Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2015,№ 549
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ТАШКИЛОТҲОИ АДВОКАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тартиби мазкур тибқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" таҳия гардида, тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Феҳрист)-ро муайян менамояд.
1. Шакл ва мазмуни Феҳрист
1. Феҳрист дар ҳомили коғазӣ - дар китобҳои баҳисобгирии рақамгузорӣ кардашуда, бо имзои Вазири адлия ва бо мӯҳри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардашуда, бурда мешавад. Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ ҳамчунин дар намуди электронӣ бурда мешавад.
2. Мундариҷаи Феҳрист (Замимаи 1):
- рақами бақайдгирӣ;
- номгӯи объекти бақайдгирӣ (шакли ташкилӣ-ҳуқуқии ташкилоти адвокатӣ);
- номгӯи ташкилоти адвокатӣ;
- реквизитҳои қарор оид ба ворид намудани маълумот ба Феҳрист;
- маълумот оид ба ҳайати миқдории ташкилоти адвокатӣ (ба ғайр аз кабинети адвокатӣ), иттилоот оид ба аъзои ташкилоти адвокатӣ;
- санаи хориҷ намудани маълумот аз Феҳрист;
- реквизитҳои қарор оид ба хориҷ намудани маълумот аз Феҳрист;
- эзоҳ.
3. Рақами бақайдгирии ташкилоти адвокатӣ дар Феҳрист рақами тартибии қайдро ҳангоми ворид намудани маълумот оид ба ташкилоти адвокатии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додашуда ва ба қайд гирифташуда (минбаъд - ташкилоти адвокатӣ) ифода менамояд. Рақами бақайдгирӣ дар парвандаи феҳристии ташкилоти адвокатӣ нишон дода мешавад. Дар Феҳристи ташкилотхри адвокатӣ рақамгузории ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ бурда мешавад. Рақами бақайдгирӣ наметавонад ба дигар ташкилоти адвокатӣ, аз он ҷумла ҳангоми хориҷ намудани маълумот оид ба ташкилоти адвокатӣ аз Феҳрист дода шавад.
4. Маълумот оид ба ташкилоти адвокатӣ бояд дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба Феҳрист ворид карда шавад.
5. Ворид намудани маълумот оид ба таъсиси ташкилоти адвокатӣ ба Феҳрист бо Шаҳодатномаи дахлдор (замимаи 2) тасдиқ карда мешавад. Иқтибос аз Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ аз рӯи дархости дар шакли озодона тартиб додашуда, ки дар он бояд маълумоти дархостшаванда нишон дода шавад, пешниҳод карда мешавад. Иқтибос аз Феҳрист дар давоми се рӯзи корӣ тайёр карда мешавад.
6. Барои додани Шаҳодатнома ва иқтибос аз Феҳрист тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ рӯёнида мешавад.
2. Тартиби бақайдгирии ташкилотҳои адвокатӣ
7. Адвокате (адвокатҳое), ки дар бораи таъсиси ташкилоти адвокатӣ (ба истиснои кабинети адвокатӣ) қарор қабул кардааст, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза дар бораи таъсиси ташкилоти адвокатӣ;
- ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти адвокатӣ, ки моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
- протоколи маҷлиси умумии муассисон, ки бояд қарор дар бораи ташкил; қарор дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва қарор дар бораи таъини роҳбари мақомоти иҷроияи ташкилоти адвокатиро дар бар гирад;
- маълумот дар бораи адвокатҳо;
- нусхаи шиносномаи адвокатҳо;
- нусхаи шаҳодатномаи адвокатҳо;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли воқеъ гардидан, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
- намунаи бланкҳо, нақшҳои мӯҳру штампҳо;
- квитансия ё нусхаи супоришномаи пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
8. Ариза дар бораи таъсиси ташкилоти адвокатӣ бояд иттилооти зеринро дар бар гирад:
- номгӯи ташкилоти адвокатӣ;
- насаб, ном ва номи падари (охирон-ҳангоми мавҷуд будан) роҳбар;
- суроғаи маҳалли воқеъ гардидан;
- рақами телефон;
- суроға барои равон кардани муросилоти почтавӣ, инчунин маълумоте, ки барои ворид намудани маълумот дар Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ, равон кардан ба нозирот оид ба андоз ва пардохтҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз, заруранд.
9. Ҳангоми таъсиси кабинети адвокатӣ адвокат мустақилона дар бораи таъсиси кабинети адвокатӣ қарор кабул менамояд. Қарор бояд дар шакли хаттӣ ҳамчун ҳуҷҷат ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Ба ариза дар бораи таъсиси кабинети адвокати инҳо замима карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти адвокатии пешбининамудаи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаи шиносномаи адвокат;
- нусхаи шаҳодатномаи адвокат;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли воқеъ гардидан, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
- намунаи бланкҳо, нақшҳои мӯҳру штампҳо;
- квитансия ё нусхаи супоришномаи пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
10. Ташкилоти адвокатӣ бояд дар ҳолатҳои зерин аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти адвокатӣ;
- азнавташкилдиҳии ташкилоти адвокатӣ;
- қабули ҳалномаи суд оид ба азнавташкилдиҳии ташкилоти адвокатӣ;
- дар дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11. Ҳангоми муттаҳидшавии ду ва зиёда ташкилотҳои адвокатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар кадоме аз онҳо ба ташкилоти адвокатии нав ташкилшуда мегузаранд, фаъолияти ташкилотҳои адвокатии муттаҳидшуда бошад, аз ҷониби Вазорати адлия ва мақомоти минтақавии он бо ворид намудани маълумот ба Феҳрист оид ба қатьшавӣ қатъ меёбад.
12. Дар ҳолати ҳамроҳшавии як ва зиёда ташкилотҳои адвокатӣ ба дигар ташкилоти адвокатӣ ба охирин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ташкилотҳои адвокатии ҳамроҳшуда мегузаранд, зимнан ташкилотҳои адвокатии ҳамроҳшуда фаъолияти худро қатъ менамоянд. Вазорати адлия ва мақомоти минтақавии он маълумоти дахлдорро ба Феҳрист ворид менамояд.
13. Ҳангоми тақсимшавии ташкилоти адвокатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба ташкилотҳои адвокатии нав ташкилшуда мегузаранд, зимнан ташкилоти адвокатии тақсимшуда фаъолияти худро қатъ менамояд ва ду ё зиёда ташкилотҳои нави адвокатӣ ташкил дода мешаванд. Вазорати адлия ва мақомоти минтақавии он маълумоти дахлдорро ба Феҳрист ворид менамоянд.
14. Дар ҳолати аз ҷониби адвокате, ки кабинети адвокатиро таъсис додааст, тағйир додани насаб, ном ё номи падар (охирин - дар мавриди мавҷуд будан), ташкилоти адвокатӣ бо мақсади мутобиқ намудани номи он бо маълумоти шахсии адвокат бояд тағйири ном карда шавад. Қарор дар бораи ворид намудани маълумот ба Феҳрист оид ба тағйири ном кардани кабинети адвокатӣ аз ҷониби Вазорати адлия ва мақомоти минтақавии он дар асоси аризаи адвокатҳое, ки онро таъсис додаанд, қабул карда мешавад. Ба ариза бояд нусхаи ҳуҷҷатҳои ба таври дахлдор тасдиқшудае, ки бақайдгирии давлатии тағйироти дахлдорро тасдиқ менамоянд, замима карда шаванд.
15. Дар ҳолати барҳам додани ташкилоти адвокатӣ, инчунин дар ҳолати азнавташкилдиҳӣ, ки боиси қатъ гаштани фаъолияти ташкилоти адвокатӣ мегардад, маълумот дар бораи он аз Феҳрист хориҷ карда мешавад.
16. Маълумот дар бораи кабинети адвокатӣ дар ҳолати қатъ гаштани мақоми адвокат ё дар ҳолати аз ҷониби адвокат қабул намудани қарор дар бораи интихоб кардани дигар шакли ташкилоти адвокатӣ аз Феҳрист хориҷ карда мешавад.
17. Муассисони (роҳбари) ташкилоти адвокатии барҳамдодашуда ба Вазорати адлия ва мақомоти минтақавии он ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза дар бораи бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии ташкилоти адвокатӣ аз рӯи шакле, ки мақоми амаликунандаи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ кардааст. Дар ариза тасдиқ карда мешавад, ки расмиёти бо қонун муқарраргардидаи барҳамдиҳии ташкилоти адвокатӣ риоя карда шудааст ва ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторони вай анҷом дода шудааст;
- тавозуни барҳамдиҳии ташкилоти адвокатӣ аз рӯи натиҷаи кори комиссияи барҳамдиҳӣ, ки аз ҷониби муассиси (муассисони) ташкилоти адвокатӣ ё мақоме, ки қарорро дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қабул намудааст, тасдиқ гардидааст;
- санади санҷиши комплексии андоз, ки набудани қарздории андозро тасдиқ менамояд;
- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти адвокатии барҳам додашаванда;
- нусхаи эълон дар яке аз нашрияҳои расмӣ бо иттилоот дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи супоридани мӯҳрҳо (штампҳо) ва бастани ҳисобҳои бонкӣ;
- санади нобуд кардани мӯҳру штампҳои ташкилоти адвокатӣ;
- санади нобуд кардани бланкаҳои истифоданашудаи ташкилоти адвокатӣ ва ордерҳо;
- гувоҳнома дар бораи супоридани бойгонии ташкилоти адвокатӣ ба бойгонии давлатӣ (ва ё дар бораи маҳалли воқеъ гардидани бойгонии ташкилоти адвокатӣ);
- квитансия дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
18. Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ, Вазорати адлия ва мақомоти минтақавии он маълумотҳоро аз муассисони (роҳбари) ташкилоти адвокатӣ ва ё аз шахсони ваколатдор талаб менамоянд.
3. Асосҳо ва тартиби ворид намудани маълумотҳо ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ
19. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он ҳуқуқ доранд, ки яке аз хулосаҳои зеринро қабул намоянд:
- дар бораи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ оид ба таъсиси (ташкили) ташкилоти адвокатӣ;
- дар бораи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ оид ба азнавбақайдгирии ташкилоти адвокатӣ;
- дар бораи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ оид ба қатъи фаъолияти ташкилоти адвокатӣ (барҳамдиҳӣ);
- дар бораи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ оид ба тағйири ном кардани ташкилоти адвокатӣ;
- дар бораи рад кардани воридкунии маълумот ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ.
20. Хулоса дар бораи ворид намудани маълумот ба Феҳрист (рад кардани воридкунӣ) оид ба ташкили ташкилоти адвокатӣ бояд аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар давоми си рӯз аз лаҳзаи ворид шудани ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи банди 7 Тартиби мазкур қабул карда шавад.
21. Хулоса дар бораи ворид намудани маълумот ба феҳрист (рад кардани воридкунӣ) оид ба барҳамдиҳӣ ё тағйири ном кардани ташкилоти адвокатӣ бояд аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар давоми сӣ рӯз аз лаҳзаи ворид шудани ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи банди 7 Тартиби мазкур қабул карда шавад. Нисбати хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар бораи рад кардани воридкунии маълумот ба Феҳристи ташкилотҳои адвокатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
22. Ҳуҷҷате, ки ҳолати бақайдгирии давлатии ташкилоти адвокатиро тасдиқ мекунад Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти адвокатӣ мебошад. Зимнан Шаҳодатнома бояд дар худ нишондодро дар бораи зарурати пешниҳод намудани ҳисоботи дахлдори оморӣ ва ҳисобот оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ба мақомоти дахлдор дошта бошад.
23. Ташкилоти адвокатӣ - кабинети адвокатӣ коллегияи адвокатҳо, бюрои адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ аз лаҳзаи бақайдгирии (барҳамдиҳии) давлатӣ таъсис додашуда (барҳам додашуда) ҳисобида мешавад.
4. Парвандаи феҳристии ташкилоти адвокатӣ
24. Парвандаи феҳристии ташкилоти адвокатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он ташкил карда шуда, нигоҳдорӣ мешавад.
25. Парвандаи феҳристи ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:
- ариза дар бораи таъсиси ташкилоти адвокатӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва оиннома (ба истиснои кабинети адвокатӣ);
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли воқеъ гардидан, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
- шаҳодатномаи бақайдгирии ташкилоти адвокатӣ (нусхаи дуюм);
- намунаи нақшҳои мӯҳру штампҳои ташкилоти адвокатӣ;
- реквизитҳои бонкии ташкилоти адвокатӣ;
- рӯйхати аъзоён, кормандони штатӣ, коромӯзон ва ёрдамчиёни ташкилоти адвокатӣ (ба истиснои кабинети адвокатӣ);
- квитансия ё нусхаи супоришномаи пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки муассисони (роҳбарони) ташкилоти адвокатӣ пешниҳод кардаанд, қарорҳое, ки аз ҷониби мақомоти Иттифоқи адвокатҳо қабул карда шуда, ба манфиати ташкилоти дахлдори адвокатӣ дахл доранд.
26. Ҳуҷҷатҳое, ки бояд ба парвандаи феҳристии ташкилоти адвокатӣ ворид карда шаванд, аз ҷониби муассис (роҳбар) дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи нашр шудани онҳо ё тағйири маълумот пешниҳод карда мешаванд.
Замимаи 1-2
ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ ЕДИНОГО РЕЕСТРА АДВОКАТСКИХ ФОРМИРОВАНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Настоящий Порядок разработан в соответствии с статьей 17 Закона Республики Таджикистан "Об адвокатуре и адвокатской деятельности" и определяет порядок ведения Единого реестра адвокатских формирований Республики Таджикистан (далее - Реестр).
1. Форма и содержание Реестра
1. Реестр ведется на бумажном носителе - в книгах учета, пронумерованных и скрепленных подписью Министра юстиции, печатью Министерства юстиции Республики Таджикистан. Реестр адвокатских формирований также ведется в электронном виде.
2. Содержание Реестра (Приложение 1):
- регистрационный номер;
- наименование объекта регистрации (организационно-правовая форма адвокатского формирования);
- наименование адвокатского формирования;
- реквизиты решения о внесении сведений в Реестр;
- сведения о численном составе адвокатского формирования (кроме адвокатского кабинета), информация о членах адвокатского формирования;
- дата исключения сведений из Реестра;
- реквизиты решения об исключении сведений из Реестра;
- примечание.
3. Регистрационный номер адвокатского формирования в Реестре представляет собой порядковый номер записи при внесении сведений об адвокатском формировании, учрежденном и зарегистрированном на территории Республики Таджикистан (далее адвокатское формирование). Регистрационный номер указывается на реестровом деле адвокатского формирования. В Реестре адвокатских формирований ведется единая нумерация адвокатских формирований. Регистрационный номер не может быть присвоен другому адвокатскому формированию, в том числе при исключении сведений об адвокатском формировании из Реестра.
4. Сведения об адвокатском формировании подлежат внесению в Реестр в течение пяти рабочих дней.
5. Внесение сведений об учреждении адвокатского формирования в Реестр подтверждается соответствующим Свидетельством (Приложение 2). Выписка из Реестра адвокатских формированы! предоставляется по составленному в произвольной форме запросу, в котором должны быть указаны запрашиваемые сведения. Выписка из Реестра готовится в течение трех рабочих дней,
6. За выдачу Свидетельств и выписок из Реестра взимается государственная пошлина в соответствие с Законом Республики Таджикистан "О государственной пошлине.
2. Порядок регистрации адвокатских формирований
7. Адвокат (адвокаты), принявший (ие) решение об учреждении адвокатского формирования (за исключением адвокатского кабинета), представляют в Министерство юстиции Республики Таджикистан и его территориальные органы следующие документы:
- заявление об учреждении адвокатского формирования;
- учредительные документы адвокатского формирования, предусмотренные статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан;
- протокол общего собрания учредителей, который должен включать решение о создании;
- решение об утверждении учредительных документов и решение о назначении руководителя исполнительного органа адвокатского формирования;
- сведения об адвокатах;
- копии паспортов адвокатов;
- копии удостоверений адвокатов;
- документы, подтверждающие юридический адрес и место расположения, представленные уполномоченным государственным органом;
- образцы бланков, оттиски печатей и штампов;
- квитанция или копия платежного поручения об уплате государственной пошлины.
8. Заявление адвокатского формирования должно содержать следующую информацию:
- наименование адвокатского формирования;
- Фамилия, имя и отчество (последнее - при наличии) руководителя;
- адрес места нахождения;
- номер телефона;
- адрес для направления почтовой корреспонденции, а также сведения, необходимые для внесения сведений в Реестр адвокатских формирований, направления в инспекцию по налогам и сборам в порядке, предусмотренном налоговым законодательством.
9. При учреждении адвокатского кабинета адвокат принимает самостоятельное Решение об учреждении адвокатского кабинета. Решение должно быть оформлено в письменном виде как документ и удостоверено нотариусом. К заявлению об учреждении адвокатского кабинета прилагаются:
- учредительные документы адвокатского формирования, предусмотренные статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан;
- копия паспорта адвоката;
- копия удостоверения адвоката;
- документы, подтверждающие юридический адрес и место расположения, представленные уполномоченным государственным органом;
- образцы бланков, оттиски печатей и штампов;
- квитанция или копия платежного поручения об уплате государственной пошлины.
10. Адвокатское формирование подлежит государственной перерегистрации в следующих случаях:
- внесения изменений и дополнений в учредительные документы адвокатского формирования;
- реорганизации адвокатского формирования;
- принятия решения суда в отношении реорганизации адвокатского формирования;
- в других случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
11. При слиянии двух и более адвокатских формирований, права и обязанности каждого из них переходят к вновь созданному адвокатскому формированию, а деятельность объединившихся (слившихся) адвокатских формирований прекращается с внесением Министерством юстиции и его территориальными органами сведений в Реестр о таком прекращении.
12. В случае присоединения одного и более адвокатских формирований к другому адвокатскому формированию, к последнему переходят права и обязанности присоединенных адвокатских формирований, при этом присоединенные адвокатские формирования прекращают свое существование. Министерство юстиции и его территориальные органы вносят соответствующие сведения в реестр.
13. При разделении адвокатского формирования его права и обязанности переходят к вновь создающимся адвокатским формированиям, при этом разделенное адвокатское формирование прекращает свое существование и создаются два или более новых адвокатских формирований. Министерство юстиции и его территориальные органы вносят соответствующие сведения в Реестр.
14. В случае изменения адвокатом, учредившим адвокатский кабинет, фамилии, имени или отчества (последнее - при наличии), адвокатское формирование подлежит переименованию с целью приведения его наименования в соответствие с персональными данными адвоката. Решение о внесении в Реестр сведений о переименовании адвокатского кабинета принимается Министерством юстиции, его территориальными органами на основании заявления адвокатов, его учредивших. К заявлению должны быть приобщены надлежащим образом заверенные копии документов, подтверждающих государственную регистрацию соответствующих изменений.
15. В случае ликвидации адвокатского формирования, а также в случае реорганизации, влекущей прекращение деятельности адвокатского формирования, сведения о нем исключаются из Реестра.
16. Сведения об адвокатском кабинете исключаются из Реестра в случае прекращения статуса адвоката или в случае принятия адвокатом решения об избрании иной формы адвокатского формирования.
17. Учредители (руководитель) ликвидированного адвокатского формирования представляют в Министерство юстиции и его территориальные органы следующие документы:
- заявление о государственной регистрации ликвидации адвокатского формирования по форме, утвержденной органом, осуществляющим государственную регистрацию. В заявлении подтверждается, что соблюдена установленная законом процедура ликвидации адвокатского формирования и расчеты с его кредиторами завершены;
- ликвидационный баланс адвокатского формирования по результатам работы ликвидационной комиссии, утвержденный учредителем (учредителями) адвокатского формирования или органом, принявшим решение о ликвидации юридического лица;
- акт комплексной налоговой проверки, подтверждающий отсутствие налоговой задолженности;
- Свидетельство о государственной регистрации ликвидируемого адвокатского формирования;
- копия публикации в одном из официальных изданияй с информацией о ликвидации юридического лица;
- подтверждающие документы о сдаче печатей (штампов) и закрытии банковских счетов;
- акт уничтожения печати и штампов адвокатского формирования;
- акт уничтожения неиспользованных бланков адвокатского формирования и ордеров;
- справка о сдаче архива адвокатского формирования в государственный архив (либо о месте нахождения архива адвокатского формирования);
- квитанция об оплате государственной пошлины.
18. В случае отсутствия необходимых сведений, Министерство юстиции и его территориальные органы истребуют их у учредителей (руководителя) адвокатского формирования, либо у уполномоченных лиц.
3. Основания и порядок внесения сведений в Реестр адвокатских формирований
19. Министерство юстиции Республики Таджикистан и его территориальные органы вправе принять одно из следующих заключений:
- о внесении сведений в Реестр адвокатских формирований об учреждении (создании) адвокатского формирования;
- о внесении сведений в Реестр адвокатских формирований о перерегистрации адвокатского формирования;
- о внесении сведений в Реестр адвокатских формирований о прекращении деятельности адвокатского формирования (ликвидации);
- о внесении сведений в Реестр адвокатских формирований о переименовании адвокатского формирования;
- об отказе во внесении сведений в Реестр адвокатских формирований.
20. Заключение о внесении сведений в Реестр (отказе во внесении) о создании адвокатского формирования должно быть принято Министерством юстиции Республики Таджикистан и его территориальными органами в течение тридцати дней с момента поступления документов, предусмотренных пунктом 7 настоящего Порядка.
21. Заключение о внесении сведений в Реестр (отказе во внесении) о ликвидации или переименовании адвокатского формирования, должно быть принято Министерством юстиции Республики Таджикистан и его территориальными органами в течение тридцати дней с момента поступления документов, предусмотренных пунктом 7 настоящего Порядка. Заключение Министерства юстиции Республики Таджикистан и его территориальных органов об отказе во внесении сведений в Реестр адвокатских формирований может быть обжаловано в суд.
22. Документом, подтверждающим факт государственной регистрации создания адвокатского формирования является Свидетельство о государственной регистрации адвокатского формирования. При этом Свидетельство должно содержать в себе указание о необходимости предоставления соответствующей статистической отчетности и отчетности по социальному страхованию в соответствующие органы.
23. Адвокатское формирование - адвокатский кабинет, коллегия адвокатов, адвокатское бюро, юридическая консультация считается учрежденным (ликвидированным) с момента государственной регистрации (ликвидации).
4. Реестровое дело адвокатского формирования
24. Реестровое дело адвокатского формирования формируется и хранится в Министерстве юстиции и его территориальных органах.
25. Реестровое дело формируется из следующих документов:
- заявление об учреждении адвокатского формирования;
- копии учредительных документов и устава (за исключением адвокатского кабинета);
- документы, подтверждающие юридический адрес и место расположения, представленные уполномоченным государственным органом;
- свидетельство регистрации адвокатского формирования (второй экземпляр);
- образцы оттисков печатей и штампов адвокатского формирования;
- банковские реквизиты адвокатского формирования;
- список членов, штатных сотрудников, стажеров и помощников адвокатского формирования (за исключением адвокатского кабинета);
- квитанция или копия платежного поручения об уплате государственной пошлины;
- иные документы, предоставленные учредителями (руководителями) адвокатского формирования, решения, принимаемые органами Союза адвокатов, затрагивающие интересы соответствующего адвокатского формирования.
26. Документы, подлежащие включению в реестровое дело адвокатского формирования, предоставляются учредителем (руководителем) в течение десяти дней с момента их издания или изменения сведений.
*приложение 1,2