Тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015 № 361

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015 № 361

тасдиқ шудааст

Тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, расмиёти назорати хизматиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

2. Назорати хизматӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - назорати хизматӣ) маҷмӯи тадбирҳои мукаммале мебошад, ки қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокиро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд ва тавассути он мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ функсияҳои назоратиро анҷом медиҳад.

3. Назорати хизматӣ - ин низоми мушоҳида, санҷиши фаъолияти мақомоти иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои тобеъ ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин қисми таркибии идоракунии давлатӣ ва яке аз функсияҳои асосии амалигардонии салоҳияти идоракунӣ мебошад.

4. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии болоии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақим ва ё тавассути воҳидҳои сохтории ваколатдор дар мақомоти иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ таъмини назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва самаранокии фаъолияти сохтору ташкилот ва муассисаҳои низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии дар Нақшаи идоракунӣ пешбинишударо (минбаъд - мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ) амалӣ менамоянд.

5. Тартиби мазкур нисбат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот татбиқ намегардад.

6. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ санҷишҳоеро, ки ба салоҳияти мақомоти прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ, гумрук, назорати давлатии молиявӣ, андоз, ҳифзи сирри давлатӣ мансубанд, инчунин дар соҳаҳое, ки тибқи қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ шудааст, намегузаронанд. Дар сурати зарурат ё бо пешниҳоди мақомоти зикршуда мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ метавонанд дар ин самт мусоидат намоянд.

7. Роҳбарони мақомоти анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ назорати хизматиро дар мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ таъмин мекунанд, банақшагирӣ ва ташкили кори мақоми давлатиро мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ менамоянд ва барои натиҷабахшии он масъул мебошанд.

8. Мақсад, вазифаҳо ва расмиёти назорати хизматӣ, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама ба ташаккули ҳамкории мутақобилаи мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ бо мақомоти давлатии болоӣ дар навбати худ мақомоти давлатии болоӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати хизматӣ равона карда шуда, дар маҷмӯъ ба болоравии сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ мусоидат менамоянд.

2. ПРИНСИПҲОИ НАЗОРАТИ ХИЗМАТӢ

9. Назорати хнзматӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- қонуният (волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- ҳисоботдиҳии дақиқ;

- баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун;

- шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар назорати хизматӣ, ба истиснои маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ;

- риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ);

- банақшагирӣ ва муназзамии назорат;

- риояи одоб;

- мустақилият;

- холисӣ ва беғаразӣ.

3. МАҚСАДИ НАЗОРАТИ ХИЗМАТӢ

10. Мақсади назорати хизматӣ аз инҳо иборат мебошад:

- дастрас намудани иттилооти дуруст ва воқеӣ дар бораи ҳолати татбиқи қонуният, интизом, самаранокии фаъолият, огоҳонии саривақтии роҳбарон оид ба вазъи ҷойдошта, ошкор намудани камбудиҳо дар фаъолияти кормандон ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони масъул бинобар иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ;

- ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ, моликият, иқтидори мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ;

- мутобиқсозии саривақтии фаъолияти мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ ба тағйироти дохиливу берунии ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ алоқаманд;

- таъмини фаъолияти самараноки мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ, ҳамчунин устуворӣ ва рушди онҳо;

- таъмини босифати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба роҳбарии бомуваффақ ва қабули қарорҳои босамари идоракунӣ мусоидат мекунад;

- истифодаи оқилона ва сарфакоронаи ҳамаи захираҳои мавҷуда;

- риояи талаботи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, вазифаҳои хизматӣ, дастурамалҳои мансабӣ, одоби хизматӣ, иҷрои нақшаҳои корӣ, супоришҳои роҳбарият;

- муқоисаи ҳолати воқеии кор бо вазифа ва функсияҳои муайяншуда.

4. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ НАЗОРАТИ ХИЗМАТӢ

11. Вазифаҳои асосии назорати хизматӣ инҳо мебошанд:

- амалӣ намудани назорати доимии фаъолияти мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ;

- ташкилу гузаронидани санҷиши фаъолият мутобиқи нақша ва муқаррарот;

- андешидани чораҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар меъёрҳои соҳаи дахлдор, бартараф намудали камбудиҳои ошкоргардида;

- таъмини амнияти иқтисодӣ, озуқаворӣ, ҳифзи моликияти давлатӣ, муҳити зист.

12. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мутобиқ ба вазифаҳои асосии дар банди 11 пешбинишуда:

- сиёсати давлатиро дар самти назорати хизматӣ дар соҳаи дахлдор татбиқ менамоянд;

- мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи дахлдор назорати хизматиро ташкил ва татбиқ менамоянд;

- назорати таъмини иҷрои дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатии дахлдор воридшударо анҷом медиҳанд;

- оид ба такмили тартиби гузаронидани назорати хизматӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамоянд;

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи назорат таҳия ва тасдиқ менамоянд;

- санҷиши фаъолияти мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъро мегузаронанд, санади санҷишӣ тартиб медиҳанд;

- мониторинги самаранокии назорати хизматиро мегузаронанд;

- ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъро дар масъалаи назорати хизматӣ танзим менамоянд;

- аз рӯи натиҷаи назорати хизматӣ чораҳои муқаррарнамудаи қонунгузориро меандешанд;

- дар бораи тартиби гузаронидани назорати хизматӣ тавзеҳ медиҳанд;

- ба омӯзиши масъалаҳои назорати хизматӣ кормандони мақомоти поёниву воҳидҳои тобеъ ва дар мувофиқа мутахассисони дигар мақомоти давлатиро ҷалб менамоянд;

- аз мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳои дахлдори дохилиидоравии онҳоро барои омӯзишу санҷиш талаб мекунанд;

- аз шахсони мансабдори мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ тавзеҳот ва хулоса мегиранд.

13. Роҳбарони мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ барои татбиқи вазифаҳои назорати хизматӣ ӯҳдадоранд:

- ҳуҷҷат ва тавзеҳотро дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ пешниҳод намоянд, агар мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мӯҳлати дигарро муқаррар накарда бошанд;

- барои гузаронидани санҷиш мусоидат намоянд;

- дар мӯҳлати муқарраршуда аз рӯи натиҷаи баррасии санади санҷишӣ тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо оид ба рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратӣ ба мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ гузориш пешниҳод намоянд.

14. Роҳбарони мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ барои татбиқи вазифаҳои назорати хизматӣ ҳуқуқ доранд:

- вақт ва мӯҳлати гузаронидани санҷиш, натиҷаҳои он, хулоса ва тавсияҳоро (агар онҳо мавҷуд бошанд) донанд;

- ба шахсони анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ, ки ҳуҷҷати дахлдорро барои гузаронидани санҷиш пешниҳод накардаанд, иҷозат надиҳанд;

- асоснокии пурраи хаттиро дар бораи зиёда аз 5 рӯз муқаррар намудани мӯҳлати гузаронидани санҷиш дастрас кунанд ва дар сурати беасос шуморидани мӯҳлати муайянгардидаи санҷиш, ба суд муроҷиат намоянд;

- ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунии шахсони анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ расонида шудааст, талаб намоянд;

- дар мавриди ҳаракатҳои ғайриқонунии шахсони анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ созанд.

5. ШАКЛҲОИ НАЗОРАТИ ХИЗМАТӢ ВА РАСМИЁТИ АМАЛӢ ГАРДИДАНИ ОН

15. Назорати хизматӣ дар шаклҳои зерин анҷом дода мешавад:

- назорати умумии фаъолияти мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ (иҷрои функсия ва вазифаҳо, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, коргузорӣ);

- санҷиш бо тартиби муқарраргардида;

- мониторинги фаъолият.

16. Назорати хизматӣ дар шакли назорати умумии фаъолият ин ҳамоҳангсозии кори ҳаррӯзаи мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ, кор бо кадрҳо, пешниҳоди ҳисоботу гузоришҳо аз рӯи натиҷаи фаъолият, рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратӣ дар давраҳои муайян ба мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ буда, санҷиш ва сафари хизматиро ба маҳалли ҷойгиршавии мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ талаб намекунад.

17. Назорати хизматӣ дар шакли санҷиш дар асоси фармоиши (қарори) роҳбарони мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ гузаронида мешавад ва метавонад як ё якчанд масъаларо дар бар гирад.

18. Дар фармоиш (қарор) оид ба гузаронидани санҷиш насаб, ном ва номи падар, мансаби шахсони барои гузаронидани санҷиши ваколатдор, номгӯи мақомоти поёнӣ ва воҳиди тобеи дахлдор, мақсад, вазифа ва номгӯи масъалаҳои санҷидашаванда, асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, санаи оғоз ва анҷоми он нишон дода мешаванд.

19. Фармоиш (қарор) оид ба гузаронидани санҷиш ё нусхаи он ба мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеи дахлдори санҷидашаванда дар муддати 5 рӯзи корӣ пеш аз оғози санҷиш расонда мешавад.

20. Мӯҳлати гузаронидани санҷиш бо дарназардошти ҳаҷми кор то 5 рӯзи корӣ дар доираи маблағҳои барои сафарҳои хизматӣ пешбинишуда муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ (ноҳияҳои дурдаст, номусоидии боду ҳаво, ҳаҷми масъалаҳои санҷидашаванда ва ғайра) роҳбарони мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ метавонанд мӯҳлати гузаронидани санҷишро бо асосноккунӣ ба мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи корӣ муқаррар намоянд.

21. Назорати хизматӣ дар шакли санҷиш дар мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ мутобиқи нақша на зиёда аз як маротиба дар давоми ду сол гузаронида мешавад.

22. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, агар омӯзиши масъаларо дар ҷояш талаб кунад, метавонанд дар ҳолати зарурӣ бо риояи талаботи Тартиби мазкур санҷиши ғайринақшавӣ гузаронанд.

23. Муроҷиатҳое, ки ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" мутобиқат намекунанд, наметавонанд асоси гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ гарданд.

24. Назорати хизматӣ дар шакли мониторинги фаъолият соле як маротиба, дар ҳолатҳои зарурат мумкин аст ду маротиба, бо мақсади муайян намудани дараҷаи пешравии фаъолияти соҳа, ҷараёни иҷрои функсияҳо, ҳолати кор бо кадрҳо, мушкилоти ҷойдошта дар мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ гузаронида шавад.

25. Мониторинги фаъолият дар асоси пурсишномаи мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ бе ташкили сафарҳои хизматӣ ба маҳал аз ҷониби худи мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ доир карда мешавад.

26. Натиҷаҳои мониторинги фаъолият дар охири сол барои таҳлил ва ҷамъбаст ба мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ пешниҳод мегардад.

6. ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ ШАХСОНИ АНҶОМДИҲАНДАИ НАЗОРАТИ ХИЗМАТӢ

27. Вазифаҳои шахсони анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ инҳо мебошанд:

- пешниҳоди гузориши хаттӣ ба роҳбарони мақомоти давлатии амаликунандаи назорати хизматӣ дар сурати доштани алоқаи хешутаборӣ бо роҳбари мақомоти поёнӣ ё воҳиди тобеъ, ки фаъолияти он мавриди санҷиш қарор дода мешавад, бевосита ё бавосита манфиатдор будан аз натиҷаи санҷиш ва худдорӣ намудан аз иштирок дар санҷиш;

- таҳияи нақшаи гузаронидани санҷиш баъди қабули фармоиш (қарор) дар бораи баргузории он;

- сабт кардан дар дафтари бақайдгирӣ дар хусуси оғози санҷиш ва анҷоми он тибқи тартиби муқарраргардида;

- риоя вамудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани санҷиши холисона, беғаразона ва ҳамаҷониба;

- риоя намудани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо;

- паҳн накардани маълумоте, ки дар натиҷаи санҷиш дастрас шудааст;

- бо кормандони мақомоти таҳти санҷиш қарордошта танҳо он масъалаҳоеро муҳокима намудан, ки ба санҷиш муносибати мустақим доранд.

28. Шахсоне, ки барои санҷиш аз ҷониби мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ вазифадор шудаанд, ҳуқуқ доранд:

- бе мамониат ба биноҳои хизматӣ ва дигар биноҳои мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеи санҷидашаванда ворид гарданд;

- ҳолати риояи қонунгузориро дар фаъолияти соҳаи дахлдор санҷанд;

- аз шахсонн мансабдори мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намоянд, бо нусхаҳои аслии онҳо шинос шаванд, онҳоро нусхабардорӣ кунанд, бо шахсони масъул оид ба татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ сӯҳбат доир намоянд ё аз онҳо баёнот гиранд;

- ба мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ дар бораи рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва дар бораи манъ намудани амалҳои хилофи қонунгузорӣ тавсия ва дастур диҳанд;

- мутобиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии ошкоршуда протокол тартиб диҳанд.

29. Санҷишгарон ҳуқуқи баррасӣ ва санҷидани масъалаҳои ба салоҳияташон марбутнабударо надоранд.

30. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш на дертар аз як ҳафта санади санҷишӣ тартиб дода шуда, ба он санҷишгар (санҷишгарон) имзо мегузорад. Ба санади санҷишӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои дахлдор замима карда шаванд.

31. Санади санҷишӣ бо мактуби ташреҳии роҳбарони мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ ба мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ барои андешидани чораҳо ва ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда фиристода мешавад.

32. Дар сурати бо санади санҷишӣ норозӣ ё қисман норозӣ будани роҳбарони мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ эродҳои хаттии онҳо ба роҳбарони мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ пешниҳод карда мешаванд.

33. Эродҳои пешниҳодшуда мавриди баррасии ҳатмӣ қарор дода шуда, дар ҳолати асоснок будани онҳо ба санади санҷишӣ тағйирот ворид карда мешавад.

34. Талабот нисбат ба санади санҷишӣ:

- нишон додани мақсад, асос ва санаи гузаронидани санҷиш;

- пешбинӣ намудани масъалаҳои мавриди санҷиш қарордодашуда;

- нишон додани далелҳои риоя нашудани меъёрҳои қонунгузорӣ, камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти соҳа;

- нишон додани мушкилот дар фаъолияти соҳа, пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо;

- манзури пешниҳодҳои мушаххас оид ба бартараф намудани камбудиҳо;

- пешниҳоди тавсияҳо дар бораи муқаррар намудани муҷозоти интизомӣ ба масъулоне, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд;

- манзури пешниҳод дар бораи бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои (фармоишҳои) хилофи қонунгузорӣ қабулшуда;

- истифода набурдани маълумоти, бо ҳуҷҷатҳо асоснок нашуда;

- худдорӣ намудан аз истифодаи далелҳои беасос, такроран нишон додани камбудиву норасоиҳои якхела дар санад.

35. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки соҳа, иҷрои саривақтӣ ва босифати қонунгузории соҳавӣ, хизмати давлатӣ, кор бо кадрҳо, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, пеш бурдани коргузорӣ дар доираи ваколаташон ҳуқуқ доранд:

- мувофиқан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд;

- ба роҳбарони мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ, ки ваколати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳоро доранд, тибқи қонунгузорӣ муҷозоти интизомӣ муқаррар намоянд;

- дастурҳои методии дахлдорро таҳия ва барои иҷро ирсол намоянд.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

36. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ дар мӯҳлатҳои пешбинишуда ва моҳи январи ҳар сол дар бораи баррасӣ, натиҷагирии маводҳои назоратӣ, санҷишҳои мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ, баргузории мониторинг, дигар тадбирҳои доиркардаашон дар ин самт мувофиқан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи таҳлилӣ пешиҳод менамоянд.

37. Дар сурати аз тарафи роҳбарони мақомоти поёнӣ ва воҳидҳои тобеъ иҷро нагардидани талаботи Тартиби мазкур оид ба назорати умумии фаъолият, пешниҳоди ҳисоботу гузоришҳо аз натиҷаи рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратӣ дар давраҳои муайян, баррасӣ накардани санадҳои санҷишӣ мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ, роҳбарони мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мувофиқан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби расмӣ хабар медиҳанд.

38. Баҳсҳое, ки дар рафти анҷом додани назорати хизматӣ ба миён меоянд, аз тарафи мақомоти болоӣ ва ё мақомоти судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.