Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ аз 29 августи соли 2015 № 550

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2015, № 550

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1.1 Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади таъмини иҷрои моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити экологӣ" таҳия гардида, талаботи ягона ба ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологиро, ки ҳуқуқи гузаронидани аудити экологиро дороянд, муайян менамояд.

1.2 Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ, ки ҳуқуқи гузаронидани аудити экологиро доранд (минбаъд - Феҳрист) ҳуҷҷатест, ки номгӯи аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологиро, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити экологӣ" ҳуқуқи гузаронидани аудити экологиро доранд, муқаррар мекунад;

- дархосткунанда - шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки барои гузаронидани аудити экологӣ ҳуқуқ дошта, барои ворид шудан ба Феҳрист ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) дархост пешниҳод менамояд.

2. Тартиби воридкунии маълумот ба Феҳрист

2.1 Ба Феҳрист маълумоти зерин ворид карда мешавад:

- оид ба аудиторҳои экологии дорои Иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитория экологӣ, ки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи Кумита дода шудааст;

- шахсони ҳуқуқӣ, ки дар оинномаашон ин намуди фаъолият пешбинӣ шуда, дар воҳидҳои кориаш ақаллан як мутахассиси дорои иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ фаъолият кунад.

2.2. Воридкунии аудиторони экологӣ ба Феҳрист аз лаҳзаи Иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологиро гирифтани онҳо амалӣ мегардад.

2.3. Барои ворид намудан ба Феҳрист дархосткунанда ба Кумита чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунад:

а) дархост аз рӯи шакли муқарраргардида, ки дар замимаи 1 оварда шудааст;

б) нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;

в) иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

г) нусхаи Оинномаи шахси ҳуқуқӣ;

д) гувоҳномаи тасдиқкунандаи мавҷудияти ақаллан як мутахассиси дорои Иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ дар воҳидҳои кории дархосткунанда;

е) нусхаи Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ;

ё) нусхаи Иҷозатномаи аудитори экологӣ.

2.4. Дархост барои вориднамудан ба Феҳрист ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро, ки саҳифабандӣ карда шуда, ба рӯйхат гирифта шудаанд, дархосткунанда барои воридкунӣ ба Феҳрист бо воситаи почта мефиристад ва ё шахсан ба Кумита мерасонад. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар Кумита дар дафтари махсус ба қайд гирифта мешаванд.

2.5 Ҳуҷҷатҳои дархосткунанда, ки барои ворид намудан ба Феҳрист пешниҳод гардидаанд, дар ҷаласаи Комиссия оид ба воридкунии аудиторони экологӣ ба Феҳрист (мшбаъд - Комиссия) баррасӣ карда мешаванд. Қарори Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешавад (замимаи 2).

2.6. Оид ба ворид намудан ба Феҳрист, ки намуна ё шакли он дар замимаи 3 оварда шудааст ё қабули қарор дар бораи рад кардан барои воридкунӣ ба Феҳрист дар давоми ҳафт рӯзи корӣ аз рӯзи барасмиятдарории қарори Комиссия оид ба ворид намудан ба Феҳрист ба дархосткунанда хабар дода мешавад. Дар қарор дар бораи рад кардан барои воридкунӣ ба Феҳрист далелҳои асоснок нишон дода мешаванд.

2.7. Далелҳои асоснок барои қабули қарори Комиссия дар бораи рад кардани ворид намудани дархосткунанда ба Феҳрист инҳо мебошанд:

- ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набудани ҳуҷҷатҳои пешииҳодшуда, ки ба дархост замима мегарданд;

- дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардндани ҳуҷҷатҳои дар Тартиби мазкур пешбинигардида.

3. Муқаррароти хотимавӣ

3.1 Дархосткунанда ҳуқуқ дорад аз болои қарори Комиссия дар бораи рад намудан барои воридкунӣ ба Феҳрист бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намояд.

Замимаи 1-3