси Шӯрои нозирон;
- интихоби Котиби Шӯрои нозирон;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият.
39. Барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон Котиби Шӯрои нозирон ва мақоми иҷроия бояд маълумоти пурра омода намоянд.
40. Иттилооти зарурӣ барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бояд дорои чунин маълумот бошад:
- нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Ҷамъият, ки аз тарафи Директори генералӣ таҳия шудаанд;
- иттилооти пурраи молиявӣ;
- протокол ва тавсияҳои маҷлиси қаблан гузаштаи Шӯрои нозирон;
- нишондиҳандаҳои ҳаҷми харид ва фурӯш;
- маълумот дар бораи самаранокии истеҳсолот дар Ҷамъият;
- ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ.
41. Кворум барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бояд на камтар аз нисфи аъзои Шӯрои нозиронро ташкил диҳад.
42. Аз тарафи узви Шӯрои нозирон ба шахси дигар, аз ҷумла ба узви дигари Шӯрои нозирон додани ҳуқуқи овоз манъ аст.
43. Ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар маҷлиси Шӯрои нозирон ҳар як узви Шӯрои нозирон танҳо як овоз дорад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо зимни гузаронидани овоздиҳӣ, овози раисикунандаи маҷлис ҳалкунанда мебошад.
44. Қарорҳои Шӯрои нозирон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур, бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми овоздиҳии ғоибона иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.
45. Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар иҷрои он манфиат вуҷуд дорад, мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" аз ҷониби Шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.
46. Пешниҳод дар бораи таъин ва қатъ намудани ваколатҳои Директори генералии Ҷамъият аз тарафи Шӯрои нозирон бо аксари овозҳои аз чор се ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ ширкат меварзанд, қабул мегардад.
47. Қарорҳо дар бораи аз тарафи Ҷамъият паҳн намудани вомбаргҳо, ба истиснои вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилшаванда аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯрои нозирон якдилона қабул мегарданд, дар ин маврид овозҳои аъзои хориҷгардидаи Шӯрои нозирон ба ҳисоб гирифта намешавад.
48. Қарор дар бораи тасдиқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо Директори генералии Ҷамъият бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ ширкат меварзанд, қабул мегардад.
49. Қарорҳои Шӯрои нозирон метавонанд дар маҷлисҳо дар шакли иштироки умумӣ ё иштироки умумии бо дарназардошти андешаҳои аъзои ҳузурнадоштаи Шӯрои нозирон, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ, инчунин бо роҳи гузаронидани овоздиҳии ғоибона қабул карда шаванд.
50. Огоҳкунӣ дар бораи гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бо тартиби пешбининамудаи банди 36 сурат мегирад.
51. Огоҳинома дар бораи гузаронидани маҷлис аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якуми огоҳинома бояд чунин маълумот зикр карда шавад:
- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- сана, маҳал ва вақти гузаронидани маҷлис;
- рӯзномаи маҷлис;
- маълумот оид ба тартиби шиносоӣ бо мавод ва маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур мебошад ё рӯйхати маводи ба огоҳинома замимашаванда.
52. Қисми дуюми огоҳинома бояд чунин маълумотро дар бар гирад:
- суроғаи почтавие, ки ба он андешаи хаттиро фиристодан мумкин аст;
- санаи анҷоми қабули андешаҳо, ки дар шакли хаттӣ баён шудаанд;
- мазмуни қарорҳо аз рӯи ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;
- шакли овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъала: "тарафдор", "зид", "бетараф";
- ҷой барои баёни андешаи хаттии аъзои Шӯрои нозирон оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;
- ҷой барои имзои аъзои Шӯрои нозирон бо зикри ҳатмӣ будани ин имзо.
Қисми дуюми огоҳинома мумкин аст бо мактуби фармоишӣ ё тавассути номарасон ба Шӯрои нозирон ирсол карда шавад.
53. Қарор дар бораи гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон дар шакли овоздиҳии ғоибона аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон ё ташаббускорони гузаронидани маҷлиси ғайринавбатӣ қабул мегардад.
54. Овоздиҳии ғоибона оид ба масъалаҳои зерин гузаронида намешавад:
- тасдиқи самтҳои афзалиятноки фаъолият ва нақшаи молиявию хоҷагии Ҷамъият;
- тасдиқи пешакии ҳисоботи солонаи Ҷамъият;
- интихоб ва аз нав интихоб кардани Раиси Шӯрои нозирон;
- ташкили мақоми иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои он, агар тибқи Оинномаи Ҷамъият ин ба салоҳияти Шӯрои нозирон тааллуқ дошта бошад.
55. Бюллетен барои овоздиҳии ғоибона аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон имзо карда мешавад. Иттилооти зарурӣ барои омодагӣ ба маҷлис бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои Шӯрои нозирон бо гирифтани имзои онҳо на дертар аз 10 (даҳ) рӯз то санаи баргузоршавии маҷлис супорида мешавад.
56. Санаи аз тарафи аъзои Шӯрои нозирон гирифтани бюллетен аз рӯи мӯҳри кунҷии (штампи) почта ё санаи супоридани ин бюллетен муайян карда мешавад.
57. Дар бюллетен бояд чунин маълумот нишон дода шавад:
- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- мазмуни масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва қарорҳо аз рӯи ҳар як масъала;
- шакли овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъала: "тарафдор", "зид", "бетараф";
- маълумот оид ба тартиби шиносоӣ бо мавод ва иттилооте, ки барои омодагӣ ба ҷаласа зарур мебошад ё рӯйхати маводи ба бюллетен замимашаванда;
- суроғаи почтавие, ки бюллетенҳои пуркардашуда бояд ба он ирсол гарданд;
- санаи анҷоми қабули бюллетенҳо.
58. Аъзои Шӯрои нозирон, ки бюллетенҳояшон на дертар аз санаи муқарраршудаи анҷоми қабули бюллетенҳо гирифта шудаанд, дар овоздиҳӣ иштирокнамуда шуморида мешаванд.
59. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ ба аъзои Шӯрои нозирон дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи таҳияи протокол оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои Шӯрои нозирон бо гирифтани имзо супорида мешавад.
60. Андешаҳои хаттие, ки ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, дар мавриди қабули қарорҳо дар бораи маъқул донистани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки бастани онҳо ба манфиат мувофиқ аст, ба ҳисоб гирифта намешаванд.
6. ПРОТОКОЛ ВА СТЕНОГРАММАИ МАҶЛИСҲОИ ШӯРОИ НОЗИРОН
61. Дар маҷлисҳои Шӯрои нозирон протокол тартиб дода мешавад. Протоколи маҷлиси Шӯрои нозиронро Котиби Шӯрои нозирон менависад ва он на дертар аз 3 (се) рӯзи баъди гузаронидани маҷлис тартиб дода мешавад. Ба протокол ҳама маводи дахлдор оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи Шӯрои нозирон замима мегарданд.
62. Дар сурати аз тарафи Шӯрои нозирон тариқи овоздиҳии ғоибона қабул намудани қарорҳо, ба протокол варақаҳои пурсишнома барои овоздиҳӣ, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои нозирон имзо шудаанд, замима карда мешаванд.
63. Дар протоколи маҷлиси Шӯрои нозирон маълумоти зерин зикр карда мешавад:
- вақт ва маҳали гузаронидани он;
- рӯйхати шахсони дар маҷлис иштирокнамуда;
- рӯзномаи маҷлис;
- масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва натиҷаҳои овоздиҳӣ;
- қарорҳои қабулшуда.
Протоколи маҷлиси Шӯрои нозирони Ҷамъият аз тарафи раисикунандаи маҷлис ва котиб имзо карда мешавад.
64. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои Шӯрои нозиронро ба Комиссияи тафтишотӣ ва аудитори Ҷамъият, инчунин ба саҳмдор бо дархости онҳо пешниҳод менамояд.
65. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои Шӯрои нозиронро дар ҷойи воқеъгаштаи мақоми иҷроияи он нигоҳ медорад.
66. Котиби Шӯрои нозирон пешбурди протоколи маҷлиси Шӯрои нозиронро ташкил менамояд.
7. ВАЗИФАҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОИ ШӯРОИ НОЗИРОН
67. Аъзои Шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои ӯҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият ва саҳмдорони он амал кунанд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият ва саҳмдорони он софдилона татбиқ намоянд.
68. Аъзои Шӯрои нозирон барои фаъолияти самараноки Ҷамъият масъулият доранд.
69. Ҳамзамон, аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият, ки зидди қарори ба Ҷамъият ва саҳмдорони он зарароварда овоз додаанд ва ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, масъулият надоранд.
70. Аъзои Шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ бояд:
- дар ҳамаи қарорҳои худ ба манфиати Ҷамъият софдилона амал кунанд;
- дар маҷлисҳо ва кори кумитаҳои Шӯрои нозирон, ки ба онҳо интихоб шудаанд, иштирок намоянд;
- тавзеҳот талаб намоянд ва саволҳои аниқкунанда диҳанд;
- қаблан Шӯрои нозиронро дар хусуси набудани имконияти иштирок дар маҷлиси Шӯрои нозирон огоҳ намуда, сабаби иштирок карда натавонистани худро изҳор намояд;
- қоидаву талаботи зерини марбут ба бархӯрди манфиатҳоро риоя намоянд:
- аз шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ тӯҳфа, хизмат ё афзалиятҳоро, ки ҳамчун подош барои қарори амалҳои аз тарафи узви Шӯрои нозирон дар доираи ваколатҳои хизматии вай қабулшуда ё иҷрошуда дониста мешаванд, ба истиснои нишонаҳои рамзии ҳусни таваҷҷӯҳ мутобиқи қоидаҳои пазируфташудаи одобу эҳтиром ё тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои расмӣ, қабул накунанд;
- иттилооти махфӣ, инсайдерӣ ва иттилооти дагари хизматиро, ки ба узви Шӯрои нозирон ҳангоми иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои дахлдор маълум гаштааст, ба шахсони ба чунин иттилоот дастрасинадошта ифшо нанамояд, инчунин онҳоро ҳам дар давраи иҷрои вазифаҳои узви Шӯрои нозирон ва ҳам дар муддати 5 (панҷ) соли баъди анҷоми кор дар Ҷамъият ба манфиати худ ё манфиати шахсони сеюм истифода набарад;
- ҳамаи қоидаҳои дар санадҳои дохилиидоравии Ҷамъият пешбинишударо вобаста ба таъмини амният ва ҳифзи иттилооти махфии Ҷамъият риоя намояд;
- сари вақт ба Шӯрои нозирон дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии Ҷамъият маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намояд.
71. Шӯрои нозирон дар назди Муассиси Ҷамъият ҳисоботдиҳанда буда, ҳамасола ба Муассиси Ҷамъият оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи Ҷамъият ҳисобот пешниҳод менамояд.
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 декабри с0ли 2019, № 610
Ҳайати Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"
Раиси Шӯрои нозирон:
1. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои Шӯрои нозирон:
2. Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Директори институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Директори генералии ҷамъмяти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик";
9. Сармуҳосиби ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик".