Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "7" сентябри соли 2001 № 419
тасдиқ шудааст
Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамин Дастур тартиби ташкили фаъолият, таҳия ва баргузории маҷлисҳо, қабули санадҳои ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, ваколат дорад, тамоми масъалаҳои идораи давлатии таҳти салоҳияташ қарордоштаро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон", дигар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳаллу фасл намояд.
2. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ҳукумат) аз баррасии коллегиалӣ ва ҳалли масъалаҳо дар ҳамбастагӣ бо масъулияти шахсии аъзои Ҳукумат барои фаъолияти Худ дар назди Раиси ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.
3.ҳалли масъалаҳои ба зиммаи Ҳукумат гузошташуда, тавассути маҷлисҳои мунтазам баргузоршавандаи Ҳукумат, фаъолияти ташкилию амалии Раис, аъзои Ҳукумат ва дигар мақомоти идораи давлатии ба он ваколатдоргардида, таъмин карда мешаванд.
II. Ташкили фаъолияти Ҳукумат
4. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлиси Ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Дар маҷлисҳои Ҳукумат масъалаҳо дар доираи салоҳияти Ҳукумат баррасӣ карда мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумат аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарор ва фармоишҳои Ҳукумат қабул карда мешаванд.
ҳангоми зарурат бо иҷозати Хаттии Раиси Ҳукумат ё тибқи супориши ӯ бо иҷозати Хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарору фармоишҳои Ҳукумат оид ба масъалаҳои алоҳида метавонанд бе гузаронидани маҷлис, бо роҳи пурсиши Хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукуматқабул карда шаванд.
Оид ба қарору фармоишҳое, ки ҳар моҳ бо роҳи пурсиш қабул шудаанд, шӯъбаи умумии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи дахлдорро тартиб медиҳад ва он аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда мешавад.
5. Фаъолияти Ҳукумат мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардидаи он, ки дар таҳияи он вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҳамчунин кумитаҳо на дигар мақомоти идоракунии давлатӣ (минбаъдидораҳо), раисони Вилояти МуХтори Кӯҳистони БадаХшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Дар нақшаҳо масъалаҳои мушаххас, ки бояд дар маҷлисҳои Ҳукумат баррасӣ гарданд ва иҷрокунандагони онҳо ва масъулини таҳияи масъалаҳо зикр карда мешаванд.
6. Пешниҳодот ҷиҳати ворид намудан ба нақшаҳои кории Ҳукумат, то як моҳ пеш аз оuози давраи банақшагирӣ барои ҷамъбасти минбаъда ва бо тартиби муқарраргардида ба тасдиқи Ҳукумат пешбарӣ намудан ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад.
Ба нақшаҳои кории тасдиқшудаи Ҳукумат ворид намудани таuйироту иловаҳо танҳо бо қарори Ҳукумат дар асоси дарХости пешакӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанамудаи аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, раисони Вилояти МуХтори Кӯҳистони БадаХшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
III. Тартиби ворид намудаии масъалаҳо ба баррасии Ҳукумат
7. Ба баррасии Ҳукумат масъалаҳое пешниҳод карда мешаванд, ки таҳти салоҳияти Ҳукуматқарор дошта, наметавонанд аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо мустақилона ҳаллу фасл шаванд.
Мақомоти ҳокимияти иҷроияи тобеи вилоят, шаҳр ва ноҳия дар маҳалҳо, корХонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, тавассути мақомоти болоии Худ масъалаҳоро ба Ҳукумат пешниҳод менамоянд.
8. Доир ба масъалаи ба баррасии Ҳукумат пешниҳодшаванда аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои соХтории он, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо лоиҳаи қарорҳои (фармоишҳои) Ҳукумат ва ёддоштро бо асосноксозии мувофиқи мақсад будани қабули он ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо замимаи ҳисобҳои даХлдор ва маводи иттилоотӣ пешниҳод менамоянд.
Ёддошт оид ба масъалаҳои ба баррасии Ҳукумат пешниҳодгардида бояд имзо карда шуда, лоиҳаи қарор (фармоиш) ва замимаҳои он бояд ба қонунгузории ҷорӣ мувофиқат намоянд. Лоиҳа бояд мақсад ва чорабиниҳои дақиқ баёнёфтаро доир ба ҳалли масъалаҳое, ки дар он иҷрокунандагон ва мӯҳлати иҷро зикр гардидааст, дар бар гирад ва аз ҷониби шаХси мансабдори масъаларо манзурнамуда имзо карда шавад.
Лоиҳаи қарори (фармоиши) Ҳукумат бояд бо ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои манфиатдор мувофиқа гардад. ҳангоми пайдо шудани иХтилофот оид ба лоиҳа тамоми эътироз ва мулоҳизаҳо бояд ба таври Хаттӣ пешниҳод карда шаванд.
9. Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои даХлдор мувофиқа гарданд.
Лоиҳаи қонунҳо ба баррасии Ҳукумат мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ" ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
10. Вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони идораҳо, раисони Вилояти МуХтори Кӯҳистони БадаХшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадоранд оид ба лоиҳаҳои барои мувофиқа ирсолгардидаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ на дертар аз панҷ рӯз аз лаҳзаи воридшавии онҳо, агар мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад, мулоҳизаҳои Хаттии расмӣ пешниҳод намоянд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиХаХои конунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз аз рӯзи воридшавии онҳо Хулосаи расмии Хаттӣ пешниҳод намояд.
11. Лоиҳаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамоҳо ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз баррасии пешакии якҷоя бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба Ҳукумат пешниҳод мегарданд.
12. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба Ҳукумат пешниҳод намудани лоиҳаҳои Буҷети давлатӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, раисони Вилояти МуХтори Кӯҳистони БадаХшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводи ба онҳо даХлдорро оид ба ин лоиҳаҳо ирсол менамоянд.
Лоиҳаҳои санадҳои ба Ҳукумат пешниҳодшуда оид ба масъалаҳои муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳои он, ҳамчунин масъалаҳои нисбатан муҳими фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо бояд пешакӣ дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи онҳо, иҷлосияҳои Маҷлисҳои даХлдори вакилони Халқ баррасӣ гарданд.
13. Лоиҳаи санадҳои ба баррасии Ҳукумат доХилшуда пешакӣ дар воҳидҳои соХтории соҳавии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, асоснокии онҳо муайян карда шуда, маълумотнома таҳия мегардад, ки дар он масъалаҳои баррасишаванда, мувофиқи мақсад будани қабул, бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои манфиатдор мувофиқа гардидани он нишон дода мешавад.
Лоиҳаҳои санадҳои Ҳукумат бояд бо шӯъбаи ҳуқуқ ва бо ҳамаи воҳидҳои соХтории даХлдор мувофиқа шуда, дар шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гарданд ва ин ҳолат низ бояд дар маълумотнома зикр гардад.
Дар сурати имконнопазирии мувофиқаи пурраи лоиҳаи санадҳо, дар маълумотномаи воҳиди соХторӣ масъалаҳо ва сабабҳои мувофиқа нагардидан ва асосҳои қабул нашудани мулоҳиза ва пешниҳодот бояд нишон дода шаванд.
14. ҳангоми иҷро нагардидани санадҳои қаблӣ ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои нав иҷозат дода намешавад. ҳар як санади нав оид ба ҳамон масъала дар ҳолате бояд қабул гардад, ки агар санадҳои қаблан қабулшуда иҷро гардидаанд ва ё шароитҳои нав ба миён омадаанд.
15. Лоиҳаи қарорҳо ва фармоишҳои ба баррасии Ҳукумат пешниҳодшаванда, бояд ба забони давлатӣ ва русӣ, мутобиқи талаботи ҳамин Дастур таҳия гардида, мувофиқи Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шаванд.
Лоиҳаҳое, ки ба Ҳукумат бе риояи талаботи дар ҳамин фасл нишондодашуда пешниҳод мегарданд, аз ҷониби муовини аввал ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври зарурӣ таҳия намудан ба муаллифон баргардонда мешаванд.
16. Лоиҳаҳои қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ барои Хулоса ба ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон равон намудаанд, бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлия ҷиҳати баррасии якҷоя бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо таҳти сарварии он ва минбаъд пешниҳод намудани Хулосаи Хаттӣ ва лоиҳаи қарори даХлдори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд.
IV . Баррасии масъалаҳо дар Раёсати Ҳукумат
17. Масъалаҳое, ки барои баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумат таҳия шудаанд, қаблан дар маҷлиси Раёсати Ҳукумат муҳокима мешаванд.
Маҷлиси Раёсати Ҳукуматро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар набудани ӯ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад ва мегузаронад.
ҳангоми зарурат ба маҷлиси Раёсати Ҳукумат мумкин аст аъзои алоҳидаи Ҳукумат ё шаХсони дигари мансабдор даъват карда шаванд.
18. Масъалаҳо ҷиҳати муҳокимаи пешакӣ дар Раёсати Ҳукумат аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сурати набудани ӯ аз ҷониби муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муовинони даХлдори Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидаанд, пешниҳод мешаванд.
19. Оид ба масъалаҳои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии Ҳукумат таҳиягардида воҳидҳои соХтории даХлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси Раёсати Ҳукумат гузориш медиҳанд.
20. ШаХсони мансабдор, ки масъаларо барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод мекунанд ва воҳидҳои соХтории даХлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи мӯҳлатҳои муқарраргардида ва сифати таҳияи маводу ҳуҷҷатҳо масъул мебошанд.
21. Раёсати Ҳукумат оид ба рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукуматқарори Хусусияти тавсиявидошта қабул менамояд.
Тавсияҳои Раёсати Ҳукумат дар бораи ба рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат доХил намудани масъалаҳо бо протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумат ба расмият дароварда мешаванд.
Лоиҳаи рӯзнома ва дигар маводи зарурии маҷлиси Ҳукумат ба Раиси Ҳукумат аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
IV. Омодагӣ ва баргузории маҷлисҳои Ҳукумат
22. Маҷлисҳои Ҳукумат аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида шуда, дар сурате салоҳиятдор ҳисобида мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумат иштирок намоянд.
Мӯҳлати аниқи гузаронидани маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат муайян мекунад.
23. Маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат ё бо супориши ӯ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
24. Рӯзномаи маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат бо назардошти тавсияҳои Раёсати Ҳукумат муайян менамояд ва он дар маҷлиси Ҳукумат тасдиқ карда мешавад.
Ба рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат раисикунандаи маҷлис метавонад масъалаҳои иловагиро ворид намояд, агар ин масъалаҳо таҳияи пешакиро талаб накунанд, ё ин ки тартиби пешакии таҳияи онҳо анҷом ёфта бошад.
Лоиҳаи рӯзнома ва маводи маҷлис ба аъзои Ҳукумат ва оид ба масъалаҳои даХлдор ҳамчунин ба шаХсони мансабдор, дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯз пеш аз маҷлис фиристода мешавад.
25. Дар маҷлиси Ҳукумат аъзои Ҳукумат, Роҳбар ва муовинони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумат Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд иштирок намоянд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумат Раисони Вилояти МуХтори Кӯҳистони БадаХшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони идораҳо, дигар шаХсони мансабдор, ки маърӯзачии масъалаи ба баррасии маҷлиси Ҳукумат пешниҳодшуда ба ҳисоб мераванд, даъват карда мешаванд.
Дар асоси пешниҳоди воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлисҳои Ҳукумат мумкин аст шаХсони дигари мансабдор вобаста ба баррасии масъалаҳои муҳим ҳангоми гузаронидани маҷлис дар ҳайати васеъ ё дар ҳолате, ки дар марҳилаи таҳия ва мувофиқаи масъалаҳои вобаста ба онҳо иХтилофи назар ба миён омадааст, даъват карда шаванд.
26. Дар маҷлисҳои Ҳукумат оид ба масъалаҳо вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони идораҳо, воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти МуХтори Кӯҳистони БадаХшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаХсони мансабдор, ки ба масъалаи баррасишаванда даХл доранд, гузориш медиҳанд.
Барои гузориш то 10 дақиқа, барои муҳокима то 5 дақиқа ва барои маълумот то 3 дақиқа вақт муқаррар карда мешавад.
Раисикунанда дар маҷлиси Ҳукумат метавонад мӯҳлати дигарро низ муқаррар намояд.
27. Дар маҷлиси Ҳукумат санадҳо бо аксари овози аъзои Ҳукуматқабул карда мешаванд.
Баъди баррасии ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис доХилгардида маҷлиси Ҳукумат пӯшида эълон карда мешавад.
Натиҷаи баррасии масъалаҳо бо протоколи маҷлиси Ҳукумат ба расмият дароварда мешавад, ки онро раисикунандаи маҷлиси Ҳукумат имзо мекунад.
28. Мутобиқи принсипи ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Ҳукумат масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумат баррасӣ мешаванд ва санадҳои дар он қабулгардида, ба истиснои санадҳое, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, дар нашрияҳои чопии расмии Ҳукумат ва дигар васоити аХбори умум нашр карда мешаванд. Ташкили ин корҳоро маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Ба толори маҷлиси Ҳукумат овардан ва истифода намудани истгоҳҳои наворбардорӣ ва сабти овоз аз тарафи иштирокчиён ва шаХсони даъватшуда бе иҷозати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
29. Фиристодани маводи маҷлиси Ҳукумат, Хабардор намудани аъзои Ҳукумат ва ҳамчунин шаХсони даъватшуда оид ба сана ва вақти гузаронидани маҷлис, бақайдгирии иштирокчиён ва Хизматрасонии маҷлис (сабти баромадҳо, бурдани протоколҳо ва uайраҳо) аз тарафи шӯъбаи умумии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
VI. Барасмиятдарорӣ, фиристодан, нашр намудан ва эътибор пайдо кардани санадҳои Ҳукумат
30. Санадҳои Ҳукумат, ки дорои Хусусияти меъёрӣ ё аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд, дар шакли қарори Ҳукумат содир мешаванд. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорие, ки Хусусияти меъёрӣ надоранд, дар шакли фармоиши Ҳукумат содир мешаванд.
Қарору фармоишҳои Ҳукуматро Раиси Ҳукумат имзо мекунад.
31. Қарору фармоишҳое, ки дар маҷлиси Ҳукуматқабул карда мешаванд, дар давоми се рӯзи кори барои имзо манзур мегарданд.
Лоиҳаи санадҳои Ҳукумат, ки дар ҷараёни муҳокимаи онҳо фикру мулоҳизаҳо баён, иловаҳо ворид ва дақиқ карда шудаанд, бо тартиби муқарраргардида аз тарафи воҳидҳои соХтории даХлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё комиссия ва гурӯҳҳои кории дар маҷлисҳои Ҳукумат барои ин корҳо таъсисёфта такмил дода, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи раисикунандаи маҷлиси Ҳукумат барои имзо манзур мегарданд.
32. Оид ба масъалаҳое, ки дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумат ба миён меоянд ва қабули қарор ё фармоишро талаб намекунанд, Раиси Мақлис метавонад супориш ё тавсия диҳад, ки ба протоколи маҷлис ворид карда мешаванд ва ба иҷрокунандагон дар шакли нусХа аз протоколи маҷлис фиристода мешаванд.
Нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумат бо мӯҳри даХлдори шӯъбаи умумии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
33. Дар қарорҳои дорои Хусусияти меъёрии Ҳукумат мӯҳлати эътибор пайдо кардани онҳо нишон дода мешавад, дар ҳолатҳои дигар бошад онҳо ва ҳамчунин фармоишҳои Ҳукумат аз рӯзи имзо гардиданашон эътибор пайдо мекунанд.
34. ҳамаи қарору фармоишҳои Ҳукумат баъди имзо шуданашон мутобиқи номгӯй ва тартиби муқаррарнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
35. Қарорҳои дорои Хусусияти меъёрии Ҳукумат дар нашрияҳои расмии Ҳукумат ва маҷмӯа бо мӯҳри "Барои истифодаи Хизматӣ" нашр карда мешаванд.
36. Санадҳои Ҳукумат вобаста ба чорабиниҳои муҳим ва таъҷилии дар он пешбинигардида бояд ба таври васеъ ва саривақт ба маълумоти умум расонида шаванд, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор гарданд ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо тартиби муқарраргардида тавассути телевизион ва радио паҳн карда шаванд.
VII. Комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории Ҳукумат
37. Бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ кардани санадҳои Ҳукумат, назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулгардида ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи муҳим Ҳукумат комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад.
Комиссияҳои доимӣ фаъолияти Худро мутобиқи низомномаҳои Худ, ки онҳоро Ҳукумат тасдиқ намудааст, анҷом медиҳанд.
Барои омодасозии лоиҳаҳои санадҳои Ҳукумат ва баррасии иХтилофот оид ба лоиҳаҳои қарорҳо ва ҳамчунин барои ташкили иҷрои санадҳои алоҳидаи Ҳукумат аз тарафи Ҳукумат комиссияҳои муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд.
Қарорҳои комиссияи муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар протоколҳо ба расмият дароварда шуда, ба иҷрокунандагони даХлдор расонида мешаванд. Протоколи маҷлисҳои комиссия ва гурӯҳҳои кориро роҳбарони онҳо имзо мекунанд.
VIII. Назорати иҷро
38. Ҳукумат назорати фаъолияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ анҷом медиҳад ва вобаста ба ин ҳангоми зарурат дар маҷлисҳои Худ масъалаи аз тарафи онҳо иҷро гардидани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, Фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Худи Ҳукуматро баррасӣ менамояд.
Муовнни аввал, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи масъулиятҳои байни онҳо тақсимшуда, ба роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷроияи қарор ва фармоишҳои Ҳукумат супоришҳо медиҳанд.
39. Ташкили назорати иҷрои санадҳои Ҳукуматро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Санадҳои Ҳукумат бо тартиби муқаррарнамудаи Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назорат гузошта мешаванд ва бо ҳамон тартиб бо дарХости асосноки воҳидҳои соХтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назорат Хориҷ карда мешаванд.
40. Назорати риояи талаботи ҳамин Дастур ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.