Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 № 549

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2015, № 549

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур тибқи қисми 2 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" (минбаъд   Қонун) таҳия гардида, тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

2. Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Феҳрист) (замимаи 1 ба Тартиби мазкур) аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикиотон пеш бурда мешавад.

3. Феҳрист дар ҳомили коғазӣ ва дар намуди электронӣ бурда мешавад. Маълумот дар Феҳристи ҳомили коғазӣ буда ба маълумоти дар феҳристи ҳомили электронӣ мавҷудбуда мутобиқат менамояд.

Ҳангоми мутобиқ набудани байни қайдҳо дар ҳомили коғазӣ ва дар намуди электронӣ, қайдҳо дар ҳомили коғазӣ афзалият доранд.

Пешбурди Феҳрист тибқи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.

4. Феҳрист бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- рақами бақайдгирии адвокат;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат;

- дар бораи додани мақоми адвокат (реквизитҳои қарори комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - комиссияи тахассусӣ) дар бораи додани мақоми адвокат);

- дар бораи боздоштани мақоми адвокат (реквизитҳои қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи боздоштани мақоми адвокат);

- дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат (реквизитҳои қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат);

- дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат (реквизитҳои қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат);

- дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд (реквизитҳои қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдо кардаи суд);

- дар бораи ворид намудани тағйирот (мазмуни тағйирот ва реквизитҳои қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи ба Феҳрист ворид намудани тағйирот).

5. Феҳрист дар ҳомили коғазӣ дӯхта мешавад, варақҳои он рақамгузорӣ карда мешаванд, маълумот дар бораи миқдори варақҳо бо имзои сардори раёсати дахлдори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шахсе, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад) тасдиқ карда мешаванд.

6. Ба Феҳрист ворид намудани маълумот ройгон анҷом дода мешавад.

7. Маълумоти дар Феҳрист мавҷудбуда кушода ва дастраси умум мебошад. Феҳрист дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет ҷой дода мешавад.

8. Ворид намудани маълумот ба Феҳрист бо асосҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- хабардоркунии комиссияи тахассусӣ дар ҳолати ба довталаб додани мақоми адвокат; боздоштан, барқарор кардан, қатъ кардан ва аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд;

- аризаи адвокат, дар ҳолати ба феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падар (охиринҳангоми мавҷуд будан).

9. Маълумот дар бораи адвокат танҳо ба як Феҳрист ворид карда мешавад.

10. Қайдҳо ба Феҳрист дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронӣ аз ҷониби мутахассисон ворид карда мешаванд. Қайдҳо ба Феҳрист дар ҳомили коғазӣ аз ҷониби мутахассисон бо даст, бо хати хоно ворид карда мешаванд. Ҳангоми пешбурди Феҳрист дар ҳомили коғазӣ ба пок кардан ва ислоҳи шарҳдоданашуда роҳ дода намешавад. Ҳар як ислоҳи ба Феҳрист ворид кардашуда бо имзои мутахассис тасдиқ карда мешавад.

11. Вазорати адлия ҳар сол на дертар аз 1 феврал ба Иттифоқи адвокатҳо нусхаи Феҳристро, ки дар ҳомили электронӣ бурда мешавад, равон мекунад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Феҳрист Иттифоқи адвокатҳоро дар давоми даҳ рӯз аз санаи ворид намудани тағйироти зикргардида хабардор менамояд.

12. Барасмиятдарории қарори комиссияи тахассусиро оид ба додани мақоми адвокатӣ раёсати дахлдори Вазорати адлия бо ворид намудани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягона амалӣ менамояд. Дар Феҳрист реквизитҳои қарори комиссияи тахассусӣ гузошта мешаванд. Нусхаи огоҳинома дар бораи ворид намудани маълумоти дахлдор, инчунин ҳуҷҷатҳои дар банди 21 Тартиби мазкур зикргардида (ба ғайр аз аксҳо), дар парвандаи феҳристии адвокат нигоҳ дошта мешаванд.

13. Парвандаҳои феҳристии адвокатҳо дар давоми 75 сол нигоҳ дошта мешаванд.

14. Рақами бақайдгирии адвокат дар Феҳрист рақами тартибии қайдро ҳангоми ворид намудани маълумот дар бораи адвокат ба Феҳрист тавассути рақамгузории пайдарҳамӣ, новобаста ба сол, дар бар мегирад. Рақами бақайдгирӣ дар ҷилди дахлдори парвандаи номенклатурӣ, ки "Парвандаи феҳристии адвокат" (минбаъд - парвандаи феҳристии адвокат) сарлавҳагузорӣ карда шудааст, гузошта мешавад.

Рақами бақайдгирӣ наметавонад ба дигар шахс дода шавад, аз он ҷумла ҳангоми хориҷ кардани маълумот аз Феҳрист дар ҳолати аз ҷониби адвокат тағйир додани узвият дар Иттифоқи адвокатҳо ё ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати қатъ гаштани мақоми адвокат.

2. Додани иқтибос аз Феҳрист

15. Аз рӯи аризаи (дархости) хаттии ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқии манфиатдор (минбаъд - аризадиҳанда) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дар Феҳрист бударо ба истиснои ҷои зисти адвокат дар намуди иқтибос аз феҳрист (минбаъд - иқтибос) медиҳад (замимаи 2 ба Тартиби мазкур). Иқтибос дар мӯҳлати то даҳ рӯз аз рӯзи бақайдгирии ариза (дархост) дода мешавад. Барои додани иқтибос мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" маблағ рӯёнида мешавад. Иттилооте, ки ба ворид намудани маълумот ба Феҳрист дар бораи боздоштан, аз нав сар кардан, қатъ кардани мақоми адвокат дахл доранд, ба иқтибос ҳангоми мавҷуд будани маълумоти дахлдор дар Феҳрист дохил карда мешаванд. Дар ҳолати дар Феҳрист мавҷуд набудани маълумоти дархостшаванда ба иқтибос қайди дахлдор ворид карда мешавад, зимнан номгӯи Феҳрист, насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) шахсе, ки маълумот дар бораи он дархост карда мешаванд, нишон дода мешавад. Иқтибос ба аризадиҳанда ба воситаи муросилоти почтавӣ аз рӯи суроға, фиристониш дар шакли ҳуҷҷати электронӣ (тасвири электронӣ, ки дар асоси ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ омода карда шудааст) ва ё ҳангоми муроҷиати шахсӣ дода мешавад.

16. Барои гирифтани иқтибос аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- аризаи аслӣ (дархост) дар бораи додани иқтибос (замимаи 3 ба Тартиби мазкур);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (барои аризадиҳанда

- шахси воқеӣ, барои намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ);

- нусхаи квитансия дар бораи супоридани боҷи давлатӣ;

- нусхаи ҳуҷҷате, ки ваколати намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқиро тасдиқ мекунад.

17. Ариза (дархост) дар бораи додани иқтибос бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

а) барои аризадиҳанда - шахси воқеӣ:

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) аризадиҳанда ва намояндаи ваколатдори вай (агар манфиатҳои аризадиҳандаро намояндаӣ ваколатдор намояндагӣ кунад);

- мӯҳтавои ариза;

- реквизитҳои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва намояндаи ваколатдори вай (агар манфиатҳои аризадиҳандаро намояндаи ваколатдор намояндагӣ кунад);

- реквизитҳои ҳуҷҷате, ки ваколати намояндаи аризадиҳандаро тасдиқ мекунад (агар манфиатҳои аризадиҳандаро намояндаи ваколатдор намояндагӣ кунад);

- суроғаи истиқомати аризадиҳанда;

- имзои аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори вай (агар манфиатҳои аризадиҳандаро намояндаи ваколатдор намояндагӣ кунад);

б) барои аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ:

- номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва насаб, ном, номи падари (охиринҳангоми мавҷуд будан) намояндаи ваколатдори вай; - мӯҳтавои дархост;

- реквизитҳои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқӣ;

- реквизитҳои ҳуҷҷате, ки ваколати намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад;

- маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ (маҳали бақайдгирии давлатии он); - имзои намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқӣ;

в) маълумоти ҳатмӣ:

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат (дигар маълумот), ки имконият медаҳанд вай дар феҳрист муайян карда шавад;

- усули гирифтани иқтибос (ирсоли почтавӣ, ҳангоми муроҷиати шахсӣ, ирсол дар шакли ҳуҷҷати электронӣ);

- усули равон кардани хабарномаи иттилоотӣ барои шахсан гирифтани иқтибос (муросилоти почтавӣ, алоқаи электронӣ ё факсимилӣ, ахборотдиҳӣ дар бораи омода будани натиҷаҳо ба воситаи телефон).

18. Рад кардани қабули ҳуҷҷатҳо барои додани иқтибос манъ аст.

19. Барои рад кардани додани иқтибос ҳолатҳои зерин асос шуда метавонанд:

- ариза (дархост) дар бораи додани иқтибос маълумоти дар банди 17 Тартиби мазкур зикргардидаро надошта бошад;

- ба ариза (дархост) дар бораи додани иқтибос ҳуҷҷатҳои дар банди 16 Тартиби мазкур зикргардида замима карда нашуда бошанд. Ҳангоми бартараф намудани сабабҳое, ки тибқи сархатҳои якум ва дуюми банди мазкур асос барои равон кардани огоҳинома дар бораи рад кардани додани иқтибос шудаанд, аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷатҳоро такроран пешниҳод намояд.

3. Мӯҳлати ба Феҳрист ворид намудани маълумот

20. Мӯҳлати ба Феҳрист ворид намудани маълумот на бояд аз инҳо зиёдтар бошад:

- барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи додани мақоми адвокат - се рӯз аз рӯзи ворид шудани огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи ба довталаб додани мақоми адвокат;

- барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи боздоштани мақоми адвокат, дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат ва қатъ кардани мақоми адвокат - даҳ рӯз аз лаҳзаи ворид шудани огоҳиномаи дахлдори комиссияи тахассусӣ;

- барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд - даҳ рӯз аз лаҳзаи ворид шудани ҳалномаи дахлдори суд;

- барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат - даҳ рӯз аз рӯзи ворид шудани аризаи адвокат.

21. Огоҳинома дар бораи ба Феҳрист ворид намудан (рад кардани воридкунӣ), аз феҳрист хориҷ намудани маълумот ба ташаббускори ба феҳрист ворид намудани маълумот (аз феҳрист хориҷ намудани маълумот) ва адвокат равон карда мешавад.

4. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот (аз Феҳрист хориҷ намудани маълумот) заруранд

22. Барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати додани мақоми адвокат аз ҷониби комиссияи тахассусӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи ба довталаб додани мақоми адвокат;

- нусхаи протоколи маҷлиси комиссияи тахассусӣ;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти адвокат;

- нусхаи саволнома (анкета), ки маълумоти тарҷумаи ҳоли адвокатро дорад;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кориро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқӣ ва (ё) корро ба сифати коромӯзи адвокат тасдиқ менамоянд;

- нусхаи ҳуҷҷате, ки мавҷудияти маълумоти олии ҳуқуқшиносии дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии аккредитатсия ё нострификатсияи давлатидошта гирифта ва ё дараҷаи илмиро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд;

- расми адвокат, ки андоза ва шакли он дар банди 25 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст.

23. Огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи додани мақоми адвокат ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, дар нусхаи аслӣ пешниҳод карда мешавад. Огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи додани мақоми адвокат ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, бояд дар бланки комиссияи тахассусӣ бо усули чопӣ иҷро карда шавад ё ба воситаи дастгоҳҳои электронии чопкунанда чоп карда шуда, аз ҷониби раиси комиссияи тахассусӣ (шахсе, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад) имзо карда шавад.

24. Дар огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи ба довталаб додани мақоми адвокатӣ, маълумоти зерин бояд зикр карда шавад:

- номи мақомоте, ки ба он огоҳинома равон карда мешавад;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат;

- санаи маҷлиси комиссияи тахассусӣ, ки дар он қарор дар бораи додани мақоми адвокат ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, қабул карда шудааст;

- суроғаи маҳалли зисти доимии адвокат;

- телефони пайваст, факс ва суроғаи почтаи электронии адвокат (дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот).

25. Расми андозаи 3х4 см дар шакли ранга ё сиёҳу сафед, бе кунҷи равшан, дар коғази аксбардории беҷилои тунук пешниҳод карда мешавад. Пешниҳод намудани расмҳо бо каллапӯш, ки тарҳи рӯйро пинҳон намекунад, аз ҷониби шаҳрвандоне, ки эътиқоди динии онҳо имконият намедиҳад, дар назди шахсони бегона бе каллапӯш ба чашм намоянд, иҷозат дода мешавад. Барои шахсоне, ки доимо айнак мемонанд, расм гирифтан бо айнакҳои шишаашон рангкарданашуда ҳатмист.

26. Барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи боздоштани мақоми адвокат комиссияи тахассусӣ огоҳиномаро дар бораи боздоштани мақоми адвокат дар нусхаи аслӣ пешниҳод менамояд. Огоҳинома дар бораи боздоштани мақоми адвокат бояд дар бланки Иттифоқи адвокатҳо бо усули чопӣ иҷро карда шавад ё ба воситаи дастгоҳҳои электронии чопкунанда чоп карда шуда, аз ҷониби раиси Иттифоқи адвокатҳо (шахсе, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад) имзо карда шавад.

27. Дар огоҳинома дар бораи боздоштани мақоми адвокат зикр карда мешаванд:

- номи мақоме, ки ба он огоҳинома равон карда мешавад;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат ва рақами бақайдгирӣ дар Феҳрист;

- санаи маҷлиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, ки дар он қарор дар бораи боздоштани мақоми адвокат қабул карда шудааст;

- асосҳое, ки аз рӯи он мақоми адвокат боздошта шудааст;

- суроғаи маҳалли зисти доимӣ ё ин ки ҷои будубоши асосии адвокат;

- телефони пайваст, факс ва суроғаи почтаи электронии адвокат (дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот).

28. Барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат огоҳиномаи Иттифоқи адвокатҳо дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат дар нусхаи аслӣ пешниҳод карда мешавад. Огоҳинома дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат бояд дар бланки Иттифоқи адвокатҳо бо усули чопӣ иҷро карда шавад ё ба воситаи дастгоҳҳои электронӣ чоп карда шуда, аз ҷониби раиси Иттифоқи адвокатҳо (шахсе, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад) имзо карда шавад.

29. Дар огоҳинома дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат зикр карда мешавад:

- номи мақоме, ки ба он огоҳинома равон карда мешавад;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат ва рақами бақайдгирӣ дар Феҳрист;

- санаи маҷлиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, ки дар он қарор дар бораи барқарор кардани мақоми адвокат қабул карда шудааст;

- суроғаи маҳалли зисти доимии адвокат;

- телефони пайваст, факс ва суроғаи почтаи электронии адвокат (дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот).

30. Барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат равон карда мешаванд:

- огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат;

- нусхаи иқтибос аз қарори комиссияи тахассуси дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат.

31. Огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат бояд дар бланки комиссияи тахассусӣ бо усули чопӣ иҷро карда шавад ё ба воситаи дастгоҳҳои электронӣ чоп карда шуда, аз ҷониби раиси комиссияи тахассусӣ (шахсе, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад) имзо карда шавад.

32. Дар огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат зикр карда мешавад:

- номи мақоме, ки ба он огоҳинома равон карда мешавад;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокате, ки мақоми он қатъ карда шудааст ва рақами бақайдгирӣ дар Феҳрист;

- санаи маҷлиси комиссияи тахассусӣ; ки дар он қарор дар бораи қатъ кардани мақоми адвокат қабул карда шудааст;

- суроғаи маҳалли зисти доимии адвокате, ки мақоми он қатъ карда шудааст;

- телефони пайваст, факс ва суроғаи почтаи электронии адвокате, ки мақоми он қатъ карда шудааст (дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот);

- асосҳои қатъ кардани мақоми адвокат.

33. Барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд:

- огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд;

- нусхаи қарори комиссияи тахассусӣ дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд;

- нусхаи ҳалномаи суд дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

- расми адвокат, ки ба талаботи муқарраркардаи банди 25 Тартиби мазкур мувофиқат мекунад.

34. Огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд дар нусхаи аслӣ пешниҳод карда мешавад. Огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд бояд дар бланки комиссияи тахассусӣ бо усули чопӣ иҷро карда шавад ё ба воситаи дастгоҳҳои электронӣ чоп карда шуда, аз ҷониби раиси комиссияи тахассусӣ (шахсе, ки вазифаи ӯро иҷро мекунад) имзо карда шавад.

35. Дар огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд зикр карда мешавад:

- номи мақоме, ки ба он огоҳинома равон карда мешавад;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат ва рақами бақайдгирӣ дар Феҳрист;

- реквизитҳои ҳалномаи суд дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат;

- санаи маҷлиси комиссияи тахассусӣ, ки дар он қарор дар бораи аз нав барқарор кардани мақоми адвокат дар асоси ҳалномаи суд қабул карда шудааст;

- суроғаи маҳалли зисти доимӣ ё будубоши бештари адвокат;

- телефони пайваст, факс ва суроғаи почтаи электронии адвокат (дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот).

36. Барои ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи адвокат;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падарро (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) тасдиқ менамояд;

- расми адвокат, ки ба талаботи муқарраркардаи банди 25 Тартиби мазкур мувофиқат мекунад.

37. Аризаи адвокат дар бораи ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падар (охиринҳангоми мавҷуд будан) дар нусхаи аслӣ пешниҳод карда мешавад ва шахсан аз ҷониби адвокат имзо карда мешавад. Аризаи адвокат дар бораи ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падар (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) метавонад бо даст, бо усули чопӣ иҷро карда шавад ё ба воситаи дастгоҳҳои электронӣ чоп карда шавад.

38. Дар аризаи адвокат дар бораи ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падар (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) зикр карда мешаванд:

- номи мақоме, ки ба он огоҳинома равон карда мешавад;

- насаб, ном, номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат то тағйир додан ва баъди тағйир додан;

- рақами бақайдгирии адвокатдар Феҳрист; - суроғаи маҳалли зисти доимӣ ё ҷои будубоши бештари адвокат;

- телефони пайваст, факс ва суроғаи почтаи электронии адвокат (дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот).

5. Номгӯи асосҳо барои рад кардани ба Феҳрист ворид намудани маълумот ва хориҷ намудани он

39. Огоҳинома дар бораи рад кардани ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати боздоштани мақом, аз нав барқарор кардани мақом ё қатъ кардани мақоми адвокат равон карда мешавад, агар:

- огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ бо вайронкунии тартиби муқарраркардаи мувофиқан бандҳои 22, 26, 28, 30 ва 33 Тартиби мазкур ба расмият дароварда шуда ва (ё) маълумотҳои дар бандҳои 24, 27, 31 ва 34 Тартиби мазкур зикргардидаро надошта бошад;

- ба огоҳиномаи комиссияи тахассусӣ ҳуҷҷатҳои дар Тартиби мазкур зикргардида замима нашуда бошанд;

- расми адвокат пешниҳод карда нашуда бошад ва ё расми пешниҳодшуда ба талаботҳои муқарраркардаи банди 25 Тартиби мазкур мувофиқат накунад.

Ҳангоми бартараф намудани сабабҳое, ки тибқи сархатҳои якум-сеюми банди мазкур асос барои равон кардани огоҳинома дар бораи рад кардани ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати додани мақоми адвокат шудаанд, комиссияи тахассусӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷатҳоро такроран пешниҳод намояд.

40. Огоҳинома дар бораи рад кардани ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падари (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) адвокат равон карда мешавад, агар:

- аризаи адвокат бо вайронкунии банди 36 Тартиби мазкур ба расмият дароварда шуда ва (ё) маълумотҳои дар бандҳои 37 ва 38 Тартиби мазкур зикргардидаро дар бар нагирад;

- аз ҷониби адвокат нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падарро (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) тасдиқ менамояд, пешниҳод нашуда бошад;

- расми адвокат пешниҳод карда нашуда бошад ва ё расми пешниҳодшуда ба талаботи муқарраркардаи банди 25 Тартиби мазкур мувофиқат накунад.

41. Ҳангоми бартараф намудани сабабҳое, ки тибқи сархатҳои якум - сеюми банди мазкур асос барои равон кардани огоҳинома дар бораи рад кардани ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар ҳолати тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падар (охирин - ҳангоми мавҷуд будан) шудаанд, адвокат ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷатҳоро такроран пешниҳод намояд.

 

Замимаи 1-3

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 августа 2015 года, № 549

ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ ЕДИНОГО РЕЕСТРА АДВОКАТОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

I. Общие положения

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии с частью 2 статьи 17 Закона Республики Таджикистан "Об адвокатуре и адвокатской деятельности" (далее - Закон) определяет порядок ведения Единого реестра адвокатов Республики Таджикистан

2. Единый реестр адвокатов Республики Таджикистан (далее - Реестр) (Приложение 1. к настоящему Порядку) ведет Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Реестр ведется на бумажном носителе и в электронном виде. Информация, содержащаяся в Реестре на бумажном носителе, соответствует информации в Реестре на электронном носителе. При несоответствии между записями на бумажном носителе и в электронном виде приоритет имеют записи на бумажном носителе. Ведение Реестра осуществляется в соответствии с настоящим Порядком.

4. Реестр содержит следующие сведения:

- регистрационный номер адвоката;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката;

- о присвоении статуса адвоката реквизиты решения квалификационной комиссии при Министерстве юстиции Республики Таджикистан (далее - квалификационная комиссия) о присвоении статуса адвоката;

- о приостановлении статуса адвоката (реквизиты решения квалификационной комиссии о приостановлении статуса адвоката);

- о возобновлении статуса адвоката (реквизиты решения квалификационной комиссии о возобновлении статуса адвоката);

- о прекращении статуса адвоката (реквизиты решения квалификационной комиссии о прекращении статуса адвоката);

- о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда реквизиты решения квалификационной комиссии о восстановлении статуса адвоката на основании вступившего в законную силу судебного решения;

- о внесении изменений (содержание изменений и реквизиты решения квалификационной комиссии о внесении в Реестр изменений).

5. Реестр на бумажном носителе прошивается, его листы нумеруются, сведения о количестве листов заверяются подписью начальника соответствующего управления Министерства юстиции Республики Таджикистан (лицом, исполняющим его обязанности).

6. Внесение в Реестр сведений осуществляется бесплатно.

7. Сведения, содержащиеся в реестре, являются открытыми и общедоступными. Реестр размещается на официальном сайте Министерства юстиции Республики Таджикистан в сети Интернет.

8. Внесение в Реестр сведений осуществляется на основании:

- уведомления квалификационной комиссии, в случае присвоения претенденту статуса адвоката приостановления, возобновления, прекращения и восстановления статуса адвоката на основании решения суда;

- заявления адвоката, в случае внесения в Реестр сведений об изменении фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии).

9. Сведения об адвокате вносятся только в один Реестр.

10. Записи в Реестр на бумажном и электронном носителях вносятся специалистами. Записи в Реестр на бумажном носителе вносятся специалистами от руки, четким разборчивым почерком. При ведении Реестра на бумажном носителе не допускаются помарки, подчистки и неоговоренные исправления. Каждое внесенное в реестр исправление заверяется подписью специалиста.

11. Министерство юстиции ежегодно не позднее 1 февраля направляет в Союз адвокатов копию Реестра, ведущегося на электронном носителе. О внесении изменений в Реестр Министерство юстиции Республики Таджикистан в течение десяти дней со дня внесения указанных изменений уведомляет Союз адвокатов.

12. Официальное оформление решения квалификационной комиссии о присвоении статуса адвоката осуществляется соответствующим управлением Министерства юстиции Республики Таджикистан путем внесения в Единый реестр сведений. В Реестре указываются реквизиты решения квалификационной комиссии. Копия уведомления о внесении соответствующих сведений, а также документы, указанные в пункте 21 настоящего Порядка (кроме фотографии), формируются в реестровое дело адвоката.

13. Реестровые дела адвокатов хранятся в течение 75 лет.

14. Регистрационный номер адвоката в Реестре включает порядковый номер записи при внесении сведений об адвокате в Реестр путем сквозной нумерации независимо от года. Регистрационный номер указывается на соответствующем томе номенклатурного дела, озаглавленном "Реестровое дело адвоката" (далее - реестровое дело адвоката). Регистрационный номер не может быть присвоен другому лицу, в том числе при исключении сведений из Реестра в случае изменения адвокатом членства в Союзе адвокатов или внесении в Реестр сведений в случае прекращения статуса адвоката.

2. Выдача выписки из Реестра

15. По письменному заявлению (запросу) любого заинтересованного физического или юридического лица (далее - заявитель) Министерство юстиции Республики Таджикистан предоставляет сведения, содержащиеся в реестре, в виде выписки из реестра (далее - выписка) (приложение 2 к 1 настоящему Порядку). Выписка предоставляется в течение десяти дней со дня регистрации заявления (запроса). За выдачу выписки взимается плата в соответствии с Законом Республики Таджикистан О государственной пошлине. Информация, касающаяся внесения в Реестр сведений о приостановлении, возобновлении, прекращении статуса адвоката включается в выписку при наличии соответствующих сведений в Реестре. В случае отсутствия в Реестре запрашиваемых сведений, в выписку вносится соответствующая запись, при этом указывается наименование Реестра, фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) лица, сведения о котором запрашиваются. Выписка предоставляется заявителю почтовым отправлением по адресу, отправлением в форме электронного документа (электронного образа, созданного на основе документа на бумажном носителе) либо при личном обращении.

16. Для получения выписки заявитель представляет следующие документы:

- оригинал заявления (запроса) о предоставлении выписки (приложение 3 к настоящему Порядку);

- копию документа, удостоверяющего личность (для заявителя физического лица, для представителя физического или юридического лица);

- копию квитанции об уплате государственной пошлины;

- копию документа, подтверждающего полномочия представителя физического или юридического лица.

17. Заявление (запрос) о предоставлении выписки должно содержать:

а) для заявителя - физического лица:

- фамилию, имя, отчество (последнее - при наличии) заявителя и его уполномоченного представителя (если интересы заявителя представляет уполномоченный представитель);

- сущность заявления;

- реквизиты документа, удостоверяющего личность физического лица и его уполномоченного представителя (если интересы заявителя представляет уполномоченный представитель);

- реквизиты документа, подтверждающего полномочия представителя заявителя (если интересы заявителя представляет уполномоченный представитель);

- адрес проживания заявителя;

- подпись заявителя или его уполномоченного представителя (если интересы заявителя представляет уполномоченный представитель);

б) для заявителя - юридического лица:

- полное наименование юридического лица и фамилию, имя, отчество (последнее - при наличии) его уполномоченного представителя;

- сущность запроса;

- реквизиты документа, удостоверяющего личность уполномоченного представителя юридического лица;

- реквизиты документа, подтверждающего полномочия представителя юридического лица;

- место нахождения юридического лица (место его государственной регистрации);

- подпись уполномоченного представителя юридического лица;

в) обязательные сведения:

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката (иные сведения), позволяющие определить его в Реестре;

- способ получения выписки (почтовое отправление, личное обращение, отправление в форме электронного документа);

- способ направления информационного сообщения для получения выписки лично (почтовое отправление, электронная или факсимильная связь, информирование о готовности результатов по телефону).

18. Отказ в приеме документов для предоставления выписки запрещается.

19. Уведомление об отказе в выдаче выписки направляется только в случае, если:

- заявление (запрос) о предоставлении выписки не содержит сведений, указанных в пункте 17 настоящего Порядка;

- к заявлению (запросу) о предоставлении выписки не приложены документы, указанные в пункте 16 настоящего Порядка. При устранении причин, послуживших в соответствии с первым и вторым абзацами настоящего пункта основанием для направления уведомления об отказе в выдаче выписки, заявитель вправе представить документы повторно.

3. Сроки внесения в Реестр сведений

20. Сроки внесения в Реестр сведений не должны превышать:

- для внесения в Реестр сведений о присвоении статуса адвоката - три дня со дня поступления уведомления квалификационной комиссии о присвоении претенденту статуса адвоката;

- для внесения в Реестр сведений о приостановлении статуса адвоката, о возобновлении статуса адвоката и прекращении статуса адвоката - десяти дней с момента поступления соответствующего уведомления квалификационной комиссии;

- для внесения в Реестр сведений о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда -  десяти дней с момента поступления соответствующего решения суда;

- для внесения в Реестр сведений об изменении фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии) адвоката - десяти дней со дня поступления заявления адвоката.

21. Уведомление о внесении (отказе во внесении) в Реестр, исключении из Реестра сведений направляется инициатору внесения в Реестр сведений (исключения из Реестра сведений) и адвокату.

4. Перечень документов, необходимых в соответствии с нормативными правовыми актами, для внесения в Реестр сведений (исключения сведений из него)

22. Для внесения в Реестр сведений в случае присвоения статуса адвоката квалификационной комиссией представляются следующие документы:

- уведомление квалификационной комиссии о присвоении претенденту статуса адвоката;

- копия протокола заседания квалификационной комиссии;

- копия документа, удостоверяющего личность адвоката;

- копия анкеты, содержащей биографические сведения об адвокате;

- копия трудовой книжки или иные документы, подтверждающие стаж работы по юридической специальности и (или) работу в качестве стажера адвоката;

- копия документа, подтверждающего наличие высшего юридического образования, полученного в образовательном учреждении высшего профессионального образования, имеющем государственную аккредитацию или нострификацию либо ученой степени по юридической специальности;

- фотография адвоката, размер и форма которая предусмотрена в пункте 25 настоящего Порядка.

23. Уведомление квалификационной комиссии о присвоении претенденту, успешно сдавшему квалификационный экзамен, статуса адвоката представляется в подлинном экземпляре. Уведомление квалификационной комиссии о присвоении претенденту, успешно сдавшему квалификационный экзамен, статуса адвоката должно быть выполнено на бланке квалификационной комиссии машинописным способом или распечатано посредством электронных печатающих устройств, подписано председателем квалификационной комиссии (лицом, исполняющим его обязанности).

24. В уведомлении квалификационной комиссии о присвоении претенденту, успешно сдавшему квалификационный экзамен, статуса адвоката указываются:

- наименование органа, в который направляется уведомление;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката;

- дата заседания квалификационной комиссии, на котором принято решение о присвоении претенденту, успешно сдавшему квалификационный экзамен, статуса адвоката;

- адрес постоянного места жительства адвоката;

- контактный телефон, факс и адрес электронной почты адвоката (указываются при наличии таких сведений).

25. Фотография размером 3x4 см представляется в цветном или черно-белом варианте, без светлого угла, на матовой тонкой фотобумаге. Допускается представление фотографий в головных уборах, не скрывающих, овал лица, гражданами, религиозные убеждения которых не позволяют показываться перед посторонними лицами без головных уборов. Для граждан, постоянно носящих очки, обязательно фотографирование в очках без тонированных стекол.

26. Для внесения в Реестр сведений о приостановлении статуса адвоката квалификационная комиссия представляет уведомление о приостановлении статуса адвоката в подлинном экземпляре. Уведомление  о приостановлении статуса адвоката должно быть выполнено на бланке Союза адвокатов машинописным способом или распечатано посредством электронных печатающих устройств и подписано председателем Союза адвокатов (лицом, исполняющим его обязанности).

27. В уведомлении о приостановлении статуса адвоката указываются:

- наименование органа, в который направляется уведомление;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката и регистрационный номер в Реестре;

- дата заседания Президиума Союза адвокатов, на котором принято решение о приостановлении статуса адвоката;

- основания, по которым статус адвоката приостановлен;

- адрес постоянного места жительства или преимущественного пребывания адвоката;

- контактный телефон, факс и адрес электронной почты адвоката (указываются при наличии таких сведений).

28. Для внесения в Реестр сведений о возобновлении статуса адвоката представляется уведомление Союза адвокатов о возобновлении статуса адвоката в подлинном экземпляре. Уведомление о возобновлении статуса адвоката должно быть выполнено на бланке Союза адвокатов машинописным способом или распечатано посредством электронных, печатающих устройств, подписано председателем Союза адвокатов (лицом, исполняющим его обязанности).

29. В уведомлении о возобновлении статуса адвоката указывается:

- наименование органа, в который направляется уведомление;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката и регистрационный номер в реестре;

- дата заседания Президиума Союза адвокатов, на котором принято решение о возобновлении статуса адвоката;

- адрес постоянного места жительства адвоката;

- контактный телефон, факс и адрес электронной почты адвоката (указываются при наличии таких сведении).

30. Для внесения в Реестр сведений о прекращении статуса адвоката направляются:

- уведомление квалификационной комиссии о прекращении статуса адвоката;

- копия выписка из решения квалификационной комиссии о прекращении статуса адвоката.

31. Уведомление квалификационной комиссии о прекращении статуса адвоката должно быть выполнено на бланке квалификационной комиссии машинописным способом или распечатано посредством электронных печатающих устройств, подписано председателем квалификационной комиссии (лицом, исполняющим его обязанности).

32. В уведомлении квалификационной комиссии о прекращении статуса адвоката указывается:

- наименование органа, в который направляется уведомление;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката, статус которого прекращен, и регистрационный номер в Реестре;

- дата заседания квалификационной комиссии, на котором принято решение о прекращении статуса адвоката;

- адрес постоянного места жительства адвоката, статус которого прекращен;

- контактный телефон, факс и адрес электронной почты адвоката, статус которого прекращен (указываются при наличии таких сведений);

- основание прекращения статуса адвоката.

33. Для внесения в Реестр сведений о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда в Министерство юстиции Республики Таджикистан направляются:

- уведомление квалификационной комиссии о восстановления статуса адвоката на основании решения суда;

- копия решения (выписка из решения) квалификационной комиссии о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда;

- копия решения суда о восстановлении статуса адвоката, вступившего в законную силу;

- фотография адвоката, соответствующая требованиям, установленным пунктом 25 настоящего Порядка.

34. Уведомление квалификационной комиссии о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда представляется в подлинном экземпляре. Уведомление квалификационной комиссии о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда должно быть выполнено на бланке квалификационной комиссии машинописным способом или распечатано посредством электронных печатающих устройств, подписано председателем квалификационной комиссии (лицом, исполняющим его обязанности).

35. В уведомлении квалификационной комиссии о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда указывается:

- наименование органа, в который направляется уведомление;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката и регистрационный номер в Реестре;

- реквизиты решения суда о восстановлении статуса адвоката;

- дата заседания квалификационной комиссии, на котором принято решение о восстановлении статуса адвоката на основании решения суда;

- адрес постоянного места жительства или преимущественного пребывания адвоката;

- контактный телефон, факс и адрес электронной почты адвоката (указываются при наличии таких сведений).

36. Для внесения в Реестр сведений об изменении фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии) адвоката в Министерство юстиции Республики Таджикистан адвокатом представляются:

- заявление адвоката;

- копия свидетельства о государственной регистрации акта гражданского состояния, подтверждающая изменение фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии);

- фотография адвоката, соответствующая требованиям, установленным пунктом 25 настоящего Порядка.

37. Заявление адвоката о внесении в Реестр сведений в случае изменения фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии) представляется в подлинном экземпляре и подписывается лично адвокатом. Заявление адвоката о внесении в Реестр сведений об изменении фамилии, имени и.(или) отчества (последнее - при наличии) может быть выполнено от руки, машинописным способом или распечатано посредством электронных печатающих устройств.

38. В заявлении адвоката о внесении в Реестр сведений об изменении фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии) указываются:

- наименование органа, в который направляется уведомление;

- фамилия, имя, отчество (последнее - при наличии) адвоката до изменения и после изменения;

- регистрационный номер адвоката в Реестре;

- адрес постоянного места жительства или преимущественного пребывания адвоката;

- контактный телефон, факс и адрес электронной почты (указываются при наличии таких сведений).

5. Перечень оснований для отказа во внесении в Реестр и исключения из него сведений

39. Уведомление об отказе во внесении в Реестр сведений, в случае приостановления статуса, возобновления статуса или прекращения статуса адвоката направляется, если:

- уведомление квалификационной комиссии оформлено с нарушением порядка, установленного соответственно пунктами 22, 26, 28, 30 и 33 настоящего Порядка, и (или) не содержит сведений, указанных в пунктах 24, 27, 31 и 34 настоящего Порядка;

- к уведомлению квалификационной комиссии не приложены документы, указанные в настоящем Порядке;

- не представлена фотография адвоката либо представленная фотография не соответствует требованиям, установленным пунктом 25 настоящего Порядка;

- при устранении причин, послуживших в соответствии с первым и третьим абзацами настоящего пункта основанием для направления уведомления об отказе во внесении в Реестр сведений, в случае присвоения статуса адвоката, квалификационная комиссия вправе представить документы повторно.

40. Уведомление об отказе во внесении в Реестр сведений в случае изменения фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии) адвоката направляется, если:

- заявление адвоката оформлено с нарушением пункта 36 настоящего Порядка и (или) не содержит сведений, указанных в пунктах 37 и 38 настоящего Порядка;

- адвокатом не представлена копия свидетельства о государственной регистрации акта гражданского состояния, подтверждающая изменение фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии);

- не представлена фотография адвоката либо представленная фотография не соответствует требованиям, установленным пунктом 25 настоящего Порядка.

41. При устранении причин, послуживших в соответствии с первым и третьим абзацами настоящего пункта основанием для направления уведомления об отказе во внесении в Реестр сведений в случае изменения фамилии, имени и (или) отчества (последнее - при наличии), адвокат вправе представить документы повторно.

*приложение 1,2,3