Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 аз 2 июли соли 2015 № 422

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 2 июли соли 2015, № 422

тасдиқ шудааст

Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019

1. Мукаддима

1. Барномаи минлии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 (минбаъд - "Барнома") мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 94 "Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Точикистон" таҳия гардида, барои андешидани чораҳои таъхирнопазир оид ба такмил ва рушди донории хун дар мамлакат равона карда шудааст.

2. Хадамоти хун яке аз қисмҳои муҳими таркибии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, мақсади он таъмин намудани сифат, бехатарӣ ва дастрасии маҳсулоти хуни донорӣ ба беморон ва осебдидагон дар замони осоишта ва ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст. Он хусусияти стратегии умумидавлатӣ дошта, ба масъалаҳои бехатарии миллии давлат дахл дорад.

3. Дар Барномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- аккредитатсия - расмиёти эътироф намудани мақоми махсус ва соҳибҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти тиббию фармасевтӣ, инчунин барои гузаронидани арзёбии мустақили экспертии фаъолияти субъектҳои тандурустӣ мутобиқи стандартҳои муқарраршудаи аккредитатсия;

- албумин - сафедаи плазмаи хуни одам буда, дар организм функсияҳои ҷаббанда интиқолӣ ва гемодинамикиро иҷро намуда, захираи асосии сафедаи организм мебошад;

- плазмаи зиддистафилококкӣ (ПЗС) - плазмаи зиддистафилококкии ба тозагӣ яхкунонидашуда, ки дар таркиби худ ҷисмҳои бегонаи махсуси зиддистафилококкиро бо титри баланд дорад. Аз донорҳое тайёр карда мешавад, ки бо анатоксини стафилококкӣ эм карда шудаанд. Он дар муолиҷаи бемориҳои римдору тааффунии пайдоишашон стафилококкӣ истифода бурда мешавад. Мӯҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати пасттар аз 25°С то 3 сол мебошад;

- коннектори асептикӣ - дастгоҳ барои пайвасткунии бесирояти магистралҳои контейнерҳои пластикӣ бо хун ё ҷузъҳои он мебошад. Принсипи системаи пӯшидаро таъмин менамояд;

- аутогемотрансфузия - трансфузияи (баргардонидани) хуни худӣ ё ҷузъҳои онро ба ресипиент (бемор) дар назар дорад, ки аз он пешакӣ тайёр карда шудааст;

- ҷузъҳои аутологии хун - ҷузъҳои хун, ки аз шахси воқеӣ бо мақсади дар ҳолати зарурӣ ба худи вай гузаронидан тайёр карда шудаанд;

- аферез - аз хуни даврзананда гирифтани ҷузъҳои алоҳидаи хун ва тайёр намудани он бо истифодаи сепараторҳои махсуси ҳуҷайраҳои хун;

- валидатсия - амале, ки тибқи принсипҳои таҷрибаи зарурии истеҳсолӣ исбот менамояд, ки ягон хел методика, раванд, таҷҳизот, ашёи хом, фаъолият ё система дар воқеъ боиси натиҷаҳои пешбинишаванда мегардад;

- иммуноглобулини дохиливаридӣ (ИГДВ) - доруи хун, ки дар таркиби худ фраксияи иммуноглобулинии хунро дошта, барои тазриқи дохиливаридӣ пешбинӣ шудааст;

- тарозу-омехтакунанда - дастгоҳест, ки барои назорати миқдори зарурии хуни аз донор гирифташаванда ва омехтакунии баробари он бо маҳлули консервакунандаи контейнер (гемакон) ҳангоми тайёр намудани хун пешбинӣ карда шудааст;

- вирусҳои лейкози Т-ҳуҷайравӣ - вирусҳои Т-лимфотропии навъҳои I ва II-и одам (НТLV-I), ки боиси бемориҳои бадсифати системаи хун ва иллати системаи марказии асаб мегарданд НТLV-I ба ретровирусҳо, НТLV-II бошад, ба онковирусҳо дохил мешаванд. Онҳо дорои лимфотропият ва нейротропияти зоҳиршаванда мебошанд;

- вирусинактиватсия - усуле мебошад, ки ғайрифаъол намудани вирусҳоро дар ҷузъҳо ва доруҳои хун таъмин менамояд. Ғайрифаъолинамоии вирус кимиёвӣ ва ҳароратӣ мешавад;

- ҳомили вирус-одами бо ин ё он вирус сироятшуда бе аломатҳои клиникии ин беморӣ, ки вирус ба вуҷуд меоварад;

- назорати дохили лаборатории сифат (НДС)-маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз тарафи кормандони озмоишгоҳ барои арзёбии доимии сифати корҳои озмоишгоҳӣ ва натиҷаҳои ҳосилшуда андешида мешаванд;

- арзёбии берунии сифат (АБС)-ин усули санҷиши воқеии таҳқиқоти озмоишгоҳи мебошад, ки аз тарафи ташкилоти беруна гузаронида мешавад. Барномаи арзёбии берунии сифат барои гирифтани иттилоот оид ба мушкилоти имконпазири сифат дар ҳар як озмоишгоҳи алоҳида имконият медиҳад;

- гемофилия - ин ихтилоли генетикӣ мебошад, ки бо норасоӣ ё набудани яке аз сафедаҳои (ё омилҳои) плазмаи хун, ки барои лахташавии он ҷавобгар мебошад, вобастагӣ дорад. Дараҷаи пасти яке аз сафедаҳои плазма боиси хунравӣ ва душвории лахташавии хуни бемор мегардад. Норасоии аз ҳама паҳншудаи сафедаи лахташавии хун норасоии омили VIII мебошад, гарчанде ҳар яке аз ин омилҳо метавонанд мавҷуд набошанд ё нокифоя бошанд. Норасоии омили IX аз рӯи басомад ҷои дуюмро ишғол мекунад. Норасоии омили VIII - гемофилияи Агемофилияи муқаррарӣ мебошад. Норасоии омили IX - гемофилияи В бемории Кристмас мебошад. Барои муолиҷаи ин ду намуди гемофилия доруҳои хун - консентратҳои омилҳои VIII ва IX истифода бурда мешаванд;

- донатсия - чорабинии аз ҷониби донор додани хун ё плазма;

- функсияи донорӣ - иқдоми ихтиёрии донор, ки муоинаи тиббӣ ва иҷрои чорабинии додани хун ва ҷузъҳои онро бо мақсадҳои тиббӣ дар бар мегирад;

- маркази ягонаи иттилоотии донорӣ - сохтори маркази хун, ки вазифаи асосии он ҷамъоварии маълумот оид ба шахсони бо ВНМО сироят ёфта, зардпарвинҳои вирусӣ, оташак, ки дар қайди муассисаҳои махсусгардондашудаи тиббӣ ба мақсади роҳ надодани ин доираи одамон барои иштирок дар донорӣ қарор доранд, инчунин маълумоти бойгонӣ оид ба донорҳо мебошад;

- кафшеркунандаи магистралҳо - асбоби барои кафшеркунии магистралҳои контейнерҳои пластикии хун ва ҷузъҳои он пешбинӣ шудааст. Принсипи системаи пӯшидаро таъмин менамояд;

- таҳқиқоти изоиммунологӣ (иммуногематологӣ) - ба гурӯҳҳо ҷудо намудани хун аз рӯи антиген ва ҷисмҳои бегонаи гуногуни гурӯҳӣ (таҳқиқи мансуб будани хуни донорӣ ба системаи АВО ва резус ҳатмӣ мебошад);

- зардобҳои изогемаглютинатсиякунанда (стандартӣ)стандартҳои ташхисӣ, ки аз хун ва баъзе моеъҳои дигари организми одам тайёр карда шуда, мансубияти муайяни гурӯҳӣ доранд ва барои муайян намудани гурӯҳи хуни одам пешбинӣ карда шудаанд;

- иммуноглобулини одами мӯътадил - фраксияи аз ҷиҳати иммунологӣ фаъоли зардоби хуни одам, ки аз зардоб ё плазмаи одам ҷудо карда шудааст. Консентратсияи сафеда - 100 мг/мл; стабилизатор - глитсин (22,5 +/- 7,5 мг/мл).

- инфузия - ба маҷрои хунгузар рехтани хунивазкунандаҳо ва доруҳо;

- карантинизатсияи ҷузъҳои донории хун - аз нигоҳдории онҳо дар давоми вақти муайян пас аз донорӣ то вақте мебошад, ки донорҳои муносиб такроран барои нишонаҳои (маркерҳои) сироятӣ муоина карда нашаванд. Ҳангоми натиҷаи манфии таҳлилҳо, ҷузъҳои хуни қаблан тайёркардашуда барои мақсадҳои тиббӣ истифода бурда мешаванд;

- ҷузъҳои хун - қисмҳои таркибии хун, ки аз он бо усулҳои гуногун дар шакли ҳуҷайраҳои хун ва бе муҳити ҳуҷайравӣ ҷудо карда шудаанд. Бо роҳи полоиш (филтратсия), сентрифугакунонӣ ва яхкунонӣ бо усулҳои дар ташкилотҳои хадамоти хун қабулкардашуда ҷудо карда мешаванд. Намояндагони асосӣ: вазни эритроситӣ, консентрати тромбоситҳо, плазмаи ба тозагӣ яхкунонидашуда, криопресипитат, фраксияи плазмаи супернатантӣ, плазмаи зиддистафилококкӣ ва ғайра;

- табобати ҷузъӣ - усули муолиҷа, ки бо трансфузияи ҷузъҳои хун асоснок карда шудааст;

- консентрати тромбоситҳо - ин тромбоситҳои қобили ҳаёт ва аз ҷиҳати гемостатикӣ фаъол дар плазма мебошанд, ки бо усули силсилавии сентрифугакунонии хуни нигоҳдошташуда ё бо роҳи тромбоситаферези хуни як донор тайёр карда мешавад. Мӯҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати +22°С дар шароити омехтакунии доимӣ аз 3 то 5 шабонарӯз;

- криоконсервакунонии ҷузъҳои хун - дароз намудани вақти нигоҳдории ҷузъҳои хун бо роҳи яхкунонӣ;

- криопресипитат - ҷузъи дорои фраксияи криоглобулини омилҳои плазмавии лахташавии хун, ки то ҳаҷми 20 мл ҷамъ карда шудааст. Дар муолиҷаи бемориҳо ва ҳолатҳои бо норасоии омили VIII лахташавӣ асоснокшуда (гемофилияи А, бемории Виллебранд), ҳангоми муолиҷаи ДВС-синдром (лахташавии диссеминии дохиливаридӣ) истифода бурда мешавад. Мӯҳлати нигоҳдорӣ аз лаҳзаи тайёр намудани хун аз донор бо ҳарорати пасттар аз -25°С то 3 сол мебошад;

- лейкофилтратсия (лейкодеплесия) - гирифтани лейкоситҳо аз хун ва ҷузъҳои он бо ёрии полоишҳои махсуси лейкоситарӣ;

- эритроситҳои соф - ҷузъе, ки ҳангоми сентрифугикунонии хун ва гирифтани плазма бо минбаъд софкунии эритроситҳо дар маҳлули изотонӣ ҳосил карда мешавад;

- давраи даричаи иммунологӣ - даврае, ки дар давоми он озмоишҳои айни замон барои сироят истифодашаванда ошкор намудани нишонаҳои сироятшавии инсонро имконият намедиҳанд, то он вақте ки сироят дар организми вай мавҷуд аст;

- плазмаферез - расмиёти донатсияи хун, ки тайёр намудани плазмаро аз донор бо трансфузияи бозпаси ҳуҷайраҳои хун ба вай пешбинӣ менамояд;

- аксуламали полимерази занҷирӣ (АПЗ) - синтези "in vitro" нусхаи махсуси қитъаи кислотаи дезоксирибонуклеинӣ (КДН) ё кислотаи рибонуклеинӣ (КРН) дар давоми якчанд соат бо ёрии ферменти КДН (КРН) полимераз мебошад. АПЗ барои ошкор намудани далели дар маводи таҳқиқшаванда вуҷуд доштани микроорганизми бемориовар дар давраи даричаи иммунологӣ имконият медиҳад;

- ретсипиент - шахси воқеӣ (бемор), ки ба ӯ хуни донорӣ ё ҷузъҳои он гузаронида мешавад;

- плазмаи ба тозагӣ яхкунонидашуда (ПТЯ) - ҷузъи аз хуни холис ё плазма истеҳсолкардашуда, ки бо усули плазмаферез тайёр карда шудааст, ба чунин мӯҳлатҳо ва бо чунин ҳарорате ях кунонида мешавад, ки дар ҳолати функсионалӣ ҳамаи омилҳои лахташавии хунро нигоҳ медорад. Ҳангоми вайроншавии системаи лахташавии хун, махсусан дар он ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки норасоии системаи лахташавӣ аз рӯи якчанд омилҳо вуҷуд дорад. Вақти яхкунонӣ то ҳарорати - 30°С  дар ядрои контейнер бо плазма на зиёдтар аз як соат мебошад. Мӯҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати пасттар аз - 25°С  то 3 сол аст;

- фраксияи плазмаи супернатантӣ (ФПС) - ҷузъе, ки аз плазма баъди гирифтани криопресипитат ҳосил карда шудааст. Он назар ба ПТЯ фаъолнокии баланди зиддилахташавӣ дорад. Дар муолиҷаи бемориҳои бо лахташавии баланди хун алоқаманд истифода бурда мешавад. Мӯҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати пасттар аз - 25°С то 3 сол аз лаҳзаи тайёр кардани хун аз донор аст;

- тест - система - маҷмӯъ барои таҳлили иммуноферментӣ;

- типпикунонии хун - муайян кардани таркиби антигении хун;

- трансфузия - ба шахси воқеӣ (ретсипиент) гузарондани ҷузъҳо ё доруҳои хуни донорӣ;

- табобати трансфузионӣ - усули муолиҷа, ки ҳангоми он ҷузъҳо ва доруҳои хуни донорӣ истифода бурда мешаванд;

- воситаҳои трансфузионӣ - ҷузъҳо ва доруҳои хуни донорӣ;

- сироятҳои трансфузионӣ (трансмиссивӣ) - бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми гузарондани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он ба ретсипиент мегузаранд. Намудҳои нисбатан аҳамиятноки онҳоВНМО, гепатитҳои ғайрирӯдагӣ, оташак, сирояти ситомегаловирусӣ ва герпесӣ;

- тромбоситаферез - чорабинии донатсияи хун, ки тайёр намудани тромбоситҳои дар плазма ҳалшударо бо трансфузияи бозпаси эритроситҳо ва плазмаҳои вай ба донор пешбинӣ менамояд;

- омили VIII - сафедаи системаи лахташавии хун;

- омили IX - сафедаи системаи лахташавии хун;

- ситаферез - усули ҳосил намудани ҷузъҳои ҳуҷайравии хун аз як донор бо истифодаи сепараторҳои автоматикии ҳуҷайраҳои хун;

- ситомегаловирус (СМВ) - КДН-и вирус бо тропизми зоҳиршаванда ба лейкоситҳо. СМВ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, инчунин тавассути моеъҳои биологӣ ҳангоми аллотрансплантатсияҳо ва гузарондани ҷузъҳои хун мегузарад;

- хуни холис - ин хуне мебошад, ки аз донор бо истифодаи антикоагулянти бесирояту апирогенӣ ва контейнер гирифта шудааст.

Ҳамчун маводи аввалия барои тайёр намудани ҷузъҳои хун истифода бурда мешавад;

- моддаи холиси эритроситӣ - ин ҷузъи хун мебошад, ки аз хуни нигоҳ дошташуда баъди сентрифугакунонӣ ва гирифтани қисми плазма бо минбаъд ба вазни эритроситӣ илова намудани маҳлули ғизлаткунанда бо мақсади зиёд намудани мӯҳлати нигохдорӣ ва беҳтар намудани хусусиятҳои реологӣ ҳосил қарда шудааст;

- вазни эритроситӣ - ҷузъе, ки баъди аз хун гирифтани қисми плазма ҳосил мешавад. Барои ҷуброн намудани талафёбии хун ва муолиҷаи камхунӣ истифода бурда мешавад. Мӯхдати нигоҳдорӣ дар ҳарорати +4°С аз 21 то 42 шабонарӯз вобаста ба таркиби маҳлули нигохдошташуда, ҳангоми истифодаи технологияи яхкунонӣ то 10 сол мебошад.

4. Рушди муосири тибби таъҷилӣ, расонидани кӯмаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрӣ, муолиҷаи беморони саратонию хун, гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дил тавассути технологияҳои пешрафта, осебшиносӣ, муолиҷаи беморон бо сӯхтагии баданро бе истифодаи дурусти ҷузъҳои хун тасаввур намудан душвор аст.

5. Талабот ба сифату бехатарии ҷузъҳои хун хусусияти истеҳсол ва истифодаи онҳоро муайян месозад. Манбаи ба даст овардани онҳо инсон (донор) мебошад. Бинобар ин, аз вазъи саломатии донор сифату бехатарии ҷузъҳои тайёршудаи хун вобаста аст.

6. Дар баробари ин, нигоҳдории миқдори муассисаҳои хадамоти хун, таҷҳизонидани онҳо бо дастгоҳҳои муосир, маводи сарфшавандаи истифодаашон якдафъаина ва тест-системаҳои баландсифат бояд аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ марҳила ба марҳила таъмин карда шавад. Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ гузаронидани мониторинги мунтазами хароҷоти маблағҳои молиявӣ, истифодаи таҷҳизот, иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ, раванди саривақтии хариди реагентҳо ва маводи сарфшаванда барои таъмин намудани сифати маҳсулот ва устувории кори муассисаҳои хадамоти хун аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

2. Таҳлили вазъият

7. Сохтори ташкилии хадамоти хуни ҷумҳурӣ дар асоси принсипи маъмурию минтақавӣ созмон дода шуда, тавассути Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо 3 филиал ва 63 ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ дар ҷумҳурӣ иборат буда, дар онҳо 102 табибон ва 132 кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Роҳбарии ташкилию методӣ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун амалӣ карда мешавад.

8. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 215 "Дар бораи мутамарказонидани фаъолияти хадамоти хун", бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ва бехатарии сифати хун ва ҷузъҳои он ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқ будан ба стандартҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хадамоти хун мутамарказонида шуд. Бо дарназардошти ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои Аврупо ва Осиё тавассути мутамарказ таъмин намудани хадамоти хун бо маводи сарфшавандаи якдафъаинаи хунтайёркунӣ ва бо тест-системаҳои баландсифат ҳамаи муассисаҳои хадамоти хуни вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо гузариш ба маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун табдил дода шуданд.

9. Таҳлили гузаронидашудаи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти хадамоти хун нишон дод, ки дар давоми солҳои охир ҳаҷми маҳсулоти аз хун тайёркардашуда аз тарафи марказҳои хун то 30 фоиз зиёд шудааст. Ин падида тамоюли мусбӣ буда ба тавсияҳо оид ба мутамарказонидани ҷамъ намудан, гузаронидани тест, ба ҷузъҳо тақсим намудан ва дар махзанҳои марказҳои хун нигоҳ доштан, ки барои гирифтани ҷузъҳои босифату бехатари хун шароит фароҳам меоварад, мувофиқ аст.

10. Нишондиҳандаҳо оид ба тайёр намудани хун ва коркарди ҷузъҳои он дар солҳои 2010-2013 бо сабаби кам будани шумораи донорҳо дар марказҳои хун паст мебошад (4-5 ба 1000 нафар аҳолӣ) ва он талаботи беморонро ба маҳсулоти хуни донорӣ қонеъ намегардонад. Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои пасти тайёр намудани хун дар вилоятҳои Хатлон - 6 нафар (ба 1000 нафар аҳолӣ), Суғд - 5 нафар (ба 1000 нафар аҳолӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 1 нафар, хусусан дар водии Рашт мушоҳида карда мешавад. Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда 25 ба 1000 нафар аҳолӣ мебошад, ки аз кори қаноатбахши Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар ҷалб намудани аҳолӣ ба қатори донорҳо шаҳодат медиҳад.

11. Ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ, ки воҳидҳои муассисаҳои табобатию профилактикӣ мебошанд, аз ҷиҳати сохтор аз марказҳои хун ҷудо мебошанд. Вазифаи асосии ҳуҷраҳои мазкур аз нигоҳдорӣ ва таъмин намудани беморон бо маводи хун иборат аст.

12. Сохтори ташкилии хадамоти хун дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта таҳия шудааст. Заминаи моддию техникии ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ ва марказҳои хун дар иморатҳои кӯҳна ҷойгир шудааст, ки дар онҳо коркарди хун сари вақт гузаронида намешавад. Тестикунонии хун бо нишонаҳои сирояти гемотранмиссивӣ одатан дар 4 марказҳои вилоятии хун гузаронида мешавад. Шӯъбаи хунгузаронии Беморхонаи вилоятии Хоруғ ва муассисаҳои табобатию профилактикии водии Рашт берун аз назорати маркази хун фаъолият менамоянд. Бинобар нарасидани воситаҳои нақлиёт барои интиқоли хуни донорӣ, дар минтақаҳои номбаршуда мушкилот ба миён меоянд, ки дар маҷмӯъ ба сифати бехатарии маводи хун таъсир мерасонад. Барои хунгирӣ дар шароити сайёр дар марказҳои хун аз ҳисоби Фонди глобалӣ нақлиётҳои махсус харидорӣ карда шуд, вале барои интиқоли ҷузъҳои хун ба муассисаҳои табобатию пешгирикунанда чунин нақлиётҳо вуҷуд надоранд.

13. Вазифаи афзалиятноки рушди хадамоти хун ин фаъолона ҷалб намудани доираҳои васеи аҳолӣ ба донории ихтиёрии ройгони мунтазами хун бо дастгирии воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои давлатию ғайриҳукуматӣ амалӣ гардонида мешавад.

14. Набудани низоми ягонаи маблағгузории буҷетӣ дар хадамоти хун, ки бо принсипҳои ҷуброн намудани хароҷоти хизматрасониҳо асос мегирад, ба пастравии системавии сифати кор ва таъмини аҳолӣ бо ҷузъҳои бехатари хун таъсир мерасонад.

15. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ, иқтидори ҳадди ақали амалиётии марказҳои хун, ки ба талаботи самарабахши иқтисодӣ ва дараҷаи сифат мувофиқ буда, бо таҷрибаи хуби истеҳсолӣ ҷавобгӯ мебошад, бояд на камтар аз 50000 хунсупорӣ дар як солро ташкил диҳад. Ҷамъоварии ҳаррӯзаи хун аз 60-70 нафар донорҳои ихтиёрии ройгон тавассути дастаҳои сайёри нақлиётӣ ва ҳамзамон бо ҷамъоварии 100150 воҳиди хун дар марказҳои минтақавии хун, ба таври назаррас хароҷотро барои истифодаи таҷҳизот кам намуда, вақти тестикунониро аз ҳисоби пепшиҳоди яквақтаинаи миқдори калони намунаҳо сарфа менамояд ва барои самаранок истифода бурдани захираҳои инсонӣ имконият медиҳад.

16. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар хадамоти хун, даромаднокӣ ва самаранокии иқтисодии муассисаҳоро баланд бардошта, барои пурзӯр намудани назорати иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ, сарфаи маблағҳои молиявӣ, истифодаи таҷҳизот, раванди саривақтии хариди реагентҳо ва маводи хароҷотӣ ва аз ҳама муҳим кафолат додани сифату бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда имконият медиҳад. Соли 2012 аз тарафи Хазинаи глобалӣ 20000 халтачаҳои дуқабатаи хунгирӣ, воситаҳои нақлиёти махсус барои ҷамъоварии хун дар шароити сайёр, таҷҳизоти ҳозиразамона ва яхдонҳои саноатӣ бо мақсади таҳкими хадамоти хун дар Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар ҳамаи, филиалҳои вилоятии он, инчунин яхдонҳои саноатӣ барои ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ харидорӣ карда шуд.

17. Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва баъзе аз ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ дар биноҳои мутобиқгардондашудае ҷойгиранд, ки аз рӯи лоиҳаҳои солҳои 30-ум, 60-ум ва 70-уми асри гузашта сохта шудаанд ва ҳоло ба талаботи ҳуҷраҳои тайёркунии хун ва нигоҳдории ҷузъҳои он ҷавобгӯ нестанд.

18. Заминаи меъёрни ҳуқуқии мавҷудбуда, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти хадамоти хунро фаро гирифта наметавонад, нокифоя буда, технологияҳои муосирро дар таъмин намудани бехатарии иммунологӣ ва сироятии ҷузъҳои донории хун ба назар намегирад ва рушди онро боздошта, ба такмилдиҳӣ ниёз дорад. Масъалаи донории хун ва ҷузҳои он барои давлат муҳим ва барои тандурустии мамлакат асосӣ маҳсуб меёбад. Маҳз барои ҳамин, мушкилоти мазкурро метавон ба қатори масъалаҳои бехатарии дохилии мамлакат дохил намуд.

19. Хуни донорӣ, ҷузъҳо ва доруҳои он моликияти миллӣ мебошанд. Шарти асосии иштирок барои донорӣ - ин мутобиқ будани вазъи саломатии донор ба меъёрҳои талаботии тиббӣ мебошад. Донорӣ дар инсон принсипҳои баланди ахлоқии башардӯстона, ғамхорӣ, хайрхоҳӣ ва ватандӯстиро тарбия менамояд. Муносибати мусбии ҷомеа ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар донорӣ ба мақсадҳои давлат дар соҳаи бехатарӣ ва сиёсати иҷтимоии ташаккули насли солим, ҷомеаи аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ пурқувват мутобиқат менамояд.

20. Донории ихтиёрии ройгон, ки аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун бехатар эътироф гардидааст, заминаи хадамоти хун мебошад. Ҳамин тавр, тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (соли 2005) дар мамлакатҳои дараҷаи даромаднокиашон баланд 94 фоизи хуни донорӣ дар асоси ихтиёрӣ ва ройгон супорида мешавад. Дар мамлакатҳои дараҷаи даромаднокиашон паст ё миёна беш аз 43 фоизи хуни аз тарафи донорҳои нав супоридашаванда ҳанӯз ба донорҳои пардохтшаванда ё донорҳо-хешовандон (ё шахсони ивазкунандаи хешовандон) рост меояд ва танҳо дар 39 мамлакат нишондиҳандаи супоридани 100 фоизи хуни донорӣ дар асоси ихтиёрии ройгон мушоҳида шудааст. Дар ҳамаи мамлакатҳо, ба андозаи он, ки ҳиссаи аҳолии дорои бемориҳои сироятӣ (ба монанди ВНМО-сироят ва гепатит) меафзояд, мутаносибан ҳиссаи аҳолие, ки метавонад хун супорад, кам мешавад. Бинобар ин, талабот ба донорҳои ихтиёрӣ ва ройгони дорои хатари пасти сироят боз ҳам зиёдтар шуда истодааст.

21. Соли 2013 бо дастгирии молиявии Хазинаи глобалӣ тестсистемаҳо барои ташхиси сироятҳои трансмиссивӣ (гепатити В ва С, ВНМО) харидорӣ шуд. Дар давоми ду соли охир афзоиши шумораи донорҳои ихтиёрӣ дар ҷумҳурӣ 15 фоиз ба мушоҳида мерасад. Вале аз рӯи минтақаҳо ин рақамҳо хеле паст мебошанд.

22. Соли 2013 - 35000 донатсияи хун ва ҷузъҳои он ба қайд гирифта шудааст, ки қариб 5 донориро ба 1000 нафар аҳолӣ дар як сол ташкил медиҳад ва танҳо ба 12,5 фоиз ба сатҳи ҳадди ақали тавсия намудаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мувофиқат мекунад (барои муқоиса дар ШМА ин нишондиҳанда - 109,9; дар Дания - 67,2; Олмон - 52,6; Федератсияи Россия - 25,3; Британияи Кабир - 42,5; Фаронса - 38,0, Қазоқистон-18,0, Эрон - 21,0 фоизро ташкил медиҳад).

23. Сатҳи пасти донорӣ ва тағйир ёфтани сохтори он асосан бо вазъияти мураккаби иҷтимоию иқтисодии мамлакат, барҳам додани системаи қаблии нақшавии ташкил намудани донорӣ дар васоити ахбори умум, нокифоя будани маблағгузории хадамоти хун, иштироки ғайрикофии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар ҳалли ин масъала вобастагӣ дорад. Маъмурияти муассисаву корхонаҳое, ки қаблан сафарҳо бо мақсади тайёр намудани хун амалӣ карда мешуданд, дар гузаронидани чунин саҳмияҳо мавқеи ғайрифаъолро ишғол мекунанд ва баъзан барои иштироки коллективи меҳнатӣ дар супоридани хун монеа мегарданд.

24. Ҳаракати донорӣ ба дастгирии доимии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар тамоми сатҳҳо, сиёсатмадорон, ҳунармандон ва соҳибкорон эҳтиёҷ дорад.

25. Сатҳи пасти донорӣ дар ҷумҳурӣ номутаносибиро дар таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирикунанда бо ҷузъҳои асосии хун, нарасидани ҳамаи намудҳои ҷузъҳои хун дар минтақаҳои мамлакат ҳангоми таъмини қаноатбахши эҳтиёҷоти беморони шаҳри Душанбе ба вуҷуд овард.

26. Мушкилоти ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсоли ҷузъҳо ва доруҳои хун бо нокифоя будани маблағгузории ташкилотҳои хадамоти хун асоснок гардидааст. Дар ҷумҳурӣ ба ҳаҷми пурра ҳанӯз усулҳои муосири таъмини бехатарии сироятӣ ва иммунологии хун татбиқ карда нашудааст. Системаи донории мунтазами хун, ғайрифаъол гардонидани вирусҳо, карантинкунонӣ ва лейкофилтратсия ба роҳ монда нашудааст. Усулҳои самараноки дастгоҳи тайёр намудани плазма (зардоби хун) ба таври нокифоя истифода бурда мешавад. Тайёркунии дастгоҳии ҷузъҳои ҳуҷайравии хун (тромбоситҳо, гранулоситҳо, ҳуҷайраҳои ниҳоии танагӣ) умуман вуҷуд надорад. Технологияи нигоҳдории дурударози хун дар шароити ҳарорати паст татбиқ карда нашудааст, ки имконияти ташкил намудани махзанҳои ҷузъҳои худии хунро истисно менамояд.

27. Системаи компютерикунонии ташкилотҳои хадамоти хун - яке аз унсурҳои муҳими таъмин намудани бехатарӣ ва сифати табобати трансфузионӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои ягонаи иттилоотӣ дар хадамоти хун барои саривақт мубодила намудани маълумот оид ба шахсони гурӯҳи хатар ба муассисаҳо имконият медиҳад. Дар минтақаҳое, ки маркази ягонаи иттилоотии донорӣ ташаккул ёфтааст, маълумоти донор оид ба муҳити эпидемиологӣ гирифта мешавад. Бо вуҷуди ин, эҳтимолияти ба донорӣ роҳ надодани шахсони гурӯҳи хатар кам мегардад. Айни замон, дар ҷумҳурӣ Феҳристи миллии донорҳои хун ва ҷузъҳои он ташкил карда шудааст. Ғайр из ин, фазои ягонаи иттилоотӣ барои самаранок идора намудани захираҳои ҷузъҳои хун имконият медиҳад. Ҷорӣ намудани системаи иттилоотӣ боиси кам намудани маҳсулот бо сабаби анҷом ёфтани мӯҳлати истифодабарӣ аз як тараф ва аз тарафи дагар кам намудани мушкилоти нарасидани ҷузъҳои хун, махсусан барои беморони дорои гурӯҳи нодири хун ё бо анамнези трансфузионӣ гардид.

28. Таҳияи стандарти иттилоотии хадамоти хун ва ҷорӣ намудани фазои ягонаи иттилоотии хадамоти хуни ҷумҳурӣ барои ташкил намудани Феҳристи миллии донорҳои хун ва ҷузъҳои он, бақайдгирии шахсони гурӯҳи хатар, системаи ҷумҳуриявии иттилоотии идоракунии захираҳои ҷузъҳои хун имконият медиҳад.

29. Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи глобалӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷониби Хазинаи глобалӣ бо мақсади ташкил намудани Феҳристи миллии донорҳои хун ва системаи ҷумҳуриявии идоракунии захираҳои ҷузъҳои хун, дар асоси татбиқи системаи ягонаи иттилоотӣ, барои ҳамаи марказҳо таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ карда шуд.

30. Тайи солҳои 2011-2013 бо дасттирии ташкилоти байналмилалии СБС/ЗАК дар Маркази ҷумҳуриявии илмии хун (аз моҳи сентябри соли 2011) ва дар ҳамаи филиалҳои вилоятии он (аз моҳи майи соли 2013) усули штрих-код намудани ҷузъҳои хунро ҷорӣ намуданд, яъне ба таври дастӣ ворид намудани маълумот дар бораи донорҳо дар гемаконҳо вуҷуд надорад ва бояд қайд намуд, ки ҷорӣ намудани низоми мазкур нахустин дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

31. Ҷиҳати истифодабарии васеи системаи ягонаи иттилоотӣ, аз ҷумла таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои гуногун, бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилалии СDC/SAR барои гузаронидани курсҳои омӯзиши кормандони соҳаи тиб ва кормандони техникии хадамоти хун, мутахассисон аз шаҳри Москва даъват карда шуданд.

32. Истеҳсоли мавҷудаи доруҳои хун дар солҳои 70-80 асри гузашта ташкил шуда, ба ҳиссаҳои тақсим намудани плазма бо усули лабораторӣ дар мизҳои ба ҳиссаҳо тақсимкунӣ асоснок шуда буд ва ин технология аз мушобеҳи хориҷии худ хеле қафо монда, ба талаботи таҷрибаи хуби истеҳсолии GMP ҷавобгӯ нест. Аз ин сабаб ба ҳиссаҳои доруҳои хун тақсим намудани плазма дар заминаи марказҳои хун қатъ карда шудааст.

Барои худтаъминкунии ҷумҳурӣ бо доруҳои муосири хун кор карда баромадани 25 ҳазор литр плазма дар як сол зарур аст. Ҳоло талаботи муассисаҳои тиббӣ ба албумин на беш аз 15 фоизи аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияшуда, қаноатманд карда мешавад. Истеҳсоли як қатор доруҳои муҳими хун (албумин, иммуноглобулииҳои таъсири самтнок, омилҳои лахташавии хуни VIII ва IX, иммуноглобулинҳои дохиливаридӣ) ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷониби давлат мушкилоти харидани доруҳои гарони хун аз хориҷи кишвар ҳал нагардидааст.

33. Истеъмолкунандагони асосии омилҳои лахташавии хун беморони гирифтори гемофилия мебошанд. Аз рӯи маълумоти соли 2012 дар Тоҷикистон 400 нафар беморонн гирифтори гемофилия ва бемории Виллебранди аз рӯи падидаҳои клиникӣ ба он монанд ба қайд гирифта шуда буд, аз ҷумла беш аз 75 нафар кӯдакони синни то 8 сола, 175 нафар ноболиғон ва 150 нафар калонсолон, Бояд қайд намуд, ки бемории гемофилия дар Тоҷикистон назар ба давлатҳои Аврупо 1,5 маротиба аз нишондиҳандаи миёна зиёд аст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 700 нафар беморони гирифтори лейкозҳои шадид ва музмин муолиҷа карда мешаванд, ки 90 фоизи онҳо ба гузаронидани ҷузъҳо ва доруҳои хун эҳтиёҷ доранд. Вале то ҳол дар ҷумҳурӣ сиёсати давлатии таъмин намудани ин доираи беморон бо доруҳои муосири хун кор карда баромада нашудааст.

34. Нарасидани доруҳои баландсифат ва самараноки хун ташкилотҳои муолиҷавию профилактикиро барои истифода бурдани усулҳои кӯҳнашудаи табобати трансфузионӣ водор месозад. То имрӯз дар Тоҷикистон усули аз тарафи умум қабул шудаи муолиҷаи хунравиҳои гемофилӣ, ин гузаронидани бисёркаратаи (аз 20 то 100 ва беш аз он) криопресипитат-ҷузъи донории хун мебошад. Чӣ тавре ки амалия нишон дод (дар давлатҳое, ки чунин муолиҷа ба роҳ монда шудааст), ҳангоми истифодаи ин усул, аз 60 фоиз то 80 фоизи беморони гемофилия бо вируси гепатити В ва С сироят мегиранд.

35. Бехатарии сироятии маҳсулоти хун, пеш аз ҳама бо ташхиси эътимоднок ва сифатноки лаборатории сироятҳои трансмиссивӣ (ВНМО, гепатитҳо, сифилис) таъмин карда мешавад.

36. Яке аз масъалаҳои мубрами хадамоти хун ин таъмин намудани назорати мунтазами сифат дар фаъолияти онҳо мебошад. Бинобар ин, назорати сифат бояд он чорабиниҳоеро дар бар гирад, ки арзёбии ҳамаи қисмҳои технологияи ягонаи таҳлилро (арзёбии фаъолияти кормандони лаборатория ва натиҷаи тестҳо) пешбинӣ менамояд.

37. Арзёбии берунаи сифат ин усули тафтиши воқеии таҳқиқоти лаборатории ташкилотҳои беруна мебошад. Барномаи арзёбии берунаи сифат барои ба даст овардани маълумот оид ба мушкилоти имконпазири сифат дар ҳар як лабораторияи алоҳида имконият медиҳад.

38. Барномаи арзёбии берунаи сифат барои арзёбии сироятҳои трансмиссивӣ бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гузаронида мешавад. Озмоишгоҳи референсии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ арзёбии берунаи сифати озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии хунро гузаронид ва аз рӯи натиҷаҳои сифат муайян шуд, ки таҳлилҳои гузаронидашуда ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, яъне хатари сироятшавии ретсипиентҳо бо вирусҳои трансмиссивӣ хеле паст мебошад.

39. Ғайр аз ин, гузаронидани таҳлили хун ба таври генетикии занҷираи полимеразӣ яке аз қисмҳои муҳими таҳлили 100 фоизаи хуни донорон буда, иқдоми бузург ба ҳисоб меравад ва барои кам гардидани сироятшавӣ мусоидат намуда, бехатарии ҷузъҳои хунро таъмин менамояд.

40. Зарурати таҷҳизоти нави гарон ва кормандони иловагии баландихтисос, ҷустуҷӯ намудани имконияти мутамарказонидани таҳқиқоти намунаи хуни донорҳоро барои ошкор намудани сироят аз рӯи принсипи зерин асоснок менамояд: интиқол додани намунаҳо назар ба ташкил кардан ва нигоҳдории лабораторияҳои нав осонтар аст.

41. Раванди мутамарказонидани лабораторияҳои хадамоти хун дар тамоми ҷаҳон гузашта истодааст, Масалан, дар ШМА ба 12 млн. донории хун дар як сол 15 лаборатория, дар Нидерландия ба 700 ҳазор донорӣ 4 лаборатория, дар Финляндия ба 300 ҳазор 1 лаборатория рост меояд.

42. Ҳолати хадамоти лаборатории марказҳои хун ва ташкил намудани системаи скрининги намунаҳои хуни донорӣ такмилдиҳиро талаб мекунад. Масъалаи дигари ҳалталаб ин пурра гузаштан ба таҳқиқоти хуни донорӣ бо реагентҳо барои муайян намудани гурӯҳҳои хун аз рӯи системаи АВ0, зергурӯҳҳои онҳо, муайян намудани фенотипҳо (БДС, с, е), Келл мебошад.

43. Вазъи имрӯзаи эпидемиологии донорҳо дар мамлакат андешидани чорабиниҳои дақиқи профилактикиро ба мисли сифати интихоби донорҳо ва истифодаи тест-системаҳои баландҳассоси ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқро барои муоинаи онҳо талаб мекунад. Ҳиссиёт ҳамчун хусусияти тестҳо дар скрининги хуни донорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз тарафи дигар, дар хадамоти хун истифода бурдани тестҳои ҳассос, вале махсусияташон паст боиси талафоти зиёди молиявӣ аз сабаби бекоркунии беасоси хун мегардад. Рақамҳои овардашуда талафоти кадрии донорҳо, бекоркунии беасоси хун ҳангоми карантинкунӣ, инчунин хароҷоти иловагиро, ба монанди аз нав тестикунӣ ва мушоҳидаи диспансериро дар назар надорад. Аз тарафи дигар, аз даст додани донорҳои кадрӣ ҷиҳати васеъ ҷалб намудани донорҳои аввалия мегардад, ки даҳҳо маротиба хатари сироятшавии беморонро зиёд мекунад.

44. Интихоби намунаҳои хуни донорҳо барои таҳқиқот дар пробиркаҳои истифодаашон бисёркаратаи шишагӣ гирифта мешаванд, ки дар ягон лабораторияи хадамоти хун усулҳои автоматии таҳқиқи хуни донорӣ барои сироят татбиқ карда нашудааст. Хатари роҳ додан ба хатогӣ, ки бо омили инсонӣ алоқамандӣ дорад, махсусан дар сохтори хун аҳамияти калон дорад. Аз ин сабаб татбиқ намудани технологияи автоматикунонии таҳқиқоти лабораторӣ дар заминаи системаи ягонаи иттилоотии маркази хун, ки ба ҳадди ақал кам кардани таъсири манфии омили инсонӣ равона карда шудааст, бояд яке аз самтҳои афзалиятнок дар ташкил намудани хадамоти муосири лаборатории марказҳои хун гардад.

45. Таҳқиқоти иммуногематологӣ (гурӯҳи хун, резус-омил) дар аксарияти ташкилотҳои тиббии ҷумҳурӣ тибқи усули кӯҳнашуда бо истифодаи реагентҳои дорои ҳассосияту махсусияти паст гузаронида мешавад, ки метавонад боиси натиҷаҳои барғалат ва интихоби нодурусти воситаҳои трансфузионӣ барои хун қабулкунанда гардад. Усулҳои муосири гурӯҳҳои хунро ҷудокунӣ бо усули агглютинатсия дар гел гузаронида мешавад, ки на танҳо бо махсусияти баланди реагентҳо ва соддагии гузоштани аксуламалҳо, балки бо спектри нисбатан васеи антигенҳои муайяншавандаи хун, ки барои ташкил намудани махзани донорҳои фенотипикардашуда имконият медиҳад, татбиқ карда нашудаанд.

46. Талабот ба ҷузъҳои хун бо ивазшавии протоколҳои табобати беморон тағйир ёфта истодааст. Дар шароитҳои ҷарроҳии муосир талабот ба эритроситҳо паст шуда, эҳтиёҷот ба плазмаи ба тозагӣ яхкардашуда зиёд мешавад. Дар табобати беморони саратони хун бо истифодаи миқдори зиёди массаи тромбоситарӣ номумкин аст.

47. Мушкилоти трансфузиологияи клиникӣ бо мониторинги нокифояи асосноккунии истифодаи ҷузъҳои донории хун алоқаманд аст, ки боиси истифодаи бесамар ва бе ин ҳам маҳдуди захираҳои донорӣ мегардад.

48. Санҷиши асоснокии таҷрибаи трансфузионӣ (ё аудит) яке аз роҳҳои таъсирбахши паст намудани истифодаи ҷузъҳои донории хун мебошад. Чӣ тавре, ки маълумоти адабиёти илмӣ шаҳодат медиҳад, 10 соли охир ҳангоми гузаронидани аудити таҷрибаи трансфузионӣ дар давлатҳои гуногун ҳангоми намудҳои гуногуни беморӣ, услуб ва ҳаҷми таҳқиқот то 55 фоиз истифодабарии эритроситҳо, 67 фоиз плазмаи ба тозагӣ сардкардашуда ва 78 фоиз консентрати тромбоситҳо беасос шуморида мешавад. Аломатҳои зарур будани аудит ба таври боварибахш нишон дода шудаанд, зеро баъди татбиқи он миқдори тазриқҳои зарурӣ паст мешавад. Одатан, натиҷаҳои санҷиши асоснокии таҷрибаи трансфузионӣ, такмил додани дастурҳо оид ба гузаронидани ҷузъҳои хун, таълим додани табибон, муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқот мебошад.

49. Айни замон, проблемаи мубрам ин ҷудогии сохторӣ ва ташкилии зинаҳои клиникӣ ва истеҳсолии сохтори хуни ҷумҳурӣ мебошад, ки натиҷаи он набудани алоқаи бозпас байни клиника ва маркази хун мебошад. Дар натиҷаи ин, маркази хун маълумоти саривақтӣ ва мӯътамадро оид ба оризаҳои баъдитрансфузионӣ дар ретсипиентҳои (хунқабулкунандаҳои) ҷузъҳои донории хун намегирад.

50. Мушкилоти таъминоти кадрии хадамоти хун бо нокифоя будани маблағгузорӣ ва хусусияти соҳа асоснок гардидааст. Музди меҳнати кам, набудани механизмҳои воқеии ҳавасмандгардонии моддии кормандон дар солҳои гузашта боиси ба сохторҳои тиҷоратӣ гузаштани мутахассисони баландихтисос гардид.

51. Мубодилаи мунтазами таҷриба ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам бо мутахассисони дигар мамлакатҳо вуҷуд надорад. Корҳо оид ба такмили ихтисоси мутахассисони сохтори хун дар муассисаҳои асосии хориҷи дуру наздики кишвар ба таври пурра гузаронида намешаванд. Дар системаи таълимоти миёна ва олии тиббӣ (тайёркунии баъдидипломӣ) то ҳол барномаҳои муосири таълим мувофиқи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба трансфузиология татбиқ карда нашудаанд.

52. Рушди босуръати тибби трансфузионӣ, пайдо шудани технологияҳои нав дар хадамоти хун зарурати такмил додани системаи тайёркунии касбии мутахассисон, ташаккул ва инкишофи заминаи худии илмиро дар соҳаи трансфузиологияи клиникӣ ва истеҳсолӣ ба вуҷуд овардааст.

53. Рушди босуръати хадамоти хун дар тамоми самтҳо, аз ҷумла пурзӯр намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи технологияи муосир, тайёрии касбии мутахассисон, рушди донории ихтиёрии ройгон ва татбиқи системаи назорати сифат зарур мебошад. Инчунин маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва таъиноти ноҳиявӣ зарур аст.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

54. Мақсади Барнома аз таъмин намудани бехатарӣ, сифат ва дастрасии кӯмаки трансфузионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

55. Вазифаҳои асосии Барнома инҳо мебошанд:

- такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии хадамоти хун;

- татбиқи технологияҳои муосир дар асоси таҷдиди заминаи моддию техникӣ;

- баланд бардоштани тахассуси мутахассисони хадамоти хун;

- рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар асоси таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ;

- ташкили системаи назорати сифати маҳсулоти хуни донорӣ.

4. Маблағгузории Барнома

56. Ҷиҳати татбиқи Барнома буҷет, ки барои соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст, маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

5. Натиҷаҳои пешбинишавандаи Барнома

57. Системаи босамари мутамаркази хадамоти хун ташкил карда шудааст ва ҳалли мушкилоти таъмин намудани аҳолӣ бо ҷузъҳои хуни донорӣ, ки ба стандартҳои сифати байналмилалӣ мувофиқ аст, аз ҳисоби чорабиниҳои зерин таъмин карда мешаванд:

- такмил додани заминаи қонунгузорӣ, меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии сохтори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун", филиалҳои вилоятии он ва ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ дар муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ;

- дар солҳои 2016-2019 такмил ва таҳкими мутамарказии соҳаи хун дар якҷоягӣ, инчунин фазои ягонаи иттилоотию компютерӣ дар сатҳи миллӣ (дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун);

- дар давоми солҳои 2016-2019 ташкил намудани лабораторияҳои занҷираи полимеразӣ бо мақсади пайдо намудани вируси серонегативӣ дар филиалҳои Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" бо таъмини минбаъдаи муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ бо ҷузъҳои хуни бехатар;

- татбиқи марҳила ба марҳилаи технологияи муосир ва таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ барои таҳлили хуни донорӣ;

- дар солҳои 2016-2018 таҳия намудани стандарту талаботи ягона ба таҷҳизот ва маводи сарфашаванда, таъмин намудани лабораторияҳои назорати сифат дар филиалҳои Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун";

- мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" донорон дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд;

- дар давоми солҳои 2016-2019 таъмин намудани марказҳои хун бо нақлиёти махсусгардонидашуда барои интиқоли мутамаркази ҷузъҳои хун аз марказҳои хун ба муассисаҳои тиббию профилактикӣ;

- таъин намудан бо таҷҳизоти махсус барои истеҳсол, нигоҳдории ҷузъҳои хун, гузаронидани тадқиқоти лаборатории намунаҳои хуни донорҳо дар солҳои 2016-2019;

- дастрас намудани маводи истифодаашон якдафъаина барои тайёр намудани хун ва ҷузъҳои он, лейкофилтратсия, пробиркаҳои истифодаашон якдафъаина тест-системаҳои баландсифат барои таҳқиқи хуни донорон барои сироятҳои трансмиссивӣ бо усулҳои иммуноферментӣ ва табодули занҷирии полимеразӣ, реагентҳои моноклоналӣ ва бисёрклоналӣ;

- такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун дар марказҳои хуни пешрафта ва таълимгоҳҳои хориҷии дуру наздик ва даъват намудани мутахассисони варзидаи хадамоти хун барои тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун";

- рушди шаклҳои гуногуни донории хун, ҷузъҳои он ва дар асоси татбиқи таҷрибаи байналмилалии ташкил намудани он, ҷалб намудани Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, пешвоёни сиёсӣ, динӣ, ашхоси машҳури давлат, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои ташвиқу тарғиби донории ройгон.

6. Самтҳои асосӣ ва механизмҳои татбиқи Барнома

58. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилии сохтори хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд:

- такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои рушди хадамоти хун тавассути ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани онҳо;

- таҳия ва татбиқи стандарти системаи иттилоотии маркази хун.

59. Татбиқи технологияҳои муосир дар асоси таҷдиди заминаи моддию техникӣ пешбинӣ менамояд:

- таҳияи стандарту талаботи ягона барои таҷҳизонидани хадамоти хун ва таъмин намудани он бо маводи сарфшаванда;

- таъмин намудани марказҳои хун бо таҷҳизоти махсусгардондашудаи тайёр кардан, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва интиқоли ҷузъҳои хун, таҳқиқи лаборатории намунаи хуни донорҳо;

- таҷҳизондани хадамоти хун бо компютерҳои шахсӣ ва таҷҳизоти серверӣ ҷиҳати таҳкими системаи иттилоотии хадамоти хун;

- таъмин намудани марказҳои хун бо нақлиёти махсусгардонидашуда барои тайёр намудани хун ва ҷузъҳои он дар шароитҳои сайёр вобаста ба доираи маркази хун ва шумораи аҳолие, қи хизматрасонӣ пешбинӣ менамояд, таҷҳизонидан бо автоприсеп-модулҳо (дар маҷмӯъ бо таҷҳизот) барои тайёр намудани хун дар шароити сайёр ва модулҳо барои тайёр намудани плазма (дар маҷмӯъ бо таҷҳизот ва ядак);

- таъмин намудани марказҳои хун бо тест-системаҳои баландсифат ва маводи сарфшавандаи истифодаашон яккарата барои таҳқиқи сироятҳои трансфузионӣ;

- таъмин намудани марказҳои хун бо реагентҳои моноклоналӣ ва маводи сарфшавандаи истифодаашон яккарата барои гузаронидани таҳқиқоти иммуногематологии донорҳо, хунқабулкунандаҳо ва ҳомиладорон;

- татбиқи технологияи агглютинатсия дар гел ва типпикунонии автоматикардашудаи хун;

- таъмин намудани марказҳои хун бо маводи сарфшавандаи тайёр намудани хун ва ҷузъҳои он, лейкофилтратсия бо дарназардошти таҷҳизоти мавҷуда ва миқдори баҳисобгирифташудаи донории хун ва ҷузъҳои он;

- таъмин намудани шӯъбаҳои хунгузаронӣ ва ҳуҷраҳои табобати I, трансфузионӣ бо таҷҳизоти махсусгардондашудаи нигоҳдории ҷузъҳои хун;

- зиёд намудани ҳаҷми ба ҳиссаҳо тақсим намудани плазма дар криопресипитат ва плазмаи крионатантӣ.

60. Такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун пешбинӣ менамояд:

- такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун: инчунин дар марказҳои пешрафтаи давлатҳои хориҷи дуру наздик;

- даъват намудани мутахассисони хориҷии соҳаи тибби трансфузионӣ барои гузаронидани курсҳо, тренингу семинарҳо бо мақсади дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун тайёр намудани мутахассисони хадамоти хун.

61. Рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар асоси татбиқи таҷрибаи байналмилалии ташкил намудани он пешбинӣ менамояд:

- рушди донории ихтиёрии ройгон, тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо роҳи ҷойгиркунонии фармоиши иҷтимоӣ дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои иштирок дар тарғибу ташвиқи донорӣ бо маблағгузории чорабиниҳо тавассути буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ аз рӯи принсипи фармоиши иҷтимоӣ;

- ба донорӣ ҷалб намудани хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон;

- ташкил намудани донории ихтиёрии ройгон дар шароити сайёр;

- таъмин намудани ғизои донории ройгон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" амалӣ карда мешавад.

62. Ташкил намудани системаи идоракунии сифати маҳсулоти хун пешбинӣ менамояд:

- таҳияи стандартҳои сифати ҷузъҳои, донорӣ ва доруҳои хун, стандартҳои таҳқиқоти лабораторӣ ва стандартҳои нишондиҳандаҳои истифодаи клиникӣ воситаҳои трансфузионӣ ва усулҳои трансфузиологияи клиникӣ;

- таҳияи низомнома оид ба аккредитатсияи ташкилоту воҳидҳои хадамот.

Нақша