Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 сентябри соли 2015 № 603
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВҲО ВА ПЕШБУРДИ ФЕҲРАСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ ӯҲДАДОРИҲОИ ГАРАВӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ дар асоси қисми 7 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул" таҳия карда шуда, низоми ба қайди давлатӣ гирифтани гарави молу мулки манқул ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравиро муайян мекунад.
2. БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВҲО
2. Тартиби бақайдгирии гаравҳо расмиёти аз тарафи давлат муқарраргашта аст, ки бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, қарздиҳӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳо, инчунин ташаккули манбаи озоди иттилоот тавассути тартиб додани Феҳрасти ягонаи давлатии хаттӣ ва электронии молу мулки манқули ба гарав мондашуда амалӣ мегардад.
3. Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гарави (минбаъд - Феҳрасти ягонаи давлатӣ) иҷрои амалиёти зеринро дар бар мегирад:
- қабули хабарномаи гаравӣ дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул ва ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ дохил кардани иттилооти он;
- қабули хабарномаи гарави дар бораи ҷустуҷӯи маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ вобаста ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молу мулк ва ӯҳдадориҳо;
- қабули хабарномаи гаравӣ дар бораи ворид кардани тағйирот ба бақайдгирии гарави молу мулки манқул ва тағйир додани маълумоти ҷойдошта дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ;
- додани тасдиқнома дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул, тағйирот дар бақайдгирӣ ва гузаронидани ҷустуҷӯи маълумот дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ;
- додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ.
4. Бақайдгирии гаравҳо метавонад тавассути шабакаи интернет амалӣ гардад. Дастурамал дар бораи тартиби бақайдгирии гаравҳо тавассути шабакаи интернет аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. ХАБАРНОМАИ ГАРАВӢ
5. Бақайдгирии гаравҳо тариқи хабарномаи гаравӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо (минбаъд - Мақоми бақайдгиранда) бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори онҳо дар шакли қоғазӣ ё электронӣ пешниҳод мегардад, сурат мегирад. Барои муроҷиат ба Мақоми бақайдгиранда тибқи тартиби бо қонун муқарраршуда се намуди зерини хабарномаи гаравӣ муайян карда шудааст:
- хабарномаи гаравӣ дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул;
- хабарномаи гаравӣ дар бораи ворид намудани тағйирот ба гарави ба қайд гирифташуда;
- хабарномаи гаравӣ дар бораи ҷустуҷӯи маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ вобаста ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молу мулк ва ӯҳдадориҳо.
6. Хабарномаи гаравӣ дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ном, нишонии гаравдеҳ ва қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда, агар ӯ гаравдеҳ набошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);
- ном, нишонии гаравгир ё идоракунандаи гарав, агар чунин шахс таъйин шуда бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);
- тавсифоти инфиродӣ ё умумии предмети гарав барои ҳаммонандсозии имконпазири он;
- хабарномаи мухтасар, агар ягон маҳдудияте барои гарави дубора мавҷуд бошад;
- имзои гаравдеҳ ё гаравгир ва ё қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда, агар ӯ гаравдеҳ набошад, ё шахсони аз тарафи онҳо ваколатдоркардашуда;
- сана ва мазмуни шартномаи гарав;
- дигар талаботе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.
7. Хабарномаи гаравӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба гарави ба қайд гирифташуда дар ҳолатҳои зерини зарур бо дарназардошти иловаҳо ба қайд гирифта мешавад:
- таъйин ё озод намудани идоракунандаи гарав, агар идоракунанда пас аз бақайдгирии шартномаи гарав таъйин ё озод гашта бошад;
- талаби бо гарав таъминшударо гузашт кардани гаравгир;
- дар ӯҳдадориҳо иваз шудани қарздор;
- иваз кардани предмети гарав.
8. Бақайдгирии тағйирот дар гарави ба қайд гирифташуда дар асоси хабарномаи гаравии иловагӣ сурат мегирад. Дар хабарномаи гаравии иловагӣ бояд сана, рақами бақайдгирии қаблӣ, мазмуни тағйироти шартнома ва имзои гаравгир ё гаравдеҳ мавҷуд бошад.
9. Бақайдгирии тағйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда дохил карда мешаванд, бо тартиби умумӣ сурат мегирад.
10. Дар хабарномаи гаравӣ дар бораи ҷустуҷӯи маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ вобаста ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молу мулк ва ӯҳдадориҳо бояд мавзӯи ҷустуҷӯи маълумот мушаххас ва дақиқ нишон дода шавад.
11. Мақоми бақайдгиранда барои мазмун ва эътимодбахшии хабарномаи гаравӣ ҷавобгар намебошад.
4. ПЕШБУРДИ ФЕҲРАСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ
12. Феҳрасти ягонаи давлатӣ ҳамчун манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравӣ бо мақсади тасдиқи далели мавҷудияти гарав, таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, андоз, омор, сармоягузорон бо маълумот барои қарздиҳӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба молу мулки манқули ба гарав гузошташуда аз ҷониби Мақоми бақайдгиранда ташкил ва пеш бурда мешавад.
13. Феҳрасти ягонаи давлатӣ маҷмӯи маълумоти гаравҳои молу мулки манқули ба қайд гирифташуда ба ҳисоб меравад. Маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дастрас мебошад ва ҳар як шахс метавонад бо тартиби муқарраршуда аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ иқтибос гирад.
14. Феҳрасти ягонаи давлатӣ аз китоби бақайдгирӣ иборат буда, пешбурди он дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳолати ба ҳам мувофиқат накардани маълумоти дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронӣ ҷойдоштаи Феҳрасти ягонаи давлатӣ маълумоти дар ҳомили қоғазӣ ҷойдошта ба асос гирифта мешавад.
15. Лаҳзаи бақайдгирии гаравҳо ворид намудани маълумот аз хабарномаи гаравӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ ва додани рақами бақайдгирӣ мебошад.
16. Бақайдгирии гаравҳо дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ бо иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ тасдиқ мегардад, ки дар давоми се рӯз дода мешавад.
17. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" барои бақайдгирии гаравҳо ва додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ боҷи давлатӣ рӯёнида мешавад.
18. Ислоҳи хатогиҳои техникие, ки ҳангоми бақайдгирии гаравҳо роҳ дода шудааст, бо пешниҳоди хабарномаи гаравӣ дар бораи ворид кардани тағйирот ба гарави ба қайд гирифташуда бо роҳи ворид намудани сабти иловагӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ сурат мегирад.
19. Агар хатогӣ аз ҷониби Мақоми бақайдгиранда роҳ дода шуда бошад, ислоҳи хатогӣ бе ситондани боҷи давлатӣ ва маблағи иловагӣ анҷом дода мешавад.
20. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав аз лаҳзаи бақайдгирӣ то 5 солро ташкил дода, тамдиди он тибқи тартиби муқарраршуда сурат мегирад.
21. Бо гузаштани мӯҳлати бақайдтирии гарав молу мулки ба гарав мондашуда аз маҳдудият озод мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:
- гарав такроран ба қайд гирифта шуда бошад;
- гарав дар соҳибияти гаравгир қарор дошта (гарави додашуда), нисбат ба он бо тартиби муқарраршуда рӯёниш нигаронида шуда бошад.
5. РАД КАРДАНИ БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВҲО
22. Мақоми бақайдгиранда ҳангоми иҷро нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бақайдгирии гарави молу мулки манқул ё ба гарави бақайдгирифташуда ворид намудани тағйиротро рад кунад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
23. Баҳсҳое, ки аз бақайдгирии гаравҳо ва додани маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ бармеоянд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ баррасӣ мегарданд.