ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 майи соли 2015, № 75
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июли соли 2015, № 84
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Қисми 2 моддаи 123 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с." 2014, №3, мод. 145; №7, қ. 1, мод. 391; №11, мод. 644; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, №1180) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти омор инҳо ҳуқуқ доранд:
- директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, шӯъба ва бахшҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 515 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пашбинӣ шудаанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
8 августи соли 2015 № 1223