Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд аз 29 августи соли 2015 № 549

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2015, № 549

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ МАХСУСИ АДВОКАТҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ, КИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТИРО АМАЛӢ МЕНАМОЯНД

1. Тартиби мазкур тибқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" таҳия гардида, тартиби пешбурди Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷиро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд (минбаъд - Феҳрист), муқаррар мекунад.

2. Адвокатҳои давлатҳои хориҷиро, ки фаъолияти адвокатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад.

3. Феҳрист ба забони давлатӣ аз рӯи шакли муқаррарнамудаи замимаи 1 бурда мешавад.

4. Барои бақайдгирӣ дар Феҳрист адвокати давлати хориҷӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза ба забони давлатӣ аз рӯи шакли муқаррарнамудаи замимаи 2;

- маълумотнома (анкета) бо забони давлатӣ аз рӯи шакли муқаррарнамудаи замимаи 3;

- ҳуҷҷате, ки мақоми адвокати давлати хориҷиро тасдиқ менамояд (ҳуҷҷати зикргардида бояд қонунигардонӣ шуда бошад, агар бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад), ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва нусхаи онҳо, ки ба забони давлатӣ тарҷума карда шудаанд. Аз ҷониби нотариуси давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои дар боло овардашуда, инчунин аз ҷониби адвокат оид ба донистан ё надонистани забони дахлдори хориҷӣ бо имзои тарҷумон тасдиқ карда шавад;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд, инчунин нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шудаанд;

- ҳуҷҷат дар бораи пардохти боҷи давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ";

- ду расм (анфас, бе каллапӯш, дар коғази беҷилои андозаи 4x5 см).

5. Пешниҳоди маълумотҳои носаҳеҳ ё дар сурати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дар банди 4 Тартиби мазкур зикргардида, асос барои рад намудани бақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ мегардад.

6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ пас аз дохил шуданашон ҳуҷҷатҳои дар банди 4 Тартиби зикргардидаро месанҷад. Зимнан Вазорат ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ бо дархост дар бораи санҷидан ва ё тасдиқи саҳеҳии (дурустии) ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда муроҷиат намояд. Мақомоти давлатӣ ӯҳдадоранд, ки дар бораи натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатҳо хабар диҳанд ё дурустии онҳоро на дертар аз як моҳ аз рӯзи гирифтани дархост тасдиқ намоянд. Баъди тасдиқи дурустии ҳуҷҷатҳои зикргардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишро дар бораи бақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ дар Феҳрист мебарорад, ки дар асоси он шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ (минбаъд шаҳодатнома) медиҳад. (замимаи 4)

7. Дар ҳар се сол азнавбақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ, тибқи банди 4 Тартиби мазкур дар Феҳрист гузаронида мешавад.

8. Рақами бақайдгирӣ рақами қайд дар Феҳрист мебошад, зимнан рақамгузории пайдарпай бе тақсимот аз рӯи солҳо амалӣ карда мешавад. Рақами бақайдгирӣ наметавонад ба дигар шахс дода шавад, аз он ҷумла ҳангоми аз эътибор соқит кардани бақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ дар Феҳрист. Рақами бақайдгирӣ дар парвандаи феҳристии адвокати давлати хориҷӣ ва дар шаҳодатнома зикр карда мешавад. Ҳангоми аз нав ба қайд гирифтан рақами бақайдгирии нав ба адвокати давлати хориҷӣ дода мешавад.

9. Нисбати қарор дар бораи рад кардани бақайдгирӣ, дар Феҳрист бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

10. Дар ҳолати гум кардани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ба адвокати давлати хориҷӣ аз рӯи аризаи вай дубликат (нусхаи дигар) дода мешавад.

11. Дар ҳолати ба миён омадани ҳолатҳои наве, ки ба мақоми адвокат дахл доранд, охирин бояд Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хабардор намояд.

12. Аризаи адвокати давлати хориҷӣ дар бораи бақайдгирии он дар Феҳрист, фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба адвокати давлати хориҷӣ дахл доранд, дар парвандаи феҳристи ҷамъ оварда мешаванд.

13. Аз эътибор соқит кардани бақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ аз рӯи аризаи адвокат, гузаштани мӯҳлати эътибор ё бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

14. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии адвокати давлати хориҷиро дар Феҳрист дар ҳолатҳои зерин аз эътибор соқит мекунад:

- муқаррар кардани нодурустии ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ пешниҳодшуда;

- берун кардани адвокат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардашуда;

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи гунаҳгор донистани адвокат дар содир намудани ҷиноят.

15. Дар бораи аз эътибор соқит кардани бақайдгирии адвокати давлати хориҷӣ аз Феҳрист Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши асоснок мебарорад.

16. Нисбати қарор дар бораи аз эътибор соқит кардани бақайдгирӣ дар Феҳрист бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят намудан мумкин аст.

17. Адвокати давлати хориҷӣ, ки бақайдгирии он дар Феҳрист аз эътибор соқит карда шудааст, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома дар бораи бақайдгириро бармегардонад.

18. Барои додани иқтибос аз Феҳрист мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" маблағ рӯёнида мешавад. Дар иқтибос номгӯи Феҳрист, насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат, рақами бақайдгирии он нишон дода мешаванд (замимаи 5). Ба мақоми давлатӣ иттилооти зикргардида ройгон дода мешавад. Иттилоот дар намуди иқтибос дар бораи адвокатҳои мушаххас дода мешавад. Шакли иқтибос ва тартиби додани онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Замимаи 1-3