ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2015, № 92
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июли соли 2015, № 91
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод.186; с.2014, №3, мод.150) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 9 моддаи 10 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Қисми 21 моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"21. Назорати риояи қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
8 августи соли 2015 № 1216
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ТОРГОВЛЕ И БЫТОВОМ ОБСЛУЖИВАНИИ"
Принят постановлением ММ МОРТ
от 27 мая 2015 года, № 92
Одобрен постановлением МН МОРТ
от 21 июля 2015 года, № 91
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 19 марта 2013 года "О торговле и бытовом обслуживании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №3, ст. 186; 2014 г., №3, ст. 150) следующие изменения:
1. В части 9 статьи 10 слова "законами Республики Таджикистан "О защите прав потребителей", "О сертификации продукции и услуг" заменить словами "законодательством Республики Таджикистан".
2. Часть 21 статьи 14 изложить в следующей редакции:
"21. Контроль соблюдения правил торговли и организации деятельности рынков, установленных настоящим Законом, осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 8 августа 2015 года, № 1216