ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 апрели соли 2015, № 46
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июли соли 2015, № 83
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145; №7, қ. 1, мод. 391; №11, мод. 644; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, №1180) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 94:
- дар ном ва матни модда калимаҳои ", шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба калимаҳои "ва шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калима ва рақамҳои ", 139, 140, 619, 621 ва 622" ба калима ва рақами "ва 139" иваз карда шаванд.
2. Ба Кодекс моддаи 121(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 121(1). Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкумии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 140, 619, 621 ва 622 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
8 августи соли 2015 № 1222
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением ММ МОРТ
от 08.04.2015 года, №46
Одобрен постановлением МН МОРТ
от 21.07. 2015 года, №83
Статья 1. Внести в Процессуальный кодекс об административных правонарушениях Республики Таджикистан от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 502; 2014 г., №3, ст. 145; №7, ч. 1, ст. 391; №11, ст. 644; Закон Республики Таджикистан от 18 марта 2015 года, №1180) следующие изменения и дополнение:
1. В статье 94:
- в названии и тексте статьи слова ", занятости и социальной защиты населения" заменить словами "и занятости населения";
- в части 1 цифры ", 139, 140, 619, 621, 622" заменить словом и цифрами "и 139".
2. Кодекс дополнить статьей 121(1) следующего содержания:
"Статья 121(1). Органы социального страхования и пенсий
1. Органы социального страхования и пенсий в пределах своих полномочий рассматривают дела об административных правонарушениях", предусмотренные статьями 140, 619, 621 и 622 Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях.
2. Рассматривать дела об административных, правонарушениях и устанавливать административное наказание от имени органа социального страхования и пенсий вправе директор Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан и начальники его управлений в Горно - Бадахшанской автономной области, областях и городе Душанбе.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 8 августа 2015 года, № 1222