Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015 № 1217 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИЛОҲ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 майи соли 2015, № 85

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 июли соли 2015, № 86

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи силоҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. .182; с. 2014, №7, к, 2, мод. 402) тағйироти зерин ворид карда шавад:

- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ, ва лавозимоти ҷангии он, ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд - таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо Қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.";

- қисми 4 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

8 августи соли 2015 № 1217